Чу мо фарзанди куҳҳои баландем…

 Чу мо фарзанди куҳҳои баландем…

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минтақаҳоест, ки бо пешинаи таърихӣ ва дороиҳои табииву маънавии худ барои ҳама тоҷикон ифтихорофарин аст. Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода ва адиби ҷавон Толиби Луқмон сайри маънавие ба ин гӯшаи биҳиштии сарзаминамон доштанд, ки фишурдаи суҳбаташонро ба хонандагон пешкаш мекунем.

Т. Л: — Чун Бадахшон мегӯем, оламе аз зебоиву баландиҳо ва фарҳангҳову маъниҳо пеши назар ба сурати кӯҳи азиму осмонбӯсе муҷассам мешаванд. Бадахшон дар баробари сарватҳои бебаҳои табииву моддӣ хазинаҳои пурқимату фанонопазири маънавӣ ҳам дорад, ки дар батни таъриху фарҳанг, расму ойин ва таомулҳои мардуми баландиписанди он нобу беолоиш то замони мо ҳифз шудаанд. Ин дороиҳои маънавӣ як қисмати бузурги фарҳангу тамаддуни мо – тоҷиконро ташкил медиҳанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ бидуни онҳо фарҳанги миллиямонро наметавон комил тасаввур кард. Ин фарҳанг хусусан дар шароити ҷаҳони муосир дар бознамоии чеҳраи миллии мо нақши хеле муҳим дорад. Мехостам дар ибтидо перомуни ин сарватҳои бузурги маънавӣ суҳбат кунем.

Рустам Ваҳҳобзода: — Бале, Бадахшон ба ғайр аз он ки аз ҳисоби гавҳарҳо, яъне сангҳои қиматӣ, захираҳои об ва ҳам аз ҳисоби иқлиму гиёҳоне, ки он ҷо мерӯянд, як хазинаи бузурги табиат аст, дорои осори барҷастаи фарҳангии ноб низ мебошад, ки бо асли худ боқӣ мондаанд ва асолаташон дастхуши тағйироти ҷиддие нашудааст. Ин сармояҳои маънавӣ дар осори рӯзноманависон, табиатшиносон ва дар осори адибони бадахшиасл Нодир Шанбезода, Ҳайрат Шанбезода, Мирсаид Миршакар, Салимшо Ҳалимшо, Амонбек Шоҳзода, Султон Шоҳзода, ки шеъраш як чошнии хосе дорад ва ҳанӯз ба андозаи лозим таҳқиқ нашудааст ва ба эътиқоди худаш ӯ Есенини тоҷик будааст (ҳақ дорад, агар чунин гуфта бошад) ва шоирони муосир, ки имрӯз дар фаъолият ҳастанд, Ато Мирхоҷа, Раънои Мубориз, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Рӯдобаи Мукаррам ва чанди дигар таҷассум ёфтаанд. Хусусан романи сегонаи Ато Мирхоҷа «Сарои санг» қадами ҷиддие барои боз кардани он сармояҳои маънавие мебошад, ки дар дохили Бадахшон ҳастанд, аз ҷумла суннатҳои мардумӣ, гуфтори мардумӣ ва бисёр ҷузъиёти дигари зиндагии мардуми Бадахшон.

Асари Абдуллоҳи Раҳнамо ҳам, ки бо номи «Нурест дар ҷабини Бадахшон» чоп шуд, бисёр шоирона ва муносиб ба номаш ҳакимона таълиф шудааст ва бори дигар ба мо таъкид мешавад, ки Бадахшонро ҳарчи бештару амиқтар бо ҳама зарофатҳову ҳикматҳояш бишиносем.

Мо асари ба гунаи саёҳатнома навиштаи адиби Булғор Йордан Милев «Диёри домани гардун»-ро дар маҷаллаи «Садои Шарқ» бозчоп карда будем, ки яке аз муҳимтарин ва дурахшонтарин бахшҳои он, ки номи китоб низ аз он баргирифта шудааст, Бадахшон аст. Дар он ҷо ин нависанда маҷзубу мафтуни зебоиҳои маънавию фарҳангии Бадахшон мебошад. Албатта, инҳо бояд хуб омӯхта шаванд.

Т. Л: — Чун сухан аз адибони бархоста аз Бадахшон рафт, ёдовар шавем, ки ин вилоят дар ҳама асрҳо хостгоҳи адибони барӯманд будааст ва ҳавзаҳои қавии адабӣ доштааст. Чунин ҳавзаи адабиро Носири Хусрав дар замони худ ташкил карда буд ва баъдан ин суннати адабгустарӣ аз ҷониби шоирону носирон ва донишварони дигар ба шоистагӣ идома ёфт. Хусусан, дар қарни понздаҳум, замони салтанати Султонмуҳаммад, ки худ бо тахаллуси Лаълӣ шеър мегуфт, адабиёт густариш бештар ёфт ва шоироне чун Мулло Муҳаммади Бадахшӣ, Мулло Камоли Бадахшӣ ва дигарон ба даври суфраи маънавиёти ин шоҳ ҷамъ омаданд. Шоирони баъдӣ Дӯстии Бадахшӣ, Надимӣ, Мавлоно Равнақӣ ва ҳамсафонашон идомадиҳандаи ин анъана буданд.

Ин ҳавзаи қавии адабиро баъдтар, дар асрҳои XIX ва XX шоирон Мӯсои Бадахшӣ, Мубораки Вахонӣ, Махфии Бадахшӣ, Ҷаъфарӣ, Мирзообид, Абтарии Бадахшӣ, Муллошоҳи Бадахшонӣ, Иброҳими Бадахшонӣ, Нақшбандӣ то Муллоёри Ванҷӣ намояндагӣ карданд. Яъне Бадахшон дар ҳама асрҳо маҳди бузургмардони адаб ва рӯишгоҳи адабу маънавиёту фарҳанг будааст ва имрӯз низ чунин мебошад.

Рустам Ваҳҳобзода: — Бале, агар ба давраи таърихии адабиётамон дар Бадахшон таваҷҷуҳ кунем, ки ашъори хеле аз ин шоирҳоро зодаи ҳамин Бадахшон Амирбек Ҳабибов дар силсилаи китобҳои «Ганҷи парешон» гирдоварӣ ва ба мо муаррифӣ кардааст, ин сармояи ба худ хоси бебаҳо аст. Шоирони бадахшонӣ, тавре устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ва дигар навиштаҳояшон зикр мекунанд, агарчи мисли шоирони марказҳои машҳури шаҳрӣ чандон ба чаҳорчӯби расмии адабиёт таваҷҷуҳ ҳам надошта бошанд, вале имтиёзи дигарашон ин будааст, ки сухани хоси худро гуфтаанд ва шеърияти суханашон бебаҳс будааст. Дар ҳақиқат, мо осори дурахшоне аз ҳавзаи адабии Бадахшон аз замонҳои қадим дар даст дорем ва сари онҳо пажуҳиш бояд идома ёбад, чунки бисёре аз шоироне, ки шумо гуфтед, соҳибдевон будаанд, вале мо танҳо дар ҳоли ҳозир чанд намунаи ашъорашонро дар тазкираҳо дорем. Ин мавзуи пурдоманаи дигар аст. Ин ҷо шоире буд бо номи Қудрати Шуғнӣ, ки як байти ӯ бисёр шуҳрат дорад ва дар паҳнаи адабиёти форсизабон чун шоҳбайт маъруф аст. Маълум мешавад, ӯ дар замоне ба сар бурдааст, ки мусофирати аҳли адабу ҳунар барои ёфтани қути лоямут ба Ҳиндустон ривоҷ доштааст. Дар ҳамон замон аст, ки Қудрати Шуғнӣ мегӯяд:

Қудрато, аз пайи рӯзӣ чи равӣ ҷониби Ҳинд,

Он Худое, ки ба Ҳинд аст, ба Шуғнон ҳам ҳаст.

Ин гуна байтҳои барҷаста дар осори шоирони бадахшонӣ бисёранд. Аз тарафи дигар, ин нишон медиҳад, ки забони адабии мо барои ҳавзаи Бадахшон, забони тоҷикии форсии дарӣ ҳаргиз як чизи таҳмилӣ набудааст. Агар чунин мебуд, дар он давра, масалан, сиёсати махсусе набуд, ки онҳоро ба ҳамин забон эҷод кардани осори адабӣ, таърихӣ ва эътиқодӣ маҷбур намояд. Онҳо озодона бо майли фитрии худ ин корро кардаанд. Ҳаргиз чунин набудааст, ки нафаре аз онҳо нисбат ба ин забон ва адабиёте, ки ба ин забон офарида мешавад, эҳсоси ғурбат ва бегонагӣ дошта бошанд. Рӯи ин нукта барои он таъкид мешавад, ки баъзан одамони ғофилу бехабар, чи аз дохили Бадахшон ва чи хориҷ аз он, ин мавзуъро матраҳ мекунанд. Забонҳои помирӣ, агарчи таҳқиқоти зиёд анҷом ёфтааст, ба андозаи лозим пажуҳиш нашудааст, хусусан пажуҳиши татбиқӣ, як пажуҳиши густардаи муқоисавӣ бо забони тоҷикӣ ва решашиносӣ. Агар ин кор анҷом ёбад, он гоҳ мо мебинем, ки вожаҳоеро, ки маҳз ба ин забонҳо мутааллиқ медонем, як чеҳраи таҳаввулёфтаи тоҷикии онҳо барои мо рӯнамо мешавад. Ҳамаи инҳо решаҳои забони тоҷикии имрӯз ҳастанд. Ҳеч кадоми онҳо дур наафтодааст. Фақат дар таҳаввули забон инҳо дар як минтақа дигаргун шудаанд, вале дар он ҷо бо асолати қадимии худ боқӣ мондаанд, ки ганҷи шойгон мебошанд. Мо ба воситаи онҳо асолати тоҷикии баъзе вожаҳоеро, ки имрӯз сарашон баҳс мешавад, мешиносем ва исбот мекунем. Баҳсҳои саҳифаҳои маҷозии забоншиносии «Дуруст бинависем» ё «Вожаҷӯ»-ро дар ин шабу рӯзҳо агар нигоҳ кунем, вақте ба асолати тоҷикии як калима шак мекунанд, бисёр вақт далели касоне, ки мехоҳанд асолати тоҷикӣ доштани он калимаро исбот кунанд, решаи помирии онро меҷӯянд, ки масалан, дар забони Рӯшон ё Шуғнон наздик ба ин калима калимае вуҷуд дорад. Бо ин далел баҳс дигар хатм мешавад.

Бинобар ин, чунин баҳсҳо ва чунин гоҳе худро дар зовия диданҳо иштибоҳи маҳз аст, ки ё аз назари иштибоҳии касони берунӣ ба вуҷуд омадааст ё худашон дар ин мавзуъ пажуҳиш накардаанд.

 Т. Л: — Бале, воқеан вожаҳое, ки дар забони мардум зинда мондаанд, реша дар сарчашмаҳои қадимтарини муътамади илмиву таърихии мо, амсоли «Авасто» доранд, ки ҷойи ифтихору шодмонист. Дар замоне ки баъзе забонҳои дунё бо хатари нобудӣ рӯёрӯ шудаанд, дар ихтиёр доштани чунин ганҷинаи қадиму нодир бахти бузургест.

Чунин вожаҳои асилу қадим дар номи мавзеъҳои ҷуғрофии Бадахшон ҳам боқӣ мондаанд. Таваҷҷуҳ кунед ба номи баъзе қалъаҳо: Қаҳқаҳа дар Ишкошим, Қалъаи Доруҷ дар Роштқаъла, Рин, Вранг, Ҷавшангоз ва аз ин даст ҷойномҳое, ки дурахшишашон зери ғубори ҳодисаҳо заррае кам нашудааст.

Баъзе аз ин номҳои ҷуғрофӣ дар зимни худ ривоятҳои ҷолибе доранд, ки аз дарозои асрҳо даҳон ба даҳон омадаанд ва дар батни фарҳанги мардум ҷой гирифтаанд. Аз ин қабил аст Шоҳи тирандоз, ки аз баландтарин қуллаҳои Бадахшон мебошад. Тибқи ривояти бадахшониён, Суҳроб, қаҳрамони машҳури «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ пеш аз набард бо падараш ва кушта шуданаш аз дасти ӯ ба Бадахшон сафар кардааст, то аз зебоиҳои он баҳравар шавад. Дар водии Шоҳдара сайр мекардаасту дар кӯҳи баланди он сайд. Аз он ба баъд ин кӯҳро «Шоҳи тирандоз» ном ниҳодаанд.

Шоҳи тирандоз дар шеъри мо ба як намоду самбули махсус ҳам табдил ёфт. Шумо, устоди азиз, дар шеъри «Шаҳри Сомонгирд», ки дар китоби «Шаҳри Хуршед» ҷой гирифтааст, онро ба кор бурдаед. Мехостам суҳбат дар бораи ин шеър ва умуман чунин ривоятҳову устураҳое, ки дар Бадахшон ҳастанд, идома ёбад.

Рустам Ваҳҳобзода: — Асолати ин эътиқодро, ки дар шеър баён шудааст, аз устодон Муъмин Қаноат ва Салимшо Ҳалимшо, ки донандаи хуби асотири Бадахшон буд, суол кардаам ва тасдиқашро гирифтаам. Эътиқоди ман ин аст, ки ин Шоҳи тирандоз ҳамон Ораши Шивотир ё Ораши Камонгир аст. Таҳқиқоти охири Муҳтарам Ҳотам ҳам исбот мекунад, ки бисёре аз мавзеъҳое, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ тасвир шудаанд ва имрӯз нишонаҳои онро аз Эрони Ғарбӣ, ки Фирдавсӣ камтар бо он ошноӣ дошт ва аз ҳавзаи Хуросон суҳбат мекард, аз он ҷоҳо меҷӯянд, дар асл ин маконҳо ва ин асотир ба қисмати Хуросон, аз ҷумла Бадахшон дахл дорад. Шоҳи тирандоз ҳам ба ҳамин Ораши Шивотир нисбат меёфтааст, ки аз ҷо тир андохта, марзҳои ориёзаминро то Бухоро таъйин кардааст ва парвози як тир ҳам дар ин фосила, ки фариштаи Суруш ба он ёрмандӣ кардааст, дар ҳамин ҳудуд мантиқитар ба назар мерасад. Он пораи шеъри «Сомонгирд», ки тимсоле аз Душанбе тасаввур мешавад ва Шоҳи тирандоз дар он омадааст, чунин аст:

По фишурда бар лаби марзаш

Шоҳи тирандоз,

Осмон бар дӯш,

Қабзаи рангинкамон дар даст,

Озарахши охирин дар шаст,

Чашм бар домони таърих,

Бар фарозаш парфишон

 Симурғи яктоӣ.

Т. Л: — Яъне ба таври куллӣ мешавад гуфт, ки Бадахшон бо ҳама он фарҳангу маънавиёти пурумқу фарогир муҳимтарин бахши таъриху тамаддуни мост. Ҳар сангу чӯби он ривоятгари пешинаи дурахшони мост ва ҳар қуллааш сари барафрохтаи мо. Зиндагии мардумаш дар таносуби комил бо табиат ҷараён мегирад, покизаву шарафмандона ва дур аз ҳама гуна олудагиҳо. Яъне табиат дар лобалои рӯзгорашон аксандозӣ мекунад. Дасту дил ва дарвозаи ҳамеша кушода, чеҳраи ҳамеша афрӯхта ва самимияте, ки дар чашмҳояшон мавҷ мезанад, ҳама- гӣ аёнгари табиӣ будани гуфтору рафтори онҳост ва ҳеч ангезаи бади беруние наметавонад ин таносуби зебои табиат ва сиришти бадахширо барҳам бизанад.

Рустам Ваҳҳобзода: — Мо замоне ки донишҷӯ будем, шуморе аз ҳамдарсонамон бачаҳои бадахшонӣ буданд. Вақте ки онҳоро медидем, гӯё як навъ ба ҷаҳони мусаффои кӯдакии худ бармегаштем, бо ҳамон сафову самимияту инсоният. Мардуми бисёр кушодадил, боназокат, бо маданияти олӣ. Ҳамин гуна хосиятҳоро дар онҳо медидем ва мисли бародарону хоҳарони худ дӯсташон медоштем, эҳтиром мекардем. Вуҷуди онҳо самимият илқо мекард. Ҳоло ҳам албатта чунин аст. Имкон надорад, ки ин мардум бо чунин сафои сиришт камтарин тирагӣ ва кинаву кудуратро ба дили худ роҳ бидиҳанд.

Т. Л: — Бале, аминем ва умедворем, ки ин мардуми сафопарвар дар сурати ба миён омадани мушкиле бо камоли дирояту дурандешӣ онро ҳал мекунанд ва ҳаргиз ба тавтеаи бадхоҳон дода намешаванд. Зеро онҳо парвардаи домани кӯҳсорони баланданд ва ин нуктаро хуб медонанд, ки:

Чу мо фарзанди куҳҳои баландем,

Ба мо пастӣ намезебад, бародар!

 

Рустам ВАҲҲОБЗОДА

АВРАНГИ БАДАХШОНӢ

Сафои осмонӣ дорад оҳанги бадахшонӣ,

Фурӯғи эзадӣ рахшад зи фарҳанги бадахшонӣ.

Ба Суғду Рашту Хатлону Ҳисору Ашту Усрушан

Ҳазорон нақш меёбӣ зи Аржанги бадахшонӣ.

Ба қалби хорааш хуни дили Хуршед меҷӯшад,

Нигини хотами шоҳист ҳар санги бадахшонӣ.

Бадахшонӣ наво дорад, сафо дорад, зиё дорад,

Ба фарҳанге надидам вожаи “ҷанги бадахшонӣ.”

Ба оҳанги найи ӯ мешавад рангин ҷаҳони мо,

Вале нашнидаам ҳарфе зи найранги бадахшонӣ.

Нишасту хости Хуршед аз он авранги минуист,

Ҷаҳон гардон бувад дар пойи авранги бадахшонӣ.

Зи чашми нилгуни кӯдаконаш метавонӣ дид,

Ки дорад осмон ҷо дар дили шанги бадахшонӣ.

Нигар лаъли Бадахшон, то шиносӣ гавҳари худро,

Дили пурмеҳри тоҷик дорад ин ранги бадахшонӣ.

Дигар хабарҳо