Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Шинохти шоир шинохти халқи ӯст…

20 май – зодрӯзи устод Муъмин Қаноат
Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гуйӣ варо,
Ҳар чи мегӯйӣ, бигӯ,
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо,
Ҳар чи мегӯйӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст!
Чунин гуфтааст Муъмин Қаноат.
Феълан тоҷикон аз ҳусни забони худ кам ҳарф мезананд. “Гул он аст, ки худ бибӯяд” аз ҳикматҳои рӯзмарраи чойхонаҳост. Ва инак шаҳодати таърих.
Арабҳо Эронро тасхир карда, ишқро ба перояи форсӣ ороста мекарданд ва месуруданд. Тӯрониён шаҳрҳои Эронро ғасб карда, шамшери охтаро ба ғилоф андохта, шеваи дурушти худро аз шарбати дарӣ нарм месохтанд.
Дар асрҳои миёна муодилае тарҳрезӣ шуд: арабӣ забони олимон, туркӣ забони сипоҳиён, форсӣ забони шоирон. Ин тарҳбандии аҷиб муддати мадид маҳфуз монд.
Умари Хайём рисолаи машҳури худро дар илми ҳисоб ба забони арабӣ таълиф намуд. Навоӣ ҳамчун шоири форсигӯ арзи ҳастӣ кард.
Чанде пеш ман китоби ашъори шоире туркизабонро, ки дар қарни нуздаҳ зиндагӣ ва эҷод кардааст, хондам. Чун нафаҳмидам, дар шигифт мондам ва ба Муъмин занг задам. Ӯ китобро ҳарф ба ҳарф ба ман чун аз форсӣ тарҷума кард. Забони шеъри туркӣ то қарни гузашта ҳафтод дарсад аз форсӣ таркиб ёфта буд. Нутқи шифоҳии тоҷикон ба забони адабии форсӣ ва лафзи дарист. Забоне, ки дар кӯраи шеъри Рӯдакӣ гудохта, дар байтҳои Фирдавсӣ обутоб ёфта, дар ёқути кабуди Ҳофиз ва лаъли Хайём ҷило ёфтааст.
Дарӣ тоҷи сари тамаддуни сафеди Эрон аст.
Ин ҷашни ҷовидонаи ҳамнаво, ин базми шодиёнаи пурсахо чандон танзим ёфта, ки як қатра аз ҷоми давргардон нарехта.
Бозори гарми Меҳргон, ки гул асту ангур асту анор. Мушт-мушт, хирвор–хирвор ҳар кас ба қадри тавоноияш бармедорад, ба динори зар ба қадри ҳиммату тавоноияш бармегардонад.
Боре дар бозори Душанбе манзараи марғуберо дидам: ду тоҷики солхӯрда бо ҷомаҳои беқасаб гӯё дар мушоира сабқат мекарданд. Миёни онҳо анбӯҳи хӯшаҳои ангури тилоранг медурахшиданд. Яке аз эшон, ки дастори дупеча дошт, дар вазни рубоӣ тараннум мекард, дигарӣ бо кулоҳи кӯлобӣ бар сари бозориён достон мехонд. Ҳарфи “О”-и кӯтоҳу дарозе пайиҳам оҳанги фусунгаре эҷод мекард.
– Ин мунозира сари чист?
– Пархош мекунанд, – гуфт Муъмин. Марди дастордор ҷои они дигарро гирифтааст. Бо лафзи дарии ноб мӯйсафедон ҳамдигарро менавохтанд, дашном медоданд.
Ривоятест, ки туркони ришдароз шеърхонии Есенинро гӯш медоданд ва сар меҷунбонданду мегуфтанд: “шоири бузург аст”, ҳарчанд ки ҳарфи русиро намешинохтанд.
Дар миёни шоирони даригӯй бо сомеа тафриқа наметавон гузошт, зеро шеъри Ҷомӣ ва назми як шеърбоф яксон мутантан садо медиҳад. Дарӣ каломи гуворову фиребост. Мушкил аст ба шоир дар ин мулк суханварӣ ва сухансозӣ, дар ҳоле, ки ҳар бозаргон сухангӯву суханбоз аст. Меъмор дар Самарқанд ноком аст, чу осори меъморияш ҳамаро тасхир мекунад. Ин фикр дар Душанбе, дар шаби мушоира бар сарам омад. Ҳар тоҷик, ки ба шеър гуфтан оғоз мекунад, аз нахустин қадам боист дар таносубу қиёси гузаштагони асри тилоӣ эҷод кунад.
Ҷомеа ҷиддан сара мекунад ва мису зари мунқалибро мебарорад. Ҷомеа ҳамчунон валинеъмат аст. Ва медонад, ки аз сад ҳазор байти Рӯдакӣ дар ёдҳо ҳазор байт мемонад ва кӣ медонад, ки ин ҳазор байти бобаҳо дар ибтидо ва ё дар интиҳо офарида шудаанд.
999 роҳ ба як воҳиди кул аст. Якеро ҳама умр дар роҳҷӯйӣ мегузарад. Дигар мекӯшад он воҳиди куллро яку якбора бидуни тайи мароҳил дар манзили касногузар бигзаронад. Ва ҳарду муҷиби фаромӯшӣ ва бенишонанд.
Адабиёти навини тоҷик номҳои Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзодаро ба арсаи адабиёти ҷаҳон баровард… Ҷомеа гӯш ба гуфтаҳои шоирони насли дигар медиҳад.
Мунаққидону муҳаққиқонро қазовату тадқиқи ҳақбини эҷодиёти яке аз шоирони фаъол ва хуби кунунии Осиёи Миёна Муъмин Қаноат дар пеш аст.
Мунаққидон ба хусусиятҳое, ки ӯро ба суннатҳои гузашта ва равандҳои шеъри нав дуҷониба ҷазб кардаанд ва шеваи нузҳатӣ додаанд, бештар мутаваҷҷеҳ мешаванд.
Як андоза шеваи зоҳидона ва парҳезгаройии шеъри тоҷикро дар асри бистум бояд аз омилҳои иҷтимоӣ биҷӯянд ва шояд бар асари шеъри ирфонии гузаштаи форсӣ, ки ҳазор сол дар он ҳукмфармо буд, биёбанд.
Идея ва Инсон ду қаҳрамони Муъмин Қаноат, Лайлӣ ва Маҷнуни шеъри ӯ буданд ва ҳастанд.
Мунаққидон шояд аз гуногунии мавзуъ, аз вусъати ҷуғрофии макони будубоши қаҳрамонҳои ӯ, аз оҳангҳои умумибашарии шеъраш, аз бурду бохти тарҷумаҳо сухан гӯянд.
Амри маъруф аст, ки шоир сафири сарзамини хештан аст. Шинохти шоир шинохти халқи ӯст. Вале барои халқи худ ӯ расули ҷомеаи башарӣ, намояндаи тамаддуни ҷаҳонист. Агар дар байни хонандагони худ маҳбубият пайдо кунад, ҷаҳоне, ки дар шеъри ӯ инъикос шудааст, ҷаҳони эшон мегардад. Чунин аст рисолати шоир.
…Гоҳе ба рустои дурдасти кӯҳистон меравам ва худро муаррифӣ мекунам: Ман дӯсти Муъминам.
Орзу мекунам, ки замоне дӯстам китобчае ба табъ бирасонад аз ду ҳазор байт, хурдтар аз он чи дар даст доред ва дар пушти ҷилди он на ном, на унвон, балки Муъмин сабт шуда бошад.
Олжас СУЛАЙМОНОВ,
шоири қазоқ