ШУКӮҲИ ШЕЪР

 ШУКӮҲИ ШЕЪР

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Аскар Ҳаким маҳфили бошукӯҳи адабӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш  аҳли адабу фарҳанг, зиёиён, дӯстдорону ҳаводорони каломи бадеъ ва меҳмонон иштирок намуда, ба фаъолияти эҷодӣ ва роҳи пурбори адабии шоир арҷ гузоштанд.

Дар оғози маҳфил мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати 80-солагии устод Аскар Ҳаким ба самъи ҳозирин расонид. Дар паём саҳми шоир дар рушди адабиёти муосири тоҷик, хидматҳои арзандаи ӯ дар роҳи ғанӣ гардонидани ганҷинаи сухани бадеъ ва нақши муассири эҷодиёташ дар ҳаёти маънавии ҷомеа таъкид гардид.

Сипас Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва котиби масъули бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод суханронӣ намуда, аз роҳи пурбори эҷодии устод Аскар Ҳаким, ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти муосири тоҷик ва хидматҳояш дар рушди шеъри миллӣ ёдовар шуда, таъкид карданд, ки эҷодиёти шоир бо умқи андеша, ҳунари баланди суханварӣ ва ҷустуҷӯҳои пайвастаи бадеӣ арзиш дошта, дар ташаккули завқи адабӣ ва маънавии хонандагон саҳми назаррас мегузорад.

Маҳфил ба дидорбинии самимии дӯстдорони шеър бо шоире табдил ёфт, ки умри худро ба ҷустуҷӯи маънӣ, парвариши сухан ва шинохти олами печидаи инсон бахшидааст. Ҳузури худи устод Аскар Ҳаким ва садои ӯ, ки аз ашъори хеш намунаҳо қироат кард, ба нишаст фазои хос бахшид. Барои дӯстдорони шеър шунидани ашъор аз забони муаллиф имкони дигаргуна эҳсос кардани маъно, оҳанг ва руҳи шеър аст.

Барнома бо иҷрои сурудҳо бар ашъори Аскар Ҳаким ҳусни дигар дошт. Ҳунармандони Суғдзамини бостонӣ бо истифода аз ашъори шоир сурудҳои дилнишин пешкаши иштирокдорон карданд. Аз ҷумла, оҳангҳои «Бимонад ҷовидон» ва «Абри баҳор меравад» садо дода, ба маҳфили адабӣ ранги мусиқӣ бахшиданд.

Дар маҳфил ҳузури меҳмонони хориҷӣ низ ҷолиби таваҷҷуҳ буд. Аз ҷумла, духтари яке аз дӯстони наздики шоир аз Ҷумҳурии Исломии Эрон суханронӣ намуда, паёму табрикоти самимии падари худро ба муносибати 80-солагии устод Аскар Ҳаким расонид. Ин паём аз пайвандҳои дӯстӣ ва робитаҳои адабиву фарҳангие дарак медод, ки миёни аҳли қалами Тоҷикистону Эрон вуҷуд доранд.

Таҷлили 80-солагии Аскар Ҳаким дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо ёдоварӣ аз роҳи эҷодии шоир ва арҷгузорӣ ба хидматҳои ӯ дар адабиёти тоҷик ҳусни анҷом пазируфт.

Дигар хабарҳо