Шеър. Сафари Абдураҳим

Шабҳо назар ба моҳ накардам, намекунам.

Ёд аз ғами пагоҳ накардам, намекунам.

Дар пеши хеши дури ба меҳмониомада,

Ҳамсояро сиёҳ накардам, намекунам.

Шодам аз он, ки ёр, туро баргузидаам,

Дар ишқат иштибоҳ накардам, намекунам.

Бо чашми нек дида ҷаҳонро, ба сўи кас

Бо чашми бад нигоҳ накардам, намекунам.

Дар орзуи чоҳ ба роҳи касе наям,

Ҳам орзуи ҷоҳ накардам, намекунам.

Шайтон баҳона буд, худ аз раҳ бурун шудам,

Бе амри дил гуноҳ накардам, намекунам.

Поро бурун ниҳодаам аз роҳи шеър, лек

Дилро бурун зи роҳ накардам, намекунам.

***

Баски ҳушёр аз дари майхона берун омадам,

Чун ҳақиқат аз дили афсона берун омадам.

Хештанро гум накардам дар диёри дигарон,

Чун гуҳар аз дидаи бегона берун омадам.

Пар задам бо орзу то бар фарози қуллаҳо,

Ҳамчу мурғе дар баҳор аз лона берун омадам.

Чашмро истора кардам дар масири субҳу шом,

Аз раҳи чашмони ту девона берун омадам.

То набандам аҳду паймони дигар бо бевафо,

Аз хати паймони бепаймона берун омадам.

Ҳар кӣ побанди ғами ишқ аст, медонад чӣ сон

Ман зи банди ишқ хушбахтона берун омадам.

***

Шамида атри туро масти шеъри ноб шудам,

Саодат аст, ки бо шеър дар китоб шудам.

Зи байни ин ҳама даъвогарони курсии ишқ,

Вакили мардуми чашми ту интихоб шудам.

***

Ишқи ту ба ёд кам гирифтам, рафтӣ.

Баъди ту ба дил алам гирифтам, рафтӣ.

Чун шеър ба вақти шаб расидӣ ногаҳ,

То коғазу то қалам гирифтам, рафтӣ.

 

Ба устод Садриддин Айнӣ

Номи ту бувад нишонаи миллати мо,

Чашми ту чароғи хонаи миллати мо.

Аз гулшани рози ту шукуфт, эй устод,

Гулвожаи ҷовидонаи миллати мо.

Дигар хабарҳо