Шоири миллати ишқ

 Шоири миллати ишқ

Шамси фазли дури наздик аст Мавлоно,
Шаҳчароғи рӯзи торик аст Мавлоно.
Ханда механдад ба рӯйи раҳзани махзан,
На араб, на турк, тоҷик аст Мавлоно!

Инак, ҷаҳони шеързоду шоирофар, аҳли башар паёми пур аз ишқу умед, садои Мавлоно, садои шеъри забони модарии моро ба гӯши ҳуш ва гӯёву хамӯш хоҳад шунид.

Имрӯз Қуния гулистони гулфишони шеъри яздонист. Хуш ба ҳоли онҳое, ки аз ин гулистон гули меҳр мебинанд ва гули шеър мечинанд. Суолҳо ҷавоб хоҳанд дошт ва ҷавобҳо суол. Мавлоно медонист:

Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.

Мавлоно медонист, ки мо бо паёми офаранда ин сайёраро интихоб кардаем, то аз мо бошад, бо мо бошад ва дар мо бошад!

Мо зи болоему боло меравем,
Мо зи дарёему дарё меравем.
Мо аз ин ҷову аз он ҷо нестем,
Мо зи беҷоему беҷо меравем

Инак, аҳли башар, оне, ки ба саволҳои Мавлоно ҷавоб меҷӯяд, ҷашни бузургтарин фарзанди сайёра, шоири ирфони инсон, шоири ишқ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румиро ҳамчун ҷашни тантанаи камоли ишқу орзуҳои инсонӣ таҷлил мекунад.

Инҷониб ҳамчун вориси Мавлоно барои бар­гузории маҳфили шеър, хоса ба Қунияи Туркия даъватӣ будам.

Ворисона омодагии муфассал доштам ва як навори шеър бо дархости Академияи байналми­лалии Мавлоно сабт карда фиристодам.

Мутаассифона, вобаста ба вазъи саломатӣ, натавонистам дар ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ ҳузур дошта бошам.

Ошиқони Мавлоно, ошиқони шеъри ин шоири ҳама давру замонҳо аз саросари ҷаҳон дар сари оромгоҳи муқаддаси ӯ ҷамъ мешаванд, маҳфил меороянд, сӯфиёна мерақсанд, қаволӣ мехонанд ва чанде бо шеър ва дар шеър зиндагӣ хоҳанд кард. Чанде дар сайёра Ишқ шоир мешавад.

Тантанаи бузургдошти шеъри Мавлоно таҳти унвони «Давлати Ишқ» баргузор мегардад. Аммо мани дилбохта, ҳамчун шукргузор ва ҳамзабони Мавлоно унвони дигаре ҳам дорам: ШОИРИ МИЛЛАТИ ИШҚ!

Алҳақ, миллат забон аст ва забон миллат аст! Хуш ба ҳоламон, ки Мавлоноро бо забони модарии хеш мехонем!

                         *  *  *

Дар зуҳури зарраҳо пайдост Шамс,
Дар сукути сахраҳо гӯёст Шамс.

Ламъаи нур аст, аз кайҳони дур
Ашки хушки дидаи саҳрост Шамс.

Аз забони дуд оташ мекашад,
Ахгарафрӯзи шаби ялдост Шамс.

Ҳақраси ҳаллоҷии Мансури ҳақ,
Ёри Мусӣ, ҳамдами Исост Шамс.

Хешро аз хештан пайдо намуд,
Орифи пайдои нопайдост Шамс.

«Маснавии маънавии Мавлавӣ»,
Шарҳи ишқи охирулмаъност Шамс.

Сохтан омӯхт айни сӯхтан,
Дар ғуруби худ шафақафзост Шамс.

Ёфта роҳи азалро аз адам,
Раҳнамои кӯтали Синост Шамс.

Бо самои шавқ бигрифта само,
Панҷа бар домони гардунҳост Шамс.

«Офтоб омад далели офтоб»,
Шабравонро дидаи биност Шамс!

Бо камолу бо ҷалолу бо ҷамол
Шамс Мавлоност, Мавлоност Шамс!

Дигар хабарҳо