Хӯшачини хирмани андарзи халқ

Ба муносибати 90-солагии фолклоршинос Баҳром Шермуҳаммадов
Фолклоршиноси тоҷик, доктори илми филология, профессор, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Баҳром Шермуҳаммадов 10 декабри соли 1934 дар гузари Шайхҳои шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби ҳафтсола таҳсилро дар Омӯзишгоҳи тоҷикии омӯзгории Самарқанд идома додааст. Ӯ соли 1952 ба Душанбе омада, донишҷӯи бахши филологияи факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардидааст ва онро соли 1957 ба итмом расонида, аз соли 1957 то рӯзҳои вопасини умраш дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.
Ин олими маъруфи соҳаи фолклоршиносӣ 22 июни соли 1998 хеле бармаҳал, дар синни 64-солагӣ ин ҷаҳони фониро падруд гуфт, вале барои аҳли илму дониш осори пурарзишеро роҷеъ ба фолклори тоҷик ба ёдгор гузошт, ки ҳанӯз ҳам мавриди истифодаи пажӯҳишгарон қарор доранд.
Баҳром Шермуҳаммадов ҳамчун муҳаққиқи борикназар, пухтакору нуктасанҷу варзида тамоми фаъолияти хешро ба рушди илму фарҳанг, мактабу маорифи ҷумҳурӣ бахшида, дар пажӯҳиши фолклори тоҷик, дар ҷодаи гирдоварӣ, нашру таҳқиқу баррасии он, ҳифзи арзишҳои ғании фарҳанги мардум ва таблиғи он, умри дубора бахшидан ба дурдонаҳои тамаддуни гузаштаи тоҷикон хидмати мондагор кардааст.
Баҳром Шермуҳаммадов яке аз бунёдгузорони шуъбаи фолклоршиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Саҳми ӯ дар бунёд ва ташаккули натанҳо шуъбаи фолклоршиносӣ, балки таъсиси Ганҷинаи фолклори институти номбурда ва рушди соҳаи фолклоршиносии тоҷик низ беназир аст.
Фаъолияти эҷодию илмии Баҳром Шермуҳаммадов ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ оғоз ёфтааст. Мавсуф аз овони донишомӯзӣ ба ҷамъ овардани ганҷи парешони фарҳанги мардум шуғл варзидааст. Ӯ бо мақсади гирд овардан, нашр ва таҳқиқи адабиёти шифоҳӣ ва анвои гуногуни фолклори тоҷик қариб ба тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон, инчунин ба баъзе аз манотиқи тоҷикнишини Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба монанди вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Ҷиззах, Сирдарё ва ғ. сафарҳои илмӣ намуда, дар бисёр экспедитсияҳои фолклорӣ ҳам ба сифати роҳбар ва ҳам ба ҳайси иштирокдори ин ковишҳои илмии фолклоршиносӣ ширкати фаъолона кардааст ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва миллатдӯстӣ намунаҳои асарҳои бадеии мардуми тоҷикро сабту забт намуда, дар ҳифзи ёдгориҳои гаронбаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик – адабиёти шифоҳӣ ва ғанӣ гардонидани Ганҷинаи фолклори тоҷики Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ хидматҳои шоиста анҷом додааст. Баҳром Шермуҳаммадов аз соли 1996 то соли 1998 дар замони ҳассостарини ҳаёти таърихии ҷумҳурӣ вазифаи сарварии шуъбаи фолклоршиносии ин боргоҳи илму маърифатро ба зимма дошт ва дар ҳифзи ганҷи бебаҳои шойгони тоҷик аз худ заҳматҳои бесобиқа зоҳир кард. Мавсуф ҳамчун пажӯҳишгару муҳаққиқ ва мутахассиси ҳирфаии адабиёти бадеии гуфтории халқи тоҷик тақрибан 200 китобу мақолаи илмӣ ва тақризу асарҳои адабӣ таълиф намуда, ба табъ расонидааст.
Соли 1967 Баҳром Шермуҳаммадов дар мавзуи муҳимми фолклоршиносӣ таҳти унвони «Назми халқии бачагонаи тоҷик» рисолаи номзадӣ ва соли 1987 дар мавзуи «Густариши осори манзуми адабиёти тоҷику форс. Таҳқиқи текстологӣ (матншиносӣ). Таҷоруби таҳлили шумури вариантнокӣ» (ба забони русӣ) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Таълифоти ӯ аз қабили «Афсонаҳои Самарқанд» (дар ҳаммуаллифӣ бо Ф.Зеҳнӣ, 1965), «Таронаҳои Самарқанд» (1966), «Назми халқии бачагонаи тоҷик» (1973), «Восеънома» (1985), «Рецепция произведений таджикско-персидской поэзии. Текстологические иследования. Опыт количественного анализа вариативности» (1987), «Усули гирдоварии адабиёти шифоҳии мардуми Афғонистон» (1988) ва ғ. баёнгари ҳиссаи самарабахши ӯ дар пажӯҳиши фолклори тоҷик мебошанд. Тавассути китобҳои «Расво шуданд» (1964), «Ҳикмати бобоён», (1964, бо ҳамроҳии С.Тоҷиддинов), «Восеънома» (1985), «Фолклори Бухоро» (1989, бо ҳамроҳии Д.Обидов ва Ҷ.Рабиев), «Қиссаҳо аз рӯзгори Фирдавсӣ» (1994, бо ҳамроҳии Д.Обидов) мардумро бо фолклори бою рангини Самарқанду Бухорои шариф, саргузашт ва қаҳрамониҳои Восеи шӯришгари озодихоҳ, оқибатҳои зараровари хурофотпарастӣ ва ҳикояву қиссаҳои дилангезу пандомези мардумӣ дар бораи Абулқосим Фирдавсӣ ошно кардааст.
Баҳром Шермуҳаммадов яке аз равшанфикрони дилсӯзи фарҳанги мардуми тоҷик буда, тамоми умри бобаракати хешро ба пажӯҳиши адабиёти шифоҳии халқи тоҷик ва ҳифзу тарғиби арзишҳои фарҳангии он бахшидааст. Дар чандин китоб ва мақолаҳо перомуни мавзуъҳои гуногуни илми фолклоршиносии тоҷик сухан кардааст. Бо сайъу кӯшиш ва ташаббуси ӯ тамоми тоҷикзабонони Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон аввал тариқи радиои ҷумҳурӣ ва сипас тавассути телевизиони тоҷик бо шоҳасари мардумӣ – эпоси «Гӯрӯғлӣ» ва гӯяндагони варзидаи он Ҳикмат Ризо, Ҳақназар Кабуд ва дигарон ошно шудаанд. Аввалин бор маҷмуаи достонҳои гӯрғулигӯёни тоҷик бо кӯшиши Баҳром Шермуҳаммадов дар ҳамкорӣ ва бо ҳиммату ғайрати ховаршиноси маъруф И.С.Брагинский ва Ҳ.Назаров бо номи «Гурӯғлӣ» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ соли 1988 дар нашриёти «Наука»-и шаҳри Маскав ба табъ расидааст.
Самти дигари таҳқиқотии устод фолклори рангини кӯдакон ва наврасон буд ва он ҳамеша мавриди таваҷҷуҳаш қарор гирифтааст. Номбурда китобчаҳои бадеии фолклории бисёреро ба чоп расонидааст, ки имрӯз ҳам барои хурдтаракон қимати баланди тарбиявӣ доранд. Бо кӯшиши бевоситаи ӯ дар таърихи фолклоршиносӣ ва чопи асарҳои фолклорӣ барои кӯдакон аввалин маҷмуаи таронаҳои мардумӣ барои атфол таҳти унвони «Дарвоза нигин дорад» (1961) чоп шудааст. Дар бозгӯии Баҳром Шермуҳаммадов барои кӯдакон ва наврасон зиёда аз 20 маҷмуаи фолклорӣ ба табъ расидаанд. Маҷмуаҳои «Ҳафтдодарон», «Кадучаи ғелон», «Гунҷишкаки мӯзасурхак», «Як лаълӣ марҷон», «Сандуқчаи зулбиё», «Себи сари пул», «Лелак-лелаки Боқӣ» ва ғ. мисоли равшани ин гуфтаҳоанд. Ҳамчунин, бо ибтикори Баҳром Шермуҳаммадов намунае чанд аз сурудаҳои мардумӣ барои кӯдакон ва наврасон ба забонҳои русӣ, беларусӣ, молдаванӣ, украинӣ, литвонӣ дарҷ гардидаанд.
Як ҷилди «Тазкираи адабиёти бачагон» (ҷ. 4) – «Фолклори бачагон»-ро Баҳром Шермуҳаммадов ҳамроҳи фолклоршиноси маъруф, академик Раҷаб Амонов таҳия карда буд, ки он соли 1982 рӯйи чопро дидааст. Мавсуф то охирин рӯзҳои зиндагиаш ҳамчун узви бахши адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар рушди адабиёти кӯдак саҳми назаррас гузоштааст.
Баҳром Шермуҳаммадов муаллифи чанд ҷилди чопи илмии «Куллиёти фолклори тоҷик» мебошад. Дар силсилаи «Куллиёти фолклори тоҷик» ба чоп омода намудани ҷилди сурудҳо яке аз таҳқиқоти бунёдӣ ва тӯлонии гурӯҳи суруди кормандони шуъбаи фолклоршиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба ҳисоб мерафт. Солҳои мадид Баҳром Шермуҳаммадов, ки роҳбари гурӯҳи суруд буд, баробар бо дигар аъзои гурӯҳи суруд (нигорандаи ин сатрҳо низ шомили он гурӯҳи таҳқиқотӣ будам ва аз заҳмати устодон воқиф ҳастам) ҷиҳати ба чоп омода намудани «Куллиёти сурудҳо» мувофиқи равишҳои байналмилалӣ ва бо усули навину вижаи илмии профессор И.Г.Левин дар таҳияи сигнатура (шиноснома), синопсиси матнҳои сурудҳои мардумӣ ва ба вуҷуд овардани нусхаи калидӣ (комил) ва дарёфти гузинаҳои беҳтарини 99 суруди фолклории тоҷик иштироки фаъолона дошт. Мутаассифона, ҷилди «Куллиёти сурудҳо» (дар 2 ҷилд) аз силсилаи чопи илмии ҷилдҳои «Куллиёти фолклори тоҷик» бо баъзе сабабҳои айниву зеҳнӣ то имрӯз чоп нашудааст. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар баробари тартиб додани ҷилдҳои «Куллиёти сурудҳо» дар ин росто ҳамчун муқаддима ба ҷилди сурудҳо китобе бо номи «Куллиёти фолклори тоҷик. Ҷилди 3, барориши 1. Сурудҳо» дар ҳаҷми 45 с. соли 1981 дар нашриёти «Дониш» интишор гардид, ки дар асоси 2 суруди фолклорӣ: «Наъли кафшат ёфтам» ва «Мурғак» онро устодони фолклоршинос Ф. Зеҳнӣ, И. Левин ва Б. Шермуҳаммадов мураттаб сохта буданд.
Қобили зикр аст, ки Баҳром Шермуҳаммадов ба ҳайси пажӯҳишгари асил, донандаи хуби илми фолклоршиносӣ, таблиғгари фаъолу содиқи фарҳанги мардум ва арзишҳои миллӣ дар чандин конференсияву симпозиумҳои илмии байналмилалӣ ва умумиҷумҳуриявӣ ширкат варзида, маърузаҳо ироа кардааст. Бисёр навиштаҳои ӯ дар матбуот ба табъ расидаанд ва суханрониҳои пурмуҳтавояш доир ба фолклори форсизабонон аз тариқи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ҳамчунин кишварҳои Эрон ва Афғонистон пахш гардидаанд.
Баҳром Шермуҳаммадов муддати тулонӣ ба ҳайси устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе, Донишгоҳи омӯзгории ш. Қӯрғонтеппа ва Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аз фанҳои «Адабиёти кӯдакон ва наврасон», «Адабиёти тоҷик», «Матншиносии (текстологияи) тоҷик» ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Ӯ ба сифати корманди варзидаи илм, мудири шуъбаи фолклоршиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар тарбияи шогирдон ва муҳаққиқони фолклоршинос ҳам саъю талоши зиёд ба харҷ додааст. Аз ин ҷост, ки қадру манзалат ва ҷойгоҳи Баҳром Шермуҳаммадов дар дили дӯстон, ҳамкорону шогирдонаш ба таври ҳамешагӣ боқӣ мондааст.
Ҳамин аст, ки соли 2005 ба муносибати 70-солагии фолклоршинос, устоди зиндаёд Баҳром Шермуҳаммадов дар таҳияи Ш.Умарова ва Ф.Шермуҳаммадова китобе таҳти унвони «Як умри чун тарона» (Душанбе: Деваштич, 2005. – 222 с. ) ба табъ расид ва худи ҳамон сол дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти 70-умин солгарди ин устоди зиндаёд Конференсияи илмии бошукӯҳе низ баргузор гашт. Ҳамчунин соли 2014 бо ибтикори шуъбаи фолклоршиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 80-умин солгарди доктори илми филология, профессор Баҳром Шермуҳаммадов Конференсияи илмӣ доир гардид, ки дар он доир ба паҳлуҳои гуногуни рӯзгор ва осори шодравон ёдномаи дӯстону пайвандон, шогирдон ва ҳампешагонаш садо доданд.
Охири моҳи декабри соли 2024 бо ташаббуси шуъбаи фолклоршиносӣ, ки он ҷо Баҳром Шермуҳаммадов солҳои тӯлонии умри худро бо кору фаъолияти пурсамар сипарӣ намуда буд, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ тасмим гирифтааст, ки ба хотири 90-солагии гиромидошти ин фолклоршиноси зинданом ҳамоиши илмиеро дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами фолклоршиносии тоҷик» доир намояд.
Ёди адабиётшинос гиромӣ хоҳад монд.
Шодигул Умарова,
номзади илми филология