Номаи табрикии ИНТ ба ШАҲРИЯ

 Номаи табрикии ИНТ ба ШАҲРИЯ

ШАҲРИЯИ ГИРОМӢ!

Шумо дар радифи он бонувони қаламкашед, ки охири солҳои ҳафтод ва оғози солҳои ҳаштодум ба арсаи адабиёти тоҷик ворид шуданд ва бешак, ҷойгоҳи хоси худро пайдо кардед.

Аз аввалин шеърҳоятон, ки ҳамон солҳо дар матбуоти даврӣ интишор меёфтанд, нафаси тозаи шоирӣ ва нафосати занонаи шеъратон бармало буд.

Таҳсил дар факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва сабақ гирифтан аз устодони бузурги суханшинос имкон дод, ки назокатҳои ҳунари шоирӣ ва рамзу рози офариниши асари бадеиро биомӯзед ва ба шоҳроҳи адабиёт бо матонат гом бардоред.

Кор дар нашриёти муътабари «Маориф» барои Шумо мактаби бузурги таҳриру тасҳеҳ ва мазҳари истеъдоду маҳорататон буд ва покизакорӣ дар суханро меомӯхт.

Маҷмуаи аввалини ашъоратон «Меҳри шеър» (1987), ки ҳосили заҳматҳои эҷодии даврони ҷавониятон аст, гувоҳи равшани масъулиятшиносии Шумо дар кори шоирист.

Маҷмуаҳои дигар – «Шамимаи нур» (1992), «Ашки шақоиқ» (1995), «Таманно» (1998), «Зан дар асорати танҳоӣ» (2002), «Бӯсаҳои маҳтобӣ» (2007), «Дар канори шеър» (2010), «Таронаи сабз» (2012) ва ғайра намоёнгари ҳунари хуби шоирӣ ва ҳамдардиву ҳаммаромии ҳамешагиятон бо халқу Ватан мебошанд.

Дар даврони Истиқлол эҷодиёти Шумо аз ҷиҳати меҳанпарастиву ифтихори ватандорӣ хеле ғанӣ гардид, мавзуи Истиқлол, Ваҳдат, ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ вусъати тоза ёфт ва мақоми Шуморо чун шоири ватансарову меҳандӯст баландтар бурд. Китоби «Ниёиши Истиқлол» (2011), ки фарогири ин навъи ашъоратон мебошад, далели возеҳи ин муддаост.

Дар натиҷаи ҳамкориятон бо сарояндагони кишвар чандин суруди ошиқонаву ватандӯстона рӯйи кор омада, аз ҷониби мардум пазироии гарм ёфтанд, ки ин ҳам аз ҷанбаҳои муҳимми фаъолияти эҷодиятон мебошад.

Заҳматҳоятон бо медали «Хизмати шоиста» ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода қадр шудаанд.

Аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед.

Ба ифтихори ҷашни фархундаи 70-солагиятон Шуморо шодбош гуфта, таманно дорем, ки дарёи илҳоматон ҳамвора хурӯшон ва чаманзори ҳаётатон ҳамеша гулафшон бод!

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо