Чунин карданд некон зиндагонӣ…
Фолклоршиноси мумтоз, пажуҳишгари нуктасанҷ ва нависандаи писандида Раҷаб Амонов беш аз ду даҳсола аст, ки дар миёни мо нест, вале хотираи дурахшони ӯ дар дилу дидаҳо ва ёдҳо нақш бастааст. Аз кор ва фаъолияти пурбаракати эшон ҳамеша дар маҳфилҳои илмиву фарҳангӣ ба некӣ ёд мешавад. Устод яке аз симоҳои намоёни илму адаб ва фарҳанги тоҷик буда, бо осори арзишманду дарёфтҳои эҷодии худ дар рушди илми фолклоршиносии тоҷик ва ба пояи баланди инкишоф бардоштани дастовардҳои он хидматҳои шоиста кардааст. Дар бунёди мактаби фолклошиносии тоҷик саҳми бузург дорад ва яке аз ҷоннисорони фарҳанги мардумӣ шинохта шудааст.
Адиб аз падар бармаҳал маҳрум гашта, хеле барвақт ташвиши зиндагиро эҳсос кардааст ё шояд зиндагӣ шахсияти устоди ояндаро бо ин роҳ ташаккул дода, иродаи ӯро обу тоб додааст. Айёми бачагӣ, ҷараёни таҳсил ва фаъолияти меҳнатии ӯ дар зодгоҳаш — шаҳри Истаравшани бостонӣ сипарӣ шудааст. Ин давраи зиндагиро, ки ҷаҳонбинӣ ва зебошиносии инсонро шакл медиҳад, Раҷаб Амонов дар китоби «Навбаҳори чашмасор» муфассалу муассир ба тасвир додааст. Лаҳзаҳои хеле ҷолиб, ки ба шакли ҳикояҳои хурд тасвир шудаанд, истеъдоди фитрї ва гароиши ботинии ӯро ба илму адаб ҳанӯз аз овони мактабхонӣ бозтоб додаанд. Инро дар ҳикояи “Писари ҳукумат”, ки зимни душвории аҳволи зиндагии модаркалон ва ба интернат рафтани муаллиф ошкор мешавад, мебинем: «Маълум, ки то омадани мо модаркалонам ба тағоям аз душвории аҳволаш ва сарф шудани дастмояаш шикоят кардааст. Ман ҳам дар ҳамин фикр будам, ки ягон кор карда, ба ӯ ёрӣ додан лозим аст. Аммо чӣ тавр? Ба ин савол имрӯз аз забони тағои Устоқурбонам ҷавоб шунидам: шогирд шудан даркор, касб ёд гирифтан даркор. Ин бисёр нағз, вале мактаб чӣ мешавад? Наход мактабро партофтани ман лозим шавад?». Ба бахти Раҷаббойи ҷавон ва илми тоҷик, ӯро мактаб ба интернат раҳнамун месозад. Зимнан, интернатҳо дар садаи бист дар тарбияи кадрҳо хидмати босазо кардаанд, чандин олимону адибони барҷаста дар интернатҳо таълиму тарбият гирифтаанд. Раҷаб Амонов пас аз хатми Омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии шаҳри Истаравшан муддати як сол ба омӯзгорӣ машғул шуда, баъдан барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе меояд ва донишҷӯйи Институти давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) мегардад. Ин лаҳзаро баъдтар устод чунин ёдоварӣ кардааст: «Нағз дар хотир дорам: аз ин ҷо (Истаравшан — М.Ш.) соли 1939 пагоҳӣ ба ароба савор шуда, ба олами васеъ сафар кардам…».
Дар муҳити пурҷӯшу хурӯши пойтахт ва ҳалқаи устодони маъруф орзуҳояш болу пар кашиданд ва бо азму талоши зиёд ба таҳсил пардохт. Аммо дере нагузашта, Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷавони ташнаи илмро ба майдони ҷанг кашонд. Баъд аз пирӯзӣ таҳсилашро дар донишгоҳ идома дод ва баъди хатми он муддате чанд ба ҳайси муаллими ҷавон дар донишгоҳ ба тадрис машғул шуд. Академик Хуршеда Отахонова ин марҳалаи фаъолияти устодро чунин ба қалам додааст: «Соли 1948 дар Душанбе Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт ва муаллим Р. Амонов дар факултаи филология аз фолклори тоҷик даре мегуфт. Дар ин солҳо бо ташаббуси А. Н. Болдирев ва М. Турсунзода, Л. Бузургзода ва А. Деҳотӣ маҷмуаҳои ҷудогонаи асарҳои фолклорӣ ба табъ расида бошанд ҳам, тадқиқоте вуҷуд надошт. Ба Р. Амонов лозим омад, ки курси фолклори тоҷикро худаш омода кунад ва ману ҳамкурсонам нахустин шунавандаи дарсҳои муаллим Р.Амонов будем».
Гуфтан мумкин аст, ки дилбастагии Р. Амонов ба адабиёту фарҳанги мардум аз ҳамон солҳо сарчашма гирифта буд. Ва ҳамин дилбастагӣ ӯро ба шуъбаи навтаъсиси фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ овард. Устод муддати 53 сол, аз соли 1951 то 2002, яъне то охири умр дар ин даргоҳи барояш муқаддас ба хотири равнақу ривоҷи илми фолклоршиносии тоҷик содиқонаву беғаразона хидмат намуд. Дар ин даргоҳи маърифат ӯ аз вазифаи ходими хурди илмӣ то мудири шуъба, аз номзад то доктори илм расида, ниҳоят дараҷаи баланди академикиро сазовор гардид.
Устод тули ин солҳо дар баҳри бекарони илму фарҳанги тоҷик ба монанди ғаввоси моҳире дурдонаҳои носуфтаву ноаёни як баҳри бекаронро чида, ба чашми дилбохтагони фолклори тоҷик ҷилвагар гардонид. Ӯ бо як қатор шогирдон деҳкадаву минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриамонро пиёдаву савора тай намуда, дурдонаҳои мардумиро аз забони халқ ҷамъ овард ва онҳоро аз нестшавӣ эмин дошт. Дигар, таҳти сарпарастии эшон дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ хазинаи бузурги дастхатҳо ба вуҷуд омад, ки дар асоси маводи он асарҳои пурқимати худи устод, кормандони шуъба ва як қатор унвонҷӯёни ин соҳа таълиф ёфтанд. Он замон ин хазинаи ғаниро «Фонди фолклори тоҷик» меномиданд. Баъд аз реҳлати устод он «Ганҷинаи фарҳанги мардум ба номи Раҷаб Амонов» номгузорӣ шуд. Дар натиҷаи роҳбарӣ ва саъю талоши устод ганҷинаи мазкур дар ҳамон замон дар миёни зиёиёни кишвар машҳур гашта, овозаи он аз Тоҷикистон ба зудӣ берун рафт ва диққати як зумра фолклоршиносони Шарқу Ғарбро ба худ ҷалб намуд. Воқеан ҳам ӯ аз ҷумлаи он фолклоршиносони камшумор буд, ки ба илм ниҳоят ҷиддӣ ва бо як муҳаббату садоқати зиёд муносибат мекард.
Таҳлилу баррасии рубоию дубайтиҳои мардумӣ, асрори дилрабои якояки он, ошкор намудани маъниҳои ниҳонии онҳо Р. Амоновро ором намегузоштанд. Ӯ ба жанрҳои номбурда ниҳоят самимӣ ва аз дилу ҷон муносибат мекард. Дар забонаш, дар андешааш, дар суҳбаташ ҳамеша рубоӣ буд ва аз рубоиҳо асрор меҷуст. Донишманди мумтоз А.Сатторзода дар мавриди дилбастагии Р. Амонов ба эҷодиёти мардум, ба вежа рубоӣ чунин нигоштааст: «…шодравон академик Раҷаб Амоновро, тавре ки дар мардум мегӯянд, Худо маҳз барои гирдоварӣ, нашр, таҳқиқ ва тарғиби фолклор офаридааст. Ӯ дар хона, дар куча, дар ҷойи кор ҳамеша дар ёди рубоиёту дубайтиву афсонаҳои халқӣ буд. Бо ҳамсуҳбатҳои хаёлию воқеии худ дар ин бора баҳсҳо мекард ва ба онҳо аз назокату нафосати фолклор ва асрори зебоиҳо ва рамзу маъниҳои амиқ, вале ба чашми зоҳир ноаёни он бо шавку завқи фавқулода сухан мегуфт».
А. Сатторзода бо овардани чанд мисол андешаашро тақвият медиҳад: «Дар тасаввури камина, устод Раҷаб Амонов рубоиҳои тамоми 28 225 «карточкаи» («корт») шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти вақтро, ки муассисаш буд, ба ҳамаи нусхабадалҳояш аз ёд медонист ва дар ҳар мавриди муносиб онҳоро бадоҳатан иқтибос менамуд. Ва зимнан яке аз беҳтарин тарғиботгаронаш буд».
Шоир ва пажуҳишгари эронӣ Мусавии Гарморудӣ муҳаббату ихлоси устод Амоновро нисбат ба илм ва хоса таҳлилу баррасии рубоиёти мардумӣ чунин баён намудааст: «Ҳангоме ки пойи эшон шикасту бистарӣ шуд, бо дӯсти арҷманд Валӣ Самад ба диданӣ ӯ рафтам, руҳияи хубе дошт. Ҳеҷ аз вазъи худ ва бемориву шикастагии пойи худ сухан нагуфт ва шикояте накард, балки тамоми муддати якуним соат, ки ман ва дукгур Вали Самад дар канори ӯ будем, дар бораи ҳамсониҳо ва шабоҳатҳои фарҳанги омма, хоса таронаҳои мардум и Эрон ва мардумӣ Тоҷикистон олимона сухан гуфт. Ҳофизаи бисёр қавӣ дошт ва даҳҳо таронаро бо вариантҳои мухталифи он аз худ карда буд ва аз ҳифз мехонд».
Ҳамин муҳаббати бепоён муҳаққиқи пуркорро ба таълифи асари дигари комилан илмию назарии худ «Рубоиёти халқии тоҷик ва рамзҳои бадеӣ» водор сохт, ки онро як навъ идомаи мантиқии «Лирикаи халқи тоҷик» гуфтан мумкин аст. Муаллиф дар асари мавриди зикр бори нахуст ба таснифи рамзҳои рубоиёти мардумӣ рӯ оварда, дар асоси маводи фаровон бадеияти рубоиҳои тоҷикиро ба риштаи таҳқиқ кашида, ниҳоят ба натиҷаҳои дилхоҳ расидааст. Тавассути масъалаҳои ба миёнгузоштаи муаллиф хонанда метавонад ба дунёи рангину зебои маънавиёти мардум ба осонӣ ворид шавад.
То расидан ба дарёфти сирри дилрабоии ҳар як рубоии халқӣ, ошкор намудани маънои рамзҳоеро, ки дар пардаи ҳарири бадеият печида омадаанд, Р. Амонов чи қадар заҳмат кашидааст, чӣ қадар тахмину фарзияҳоро ба андеша гирифта, аз онҳо натиҷа бардоштааст. Оқибат ба ӯ муяссар шудааст, ки ҳусни сухани халқ, санъати волои лирикаи онро падидор намояд ва моро ба олами рангину пурҷозибаи маънавияти мардум ворид созад.
Навиштаҳои Р. Амонов касро ба дунёи рангини тахайюлоти зебои ӯ раҳнамун месозанд ва устодро дар назар ба унвони як муҳаққиқи нуктасанҷу нависандаи нозукхаёл пеши назар меоранд. Асарҳои бадеии «Дар доманаи кӯҳҳои кабуд» (1961), «Дар нимароҳи умр» (1985), «Қиссаҳои сари кӯҳи баланд» (1990), «Нимкосаҳои таги коса» (1994), «Арӯс ва ё қиссаи зангирии писари ҳамсоя» (1995), «Пушаймонӣ» (1996) ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ дошта, боиси дар миёни мардум маъруфияти бештар пайдо кардани адиб гаштаанд. Устод дар асарҳои бадеияш низ аз фарҳанги мардум кор гирифтааст ва бо истифодаи намунаҳои зиёд моҳияти ин ва ё он жанри адабиёти шифоҳиро дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик ошкор сохтааст.
Хидмати Р. Амонов дар таҳия, таҳрир, нашр ва таблиғу ташвиқи афсонаҳои тоҷикӣ шоистаи таҳсин аст. Ӯ аз тариқи нашри оммавӣ афсонаҳои тоҷикиро тавонист ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Соли 1957 ҳамроҳ бо К. Улуғзода китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик»-ро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, олмонӣ ва англисӣ манзури хонандагони тоҷику ғайри тоҷик намуд. Ду маҷмуаи афсонаҳои халқи тоҷик дар бозгӯии Р. Амонов як сол қабл аз реҳлати ӯ, соли 2001 бо кумаки Институти ҷомеаи кушодаи «Бунёди мадад» дар Тоҷикистон ба дасти чоп расид.
Дар ҳикояву очеркҳои бадеӣ ва илмиву бадеии устод тасвири саргузаштҳои талху ширин, муносибатҳои мураккаби инсонҳо, ҷустуҷӯву заҳматҳои пажуҳишгарон, ки умри худро сарфи ковишҳо ва омӯзишҳо кардаанд, мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Ба ин навиштаҳои устод, ки дар китоби «Шарораҳои меҳр» (1983) мураттаб гардидаанд, мисоли равшан шуда метавонанд.
Тавре ки ба мушоҳида расид, Р. Амонов кору эҷодиёташро дар самтҳои гуногун ба роҳ мондааст. Дар баробари корҳои арзишманди фолклориаш омӯз гор, шоир, нависанда ва адабиётшиносу мунаққиди хушсалиқа буд, ки дар мақолаи узви вобастаи АИ ҶТ X. Отахонова «Олим, нависанда, омӯзгор» дар ин маврид ба таври муфассал сухан рафтааст. Воқеан, номгӯи таълифоти устод, ки дар китоби «Ёдномаи академик Раҷаб Амонов» аз ҷониби Р. Аҳмад ва банда мураттаб гардидааст, касро дар ҳайрат гузошта, байти мазкурро ба хотир меорад:
Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан
Ангушти газиданӣ ба ёрон монад.
Заҳматҳои устод Раҷаб Амонов дар рушди илму фарҳанги тоҷик ва таълиму тарбияи мутахассисони баландпоя бо нишонҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва «Дӯстӣ» қадрдонӣ шудааст. Ӯ соҳиби унвонҳои пурарзиши илмиву давлатии академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ғайра буд.
Раҷаб Амонов соҳибмактаб аст. Ӯ ҳамчун роҳбари масъулиятшинос ҳанӯз солҳои 50-уми асри гузашта мактаби фолклоршиносии тоҷикро ба вуҷуд оварда, шогирдони зиёдеро бо меҳру самимияти хоса ба ин мактаб хонд ва роҳи илмро барои онҳо боз намуда, кумаку дастгириашро арзонӣ дошт, ки минбаъд ҳар кадоме аз онҳо дар рушду нумӯи илми фолклоршиносии тоҷик хидматҳои арзишманде намуданд.
Шарофат Мирзоева,
номзади илмҳои филологӣ