Шеър дар користон
Маърўза дар маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагон
Баъди дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ шеъри мо аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва тарзу равиш тањаввул ёфта, вориди марҳалаи дигаре гардид. Дигаргунии ҷиддитарини он қувват гирифтани рӯҳи ватанпарастӣ, ҳувиятхоҳӣ ва мавқеъи чашмрас ёфтани арзишҳои миллӣ дар осори ҳунарист. Истиқлол равзанаи тозаеро ба рӯйи адабиёти мо боз кард. Аз ин равзана ҳавои тозае ба шеъру насри мо ворид шуд ва шоирону носирони тозанафасе зуҳур карданд, ки аз баъзе ҷиҳатҳо адабиёти моро ғанитар намуданд.
Ба баракати Истиқол баъзе завлонаҳои идеологие, ки дасту пойи зеҳну андешаи моро баста буданд, шикаставу гусаста шуданд ва парвозгоҳи фарохе барои рӯнамоии таъриху фарҳангу тамаддунамон фароҳам омад. Дар ин арса адибонамон рӯшоду ошкоро ва бе ҳеҷ эҳтиёткорӣ дам аз таъриху тамаддун, ифтихори миллӣ ва расму ойинҳои куҳанамон заданд ва асарҳои зиёди манзуму мансуре офариданд, ки бешак, боиси пурбортар шудани адабиёти деринсоли мо гардид.
Дар ин давра баъзе аз анъанаҳои хуби адбиёти замони шӯравӣ низ ҳифз шуданду идома ёфтанд. Яке аз ин анъанаҳо эҷоди асарҳо дар бораи иншоотҳо ва умуман бунёдкориҳо мебошад, ки дар қарни гузашта басуръату бавусъат роиҷ шуд. Ба таври дигар бигӯем, адабиёт ҳамқадаму ҳамнафаси ҳаёт гардид ва бо рӯзгори мардум пайванди қавӣ ёфт. Бо бунёд ёфтани иншооти гуногун асарҳои бадеӣ дар бораи онҳо иншо шуданд ва адибон кӯшиданд, ки ҷараёни ин сохтмонҳо ва корнамоии созандагони онҳоро ба таври бадеӣ тасвиру тараннум кунанд. Ҷойи тардид нест, ки ба ин васила дар адабиёи мо асарҳои бисёри хонданӣ ба вуҷуд омаданд ва байни хонандагон машҳур шуданд.
Ҳамин суннати хуби адабиёти қарни бистум, агарчи на ба он вусъат, вале бар ҳол дар замони Истиқлол ба тарзҳои гуногун идома ёфт. Қасди мо дар ин гузориш мурури кӯтоҳ ба ашъорест, ки бунёдкориҳои ин марҳалаи созандагӣ дар онҳо бозтоб ёфтаанд. Бо таваҷҷуҳ ба шеърҳое, ки дар ин замина иншо шудаанд, бешубҳа, шоирони моро метавон вассофу тараннумгари дастовардҳои Истиқлол ба шумор овард. Албатта, ин шеърҳо якдасту ҳамсанг нестанд, дар сатҳу пояҳои гуногун қарор доранд. Муҳим ин аст, ки ҳар шоире ба қадри тавону ҳунари хеш созандагиҳову ободгариҳоро тасвир кардааст. Дар ин масир бавижа шоирони пуртаҷрибаи насли замони шӯравиямон собитқадамтаранд.
Баъди раҳоӣ аз банди буҳроне, ки ҷанги шаҳрвандӣ баҷо гузошт, дар кишвари мо бо раҳбарии Пешвои муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон бунёдкориву созандагиҳои бузург оғоз ёфтанд ва дар муддати кӯтоҳ мо муваффақ шудем, ки корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Яке аз онҳо бунёди нақбу пулу роҳҳо буданд, ки минтақаҳои кишварамонро ба ҳам пайвастанд ва заминаи мусоидеро барои рушди рӯзафзуни мамлакат фароҳам оварданд. Дар бораи роҳу нақбҳо як зумра шоиронамон шеърҳое гуфтанд, ки аз ҷиҳати муҳтаво ва бофти калом ҷолиби таваҷҷуҳанд. Пайдост, ки дар эҷоди ин шеърҳо таваҷҷуҳ бештар ба гироиву шевоии сухан ва баёни муассири мазмун равона шудааст. Устод Низом Қосим, ки яке аз фаъолтарин сароишгарону ситоишгарони бунёдкориҳо аст, ғазали хубе дар бораи нақб дорад, ки бо баёни муассир, истеҳкому инсиҷом ва вазни дархури муҳтавояш шоёни диққат аст. Дар ҳар байти он маъниву тасвири тозае ба назар мерасад. Чанд намуна:
Ин нақбро нақибати мо офаридааст,
Бо тешаи матонати мо офаридааст.
Ин нақб нест, сўи љањонаш тавони ақл
Чун равзани саодати мо фоаридааст.
Нақбест ин, ки пайкараи қадри халқро
Аз санги нангу қудрати мо офаридааст.
Вижагиҳое, ки баршумурдем, дар ҳама байтҳои ин ғазал ҳифз шудаанд. Устод Низом Қосим дар бораи нақб чанд шеъри дигаре ҳам дорад, ки ҳамин ҳолу ҳаворо доранд ва нақб дар онҳо чун рамзу самбули хос тасвиру тараннум шудааст.
Дар шеъри дигари устод нигоҳи шоирона ба роҳи оҳанро шоҳид мешавем. Дар ин шеър зимни тасвири роҳи оҳан чун “узви тани меҳан” ва “роҳи пайванду ваҳдат” шоир ду хатти ин роҳро ба шоҳбайт ташбеҳ медиҳад ва орзу мекунад, ки кош чунин шоњбайте бигўяд “дархури ин мардуму даркори Меҳан”. Яъне ин ҷо на сурати ҳол, балки рамзу рози шайъи мавриди тасвир диққати шоирро ҷалб менамояд. Ин ҳам навъи дигари нигариши ўро ба раванди созандагӣ бармало мекунад.
Аз фаъолони дигари ин арса устод Муҳаммад Ғоиб аст, ки чун вассофи дастовардҳои даврони Истиқлол, бавижа иншооту сохтмонҳо дар адабиёти имрўзи мо ҷойгоҳи махсус дорад. Дар тасври ин шоир нақбу роҳҳо чун ҳуҷҷати муваҷҷаҳи рушду пешрафти Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Пешвои миллат аксандоз мешаванд ва бо рангу мазмунҳои гуногун бозтоб меёбанд. Дар бештари чунин шеърњои ў симои Сарвари давлат чун қаҳрамони асосӣ дар марказ қарор мегирад ва пора-пора корномаи ў бозгўйӣ мешавад. Шеъри “Подош” аз ҳамин қабил аст:
Зи азму ҷаҳди ту ободтар мулки Бадахшон шуд,
Зимистонаш тамузу тирамоҳаш навбаҳорон шуд.
Сарои санг ҳам аз эътиборат шуд сарои нанг,
Ғамаш шодиву ранҷаш роҳату душвораш осон шуд.
Зи Нуробод бигзаштан зи ҷони худ гузаштан буд,
Раҳи ҷонҳои мардумро харидан роҳи Хатлон шуд.
Зикри ҷойномҳо аз он ҷиҳат дар чунин мавзуъҳо муҳим аст, ки ба шеър ташаххус мебахшад ва аз замону макони муайян дарак медиҳад. Дар бештари шеърҳои дар ин мавзуъ навиштаи устод Муњаммад Ғоиб замону макон ва симову ашё мушаххасанд.
Манзумаи “Хати роҳ”-и устод Муҳаммад Ғоибро, ки аз раҳкушоиву роҳсозӣ қисса мекунад, як асари манзуми комил метавон донист. Шоир ба пешинаи рўзгори тоҷикон руҷуъ намуда, бо баёни гирову тасвирҳои зиндаву диданӣ аз азобу сахтии роҳ мегўяд ва обод шудани ин роҳҳоро самари Истиқлолу ваҳдату осудагӣ медонад. Манзума шоирона оғоз мешавад ва ҳамин шоиронаги то анҷоми он, гоҳе аз роҳи офариниши таъбирҳои тоза ва орояҳои лафзи идома меёбад. Таваҷҷуҳ кунед ба байти оғозини он:
Мо ҳам хати роҳи худ нависем,
Бо килки нигоҳи худ нависем.
Дар бораи нақби Анзоб, ки яке аз иншоотҳои хеле муҳими даврони Истиқлол аст, шоиронамон як силсила шеърҳо гуфтанд ва ҳаммаромии худро бо ин ибтикори созанда ифода намуданд. Аммо бояд гуфт, ки бештари ин шеърҳо ба сабаби камобу ранг ва тиҳӣ аз мояҳои ҳунарӣ буданашон зуд фаромўш шуданд. Шеъри “Нақби Анзоб”-и Муҳаммад Ғоиб дар миёни онҳо бо сароҳату ҳарорати худ фарқ мекунад. Намуна:
Тармаву санги сари кўҳ ҳама раҳбандон,
Барнагаштанд аз ин раҳ чи қадар фарзандон,
Об мерафт зи чашмони ҳама пайвандон,
Баъд аз ин об худ аз дидаи Анзоб равад.
Чанде пеш китоби устод Муњаммад Ғоиб “Хуршеди фараҳ” чоп шуд, ки ашъори дар васфи корномањои Пешвои миллат сурудаашро дар бар гирифтааст. Дар бисёр шеърҳои он бунёдкорињои даврони Истиқлол ба тарзу шеваҳо ва дар қолабҳои гуногун тасвир шудаанд. Ин китобро метавон яке аз дастовардҳои назарраси адабиёти мо дар солҳои охир ба шумор овард.
Дар бораи роҳу нақб аз Файзи Ашўр ҳам шеъри хубе хондем, ки бо баъзе хусусиятҳояш шоёни таваҷҷуҳ аст. Дар тасвири Файзи Ашӯр андаруни нақб «нусхаи чашми ватандор равшан» аст ва ин сухан дар байни анбӯҳи шеърҳое, ки дар ин мавзуъ навишта шудаанд ва мутаассифона, аксаран умумиву муҷарраданд, ба назарамон ҷолиб намуд. Ин маъниро шоир равшану маҳкам баён кардааст:
Раҳи мо аз ҷигари кӯҳ гузар пайдо кард,
Кӯҳсор аз асараш қадри дигар пайдо кард.
Нусхаи чашми ватандор дарунаш равшан,
Шоми торики дили кӯҳ саҳар пайдо кард.
Гуфтанист, ки ба баракати Истиқлол ва фазои осудаву мусоиди Меҳанамон пойтахтамон шаҳри Душанбе ободу шодобу муосир шудааст. Имрўзҳо дар ин пойгоҳу ҷойгоҳи баланду арҷманди мо биноҳои гуногуни зебову диданӣ бунёд ёфтаанд, ки ҳамагонро маҷзубу шефтаи худ мекунанд. “Кохи Наврўз” яке аз онҳост, ки бо намои зебову шукўҳи камназири худ чашмрабоӣ мекунад. Дар бораи ин кохи оросто бо зевари ҳунари меъморӣ шоири шинохтаамон Хайрандеш як силсила шеърҳои нағзе дорад, ки аз ҷиҳати фарогирӣ ва сохтори айниву зеҳнии худ ҷолибанд. Дар ин силсила мо шоҳиди ҳунари хуби тасвиргарии шоир шудем. Ў ба таври ҷудогона дар бораи ҳар толоре, ки дар ин кохи муҳташам ҳаст, шеъре суруда ва абзору воситаҳои муносибе барои баёни матлабаш пайдо кардааст. Мушаххасоти асосии ин шеърҳо ҷузъиёти хоси баргирифта аз толорҳо мебошанд, ки шоирона тасвир шудаанд. Унсурҳову ашёи мавриди тасвири ӯ ҳамагӣ қобили ламс ва имрӯзӣ буда, ба шеърҳо тозагӣ бахшидаанд. Ҳар толори ин кохро алоҳида ном бурдан ва дар васфи ҳар яке маънову тасвири хос ёфтан далели ҳунармандии шоир аст. Дар оғози силсила чунин тасвирҳои тозаро мебинем:
Гулафшон Кохи Наврӯз, остонаш Арки Фарҳанг аст
Ва давродаври он хушманзару хушнақшу хушранг аст,
Ҳазорустун бувад, ҳар як сутун устураи нанг аст,
Ҳаме ҳафт ошён дорад, ки рашки «Ҳафт авранг» аст:
«Гулистон» -у «Зарандуд» асту «Дидор» асту «Аржанг» аст,
Дурахшон «Ахтарон»-аш, «Дилкушо»-яш хусравоҳанг аст,
Ба «Зарринтоҷ» зармарзи фалак ҳамсону ҳамсанг аст.
Баъд аз он ки бунёди НБО “Роғун” бо талошҳои Роҳбари давлатамон аз сар гирифта шуд, ин корзори шуҷоату мардонагӣ мазҳари ваҳдату ҳамдилии мардуми мо гардид. Хатто метавон гуфт, ки Роғун ба як ғояи миллӣ табдил ёфт ва дар атрофи ин ғоя ҳама сарҷамъ шуданд. Адибон низ дар ин масир ғадамҳои устувор гузоштанд. Баробари вусъат ёфтани корҳо дар ин замина шоиронамон аз користону нористони бузург илњому ангеза гирифта, шеърҳои фаровон эҷод карданд. Аз устодон Муъмин Қаноату Бозор Собир то шоирони ҷавон шукўҳу шаҳомати ин нерўгоҳ ва корномаи бунёдгарону нурофаронро васф карданд ва ба ин васила ҳамовозии худро бо сиёсати ҳукуматамон баён намуданд.
Устоди зиндаёд Муъмин Қаноат, ки шоири мутафаккиру ҳамосагў буд, бо илњом аз ҷўшу хурўши кор дар ин арсаи офаринандагӣ шеъри хубе гуфт, ки рангу бўе аз хираду ҳикмат дорад. Устод ба сабки хоси худ содиқ монда, на ба зоҳири мавзуъ, балки ба жарфои он таваҷҷуҳ кард. Ибораи пурмаънои “маъбади нур”, ки офаридаи табъи халлоқи шоир аст, ба фарҳанги бостони мо пайванд мегирад, ки нуру оташ дар он муқаддас буданду парастида мешуданд. Дар ин шеър қадосати нуру оташ барои тоҷикон на ба таври мустақим ва ошкоро, балки бо вожаҳои рамзноку мутаносиби “маъбад”, “вузў” ва “намоз” баён гардидааст. “Маъбади нур” номидани Роғун воғеан суханест тозаву шоирона:
Бошад сафари Ҳиҷоз аз рўи ниёз,
Зоди сафари ишқ ҳама сўзу гудоз.
Дар маъбади нури хокиёни Роғун
Бо нур вузў карда гузорем намоз.
Устод Бозор Собир њам дар бораи “Роғун” чанд шеъре гуфт, ки ҳамагӣ ороста бо зевари тасвиранд. Ин шоири бузурги тасвиргар на ба дунболи шиору хитоба, балки аз пайи тасвиру бадеият рафта, дар њамин мавзуи зоњиран хушк њам ташбењњои тару тоза офарид ва исбот кард, ки дар бораи сохтмон ҳам шеъри тасвириву бадеъ гуфтан мумкин аст. Агар дар шеъре дар ҳаққи коргари Рогун зебову шоирона “Ҳар як ҳубоби дасти ту як лампа мешавад” гуфта бошад, дар шеъри дигар чунин гуфта:
Дар гўшаи дил тиллоситора,
Чун барги оташ зебо ситора,
Роғунии мо шуд бо ситора
Чун осмони шабҳои Роғун.
Занҷири дарё дар пойи Роғун,
Оташ шавад об дар нойи Роғун.
Ашъори дар бораи Роғун иншошударо шартан метавон ба ду даста тағсим кард: достону манзумањое, ки нисбатан захимтару фарохтаранд ва шеърњое, ки таљассумгари як маназара, як фазо ва як ҳолатанд.
Шумораи достону манзума нисбат ба шеърҳои алоҳида хеле камтар аст. Сабабаш шояд ин бошад, ки қолабҳои калони мазкур аз шоир ғояи вусъатманд, диди фарох ва қудрати баён тақозо мекунанд. “Балладаи Роғун”-и устод Низом Қосим, “Симои садод”-и устод Камол Насрулло, “Кохи нур”-и устод Муҳаммад Ғоиб, “Достони нуристон”-и Ато Мирхоҷа, “Достони Роғун”-и Давлат Сафар аз ҷумлаи асарҳое мебошанд, ки аз ҷиҳати фарогирӣ, вусъати тасвир ва шаклу муҳтаво имтиёз доранд.
Устод Низом Қосим дар “Балладаи Роғун” ба таърих ва шахсиятҳои бузурги таърихӣ руҷўъ намуда, нурофару нургустар будани аҷдоди равшанзамири моро ба тарзи ҷолибу муассир таъкид мекунад. Шоир рўшноипарвар будани миллати моро ҳатто дар тарзи номгузории тоҷикон, ки фарзандонашонро Мунаввар, Равшан, Мунира ва монанди инҳо меноманд, исбот мекунад. Ин хатти нур аз аввал то поёни асар кашида мешавад ва аҷзои онро ба ҳамдигар мепайвандад. Асар дар қолаби озоди нимоӣ навишта шудааст ва андешаҳову тасвирҳо дар он бидуни пойбандӣ ба қоидаҳову шеваҳои қарордодӣ ифода ёфтаанд. Шоир тавонистааст, ки дар ин асар Рогунро ба як образ ё сувари хаёли равшан табдил бидиҳад. Ба даври Роғун ҷамъ овардани бузургон, аз Рўдакӣ то Муъмин Қаноат, Лоиқ ва Бозор Собир, ки ба қавли шоир, “аз тинати пурнурашон ноқили анвор бо имрўз пайвастааст” боиси эҷоди таносуби қавии ҳунарӣ байни нури маънавию нури воқеӣ шудааст. Ин шеваи дид ва ин тарзи нигориш воқеан ҷолибу ҳунармандона аст. “Балладаи Роғун” бо зикри нурофари асосии ин сарчашмаи рўшноӣ, яъне Пешвои миллат поён меёбад:
Аё Роғун,
Ту дигар барқафшон дидаи ояндабини халқи мо ҳастӣ,
Ҳамора пурҷило тоҷи яқини халқи мо ҳастӣ,
Дили саршор аз анвору нори халқи мо ҳастӣ,
Ва барҷо пайкара бар офтоби бахти миллат
Пешвои устувори халқи мо ҳастӣ.
Асари арзишманди дигар дар бораи “Роғун” манзумаи “Симои садод”-и устод Камол Насрулло аст, ки бо баъзе вижагиҳояш шоистаи зикри махсус мебошад. Шеърҳои ин манзума ҷанбаи қавии отифӣ доранд ва чун нидои дилу виҷдон садо медиҳанд. Шоир “Роғун”-ро натанҳо чун як сохтмони айниву диданӣ, балки чун намоди маънавӣ низ тасвиру тафсир мекунад:
Биё, созем Роғунро
Ба рўи тахтапушти худ,
Чу кохи орзуи ҳaфсаду ҳафтод пушти худ!
Аз ин ҷост, ки тасвирҳо дар ин манзума бори маънавӣ доранд ва фақат ба манзаранигорӣ маҳдуд намешаванд. Нигоҳи шоир бештар ба дарун аст ва мафҳумҳои айниро бо мафҳумҳои зеҳнӣ гиреҳ мезанад. Дар пиндори шоир саҳми арзишҳои маънавӣ дар бунёди Роғун аз арзишҳои моддӣ камтар нест. Аз ин рўст, ки шоир зимни тасвири ин користон мафҳумҳое чун эътиқод, ормон, сиришт, сарнавишт, ихлос, умед, садоқат, садод, яъне ростиву адолат ва монанди инҳоро бештар ба кор мебарад. Масалан, дар байти зер, ба пиндори шоир, ишқи Меҳан аст, ки Роғунро месозад:
Санг-сангу хок-хоки кӯҳро ғалбер кард,
Ишқи Меҳан, эй азизон, раҳнамои миллат аст.
Дар байти дигаре аз ҳамин ғазал чунин бозёфти ҳунариро мебинем:
Нест дарғот, ин ки бо худ пеши дарёро бубаст
Синаи пешонисори Пешвои миллат аст!
Андешаи моро дар мавриди нақши меҳварӣ доштани мафҳумҳои зеҳниву маънавӣ дар манзумаи мазкур байти зерин низ исбот мекунад:
Дасти муҳаббат гар набуд дар пайкари сангини кӯҳ,
Тандеси Меҳан ҷилвагар чун гашт ин сон бо шукӯҳ!?
Манзури мо корбасти ибораи “дасти муҳаббат” аст, ки тандиси Роғунро сохтааст. Яъне дар саропои ин манзума ҳамин нукта ба воситаи тасвирҳои шоирона таъкид мешавад, ки нерўи маънавию отифӣ дар канори нерўи фикриву ҷисмонӣ дар сохтмони нерўгоҳ нақши муҳим доранд. Ин тарзи нигариши шоир воқеан тозагӣ дорад.
Яке аз манзумаҳои дигар дар тавсифи Роғуну роғунсозон “Достони нуристон”-и Ато Мирхоҷа аст, ки бо дарунмояи пурбор ва бадеияти худ арзиши хос дорад. Шоир барои тасвири користони Роғун ва пирўзии нур бар зулмат сужаи ҷолибе сохта, аз шевае кор гирифтааст, ки ба асарҳои дигарон монанд нест. Бо корбасти санъати ташхис оби Нур ва оби Шўрро дар муқобили ҳам гузошта, ба ин васила баҳсу ихтилофҳоеро, ки дар атрофи нерўгоҳ ба миён омада буданд, бо забони рамз баён кардааст. Ин шева хеле беҳтар аз равишҳои маъмулӣ буда, ҷанбаи ҳунарии асарро қувват мебахшад. Яъне ин ҷо шоир унсурҳои табиатро ба забон меорад ва паёму мароми худро аз тариқи онҳо ба хонанда мерасонад. Маҳз ҳамин кор гирифтан аз ташхис бадеияти асарро афзуда, онро муассир кардааст. Манзума бо Руҷўи Вахш- оби Нур чунин хубу зебо ва бо корбасти таъбиру ифодаҳои шоирона оғоз мешавад:
Хонапарварди Рашту Дарвозам,
Озарахшам, наиму ҷонбахшам.
Обшори таронаи нурам,
Рӯдбори қадимаи Вахшам.
Фарри Бурхи Валӣ ба пешонӣ,
Оби худ асрҳо ҳамешорам.
Мавҷ-мавҷам саховату файз аст,
Сураи Нур бар забон дорам.
Шоир, зимни баёни моҷароҳо аз забони Оби Шўр, ки тимсоли бадиву сиёҳист, симову рафтори монеагузорони роҳи бунёди Роғунро тасвир мекунад. Тасвирҳо ин ҷо маҷозиву истиориянд ва дар пасманзари онҳо воқеиятҳо ва чеҳраҳо аёнанд:
Оби Шӯр, обишӯриёни замон
Банди ин домгаҳ шуданд, афсӯс,
Баҳри чанд устухони пӯсида
Нури ҳақ шуд зи дасташон маҳбус.
Тавре ки дар боло ишора шуд, дастаи дувуми роғунномаҳо шеърҳои хурди алоҳидаанд. Шеъри сапеди Доро Наҷот, ки «Дили миллат» ном дорад, ба андешаи банда, аз беҳтарин шеърҳо дар ин мавзуъ аст. Гузиниши вожаҳои зебову дурахшони дархури мавзуъ, таъбиру таркибҳои тозаву хоси шоирона, зарбоҳанги махсуси дарунии калимаҳо ва таносуби қавии мантиқӣ ҳам ба забон, ҳам ба маънӣ ва хуллас, ба саропои шеър таровату тозагӣ бахшидаанд. Эҳсос мешавад, ки Доро Наҷот ҳар вожаро дар кӯраи табъу завқи хеш гудохтаву пазонда, ба гавҳаре тобнок табдил медиҳад. Лозим аст як порчаи ин шеърро мисол оварем:
Роғун дил аст,
ки метапад дар синаи миллат!
Ва бартар аз ҳазор дили Данкоӣ
медурахшад
субҳи меҳанро
бо табассуми тулуъ
ва чароғаки шабнами боли гулпаракҳо.
Устод Рустам Ваҳҳобзода низ дар мавзуи мавриди назар чанд шеъри хубу хондание дорад, ки “Ҳамосаофарин” аз ҷумлаи онҳост. Дар ин шеъри озоди нимоӣ симои коргар чун соҳибватани асил ва дорои ифтихори миллӣ тасвир шудааст. Вожаҳо дар ҳар пора танини долу зарби майдони корро ба гўш мерасонанд, яъне шоир вазнеро интихоб кардааст, ки бо фазои користон ҳамоҳангиву таносуби қавӣ дорад. Ибораҳои “парчами баланди ковиён” ва “чаккуши ҳамосаофарин” аз рўҳияи меҳанпарастона ва ифтихори миллӣ нашъат гирифтаанд:
Коргар!
Парчами баланди Ковиён
Аз гузаштаи пурифтихори ту
Оят аст.
Зарби чаккуши ҳамосаофарини ту
Занги соати саодат аст.
Шеъри “Тоҷикистон мешавад қудрат”-и Абдуллоҳи Раҳнамо намунаи хуби шеъри андеша аст. Андеша дар ин шеър бо забони гирову ангезабахш ва дар пирояи ҳунар баён мешавад. Чашмандози шоир аз арсаи кор фаротар рафта, масъалаҳои фарохтареро дарбар мегирад. Ў аз равзанаи тамоман дигаре ба Роғун менигарад ва андешаҳоеро дар миён мегузорад, ки дар шеърҳои дигарон намебинем. Ба тарзи худ гуфтану андешидан ва мутафовит аз дигарон будан ҳам албатта ҳунар аст. Дар ин шеър воқеан шоҳиди нигариши тозае ба Роғун мешавем.Ҳузури андешаи тоза бавижа дар ин порчаи шеър равшантар аст:
Эй ки бо ҳангомаи дину ҷиҳод,
Рафтаӣ сарсон ба саҳрои Ироқу Сурия,
Чашм бикшо, нак туро ҷанги муқаддас!
Ин туро ҷанги бузурги меҳанӣ!
Ҷанг бо сардиву торикии шабҳои халоиқ,
Ҷанг бо вобастагиву фақру зулмат,
Ҷанг андар ҷабҳаи нуру сафо,
Ҷанг дар роҳи Худо.
Дар ашъори шоирони маъруфи дигарамон Ҳақназар Ғоиб, Алимуҳаммад Муродӣ, Аҳмадҷон Раҳматзод, Муҳтарам Ҳотам, Озарахш, Озар, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Гурез Сафар, Шаҳрия, Сафар Амирхон, Парда Ҳабиб, Ҳасани Султон, Беҳрўзи Забеҳулло, Адиба, Гулноз, Рўдобаи Мукаррам, Бузургмеҳри Баҳодур, Сулаймон Султон ва дигарон низ Роғун ба тарзу шеваҳои гуногун бозтоб ёфтааст. Агар дар шеърҳои А. Муродӣ ва Озар ҳузури тасвир чашмрастар бошад, дар шеърҳои дигарон баёни зебову латиф ва андешаҳои хосу тоза ҷалби таваҷҷуҳ мекунанд.
Боиси таассуф аст, ки шоирони ҷавонамон ба мавзўи сохтмону иншоот хеле кам таваҷҷуҳ доранд. Ба истиснои ду-се нафар, дигар ҳама гўё дар замону макони дигаре зиндагӣ мекунанд, ки ба ҷараёни созандагиҳову бунёдкориҳо беэътиноянд. Шояд онҳо гумон мекунанд, ки ин мавзуъҳо барои шеър бегонаанд ва фақат бо шиору хитоба маҳдуд мешаванд. Аммо устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар ва чанди дигаре, ки дар ин гузориш зикр шуданд, собит кардаанд, ки дар бораи бунёдкориҳо низ асарҳои хубу марғубу арзишманд гуфтан мумкин аст. Хусусан дар бораи НБО “Роғун”, ки барои эҷоди образҳо, тасвирҳо ва маъниву ҳикматҳои баланд маводи бисёр медиҳад, зеро он мазҳари нуру рўшноист.
Аз мурури кўтоҳи мо чунин хулосае ба миён меояд, ки бештари шоиронамон, шояд яке камтару дигаре бештар, тараннумгари дастовардҳои даврони Истиқлол, бавижа тасвиргару тафсиргари сохтмону иншооти барои давлату миллати мо муҳимманд. Масъалаи асосӣ ин аст, ки достону манзума ва ашъори дар ин мавзуъ эҷодшуда то чӣ ҳад арзиши бадеиву ҳунарӣ доранд ва оё метавон онҳоро моли адабиёт донист? Барои посух додан ба ин савол пажўҳиши комилтару фарохтаре дар ҳаҷми як рисола бояд анҷом дод. Ҳоло ҳамин қадр метавон гуфт, ки дар миёни ин асарҳои пуршумор, бешубҳа, шеърҳое ҳастанд, ки дорои бадеият ва арзиши ҳунариянд ва чанде аз онҳоро мисол овардем.
Мавзуъи сохтмону иншоот ба бозтобии бадеии густардатару ҳунаритар ниёз дорад ва бовар дорем, ки дар оянда асарҳои хонданитару монданитаре эҷод хоҳанд шуд.
Толиби Луқмон



