Хатои даҳдақиқаина. Сумая Боева

 

Ба хонаашон меҳмонҳо омаданд, холаҳои Сурайё ва Анзурат. Басира мушоҳида кард, ки чеҳраи модар аз дидани дугонаҳои ҷониаш мисли гул шукуфт, ҳар лаҳза “хуш омадед” ва “хайрият, ки омадед” мегуфт, табассум аз лабонаш дур намешуд.

Баъди он ки ҳамроҳи модар назди меҳмонон дастархон густарданд, духтарак зуд ба ошхона гузашт. Лаҳзае пас модар дар даст чойник омаду дид, ки Басира аллакай сабзирезакуниро шуруъ намудааст.

– Басираҷон, чӣ кор мекунӣ?

– Очаҷон, шумо рафта, назди дугонаҳоятон шинед, ману Самира худамон ошро мепазем. Оши он дафъа пухтагиамро “нағз шудааст” гуфта будед-ку. Ба бобою бибию додом маъқул шуд. Имрӯз аз вай ҳам бомаззатар мепазам.

Модар “хайр, сар кардан гир” – гӯён чойро дам карда, назди меҳмонон баргашт. Басира хурсанд шуд, ки акнун модар назди дугонаҳояш нишаста, ғубори дил мебарораду ӯ мисли духтарҳои калон барои меҳмонон ош мепазад.

Вай дар синфи шашум мехонд. Чанд рӯз пеш ба хонаи онҳо бобову бибиаш меҳмонӣ омада буданд. Аз куҷое дар дили духтарак завқи хӯрокпазӣ пайдо шуду аз модар хост, ки барои бобову бибӣ худаш хӯрок пазад.

– Аввал ду-се бор барои худамон тайёр кун, ку бинем, чӣ хел мешавад. Дастатро рост накарда, якбора барои меҳмонон мепазӣ? – розӣ нашуд модар.

– Ош напухта бошам ҳам, ҳамеша хӯрокпазии шуморо нигоҳ карда меистам-ку! Ҳамаашро медонам. Ягон душворӣ надорад, – ҳозирҷавобӣ кард духтарак.

– Мабодо пеши бобову бибиат шарманда нашавем?

Ин лаҳза бибӣ ба ошхона гузашта, аз суҳбати онҳо бӯ бурд ва ба келин гуфт:

– Аз дасти ту бисёр ош хӯрдаем, духтарҷон. Мон, як бор Басира пазад. Набераам калонаку ошпазак шудааст. Кадбонуча! Худоро шукр! Як бор оши пухтаашро мехӯрдам, армонам мешикаст. Гули хандони бибӣ!

Ҳамин тавр, он рӯз Басира бори аввал ош пухт, палави дона-дона. Аз модар пурсида-пурсида пухт, аммо ба ҳар ҳол кафгир дар дасти худаш. Ошро хӯрда, бибӣ таърифаш кард, “ба даҳони мор меравад” гуфт. Бобо ҳам хурсанд шуд: – Чунон бомазза, ки ба хӯрдан сер намешавӣ.

Басира Самираро ҷеғ зад. Вай аз апааш ду сол хурд буд. Ба пухтупаз шавқ надошт, лекин барои ёрӣ додан ҳамеша тайёр буд, ба шарте, ки забонашро ёбӣ.

– Хоҳарҷон, биё, як очема хурсанд кунем. Гӯянд, ки дар ҳақиқат духтарони ман калонаку ёрирасон шудаанд. Як оше пазем, ки дугонаҳои очем ҳайрон шаванд.

– Майлаш, апаҷон, чӣ кор кунам? – пурсид Самира.

Басира, ки аз феълу рафтори хоҳар бохабар буд, медонист бо ӯ чӣ тавр гап занад:

– Ту ҳам биё, аввал дунафара сабзиҳоро реза кунем, баъд аз паси дигар корҳо шавем.

Модар ҳар дам ба ошхона меомад. Чанд бор “исто, ман пазам” ҳам гуфт, аммо духтар исрор кард, ки худаш метавонад.

– Ба ман ҳамаашро худатон гуфта истодаед-ку. Нағз мешавад, ҳоло мебинед. Шумо назди меҳмонон шинед, илтимос, очаҷон!

Басира кӯшиш мекард, ки ошпазиҳои модар ва оши аввалини пухтаи худро ба хотир биёрад. “Очем ин хел карда буданд ё ин хел?”– гӯён аз Самира мепурсиду вай чизе нагуфта, боз худаш ҷавоб медод: “Ҳа… ин хел”. Ҳамин тавр, ҳини дам андохтани ош модар бори дигар ба наздаш омад. Ҳама чиз дуруст буд.

– Очаҷон, намеомадед. Шумо ду моҳ боз дугонаҳотона надидагӣ, рафта наздашон шинед. Ана, ошро дам андохтам.

Модар аз як тараф хурсанд буд, ки духтараконаш дастёр шудаанд, лекин аз тарафи дигар хавотир буд, ки мабодо ош хуб наояд. Лекин дилаш ба суҳбати дугонаҳо ҳам кашол буд.

Вай назди меҳмонон рафту Басира аз хонаи дигар соати рӯимизиашонро овард.

 – Апа, соат барои чӣ? – ҳайрон шуд Самира.

– Дафъаи гузашта очем гуфта буданд, ки ош дар дам бояд понздаҳ дақиқа истад, барои ҳамин соатро овардам, ки аз рӯи ҳамон кор кунем.

Ҳамин ки понздаҳ дақиқа шуд, Басира дамро кушод. Бӯи зира баромад, ранги ош ҳам хуб буд, мисли пухтаҳои модараш, биринҷ дона-дона.  Хӯрокро ба ду табақи гулдори зебо кашиду оро дод. Акнун зери лаб сурудеро замзама мекард. Модар хост, ки бори охир ба назди Басира равад. Дарро кушод, ки духтараш ду табақ дар даст омада истодааст.

– Чаро ин қадар зуд овардӣ? – гӯён модар табақҳоро гирифта, ба ошхона бурд.

Басира ҳайрон аз паси модар омад.

– Ту бо ин маро дар пеши дугонаҳо шарманда мекардӣ, – гуфт модар бо оҳанги ғазабноктар, луқмаи ош дар даҳонаш.

– Чӣ шуд оча, ош безеб?

– Биринҷаш сахт. Пеш аз кашидан як надидӣ?

Басира ба хотир овард, ки модараш танҳо намаки зирбакро мечашиду халос, Басира ҳам зирбакро чашиду оши ба табақ кашидаашро не. Басира каме биринҷи ошро гирифта, ба даҳонаш андохт ва баъд аз ҳис кардани сахтӣ оҳиста ба рӯйи модар нигарист.

– Ин чӣ кори кардаат буд? Хайрият, ки ҳанӯз хӯрокро назди меҳмонон надароварда, худам баромадам.

Басира сар хам карду берун баромад ва дар поймонакҳои назди ошхона нишаст. Агар дар хона  меҳмонҳо намебуданд, шояд боовоз мегирист. Модар як ба ҳолати духтар ва як ба намуди дилкаши ош нигариста, аз сарзаниш кардани духтар пушаймон шуд. Бечора Басира табақҳои ошро бо гӯшти гов, лимӯ, қазӣ ва тухми обпазшуда чунон зебо оро дода буд, ки ҳаваси кас меомад. Назди духтараш омад.

– Оча, охир, дафъаи пеш ош дар дам понздаҳ дақиқа истода буд-ку, ман хато накардам.

Модар хандид ва аз рухсораи ӯ бӯсида гуфт:

– Не, ҷони оча, ман хато кардам, ки ба ту нагуфтам. Ин биринҷ дигар, ин “девзира”, биринҷи оши пешина “кенҷа” буд. “Девзира” дар дам бисёртар меистад. Лекин зиқ нашав, роҳи ҳал дорад. Ин ҷо биё, – гӯён вай баргашта ба ошхона даромад.

 – Ҳозир ин оши табақҳоро ба дег меандозему дубора дар дам мемонем.

Пас аз даҳ дақиқа ош хуб дам гирифту модару духтар дунафара ошро боз ба табақҳо кашиданду болояшро орову торо доданд. Модар ҳангоми табақҳоро ба хона бурдан ба Басира гуфт:

– Ана, дидӣ, дар даҳ дақиқа ҳамаро ислоҳ кардем. Ин хатои ту даҳдақиқаина буд.

Дигар хабарҳо