Чанд зинаи қаробати ду халқ

 Чанд зинаи қаробати ду халқ

Иди бузурги Наврӯз натанҳо табиатро бехазону дилҳоро ҷавон месозад, балки ҳар сол барои оламу одам ҳадяҳои зиёд меорад. Чанд сол пеш маҳз Наврӯз барои ду халқи қариндилу қаринҷон – тоҷикону узбекон ҳадяи бемисоле овард, ки ҳамагон дер боз интизораш буданд.

Бо азму иродаи бузурги сиёсиву инсонии сарварони ду миллату ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев монеаҳои бисёрсола бартараф ва роҳи муносибатҳои неки ҳамсоягии ду халқу ду кишвар боз гардид.

Дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа дар шаҳри Душанбе ҳарду сарвар ба нақши адабиёт дар барқарориву устувории робитаҳои халқҳоямон баҳои баланд дода, мисолҳои зиёди дӯстиву бародарии намояндагони бузургамонро хотиррасон карданд.

Вақте ки аз анъанаҳои дӯстӣ ва робитаҳои адабии тоҷикону узбекон сухан ба миён биёяд, ҳамагон одатан Мавлоно Абдураҳмони Ҷомию мавлоно Алишери Навоиро ёдовар мешаванд ва, дар ҳақиқат, дӯстии тоҷикону узбекон заминаҳои зиёди маънавӣ дошта, сутунҳои бегазандаш робитаҳои бародаронаи бузургони адабу фарҳанги халқҳоямон мебошанд. Лекин, бояд дар назар дошт, ки он муомилаву муносибати ҳасана, ки ба рушду таҳкими дилқариниву руҳқаринии тоҷикон натанҳо бо узбекон, балки бо дигар халқҳои туркизабони минтақа такон бахшид, заминаву собиқаи қадимтаре дошт, вагарна дар чанд соли қаробати он ду тан, бо ҳама бузургвориашон, чунин нақшу таъсире барҷо намегузошт.

Дар асари машҳури Юсуфи Баласоғунӣ «Қутадғу билиг» («Благодатное знание»), ки Чингиз Айтматов оғози адабиёти хаттии ҳамаи халқҳои туркизабонаш меҳисобид, ба ин ҳамкорӣ, қаробат ва баҳрабардорӣ ишораҳо шудааст. Аз ҷумла, муаллифи ин достони бузург, ки беш аз чор қарн пештар аз Ҷомию Навоӣ зиндагиву эҷод кардааст, мегӯяд:

Да, книг у арабов, таджиков немало,
А нашею речью сия – лишь начало.

(Мисолҳо аз китоби Юсуф Баласагунский.  Благодатное знание. Перевод Наума Гребнева. Ташкент, 1983)

Қаҳрамони достонаш Алп-Тонгро тавсиф намуда, зикр мекунад, ки «Таджики его Афрасиябом зовут» ва миннатдорона аз шарофати кӣ зинданом мондани ӯро баён медорад:

Таджиками он в письменах восхвалён,
Иначе кому бы известен был он?

Маълум аст, ки ному кори Афросиёбро асосан Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш зинда доштааст ва ишораи муаллифи «Қутадғу билиг» ба он бузургвор мутааллиқ аст.

Юсуфи Баласоғунӣ, ки натанҳо шоири бузург, балки муаррихи воқеънавис, мардумшиноси нозукандеш ва инсондӯсти камназир ҳам буд ва  тавре аз навиштаҳояш бармеояд, осори Рӯдакиву Дақиқӣ ва Фирдавсиро хуб медонист, бо кушодадиливу олиҳимматии хосси чунин ашхос ҳамсояхалқи мардуми худро баланд тавсиф мекунад:

Послушай, что сказано мудрым таджиком,
А мудрость таджиков в почёте великом…

Дар ин ҷо, «тоҷики хирадманд», бешубҳа, офарандаи ҷовидонноми «Шоҳнома» аст.

Гуфтем, ки «Қутадғу билиг» нахустасари адабиёти хаттии халқҳои туркзабон ҳисобида мешавад. Вале ин гуфта ҳаргиз ба он маъно нест, ки ин халқҳо то ба он асари дигаре надоштаанд. Мо низ бар онем, ки ҳатман доштаанд, вагарна чунин асари комилу баландсанъат дар ҷойи холӣ чӣ хел ба вуҷуд омада метавонист? Ҳақиқати ҳол он аст, ки шояд чунин асарҳои халқҳои туркзабон, чун бисёр осори хаттии тоҷикон, аз ҷониби арабҳои истилогар нобуд ва ё бо фатвои мутаассибони исломӣ манъ карда шуданд, ки низ маънои нобудшавии батадриҷашонро дошт. Албатта, дар ин самт ҳақиқати ҳолро тадқиқоти амиқи мутахассисон муайян мекунад, вале як чизро тахмин кардан мумкин будагист, ки шояд Фирдавсии бузург оид ба яке аз қаҳрамонони «Шоҳнома»-и безаволаш – Афросиёб, азҷумла аз сарчашмаҳои туркӣ маълумот ба даст овардааст ва Юсуфи Баласоғунӣ, ки ба ақидаи мутахассисон достонашро дар пайравии «Шоҳнома» ва дар вазни он навишта, ҳатто баъзе пораҳои онро айнан бозгӯ кардааст, аз адабиёти навини дар замони ӯ аллакай ташаккулёфтаи тоҷик амиқ огоҳӣ доштааст.

Далели дигари таъсири файзбахши адабиёти тоҷик дар таълифи «Қутадғу билиг», ки аслан дар қолаби маснавӣ эҷод шудааст, истифодаи зиёди жанри рубоист. Чунонки ховаршиносони русу Ғарб ба исбот расондаанд, рубоӣ, ки баъдан ба адабиёти дигар мардумон, аз ҷумла ихтироъкорони бисёр жанрҳои дигари адабиётҳои классикии халқҳои Шарқ – арабҳо, роҳ ёфта, беҳад маъмулӣ шуд, маҳз дар адабиёти тоҷик ба вуҷуд омада, ташаккулу такомул ёфтааст.

Ғараз аз ин гуфтаҳо он аст, ки робитаҳои адабии тоҷикону узбекон ва дигар туркизабонон ва, албатта, муносибату муомила ва қаробату дӯстии халқҳоямон решаҳои амиқтар доранд ва бояд аз ин нуқтаи назар бознигарӣ ва таҳқиқи тоза бишаванд.

Бо вуҷуди ин, қаробату рафоқати ду шаҳсутуни адабиётҳоямон – Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мавлоно Алишери Навоӣ ба рамзи дӯстии халқҳои тоҷику узбек табдил ёфтааст ва, чунон ки зикр шуд, ҳар вақте аз ин боб мегӯем, беихтиёр он ду шахсият ба хотир мерасанд.

Он ду бузургвор – устоду шогирд ба ҳадде дӯстӣ доштаанд, ки беш аз панҷ аср ин ҷониб тимсоли абадии самимияту муҳаббати инсониву адабӣ шудаанд. Барои онҳо миллату забон аҳаммият надошт, муҳим қаробати маънавӣ, ягонагии дилу нийятҳои воло буду бас. Чунонки Мавлоно Ҷомӣ мегӯяд:

Гарчи ӯ турк асту ман тоҷик,
Лек дорем хешии наздик.

Навоӣ низ устоди бузургашро фарзандвор мепарастид ва барояш сатрҳои самимиву дилраси зиёде бахшидааст. Аз ҷумла, Мавлоно Ҷомиро, ки аз сафари Шом бармегашт, дар таносуб ба вожаи «шом», ки ба ду маъност, ба моҳи ҷаҳонгард ташбеҳ дода, «моҳи ҷаҳонгардаш»-ро аз «хуршеди ҷаҳонтоби фалак» бартар медонад:

Инсоф бидеҳ, эй фалаки минофом,
То з-ин ду кадом хубтар кард хиром –
Хуршеди ҷаҳонтоби ту аз ҷониби субҳ,
Ё моҳи ҷаҳонгарди ман аз ҷониби Шом?

Адабиёти тоҷикизабони дунё пур аз марсияҳои дилрас аст, лекин марсияи ҷонсӯзе чун навиштаи Мавлоно Навоӣ дар вафоти устоди камназираш зиёд дучор намеояд:

З-ин азо дар ҳама олам на гадо монду на шоҳ,
Ки кашиданд ба суги ту дусад нолаву оҳ,
Шаҳриёрони ҷаҳон чок зада ҷома ба тан,
Пеши тобути ту пуянда ба аҳволи табоҳ,
Сарбаландони ҷаҳон дар таҳи наъшат шуда паст,
Ҳама гирёну кашон бори ту бо пушти дутоҳ.
Ба намозат, ки ҳазорон зи башар пайвастанд,
Сад ҳазорон зи малоик ба ҳаво саф бастанд.

Ин анъана баъдан дар шахсияту эҷодиёти бисёр адибони халқҳоямон идома ёфта, тавассути дӯстии шахсӣ, қаробати эҷодӣ ва таълифи осори дузабона вусъат пайдо кардааст. Воқеан, таълифи осор ба ду забон низ аз мавлоно Навоӣ оғоз ёфтааст. Чунон ки муҳаққиқи мумтози ин масъала – академик Абдулғанӣ Мирзоев мегӯяд, таъсири Хоҷа Ҳофиз ба Мавлоно Навоӣ ба дараҷае буд, ки жанри ғазалро дар адабиёти узбек пойдору устувор кард ва ӯро, яъне Навоиро, дар қатори устодони ғазал ҷой дод. «Алишер Навоӣ нафақат ҳамчун як нафар намояндаи бузурги адаб, ҳимоякунандаи аҳли адабиёт ва санъат ва заминаҳозиркунандаи тавоно барои тараққии илму адабиёт ва санъати мардуми Мовароуннаҳр, Хуросон ва Эрони нимаи дувуми асри XV, балки баъд аз Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳамчун яке аз беҳтарин ғазалсароёни асри ХV-и форс-тоҷик низ ба таърихи адабиёти мо дохил хоҳад шуд». Чунин дақиқу амиқ ба матну батни адабиёти халқи дигаре ворид шудан, албатта, далели фаросату заковати воло, вале ҳамзамон исботи муҳаббати самимӣ, эътиқод ба сухани баланди шоирона ва, чун ҳар адиби бузург, ҳамдилиро аз ҳамзабонӣ авлотар донистани Мавлоно Навоӣ мебошад. «Дӯстии аҳли адаби узбеку тоҷик чун дӯстии устодони бузурги мо – Ҷомӣ ва Навоӣ ҳақиқию самимист. Боз ҳам равнақ ёфтани ин дӯстӣ орзуи ман аст» – навишта буд адиби маъруфи узбек Ға фур Ғулом. Метавон гуфт, ки орзуи он бузургмард пайваста амалӣ мешавад ва робитаҳои пурбори адабиву муносибатҳои самимонаи адибони халқҳоямон далели ин аст.

Ва, бешубҳа, яке аз қуллаҳои чунин муносибатҳо устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки низ ба тақозои замон ва истеъдоди бузург бисёр асарҳояшро ба ду забон – тоҷикиву узбекӣ навиштааст, дар поягузории адабу фарҳанги Узбекистони шуравӣ саҳми арзанда гузоштааст, ба бисёр адибони узбеки нимаи аввали қарни XX ҳаққи устодӣ дорад ва, ба қавли яке аз онҳо – Шароф Рашидов, дар баробари Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, аз асосгузорони адабиёти шуравии узбек эътироф шудааст. Аз ин рӯ, табиист, ки онҳое, ки баъдан дар Узбекистон адибони машҳур шуданд, дар қатори аввалин устодони худ Садриддин Айниро зикр кардаанд.

Аз ҷумла, Нависандаи халқии Узбекистон, академик Ойбек мегӯяд: «Баробари дидани донишманди адабиёти Шарқ Садриддин Айнӣ фахр мекардам, ки чунин устоди бузург дорем. Ӯ бо заҳмати пайваставу пурсамари худ барои ҳамаи мо намуна буд». Комил Яшин ҷиҳати дигари шахсияти устод Айниро зикр мекунад: «Ин шахси бузург нисбат ба худ ва дигарон бисёр серталаб буд, вале ин серталабии устодона дар худ ғамхориҳои падарона низ дошт…» Ҷолиб он аст, ки ин раванд аз ду ҷониб ба мушоҳида мерасад. Масалан, нависанда ва драматурги машҳури тоҷик Сотим Улуғзода навиштааст, ки «дар зумраи шоироне, ки қалби маро тасхир кардаанд, метавонам аз Ҳамза низ ёдовар шавам.

Кӯдакӣ ва ҷавонии ман дар Узбекистон сипарӣ гардид ва Ҳамза аз аввалин шахсоне буд, ки ба ман дӯст доштани мусиқиву театрро омӯзонд. Номи ӯ барои ман арзишманд аст, аз ин рӯ, меҳру муҳаббати ҷавонони тоҷик ба Ҳамза ва шеъру театри ӯ маро хушҳол месозад».

Аз назари мо, адибони машҳури Узбекистон Пиримқул Қодиров, Назармат Назаров, Ҳалима Худойбердиева, Аскар Маҳкам, Одил Икром низ, ки зодагони Тоҷикистон ҳастанд, нисбат ба адабиёти тоҷику устодони он чунин фикру андеша баён карда метавонистанд.

Қаробати инсониву эҷодкории Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Пӯлод Толис, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Гулназар Келдӣ, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Зулфия Атоӣ аз як тараф ва Ғафур Ғулом, Ойбек, Абдулло Қодирӣ, Пиримқул Қодиров, Абдулло Қаҳҳор, Миртемир, Шуҳрат, Шароф Рашидов, Зулфия Исроилова, Одил Ёқубов, Саид Аҳмад, Эркин Воҳидов, Абдулло Орифов, Шукур Холмирзоев, Уткир Ҳошимов, Эркин Аъзам, Раҳим Фарҳодӣ, Нормурод Назруллоев, Хуршед Даврон аз ҷониби дигар низ маълум аст ва меваҳои ширин ба бор овардааст.

Чунон ки ишора шуд, анъанаҳои дӯстиву рафоқати ду халқи ҳамсояро ду шахсияти барҷастаи фарҳангу сиёсат – Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов идома дода, ба он мазмунҳои баланди башардӯстона бахшиданд. Онҳо соли 1949 бо ҳам шинос шуда, ба сифати раисони Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриҳои худ баҳри тарғиби ғояҳои ягонаи дӯстию бародарӣ камари ҳиммат бастанд. Шароф Рашидов оғози ошноии худро бо шоири номдори тоҷик чунин ба қалам додааст: «Мирзо Турсунзода аз лаҳзаҳои аввал ба ман таассуроти хубу амиқ гузошт. Ин марди серғайрату фаъол доираи хеле васеи фикр дошт ва санъаткори ҳақиқӣ буданаш хуб эҳсос мешуд».

Ин ду бузургмард робитаҳои адабии ду кишвару ду халқро бисёр густариш доданд. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 1958 дар шаҳри Тошканд Конфронси якуми нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқоро баргузор намуданд. Вобаста ба ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ Шароф Рашидов ба фаъолияти дӯсташ баҳои баланд дода, аз ҷумла навишта буд: «Равобити эҷодии Мирзо Турсунзода, алоқаи шахсиаш бо аҳли адабиёти тараққипарвари мамлакатҳои Африқою Осиё аз бисёр ҷиҳат корро сабук кард. Фаъолияти пурҷӯшу хурӯш ва обрӯю эътибори калони ӯ барои муҳайё шудани муҳити якдигарфаҳмӣ ва дӯстии иштирокчиёни он асос гардид».

Ҳамин боис шуд, ки ҳарду адиб ба мавзуи байналмилалӣ рӯ оварда, дар қатори нахустинҳо дар адабиёти сермиллати шуравӣ мавзуи ҳассоси замонро тарғиб карданд ва шеъру достонҳо бахшиданд. Бо таъсири силсилаи шеърҳои ҳиндустонии Мирзо Турсунзода адибони ӯзбек, аз ҷумла Шароф Рашидов ва Зулфия, ба мавзӯи байналмилалӣ даст заданд ва мисли адиби тоҷик ба муваффақият ноил гардиданд. Дар пайравӣ ба дӯсти тоҷикаш Шароф Рашидов соли 1956 повести «Таронаи Кашмир»-ашро аз чоп баровард, ки дар заминаи афсонаи қадимаи он сарзамин таълиф шудааст.

Ба ин восита адиби узбек ба мардуми кишвари ҷафодидаи Шарқ пайғоми сулҳу амонӣ, ваҳдату садоқат ва меҳру вафо расонд. Ин повести шоирона дар тарҷумаи Мирзо Турсунзода соли 1958, то баргузории Конфронси якуми нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар Тошканд, ба тоҷикӣ нашр гардид.

Баъдан борҳо асарҳои сухансароёни тоҷик ба забони узбекӣ ва асарҳои шоирону нависандагони узбек ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданд. Ба муносибати Рӯзҳои адабиёту санъати Узбекистон дар Тоҷикистон, соли 1981 дар ду маҷмуаи зебову пурмуҳтаво – «Чароғи фурӯзон» ва «Чашмаи хурӯшон» ба чоп расидани асарҳои адибони узбек ба забони тоҷикӣ як навъ ҷамъбасти кори чандинсолаи мутарҷимону ноширони тоҷик дар ин самти муҳимми кори адабӣ буд.

Имрӯз вазифаи аҳли адаб барои ҳамеша барқарор намудан ва тавассути сухани дилраси бадеӣ таҳким бахшидани чунин робитаҳои созандаи инсониву адабист. Камина низ, дар қатори дӯстони ҳамқаламам, дар ин роҳ корҳои хоксоронае кардаам, аз ҷумла тарҷумаи шеърҳои ҷудогонаи Эркин Воҳидов, Абдулло Орифов, Ҳалима Худойбердиева, Раззоқ Абдурашид, Сироҷиддин Сайид, Аскар Маҳкам, Нодир Ҷонузоқ, Салим Ашӯр, лекин, гумон мекунам, ки дар давраи нави ҳамкориҳо аз рӯди хурӯшони адабиёти узбек дурдонаҳои бештареро пешкаши ҳамдиёрон намуданамон зарур аст.

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамеша адибони тоҷику узбек паҳлӯи ҳам кору эҷод мекарданд. Имрӯз шоиру нависандагони узбек дар созмони эҷодии мо беш аз бист нафарро ташкил медиҳанд ва бахши узбекии он яке аз фаъолтаринҳост.

Даҳ сол пеш бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат дар Иттифоқи нависандагон Маркази тарҷумаи бадеӣ таъсис ёфт ва яке аз бахшҳои фаъолу пурмаҳсули он бахши узбекист. То имрӯз маҷмуаҳои зиёди назму наср, аз ҷумла ду китоби ҳикоя ва шеъри муосири тоҷик ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва барои чоп омода шуданд. Яке аз мутарҷимони пуркор Омон Ҷуманов барои тарҷумаи чанд китоби насри тоҷик сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардид, чанд нафар адибони ҷавони узбек, аз ҷумла тарҷумонҳо, ба узвияти ИНТ қабул шуданд.

Иттифоқи нависандагон бо нашрияҳои узбекии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози», «Дӯстлик», «Суғд ҳақиқати», «Ӯқувчилар газетаси», «Устоз», маҷаллаҳои «Шарқнома», «Кичкинтой», «Сирдош» робитаи зичи ҳамкорӣ дорад. Онҳо натанҳо осори адибони узбекизабони Тоҷикистонро ба табъ расонда, ба рушду нумуи он мусоидат мекунанд, балки минбари тарғиби тарҷумаи беҳтарин навиштаҳои шоиру нависандагони тоҷик ҳам ҳастанд.

Соли гузашта, дар ҳайати иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон, дар Тошканд будам. Вохӯриҳои зиёди самимона баргузор гаштанд. Аз ҷумла, масъалаи барқарориву таҳкими робитаҳои адабӣ муҳокима шуданд ва аллакай дар ин самт баъзе корҳо сурат гирифтаанд. Масалан, яке аз шумораҳои маҷаллаи миллии «Садои Шарқ» (нашрияи ИНТ) қариб пурра ба ҳавзаи адабии Самарқанд, як қисми шумораи ҳафтуми имсола ба адабиёти узбек бахшида шуданд. Қариб ягон шумораи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бе намунаи назму наср ва ё рӯйдодҳои фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон ба нашр намерасад. Чопи шумораҳои муштараки рӯзномаву маҷаллаҳои адабии ду кишвар, ба табъ расонидани намунаҳои назму насри тоҷику узбек ба забонҳои ҳамдигар дар нақша ҳаст.

Аз ҷумла, бо мусоидати Иттифоқи нависандагони Узбекистон китоби намунаҳои назму насри муосири узбек «Армуғони муҳаббат» дар ҳаҷми қариб 700 саҳифа ба чоп расид. Умед дорем, ки бо пайдоиши имконият рӯзҳои адабиётро дар мамлакатҳои якдигар барпо менамоем ва барои қаробати бештари халқҳову адабиётҳоямон қадамҳои устувортар мегузорем.

Дар ҳарду кишвар тоҷикону узбекон бо ҳам мезиянд ва асрҳои аср ғамшарику шодишарики ҳамдигаранд. Дар дунё ин гуна ду халқи аз бисёр ҷиҳатҳо – расму оин, табъу завқ, либосу хӯрок, маъракаву маросимҳо, мусиқиву рақс ва ғайра ба ҳам наздик бисёр кам аст. Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода,

Фарқи ҳама мардумони олам осон,
Аммо шуда мову ту чунон ҳам наздик,
Бинанда чунин суол орад ба миён:
«Эй ҷӯра, бигӯ, ту узбекӣ ё тоҷик?»

Ва ба гуфтаи Шоири халқии Узбекистон Абдулло Орифов, «Мисли ду байти як ғазал – узбеку тоҷик».

Ҳамаи ин ҷиҳатҳоро дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат бори дигар зикр намуда, қайд кард, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон «ҳамаи монеаҳоеро, ки дар тули беш аз 26 сол садди роҳи муносибатҳои ҳасанаи халқҳоямон буданд, аз байн бардоштем». Пешвои мардуми Тоҷикистон зарурати ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, фарҳанг, маънавиёт зикр карда, дар назди зиёиёни тоҷик вазифаҳои мушаххас гузошт ва дар ин замина адибони мо бо камоли майл баҳри қаробати бештари халқҳову адабиётҳоямон кор хоҳанд кард.

Дар Осиёи Миёна халқҳое истиқомат мекунанд, ки дар тули асрҳо бо ҳам қарину ҳамдил, ёру дӯст гашта, бисёр умумиятҳо пайдо кардаанд. Табиист, ки ин ҳама хислатҳои муштарак ва албатта, ҷузъиёти муҳимми характерҳои миллӣ дар осори адибони барҷастаи ин минтақа таҷассум ёфтааст. Адибони бузурги ин қаламрав Садриддин Айнӣ, Мухтор Авезов, Чингиз Айтматов, Мирзо Турсунзода, Абдулло Қодирӣ, Бердӣ Карбобоев, Муъмин Қаноат, Олжас Сулаймонов, Эркин Воҳидов, Сооронбой Жусуев, Фазлиддин Муҳаммадиев, Уткир Ҳошимов… масъалаҳои сатҳи баландтарин, проблемаҳои умумиинсониро образноку бадеӣ матраҳу баррасӣ намудаанд.

Мо ба якдигар натанҳо меҳру муҳаббати ҳамсоягӣ мепарварем, балки бо ҳам риштаи мустаҳками хешутаборӣ бастаем. Аҷдоди мо дар тули асрҳои ҳамзистӣ дар як обу хок бо заҳмати муштарак деҳу шаҳрҳо бунёд кардаву ба ҳам чандон унс гирифта, ки духтар додаву арус оварда ва оилаҳои муштарак бунёд намуда, асрҳои аср ғаму шодии зиндагиро бо ҳам дидаанд. Имрӯз кӯчаву хиёбон, мактабу боғ, истгоҳҳои метрову пайкараҳое, ки ба хотири гиромидошти арбобони барҷастаи адабиёту санъати халқҳои ҳамдигар дар Тоҷикистону Узбекистон номгузориву бунёдгузорӣ шудаанд, касеро ба ҳайрат намеоранд ва чун як чизи муқаррарӣ қабул мешаванд. Вале ҳар кадом ба сари худ қобили таваҷҷуҳу диққат аст, чунки ҳар яке як нуқтаи пайванди қаробату дӯстии мушаххаси халқҳоямон аст ва барои муҳаббату ваҳдати бештар хидмат мекунад. Минбаъд ҳам дар кишварҳои ҳамдигар қадрдонӣ намудани намояндагони барҷастаи халқҳоямон бамаврид ва баҳри таҳкими ваҳдату дӯстии созандаи ду давлат зарур менамояд.

Дар мавриди наздикии халқҳои тоҷику узбек Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев дар очерки машҳури хеш «Нориниёнем мо» бо ваҷд менависад: «Равнақи дӯстии миллатҳо ба ҷое расидааст, ки мардуми заҳматкашро коре ба он нест, ки фалон наҳр аз кадом республика меояду ба кадомаш меравад, хоки тоҷикон куҷосту оби узбекон кадом. Дар Ӯротеппа, Конибодом, Панҷакент, Шаҳритӯс ва Регари мо, ки бо Республикаи Узбекистон ҳамҳудуданд, баъзе оилаҳо ҳавлию боғи худро дар ҷое бино кардаанд, ки як қисми он дар хоки Тоҷикистон бошад, қисми дигараш дар Узбекистон аст. Дар яке аз ин гуна оилаҳо боре меҳмон шудам. Дар мобайни боғи калон рӯйи ҷӯйбори ҳамеша сероб суфаи баланди тахтагӣ бардоштаанд. Аҳли оила ҳар пагоҳу бегоҳ он ҷо ҷамъ омада, наҳорӣ ва таоми шом мехӯранд. Агар назди онҳо нишаста, хатти марзи ду республикаро хаёлан тасаввур кунед, мебинед, ки пиёларо дар Тоҷикистон аз чой пур мекунанду дар Узбекистон менӯшанд. Ё духтараш дар Узбекистон атса занад, додараки ӯ аз Тоҷикистон «Пир шав!» гӯён нидо медиҳад».

Албатта, ин навиштаҳо ба давраи дигари сиёсӣ, замони ҳамватании халқҳои шуравӣ рост меояд. Лекин аз ҷиҳати соф инсонӣ ва маънавӣ чунин ҳолатҳо шояд имрӯз ҳам имконпазир бошанд. Биёед, бикӯшем, ки ин манзараҳои қаробату рафоқати самимии халқҳоямон ҷовидона ва маншаи илҳому эҷоди пайвандсози адибони ҳар ду кишвар бошанд.

Низом ҚОСИМ

Дигар хабарҳо