Маҳфили шеъру суруди адибони ҷавон

 Маҳфили шеъру суруди адибони ҷавон

 Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Тур­сунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷи­кистон 20 май дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешвози Рӯзи ҷа­вонон базми шеъру суруд баргузор гардид.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Умед Раҳимзода дар оғози маҳфил аз фаъолияти адибони ҷавон сухан карда, иброз доштанд, ки онҳо аз дастгириҳои рӯ­зафзуни Ҳукумати мамлакат бархӯрдоранд.

Шоирону нависандагони ҷавон Бузур­гмеҳри Баҳодур, Иброҳим Дӯстализода, Бузургмеҳри Ҳаким, Шаҳёд Шарифзода, Хуршеди Эҳсон, Сулаймони Аҳтам, Сайидо Шарафӣ, Санавбари Ибод, Шукрона Тоҳирӣ, Шукронаи Саидалӣ, Руъё Усмонӣ ва дигарон аз навиштаҳои худ қироат намуданд.

Сарояндагони ҷавон, кормандони Фи­лармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Абдулқавӣ Исмонов ва Ҷумъахон Расулов сурудҳои нави худро пешкаш карданд.

Шаҳрӯднавозии донишҷӯи Консерватори­яи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Гулҷамол Илҳомӣ ба маҳфил ранги дигар бахшид.

Дар охир аз байни адибони ҷавон Маф­тунаи Қосим, Шаҳёд Шарифзода ва Руъё Усмонӣ бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷа­вонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Дигар хабарҳо