Хумори бачагӣ

Абдурофеъ Рабизода

Нависандаи машҳури тоҷик Абдурофеъ Рабизода ҳафтодсола шуд. Ҳайати таҳрир ин адиби шинохтаро, ки аз муаллифони доимии маҷалла мебошад, ба ин муносибат табрик гуфта, бо таманнои умри бардавому сиҳҳати комил як ҳикояи нави ӯро пешниҳоди хонандагон менамояд.

——————————————————————-

Падарам бинокор буд. Бо дастаи сохтмончиёнаш дар заминҳои навкорам барои деҳқонон хона месохт. Хонадони мо низ дар яке аз чунин манзилҳои навсохт зиндагӣ мекард.

Аз рӯи нақли калонсолон, вақте ки ман ба дунё омадаам, лӯндача ва бисёр дилнишин будаам, чунонки ҳама бачагони рӯи замин дар назар зебо битобанд. Ҳангоми зӯр зада, майли ҳаракат кардан, яъне чорғовак рафтан, мавҷак мезада мӯйҳои ғӯлии сарам. Мӯйҳоям беш аз ҳама дӯсти падарам Бобоҷонро ба завқ меовардаааст ва ӯ ҳар бори чорғовак бо ангуштон мӯйҳои сарамро навозиш менамудааст. Барои диданам ба хонаи мо бисёр меомадааст ва хонагиҳои мо ҳам имкон медодаанд, то зиёдтар чорғовак биравам ва ҳини ин ҳаракат мӯйҳои ғӯлиам бештар мавҷак зананду шавқи Бобоҷонро биафзоянд. Вай ба ваҷд омада, аз ғояти масрурӣ маро рӯи дастон мегирифтааст, тӯлонӣ бозӣ медорондааст.

Падару модарам медонистанд, ки дили Бобоҷон шикастагӣ, зеро фарзандонаш баъди таваллуд зинда намемондаанд. Ва ӯ ба ман машғул гардида, захми дилашро андак марҳам кардан мехостааст.

Ман бошам, бо дастакони хурдакакам кашидан аз бурутҳои аҷоиби вайро хуш доштаам.

Аз ин ҳам Бобоҷон завқ бардоштаву механдидааст зангӯладор.

– Бачадӯстдориатро Худованд дида, ба ту ҳам фарзанди солим ато фармояд,

– мегуфтаанд ба вай падару модарам.

– Ба шарофати ин мавҷакмӯй шояд чунин бишавад, – оҳ мекашидааст Бобоҷон.

Баъдтар дар хонадони вай низ тифле ба дунё омадааст, духтарчае арзи ҳастӣ кардааст. Ва барои он ки инаш рӯи дунё биистад ва солиму саломат бимонад, ба вай Истад ном ниҳодаанд, ки баъдан мавзун намуда, Истода мегуфтанд.

Яъне, баъди моҳу солҳо чунин шуда.

– Агар рӯи замин биистад ва калонак бишавад, ба ин бача мебахшамаш, яъне ба ин мавҷакмӯй, – мегуфта ҳар бор Бобоҷон бо завқ.

Ҳамчунин, ба василаи арӯси ояндаи ман эълон намудани Истода падар мехоста, ки осмон бидонад, духтараш ғайри волидайн рӯи замин соҳиби дигар ҳам дорад, пас биистад бояд дар ин ҷо.

Духтарак зинда монду ба умраш меафзуд ҳафтаву моҳҳо ва солҳо.

Акнун ман бозӣ мекардам бо вай, ки падараш меовард ба хонаи мо ва ё волидайни ман мебурданд маро манзили онҳо.

Бо Истода бозӣ мекардем зери возиҷангури рӯи ҳавлиашон. Зери возиҷи ангур, ки дар маҳали мо кӯтоҳ намуда, воиҷ мегуфтанд, сояи ғафсу гуворо пайдо шуда, хоссатан созгор меомад барои бозӣ дар гармои сарсӯзи ҷануб. Ва дар хавозаҳо овезон буданд хӯшаҳои сербор ва хушнамуди ангур.

Зери возиҷ бозии якҷояи ману Истода таваҷҷуҳи калонсолонро ҳам ба худ мекашид ва баъзе аз онҳо шӯхӣ мекарданд, ки барои ҳамдигар арзандаанд ин ду мавҷакмӯй, яъне домоду арӯсаки шоиста шуда тавонанд дар оянда. Аммо он замон мо чӣ будани ишқ ва чӣ будани занушӯиро намедонистем.

Ба гумонам, Истода баъди андак калонак шудан дарк мекард, ки охир рафтанаш лозим меояд ба ҳавлии мо, чунон ки духтари ҳамсояро баъди ба воя расидан хонаи шавҳар бурда буданду акнун хонаи волидайн гоҳ-гоҳ меомад. Ва ҳар бори омадан ҳам аз хонаи падару модар ягон чиз мебурд ба хонаи шавҳар.

– Ту ба хонаи домодат чӣ мебарӣ? – аз Истода мепурсиданд занҳои огаҳ бо хандаю шӯхӣ.

– Воиҷи ҳавлиамонро, – ба хаёл рафта, посух медод Истода.

Хавозаи токро беандоза дӯст медошт Истода ва гумон мекард агар ба ҳавлии мо бубарад, он ҷо ҳам зераш бозӣ мекунем. Мисли ман гумон дошт, ки бозӣ ҳаргиз охир надорад рӯи замин.

Аз ин суханони вай, ки возиҷи азими рӯи ҳавлиашонро канда ба ҳавлии мо бурдан мехост, падараш Бобоҷон завқ мебурд ва механдид зангӯладор. Аммо модари Истода норизоӣ ва туршрӯӣ зоҳир мекард.

Модар ният дошт, ки оянда дурдонаашро ба ягон хешбачаи худ ба шавҳар бидиҳад. «Ман бегона намекунам фарзандамро ҳаргиз!» Яъне мо чун хеши ваю Бобоҷон набудем, бегонаамон мепиндошт.

Аммо ман ҳанӯз ба фаҳми ин чизҳо намерасидам ва боз меомадам ҳавлии онҳо барои бозӣ бо Истода зери возиҷангур. Ва ману духтарак бозӣ мекардем дурудароз.

Боз рӯзҳо мегузаштанд, ба ҳафтаву моҳ бадал меёфтанд, фаслҳо сол мешуданд.

Яъне ману Истода калон мегаштем.

Боз возиҷ буд ва боз ману духтарак дар сояи он.

Баъд ману Истода зери возиҷангур ҳангоми бозиҳо дастони ҳамдигарро медоштем, албатта, ҳарф намезадем, бо сари хам меистодем ва дар ин ҳол бе сухан ба якдигар менигаристем. Тӯлонӣ менигаристем дасти ҳамдигарро сар надода.

Баъдтар чунин мешуд, ки ҳатто сару рӯи мо наздик мегардид ба ҳамдигар, мерасид ба якдигар.

Ҳатто бо лабонамон чунин мешуд сонитар, ҳарчанд намедонистем бӯса, хосса бӯсаи лаб чӣ бошад. Вале дар киноҳо медидем, ки ошиқон мебӯсиданд ҳамдигарро.

Бӯсаи мо чунин буд, ки танҳо лаб ба лаб мерасондем ва дурудароз ҷудо накарда, ҳамон хел нигоҳ медоштем, ё ҷудо карда наметавонистем.

Балки вақте аввалин бор лабони мо ба ҳам расид, аз онҳо бархестани кадом шарораҳоро ҳис карда будем, чунон ки аз расиши ду сими барқ шарора хестанро дида будем. Ва ларзида будем аз ин.

Шарораҳои симбарқ агар поён рехта, хомӯш мешуданд, шарораҳои бӯсаи мо, аз чӣ бошад, боло мерафтанд. Яъне, ба назарамон чунин мерасид. Ҳатто баъде, ки ман лабонамро аз лабони Истода гирифта будам, ин шарораҳоро медидам дар осмон, ки милт-милт мекарданд, ҷило медоданд, ба қавли мардум чашмак мезаданд. Чашмак мезаданд сӯи мо…

Хело дер фаҳмидам, ки онҳо ахтарони осмони шомгаҳон шуданд…

Зери возиҷангур тӯлонӣ бозӣ мекардем ва баъзан фарорасии шомро фаромӯш менамудему калонсолон низ моро аз хотир мебароварданд.

Ҳанӯз аз шарораҳои дили фалак, ки мардум ситора ё ахтар меномиданд, чашм намекандам ва дар мағзи наврасонаам тасвире пайдо мешуд, ки шарораҳои осмон, аслан аз расиши лаб, яқинтараш аз бӯсаҳои нахусти одамони рӯи замин ба миён омада, пас ба ба само рафтаву он ҷо мондаанд…

Милт-милт мекарданд ва гӯё рақсу бозӣ доштанд шарораҳо дар осмон.

Аммо чаро яке аз ин ахтарҳо аз тори осмон канда шуд, хати зарандуд кашид, поён рафт ва ниҳоят ноаёну нопайдо гардид. Чунон ғайб зад, ки гӯё ҳаргиз набуд…

Ман ларзидам аз ин ва ҳамчунин аз ногаҳон пайдо шудани овози башиддате:

– Э, сиёҳпича, дар куҷоӣ? О-о-о, торик нашуда, ба хона дарояд бояд духтарак! Аммо ту зери торикиҳои воиҷ…

Овози модари Истода буд, ки баъд худаш наздик омаду банди дасти духтаракро дошта, силтав дода кашид ва аз ман ҷудо карда бурд.

Маро ҳатто «биё» нагуфт. Дар хона набуд он вақт Бобоҷон, ки «биё» гӯяд, аз кор барнагашта буд ҳанӯз. Баъзан кораш то нисфи шаб идома меёфт.

Истода маро танҳо монд зери возиҷ.

Боз ба осмон назар бурдам, боз аз он ҷо ахтаре канда шуда, хати зарандуд кашиду нест гардид.

Ҳанӯз аз миёни шохаҳо ва баргҳои возиҷангур менигаристам ба ахтарони парешони осмон, ки ба назарам онҳо зода шуда аз шарораҳои бӯсаҳои аввалини одамон ва баъд боло рафтаву шакли ситорагонро гирифта.

Вале аз онҳо ин шому шаб дуто канда шуд. Гӯё аз сангдилии модари Истода шуд чунин.

Қадам ниҳодам ҷониби хонадони худамон, ки дар паси заҳбур воқеъ буд.

Қаблан агар чунин торик шуда бошад, Бобоҷон маро то ҳавлиямон гусел мекард ва ба падару модарам таъкид менамуд: «писаратонро овардам».

Вале он рӯз ҳанӯз аз кор барнагашта буд.

Ва ман танҳо қадам мезадам ба сӯи ҳавлиямон, чашмам дар осмон, дар ситорагон, ки чашмак мезаданд.

Ба ҳар ҳол, миёни онҳо ахтароне ҳам буданд, ки аз шарораҳои бӯсаи аввалини ману Истода пайдо шудаанд.

Ё он ду ахтари аз дили фалак баногаҳ кандашудаву афтода маҳз аз они мо буда?

Аз ин фикр изтиробу ошуфтагие пайдо гашт дар кадом як гӯшаи вуҷудам.

Гӯё ҳис мекардам, ки пеш омадани гардиши ногаҳоние мумкин аст дар ҳаёти ману Истода дар ояндаҳои дигар…

Вале чӣ мешуда бошад?

* * *

Чӣ тавре зикр карда будам, падарам бинокор буд ва чун дар як мавзеъ сохтмонҳоро ба охир мерасонд, ҷойҳои дигар мерафт, то манзилҳои нав бунёд намояд.

Агар дар мавзеи нав кор муддати тӯлонитар талаб менамуд, моро ҳам бурданӣ мешуд ба он тарафҳо. Яъне кӯчонда бурдан мехост оилаашро, то пеши назар ва наздиктараш бошем.

Хуллас, пас аз муддате аз зарурат ва иваз шудани мавзеи кори падар кӯч бастани мо лозим омад.

* * *

Кӯчамонро мебароварданд ба бордони мошини боркаш, ки дами дарвозаи ҳавлиамон меистод. Ман ба кашондани бисотамон кӯмак менамудам ва зери дил касеро интизор мекашидаму нигоҳам медавид ба атроф.

Лек набуд ҳамон нафар.

Магар ранҷида, ки барои гуселам наомада?

Ё омадан намонда варо модараш ба гусели мо?

Охир, худи Бобоҷон ба сафар рафта буд куҷое ва агар мебуд мусоидат мекард ба омадани духтараш, балки худ аз аввал то рафтани мо пеши дар меистод.

Хуллас, дар бораи Истода фикр мекардам он лаҳза ва интизор мекашидам ӯро.

Вай бошад, намерасид ба назар.

Ниҳоят, болои мошини боркаш баромадем. Кӯчамон он ҷо буд ва дар як гӯшае барои нишасти модараму мо, бачаҳо, ҷой дуруст карда буданд, рӯи кӯрпаҳои баста.

Ҳанӯз чашми ман ба чор тараф медавид, Истодаро мекофт.

Шояд аз ногаҳон рафтагор шудани мо ранҷида, барои ҳамин наомада ба гусели мо?

Мӯйсафедон ва ҳамсояҳо даст ба дуо бардоштанд, барои бунёдкориҳои падарам дар ин мавзеъ, барои хонаву дари онҳоро сохта доданаш сипос изҳор менамуданд ва ба ивазаш мехостанд Худованд дар мавзеи дигар низ баракату файз бирасонад ба оилаи мо.

Вале зиндагӣ барои мани наврас хушу гуворо буда метавонист магар бе Истода? Агар набошад возиҷангури ваъдагии ӯ?..

Истода бошад, қаҳр карда намеояд, возиҷи ангурро ҳам ба манзили нави мо, ки дури дур мешавад, ҳеҷ гоҳ намебарад. Ва хӯшаҳои шаҳдбор дигар насиби ман намегарданд, ба коми ман намешаванд…

Дилам пур аз ғуссаву ғубор буд, ки дигар намебинам Истодаро. Намебинам дигар ягон бор… Аммо…

Пайдо гардид ӯ баногаҳ. Пайдо гардид ғайричашмдошти мани ноумедшуда. Омада буд, даме ки ҳама даст ба рӯ кашида ва мошин ба роҳ баромаданӣ буд.

Як сатили калон дар даст дошт.

Магар хӯшаҳои мондадор токи ҳавлиашон буд, ки рӯзҳои дигар мо бояд хӯша-хӯша мехӯрдем…

Акнун чида оварда буд он ҳамаро Истода. Шояд аз модар пинҳонӣ ва шояд дер монданаш аз ҳамин сабаб буда.

Ба роҳ баромадани мошин лозим меомаду Истода дар даст сатили пур аз ангур меистод ҳанӯз ноҷунбон ва дида намеканд аз ман.

Шояд хӯшаҳои ангурро ҳам ба ман доданӣ несту барои сӯзи дилам овардааст ба намоиш. Барои сӯзиши дили ман овардааст…

Вақте ки мошин оҳиста ба ҳаракат медаромад, духтарак ларзиду ҳушёр гардид.

Балки ларзон дар ҳаракат шуда, аз дунболи мошин қадам бардошт.

Ҷисмаш такон мехӯрд мисли сатили пур аз хӯшаҳои ангур.

Балки баробари давидан сатили пурро дароз кардан мехост ба сӯи ман.

Ба мошине, ки ҳаракаташ ҳанӯз суръат нагирифта, расид ва сатилро нимбардошт дароз кард ба ман.

Аз чӣ бошад, даст намебурдам ба сатил, шояд аз ҳайрату пакарӣ чунин буд.

Пешпо хӯрд Истода ва қариб афтид бо сатили ангураш.

Вале боз қомат рост гирифт, давид, наздик шуд ба мошин, ки ҳанӯз суръат

нагирифта буд ва сатилро дароз кардан мехост сӯи ман ва ҳатто гуфт: «дар роҳ мехӯрӣ».

Аз возиҷ ҳаққи худашу маро чида оварда ва ҳамаашро бахшиданӣ буд акнун барои ман.

Аз чӣ бошад, сӯи сатил даст бурда наметавонистам.

Балки пакар будам…

Аммо сатил дар дасти Истода меистоду мунтазир буд, то бигирам.

Маҳтал будани Истодаро ҳис мекард модарам ва дар ниҳоят худаш даст дароз намуда, сатилро гирифт, хӯшаҳои ангурро ба зарфе андохт ва сатили духтаракро баргардонидан хост.

Мошин, ки дар кабинааш падарам ва ронанда буданд, ҳанӯз оҳиста мерафт, то дастҷунбонии мардуми ин ҷоро тӯлонитар дида бошем.

Охир, кӣ медонад бори дигар кай дидори ҳамдигарро дидан насиб мегардад? Пас, дидор ғанимату одам ғанимат.

Аз дидани ин ҳама чашмони ман нам мегирифт.

Истода бошад, ҳанӯз медавид аз дунболи мошин бо сатили холишудаи дасташ.

Мошин суръаташро бештар мекард.

Аз паси пардаҳои оби чашмон медидам ҳанӯз медавад яке аз дунболи мошин.

Медавид шитобзада, ҳадаҳа.

Сатили азими холиаш алвонҷ мехӯрд мисли ҷисми нозукаш.

Мошин таконхӯрон мерафт ва Истода ҳам такон мехӯрд.

Балки пешпо мехӯрд зиёдтар.

Худро аз афтодан базӯр нигоҳ дошта, қоматашро рост намуда, медавид аз нав, алвонҷ мехӯрд мисли сатили дасташ.

Баъд пешпо хӯрд.

Пешпо хӯрд сахттар.

Афтиду сатил аз дасташ парид.

Вале зӯри хестан кард боз.

Хесту сатили холиро бардошта, давид аз дунболи мошин. Тамоми

неруяшро якҷо намудаву алвонҷхӯрону таконхӯрон медавид.

Мошини аз кӯчи мо пуропур суръат мегирифт бештар.

Истода, ки ҳанӯз медавид, пешпо хӯрда, калавид ва боз афтид.

Аммо дигар аз дунболи мошин давида натавонист. Ё сахт лат бардошта ё дигар мадораш намонда буд. Шояд донист хеста давидан ҳеҷ фоидае надорад. Мошини кӯч дур мешавад ва маро дуртар мебарад…

Паси чангҳое, ки дар роҳи хокӣ аз зери чархҳои мошини боркаш мехестанду ба ҳам печиш мехӯрданд, панаҳ мегардид Истода. Ё паси пардаҳои ашки ман хира ва нопайдо мешуд?

Ашк димоғамро, ҳастиамро, чашмонамро месӯзонд ва ҷамъ омада, қатра- қатра мечакид ба рухсорам. Рухсорамро низ месӯзонид ашкҳои сӯзон.

Бори аввал ҳис карда будам, ки ашки инсон то ин ҳад сӯзанда мешавад. Мошини пур аз кӯчи мо медавид дар роҳ, аз пасаш гард мехесту чанг печутоб мезад.

Дигар намедидам он духтаракро.

Шояд афтода монда буд дар мавзеи барои ман дуршуда, дар канори роҳи зиндагӣ…

***

Масофа то манзили нав, яъне заминҳои навкорам, дунимрӯза буд.

Дар ин роҳи тӯлонӣ, дар бордони мошин, балки дар як гӯшаи он мениша- стам ва чизе намехӯрдам, магар аз хӯшаи ангур. Хӯшаҳое, ки Истода оварда буд.

Модарам ба дигарон ишора намуд, ки ба хӯшаҳо ғайри ман касе даст нарасонад.

Донае аз хӯшаҳо ба даҳон меандохтаму ба андеша мерафтам…

***

Баъд зиндагии наву дигари мо оғоз ёфт дар заминҳои навкорам.

Ин ҷо ангур намерӯид, хӯша бандад ҳам, намепухт, зеро рӯзҳои гармаш камтар буданд.

Ин ҷо фақат гандум кишт мекарданд, ҷаву дигар ғалладонаҳои тезпазак, ки дони онҳоро барои ғизои мардум ва паяашонро барои чорво истифода мебурданд. Яъне, ин ҷо аслан ғаллакорӣ мекарданд ва чорводорӣ.

Барои ғаллакорон ва чорводорон хонаю ҳавлиҳои нав месохт падарам бо дастаи сохтмониаш.

Муҳоҷирон меомаданд ба ин заминҳои паҳновар, ки қитъаҳои корамнашудааш ҳанӯз зиёд буд.

***

Дар ин мавзеъ, ки хавозаи ангур набуд, возиҷи ангури ҳавлии амаки Бобоҷон бештар ёдам меомад, аз таъми хӯшаҳо хаёлан даҳонам об мекушод. Истода бароям нома ҳам наменавишт, шояд дилаш аз ман монда буд, ки басо дур шудаам ва шояд суроғаи моро ҳам намедонист. Охир, дар ин заминҳои беҳаду ҳудуди ғаллакорӣ борҳо ҷой иваз мекардем, чун падарамро ҳар вақт ба қитъаҳои дигару дигар мебурданд. Ҳанӯз ба ин тарафҳо расидани нома душвор буд, хати алоқа ва почта ҳам надошт…

Ман низ ба Истода нома навишта наметавонистам, зеро худамро назди вай шарманда медонистам. Он рӯз бояд аз мошин мефаромадаму Истодаи афтодаро мебардоштам, аммо ба сӯзи дил ва ашки худ побаста гардида, нафаромадаву вайро набардошта ва ба по рост накарда будам. Афсӯ-ӯс-е… Бале, новобаста ба гардиши ногаҳонии зиндагӣ ва зиддияти модар Истода омад ба гусели ман, аз возиҷангур, ки бояд замоне ба хонаи мо меовард, тамоми хӯшаҳои боқимондаро чида овард, аз дунболи мошин, ки болояш ман будам, медавид, то даме ки аз пой уфтод.

Дар хиҷолат будам назди ӯву сари ин шармсорӣ барояш навишта наметавонистам, ё яқинан намедонистам, чӣ бинвисам ва чӣ тавр фиристонам? Дар он нома ҳам чӣ гуфта метавонистам бобати ҳолати рӯйдода? Охир, вай ҳат- то дар ҳолати бадтарин барои ман як сатил ангур овардаву бахшид, аммо ман бошам, дода натавонистам ба ӯ чизе. Аз ин боис хиҷолатам пеши худ меафзуд. Пас, чӣ хел ба ӯ навишта метавонистам?..

Илова ба ин, баъди чанд муддат падарам аз як сафари хидматӣ хабар оварда, ки оилаи онҳо кӯчида рафта ҷойи дигар. Дақиқтар, модари якрави вай онҳоро кӯчонда, ба назди хешу табори худ бурда. Зани хешпараст чунин карда дар ниҳоят.

Дигар нома низ менавиштам, аммо ба куҷо ва ба кадом суроға фиристоданамро намедонистам…

Фақат таъми хӯшаи ангур дар комам ва сояи аҷибу оромибахш ва орзуовари возиҷ ҳар лаҳза ба ёдам мерасид… Возиҷи ангур, ки сояаш макони вохӯрию бозию нишасту хези мо буд. Ва аввалин бӯсаи мо ҳам зери он буд шомгаҳе ва шарораҳои он рафта ба сӯи фалак…

Аз дили осмон ва ахтарон чашм канда наметавонистам шабҳои тӯлонӣ…

Ба қадри ҳама чизи бачагию наврасӣ пурраю комил даме расидам, ки камол ёфта, мактаби миёнаро хатм намудаму ба мактаби олӣ дохил шудам. Рафтам ба пойтахти кишвар.

Таъми ангури возиҷи хоссаро эҳсос мекардам ҳанӯз дар коми худ, балки дар тамоми вуҷудам.

***

Пас аз гузашти солҳо дигар натавонистам ва дар ниҳоят сӯи ҳамон хавозаи ангур майл намудам. Майл намудам бо ҳароси ниҳон ва ҳаяҷони афзун.

Ҳарчанд соҳиби он возиҷ ва хӯшаангурро аз худ ранҷида медонистам, ҳарчанд меандешидам, ки барои вай аз ман чизе намонда, на дар дилаш, на дар хотираш… Охир, аз миён солҳо гузашта буд. Солҳое, ки басо чизҳоро дигар карда ва басо тағйирҳо оварда…

Зиндагӣ пур аз печутоб будааст.

Шавҳар карда будааст Истода.

Ҳоо, чунин шуда.

Яъне, модар духтарашро аз синфи ҳашт бароварда, ба шавҳар додан хостааст. Он солҳо чунин буд: чун духтарак синфи ҳаштумро хатм кард, аз мактаб мегирифтанд. Аз рӯи одати маҳал бошад, духтарро ҳамин, ки ба воя расид, ба шавҳар медоданд.

– Он духтарак шӯ накард, то замоне, ки падараш Бобоҷон дар қайди ҳаёт буд, – Истодаро дар назар дошта, гуфта буд нафаре. Оне ки ҳавлию дарашро замоне падарам сохта ва писараш ошноям буд.

Албатта, маро дар ин заминҳои кайҳо фатҳшудаи водии Вахш шинохта бу- данд, фарзанди кӣ буданамро дониста ва ҳатто рӯйдоди собиқро каму беш ба ёд оварда, акнун баъзе шиносҳо ба авзои ман нигариста, дилашон месӯхт ва ниҳонӣ оҳ мекашиданд.

– Дар ин мулк, ки ишқро ба забон намеоваранд, ҳама мефаҳмиданд, махсусан аз ангурпарварӣ ва ба онҳо нигоҳубини хоса зоҳир карданаш, ки Истода киро дар дилу хотир азиз медорад… Аммо ҳама медонистанд, ки аз ту нома ё пайк намерасад, балки дар ин мулк духтарон ба писарон нома наменависанд, то даме ки худи ҷавонмардон дар ин кор қадами нахуст нагузоранд. Онҳое, ки аз ишқи бачагии шумо огаҳӣ доштанд, наметавонистанд ба ту нависанд, зеро суроғаи шуморо намедонистанд. Ана, оқибаташ ин зайл анҷом гирифт…

Ва сукути гаронаш маънӣ дошт: «магар дер накардӣ ошно, ё дер наомадӣ?..» Пас аз чанде тааммул ба шарҳи рӯйдод даргузашт падари ошноям:

– Баъди марги падари Истода ниҳоят ба модар муяссар гардид, ки духтарашро ба як хешбачаи худ ба шавҳар бидиҳад, ҳатто бурда биспорад ба манзилу ҳавлии зисти вай.

Сукути гарон ба миён афтода буд, балки акнун гӯё охир надошт.

Балки боз як чизи муҳими дигарро илова кардан мехост падари ошноям.

– Вақте ки дар ниҳоят, ба шавҳар баромадани Истода ногузир шуд, пешакӣ ба шавҳаршавандааш шарт гузошт: хавозаи ангури ҳавлияшонро ҳамроҳ мебарад ба боғи ӯ… Шавҳаршавандааш низ аввал ҳайратзада монда, сипас розӣ гардид, ки «фарқаш чӣ, ихтиёр дорӣ…» Ҳамроҳи шавҳараш ва писаре, ки ба ҳаёт оварда, ангурпарварӣ мекунад ҳоло бону, – афзуд падари ошноям. – Томарқаашро бадал дода ба ангурзор. Аз қаламчаи возиҷи бурдааш токзор бунёд карда.

Донистам, ки ишқи бачагии маро афзун карда Истода дар токзорони замираш ва дар замини ҳастиаш.

Дилам ҷиғғӣ кард ва гӯё чок шуд, балки қатраҳои ашк шуда, рехт ба рухсорам…

Вале метавонистам магар сар халонам ба зиндагии вай ки аз возиҷи ангур ва шавҳар ва фарзанд пур шуда ва шаҳди хӯшаангурҳои варо, шаҳди хотираҳои гузаштаро, ки ба ин ҳама омехта шуда, дигар бисозам…

Беҳтар нест, бимонам ҳамон тарзе, ки шуда ва буда аз рӯи қисмату тақдир ва аз рӯи хости зиндагии пургардиш…

Охир, шавҳараш низ вайро зиёд дӯст медоштааст, пас чаро бишканам зиндагии варо, ки дар он ҳама шудаҳо он ҷавонмард заррае гунаҳкор нест.

Ин дафъа бештар дарк мекардам қатраҳои ашк чӣ қадар месӯзондаанд чашмро, рухсорро, балки вуҷудро… Қатраашке, ки ба хотири Истода ва ишқи ӯ, балки аз сӯзи ҷудоии ҳамешагӣ мерехт.

Тамоми шаб аз ахтарони осмон, ки ба тасаввурам аз аввалин бӯсаи моилон ва ошиқон бархеста, чашм намекандам… Шарораҳои аз бӯсаҳои нахуст рӯида ва ба дили осмон рафта ва дар саҳфаи хотироти фалак милт-милт дошта… Медурахшиданд ҳамчу умедҳои қувватгир… Вале баногаҳ… Баногаҳ… яке канда шуда, рахи зарандуд кашида, сипас нопайдо ва нест гардид. Баъд гӯё буд ва гӯё набуд…

Рухсори маро ҳам қатраашки фитода сӯзонида фаромад.

***

Ниҳоят, банди андешаҳои ҷонсӯз боз ба пойтахт, ба идомаи таҳсил баргаштам. Дигар чӣ ҳам монда буд барои ман?..

Баъд мактаби олиро ҳам хатм карда, ба кор шурӯъ намудам.

Вале натавонистам. Боз омадам ба зодгоҳ, ба ҷое, ки қиссаи возиҷи ангур дошт, ба дунёи наврасию бачагиям. Ба хотири ҳамон қисса ва ба хотири ҳамон бачагию наврасӣ ва ба хотири ҳамон Истода омадам.

Балки аз касе, ки падарам замоне ҳавливу дарашро сохта ва ҳамчунин аз писари ӯ, ки ҳамсину ошнои кӯдакиву бачагиам буд, илтимос кардам, ки агар имкон ёбад, ба токзори Истода рафта, аз ҳамон возиҷангури собиқ қаламча, яъне шохача бигирад, гӯё барои боғи худашон, аммо дар асл биоварад барои ман…

Бале, барои ман…

Ва онҳо чунин карданд.

Ман қаламчаи токро бо худ гирифта, баргаштам ба пойтахт, ки баъди

хатми донишгоҳ сокини ин ҷо гардида, дар идорае кор мекардам ва боғу ҳавличаеро соҳиб шуда будам.

Яъне, ман ин қаламчаангурро шинонда будам ба боғи ҳавличаи худам.

Ба хотири возиҷи бачагӣ шинонда будам.

Ва медонистам чун сабз бишавад ва хӯша биандозад, бо истеъмоли ҳар донаи он таъм ва лаззати хосса эҳсос бикунам. Балки таъми ишқи бачагию наврасӣ. Ишқи бачагӣ ва наврасие, ки дер, балки басо дер ба қадраш мерасидаем ҳар як, дери дер мефаҳидаем маънии асли онро, дери дер дарк мекардаем ҷавҳарашро.

Ишқи кӯдакию бачагие, ки гардиши ногаҳоне бармеканда риштаи нозуки онро… Бармеканда яку якбора.

Вале бе ин майлу ҳавасу ишқи кӯдакиву наврасӣ ҳам зиндагӣ таъм надошта, бе майли бачагӣ, бе ишқи наврасӣ, бе ишқи навҷавонӣ…

Ишқи мисли хӯшаи ангур хуштаъми бачагӣ ва наврасӣ.

Хӯшаҳое, ки дар возиҷи хотира ва хавозаи умр мемонда, балки зиндагии

бардавомро таъму маззаю маънии дигар мебахшида.

… Шабҳои пурроз дар сояи возиҷангури ҳавлиам нишаста, ба осмони болои сар назар медӯхтам. Ба ахтарони рӯида аз шарораҳои расиши аввалини лабҳои ошиқон…

Аммо, чаро…

Баногаҳ ахтаре аз осмон канда шуда, аз дунболаш рахи зарандуди тӯлонӣ гузошта, нест гардид, гӯё буд ва гӯё набуд.

Балки мисли ишқи бачагии ману Истода ғайб зад…

Аммо хати зарандудаш монда дар дили ман ва мағзи ман…

Ҳарчанд месӯзонад, вале зарандуд аст, рахи ин хотираҳо, на сиёҳу хиратоб…

Аз зери возиҷангури ҳавлича, аз миёни шохсорон ва навдаю баргу хӯшаҳош медидам ин ҳамаро…

Рахи зарандуди хотираҳо…

Дигар хабарҳо