Дар шумораи навбатии маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» (№ 6, 2024) як силсила матлабҳое чоп шудаанд, ки ҷолибу хонданиянд.
Таҳти унвони «Чакомаи ваҳдат» дар саҳифаҳои аввал шеърҳои шоирони шинохта ва ҷавон дар васфи ин арзиши волои миллиямон ҷой гирифтаанд, ки тозаву шоиронаанд.
Дар саҳифаи наср мухтасари романи «Порисаеву ворисе»-и нависанда Сипеҳри Ҳасанзод ва дар саҳифаи назм рубоиёти Давлат Сафар пешкаш гардидааст.
Саҳифаи тарҷумаро пора аз қиссаи нависандаи рус Леонид Бородин «Соли тааҷҷуб ва андўҳ» дар тарқумаи Ҷумъа Қуддус ташкил додааст, ки ҷолиби таваҷҷуҳ аст.
Ба муносибати 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ як даста ашъори ў ба чоп расидааст, ки махсусиятҳои умумии шеърашро нишон медиҳад.
Хонандагон дар бахши «Мактаби адабӣ» идомаи китоби «Мусиқии шеър»-и Шафеии Кадканиро метавонанд бихонанд. Мақолаи муфассал ва пурмуҳтавои Назрӣ Асадзода — «Хурофотгароиву тақдирпарастӣ ва таъсири он ба характери миллӣ», ки дар бахши иҷтимоиёт манзур шудааст, хеле пураҳаммият мебошад.
Дар бахши пажуҳиш идомаи рисолаи Камол Насрулло «Бедилонро бедиле дилдор кард» ва «Шоҳиди инқилоби Бухоро» ном мақолаи Аҳрор Мухторов чоп шудааст, ки ба хонандагон маълумоти нав медиҳад.
Тақризи профессор Аламхон Кўчарзода дар бораи китоби «Ҳаёт, адабиёт, воқеият»-и академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар саҳифаи охири маҷалла ҳовии нукоти арзишманд мебошад.