Шеъри Хурсандӣ

 Шеъри Хурсандӣ

Барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода  

Дар бораи шеър низ, он гуна, ки дар бораи хилқати инсон таърифу тахминҳои зиёд аз ҷониби олимону муҳаққиқони кишварҳо ва замонҳои гуногун ироаву ифода шуда, вале ҳеч яке асрор, моҳият ва ҳадафи офариниши онро ошкор карда ната­вонистааст, тавсифи зиёд изҳор гардида бошад ҳам, то ҳанӯз асрор ва моҳияти шеър пурра кушода нашу­даву сухани охир гуфта нашудааст. Инсон як мавҷуди муаммост, ки худ муаммои дигар – шеърро офарид. Шеърро офариду мисли роҳи асрори худ роҳи асрори шеърро нопадид сохт. Он гуна, ки роҳи сарзамини минуӣ ва хостгоҳи ниёгони ориёия­мон Эронвиҷ ба тилисми фаромӯшӣ чунон гирифтор гардид, ки ҳазорсо­лаҳо суроғашро касе пайдо карда наметавонад, роҳ сӯи асрори шеър ҳам нопадид монд. Ва он гуна, ки ҳар пажӯҳишгаре дар ҳар кунҷу каноре иддаои кашфи Эронвиҷ мекунад, ҳар шоире низ Эронвиҷи худро “эҷод” мекунад, меофарад ва мутмаин аст, ки Эронвиҷи ӯ аслист.

Шеър мисли тирест, ки аз камон партоб мешавад. Масофа ва нишон­расии ин тир ба қудрату тавоноии камонкаш вобаста аст. Балки шеър мисли олиҳаи зебоест, ки аз дур шоирро сӯи худ бо даст ва ишораи “биё” мехонад ва шоир аз худу олам бехабар сӯи ӯ мешитобад, вале чун наздики ӯ мерасад, он олиҳа боз бо ҳамон масофа аз ӯ дар дурӣ, бо ҳа­мон ишорату таннозӣ шоирро сӯи худ мехонад… Ва ҳамин гуна беохир…

Ин як руҷуе буд дар бораи шеър, вагарна ҳадафи мо чанд сухане гуф­тан буд дар бораи шеъри Хурсандӣ Ҳоҷимурод ва маҷмуаи ашъораш “Дили афрӯхта”. Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки шеъри Хурсандӣ аз ҷониби хонандааш бо хушӣ пазируфта ме­шавад.

Мисли ҳар як шоири дигари имрӯз домани мавзуоти шеъраш фарох аст, то ҷое, ки гӯиё мавзуе нест, ки аз назари ӯ канор монда бошад. Аммо боз ҳам мисли аксари шоирони рӯз мавзуъҳои Ватан, модар, Тоҷикис­тон, Истиқлол, табиати кишвар, фал­сафаи зиндагӣ, дунёи ботинии инсон ва хеле мавзуъҳои дигар фарогири бештари шеъраш гаштаанд.

Аммо мавзуи Ватан дар ашъораш мақоми шоиста дорад. Бояд зикр кард, ки дар адабиёти ҳазорсолаи мо мавзуи Ватан чанде аз назари шоирон дур афтода, ба ҷуз ду-се мисоли маҷозӣ дигар чизе пайдо кардан муҳол аст. Ватан мавзуест, ки мо имрӯз ба он хеле ниёз дорем. Ва ин холигии мавзуи Ватанро шоирони имрӯз, аз ҷумла Хурсандӣ, то ҷое пур мекунанд.

Хурсандӣ Ҳоҷимурод агарчи их­тисоси филологӣ надорад, аммо ин ҳолро баҳона накардаву бо ҷиддияту самимият шеър мегӯяд. Суханаш қавӣ, бо зарбу тамкин аст. Дар мисо­ли шеъри “Ватан” мо сухани болиғу равон ва андешаи гирои шоирро хуб эҳсос мекунем. Бале, аз нигоҳи шоир Ватан аст, ки “Дарахташ баҳри пирон такягоҳ аст, Барои хуфтагон хокаш паноҳ аст” ё “Ки дар хоки Ватан ҳар­гиз намиранд, Шаҳидон сурати дигар бигиранд”. Шеърҳои “Тоҷикистон”, “Марзи армон”, “Парчам”, “Душанбе”, “Ваҳдат” ва шеърҳои дигаре меҳрно­ма ва ихлоси шоиранд ба муқаддасо­ти Ватан. Чунин шеърҳо имрӯз бояд гузарномаи ҳар як шоир бошанд ба дунёи шеър, шоири имрӯз танҳо он вақт ҳаққи дар дигар мавзуъҳо шеър гуфтан пайдо мекунад, ки нахуст дар мавзуи Ватан ва муқаддасоти он бинависад.

Агар мавзуи рақами аввали эҷо­диёти Хурсандӣ Ҳоҷимуродро му­айян карданӣ бошем, мавзуи Ватан, бешак, сазовори ин ҷой аст. Натанҳо аз лиҳози мавзуъ ва шумори шеър, аз лиҳози мазмуну муҳтаво, самими­ят, ифодаву маънӣ…

Хати сарҳади худ нигаҳбон шавед,
Чу сарҳад бувад тан, шумо ҷон шавед.

Диҳед оҳанингуна тоби бадан,
Ба оҳан бибандед марзи Ватан,

Ки душман сарашро наёрад дарун
В-агар дарбиёрад, биғарқад ба хун.

Оре, дар вазну ҳавову навои “Шоҳнома”.

Бахши ғазалҳо равону самимӣ, бо тарзу услуби хоси шоир ифода ёфтаанд. Албатта, бештари ғазалҳо хосияти ишқиву фалсафӣ доранд, ки чунин ҳол хоси аксар шоирони рӯз аст.

Шоир ҳамзоду ҳамнаво ва ҳамни­шини рӯди пурхурӯши Кофарниҳон аст, моҳи якшабаи дараи Ромитро чун боли симурғ мебинад ва оҳуи кӯҳашро бародар хондаву аз хатари тири шикорчӣ огоҳ мекунад.

Дар мавзуи соя бисёр шоирон шеър навиштаанд, вале дар “Соя”-и Хурсандӣ фалсафаи хоси зиндагӣ ба тарзи хос ба назар мерасад. Соя далели зиндагии шоир аст, зеро бо ӯ мисли дӯст шиштухез дорад. Ва ин танҳо сояи инсон аст, ки ба соҳибаш содиқ мондаву якҷо бо ӯ тарки дунё мекунад.

Хурсандӣ шоири баркамол аст, шебу фарози зиндагӣ, авзои замону ҷаҳонро мебинаду баҳо медиҳад. Сиришти некаш қариб дар ҳама мисраву байтҳои ашъораш аз худ дарак медиҳад.

Маснавии “Дар офариниш”-аш фалсафаи шукргузор будан аз Офа­ридгор ва зиндагиро таъкид мекунад.

Силсилаи масалҳо, мисли “Ҳақиқат ва маҷоз”, “Оини каждум”, “Ғафлат”, “Хашми шер” пандомӯзу ибратбахшанд.

Дар бахши қитъаву рубоӣ ва дубайтӣ низ Хурсандӣ кӯшиши то­загӯӣ дорад. Шояд ба шарофати зиёд омӯхтани эҷодиёти бузургони адабиётамон бошад, ки дар ин бахш сояи мазмуну таъбирҳои ашъори ин бузургон ин ҷову он ҷо падидор ме­гардад. Албатта, ин падидаи қобили қабул аст, ҳарчанд баъзе муҳаққиқо­ни нақд аз ин равия чандон пазироии хуш надоранд.

Албатта, мавзуъҳои ақл, хирад, нафс, некиву бадӣ, ваъдаву вафо ва ғайра, ки мавзуи хоси бузургони гузаштаи адабиётамон ба шумор омадаву имрӯз ба қавле агарчи “камчин” шудаанд, вале ҳоло низ моҳияти худро гум накардаанд, балки бештар қобили таваҷҷуҳ гаштаанд. Аз ин ҷост, ки Хурсандӣ Ҳоҷимурод нахостааст, ки мавзуъҳои мазкур танҳо моли бойгонии адабиётамон бошанд.

Чаро бояд гуфт, ки, масалан, мавзуе, ки дар байти зер омадааст, забонзаду куҳна шудааст? На, ба­ракс, хеле замонавӣ аст.

Агар илм бошад туро сарнавишт,
Ту тақдири худро тавонӣ навишт.

Хонанда чунин мавзуъҳоро бо камоли майл мутолиа хоҳад кард. Самимият, меҳру муҳаббат ва та­ровати шеъри Хурсандӣ Ҳоҷимурод ёвару дастгири ӯ хоҳад буд.

Албатта, дар бораи эҷодиёт, хоса китоби “Дили афрӯхта”-и Хурсандӣ Ҳоҷимурод беш аз ин сухан гуфтан аз доираи як навишта берун аст ва мо маҷмуаи ашъори шоирро шоистаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода медонем.

Муҳтарам ҲОТАМ,
Шоири халқии Тоҷикистон

 

Дигар хабарҳо