Шоири имрӯз, шоири фардо

 Шоири имрӯз, шоири фардо

(Суханронӣ дар маҳфили адабию ҳунарии бахшида ба 90-солагии устод Муъмин Қаноат)

Низом ҚОСИМ,

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Устод Муъмин Қаноат шоирест, ки бо нафаси комилан тоза ва садову симои хос вориди адабиёт шуд ва аз ҳамон оѓоз шеърҳои пуртаровату пурсанъату пурмуҳаббаташ табъи устодонро болида намуд. Мураббии маъруфи адибони ҷавон Боқӣ Раҳимзода дар хотираҳои хондании «Дӯсти ба ҷон баробарам» лаҳзаҳои ҷолиби рӯзгори устод Мирзо Турсунзодаро нақл карда, пораи зеринро ҳам овардааст, ки ба шоири он вақтҳо навҷавон Муъмин Қаноат иртибот дорад:

«…Як рӯз пеш мо дар хусуси шеъри як шоири ҷавон баҳси зиёде карда, сурху сафед ҳам шудем. Росташ, ду-се рӯз ба якдигар саломуалеки дуруст ҳам намекардем. Устод басо сахт меранҷид, дили нозук дошт… Хушбахтона, дар ҳамон рӯзҳо Муъминшоҳ, ки дар университет мехонд, як шеърашро назди ман овард. Шеър равон, самимӣ, пухта буд. Чунон ки мегӯянд, мазмуни конкретӣ дошт. Ман, Муъминшоҳро гирифта, ба назди Мирзо даровардам. Ӯ ҳанӯз ҳам хафа буд.

— Чӣ хизмат? – пурсид аз ман.

— Ин кас шоири ҷавон Муъминшоҳ,

— ҷавоб додам ман. – Донишҷӯи Университети давлатии Тоҷикистон. Шеъре овардааст.

Мирзо шеърро гирифта, ду-се бор мутолиа кард. Дар чеҳраи ӯ торафт осори хурсандӣ аёнтар мегашт. Вай ниҳоят табассумкунон ба ман нигариста, гуфт:

— Боқиҷон, ана ин — гапи дигар…»

Минбаъд устод Муъмин Қаноат бо ин пирони кор қаробат ёфту бо ҳидояти эшон сол то сол шоирии худро равнақ бахшид ва дар ҷавонӣ ному мақоми шоиста пайдо кард.

Қудрату маҳорати шоирии устод Муъмин Қаноат аз шеърҳои аввал, аз ҳамон ашъори зебои лирикиаш, ки то кунун шуҳрату маҳбубият доранд, равшан намудор буд. Ин шеърҳо аз ашъори ѓиноии шоирони дигари он даврон бо шиддатнокии эҳсосу шӯру ҳол ва обу ранги бештари бадеиашон фарқ мекарданд. Маҳз ҳамин даста шеърҳои шоир замина фароҳам овард, ки баъдан шоирони дигар ашъори ошиқонаро аз лиҳози бадеият ва забону баён як дараҷа болотар бибаранд.

Устод Муъмин Қаноат аз нахустин шоироне буд, ки ба шеъри тоҷикӣ аз ҷиҳату шаклу сохтор низ навовариҳо ворид намуд. Қолаб ва дарунмояи шеъри озод ба маънои томаш маҳз дар шеърҳои ӯ камолу ҷамоли дилхоҳ ёфтаанд. Намунаи барҷастаи ин навъи навоварӣ достони беназири «Сурӯши Сталинград» мебошад, ки маҳорати волои тасвиргариву мазмунофаринӣ, манзарасозӣ ва тасаллути комили ӯро ба имконоти беҳудуди забони тоҷикӣ нишон медиҳад. Руҳи ҳамосӣ, ки пеш аз ин достон ҳам дар дигар шеърҳои устоди зиндаёд нерӯманд буд, дар «Сурӯши Сталинград» ба авҷи аъло расид ва соҳибашро дар «шашяки рӯи замин» чун шоири тавонои ҳамосасаро соҳибному шуҳратёр гардонид.

Хусусияти дигари ашъори устод Муъмин Қаноат, махсусан достонҳои ӯ, нерӯмандии ҷанбаи миллатдӯстона ва ҳофизаи қавии таърихии онҳост. Достонҳои «Тоҷикистон – исми ман» ва «Гаҳвораи Сино» аз ин ҷиҳат дар назми муосири тоҷик куллан тозаву бесобиқаанд. Руҷуъи мукаррари бамаврид ба суннатҳову анъанаҳо, арзишҳои миллӣ ва шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ин достонҳо ва дигар осори шоирро пурбору пурмоя кардаанд ва боиси қувват гирифтани руҳияи милливу ватанпарастии насли дигари шоиронамон гардидаанд. Шогирдони бевоситаи Муъмин Қаноат – Лоиқ Шераливу Бозор Собир баъдан ин роҳро ба тарзи худ идома доданду ҳамвортару фарохтар карданд.

Дар марҳалаи нави таърихии Ватан низ, ҳузури равшани устод Муъмин Қаноат бо достонҳои «Ҳамосаи дод» ва «Масъуднома» эҳсос мешуд ва ягона касе буд, ки бо осори ҳамосии хеш суннати достонсароиро дар сатҳу пояи баланд ҳифз карду густариш дод.

Шахсияти устод низ , чун осори барҷаставу гаронсангаш, ҳам дар ҷомеаи адабии Тоҷикистон, ҳам дар миёни мардум ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ шинохтаву маҳбуб ва дӯстдоштанӣ буд. Дар тӯли солҳое, ки муовинии раиси Иттифоқи нависандагон ва сипас раисии онро ба уҳда дошт, бо тафаккури густардаву дониши амиқ ва сифатҳои хосси роҳбариву инсонии хеш эътибору нуфузи адабиёти тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ боло бурд ва шоистаи эҳтироми ҳамқаламонаш дар кишварҳои ҳамҷавор гардид. Муовини Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон шуданаш, ба эътибори он ки ваҳдат ормони синасӯзи он пораи таърихи миллати мо буд, дар солҳои сахту душвор далели шахсияти воқеан барҷаставу таъсиргузор ва соҳибэҳтиром будани ин шоири бузург аст.

Имсол ин шоири маҳбубамон, суханваре, ки суханаш барҳақ «вазну тамкини замин» дорад, достонсарое, ки ба назми муосири мо шукӯҳи достонҳои классикӣ бахшид, мутафаккире, ки ҳикмату фалсафаро бо рангу тобиши шоирона вориди шеъри нав кард, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои давлатии СССР ва Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои мамлакат 90-сола шуд. Ин санаи фархундаро Раёсати ИНТ, тамоми адибони мамлакат ба шумо, ҳозирини гиромӣ ва дар шахси шумо ба ҳамаи ҳамватанони азиз муборакбод мегӯянд! Бешак, ба устоди зиндаёдамон умри обу китоб насиб шудааст ва бовар дорем, ки дили бузургу пурвусъати ӯ дар ҳар сатри китобҳояш ҳамеша зиндаву тапанда аст ва ҷовидона ҳамдаму ҳамнафаси миллати соҳибдавлату давлати миллиамон хоҳад монд.

Дигар хабарҳо