ХОЛИҚ МУҲАММАД

 ХОЛИҚ МУҲАММАД

МУҲАММАД ХОЛИҚ 21 октябри соли 1947 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1971 шуъбаи шарқшиносии факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Соли 1971 китобдори Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, солҳои 1971-1972 ассистенти кафедаи фалсафаи институти номбурда, солҳои 1972-1973 лектори шуъбаи таблиғу ташвиқи КМ ИЛКҶ Тоҷикистон, солҳои 1973-1974 ходими илмии Институти тадқиқоти илмии улуми педагогии Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон, солҳои 1974-1976 инструктори Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи кишоварзӣ, солҳои 1976-1981 инспектори калони Намояндаи Шӯрои умури динияи Совети вазирони СССР дар РСС Тоҷикистон буда, солҳои 1981-1985 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Солҳои 1985-1988 муҳаррири гурӯҳи нашру таҳрири Мудирияти корҳои Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, соли 1988 референти калони Котиботи Мудирияти корҳои Кумитаи давлатии агросаноатии РСС Тоҷикистон, солҳои 1988-1989 ёвари муовини аввали Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, солҳои 1989-1990 ёвари раиси Кумитаи давлатии комплекси агросаноатии РСС Тоҷикистон, соли 1990 ёвари муовини аввали Раиси Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, солҳои 1990-1992 ёвари Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1992-1993 мудири канселярияи Раис ва муовинони Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1993-2000 муовини Директори генералии Биржаи агросаноатии «Шамъ», солҳои 2000-2001 сармутахассиси шуъбаи робита бо киш­варҳои Осиёи Марказии бахши Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақили Вазорати иқтисодиёт ва равобити иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001-2003 мутахассиси пешбари Идораи робита ба кишварҳои ИДМ оид ба равобити дутарафаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003-2004 референт-тарҷумони шуъбаи ташкилӣ ва равобити байналхалқии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, солҳои 2004-2009 ёвари раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, солҳои 2009-2010 мушовир оид ба лоиҳаҳои Иттиҳодияи ҷамъиятии «Рӯъё», аз июни 2010 то августи 2011 сармутахассиси шуъбаи экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.

Аз соли 2011 тарҷумони Барномаи хизмати машваратӣ барои хонаводаҳо ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Навқадам (1990), «Накҳати сипанд» (1998), «Таҳорати дарё» (2007), «Меҳвари имон» (2007), «Чашми садо» (2012) аст.

Аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо