Фурқати Низом. Боми бегона (ҳикоя)

Борон башиддат меборид. Инак панҷ мавсими боронист, се баҳору ду поиз, ки мо зери боми бегона аз он панаҳ мебарем. Дар хона танҳо садои бархӯрди қатраҳои борон ба варақаҳои оҳанин, ки ба як навозиши му­наззаму мубҳаме табдил меёфт, ба гӯш мерасид. Барқ набуд. Ин чордевори сангӣ нимторик шуда буд. Дар тақ-тақ садо дод. Хо­нуми хона гуфт:
– Шояд бенавое дар кӯча мондааст.
Рафту бо чеҳраи гирифта баргашт. Чизе напурсидам. Худ рафтам ба сӯи дар. Чашми ро­стамро пӯшидаму бо чашми чап аз чашмак ба берун нигаристам. Пушти дар соҳибхона чатри бу­зурге болои сар бесаброна пой мекӯбид. Бо дили нохоҳам дарро ба рӯяш боз кардам. Ворид на­шуд ва аз остонаи дар бо нигоҳи нафратомезу чин ба ҷабин гуфт:
– Барои пул омадам!
Гуфтам:
– Ҳоло надорам, ду моҳ меша­вад маош нагирифтаам.
Гуфт:
– Ба ман фарқе надорад, пу­ламро мехоҳам!
Гуфтам:
– Як ду рӯзи дигар фурсат бидеҳ, шояд аз ҷое пайдо кунам.
Гуфт:
– На, намешавад, се моҳ баро­ят фурсат додам. Дигар бас, то надиҳӣ, ба ҳеҷ куҷо намеравам! Садояш таҳдидомезу қатъӣ буд. Ҳанӯз ҳам чатри сиёҳро аз болои сараш намегирифт. Қатраҳои борон аз давродаври он чак-чак ба замин мерехт. Пойафзол, шим ва болопӯши сиёҳ дошт.
Гуфтам:
– Ҳоло дар ҷайбам маблағи кофӣ надорам. Шояд фардо ва ё пас фардо аз касе қарз бигирам!
Боз ҳам бо садои қатъиву инодкоронаи худ гуфт:
– Ё пуламро медиҳӣ ё худи ҳозир хонаро холӣ мекунӣ!!
Гуфтам:
– Охир, дар ин ҳавои боронӣ куҷо биравам? Аз барои Худо як ду рӯзи дигар сабр кун!
Гуфт:
– На, ба хубӣ ҳамин ҳоло хонаро холӣ кун! Ҷойи ту каси дигар меояд. Агар не, ба полис занг мезанам!
Сахт асабӣ шудам. Соҳибхо­на бо ҳамон қиёфаи ҷиддии худ ба ман нигоҳ мекард. Дилам ме­хост аз гулӯяш дораму хафааш кунам. Вале зуд фикрамро иваз кардам. Охир, гунаҳкор ин ҷо манам. Се моҳ аст маблағи иҷо­раро надодаам. Кори аблаҳонае мешавад, агар бо ӯ даст­багиребон шавам. Каме ором шудаму гуфтам:
– Пушти дар истодаӣ, биё дохил, то ба як фикр оем.
Ӯ бо пӯзханд гуфт:
– Хонаи худам аст. До­хил шудан ё нашудан ихтиёри ман аст. Ин туӣ, ки бояд иҷоза пурсӣ!
Мисле, ки санги бу­зурге ба сарам зада, чун шиша пораам кард. Як бор тасаввур кардам, ки ҷисми ман реза-реза шудаву зери пои соҳибхона афтодааст. Ва ӯ бо ҳамон пой­афзолҳои сиёҳу пошнабаланди худ зарраҳои ҷисми маро боз ҳам резатар мекунад. Дигар маҷоли ҳарф задан надоштам. Ҳамин вақт садои хонуми хона маро ба худ овард. Ӯ барои рафтан аз ин хона омода мешуд. Соҳибхонаро пушти дар гузоштаму рафтам барои ҷамъугири бору буна мададаш кардам. Танҳо бори гарони мо китобҳои ман буд, ки дар ҷевони қадима қатор истода буданд. Хостам китобҳоро дар қуттиҳо ҷо ба ҷо кунам. Хонум чун раъду барқ ба шӯр омаду хитоб зад:
– Ё маро аз ин ҷо бибар ё ки­тобҳоятро!
Аз оташи чашмонаш ҳис кар­дам, қаҳру ғазаби дар синааш ҷамъшуда метавонад мунфаҷир шавад. Нигоҳаш бо тамасхур мегуфт, чунонки қаблан худаш гуфта буд: «Аз ин китобҳои ғаф­су бемаънии ту ҳеҷ суде нест. Ҳамеша ба ҷои бори рӯзгор бо худ китоб мегардонӣ. Беҳтараш аз баҳри онҳо гузар, агар китобҳоро бибарем, борҳои асосии рӯзгор – рахти хоб, дегу коса ин ҷо мемонанд».
Афзун бар ин, пули кофӣ барои киро кардани моши­ни боркаш надоштем, то ҳамаро бубарем. Аммо дар ин ҷо гузоштани китобҳо низ хатар дошт. Соҳибхона метавонист амдан барои қасос гирифтан онҳоро нобуд кунад. Чашмам ба духта­раки шӯху ширину ноздонаамон афтод, ки бепарво болои кӯрпача ба хоби ноз рафта буд. Ӯ ҳанӯз ин ҳама оворагиву гирифтории моро дарк намекард. Хонаи ӯ оғӯши гарми ману модараш буд. Ногузир китобҳои гирифтаамро дубора ба рафҳо гузоштам. Рафтаму ӯро ба қадди худ бар­доштам. Бо дастакони нозукаш сахт гарданамро дошта, сара­шро ба китфам гузошт. Дар ин ҳама гирудор ҳастии ӯ оромиши аҷибе бароям бахшид. Аз ӯ бӯйи китобҳои ман меомад. Шояд ин субҳ онҳоро варақ зада буд. Но­гоҳ ба ёдам холаи Розия расид, ҳамсояи хубамон, ки гоҳе агар бо хонуми хона ҳамроҳ ба бозор мерафтем ва ё ба меҳмонӣ даъ­ват мешудем, духтарамонро ба парастории ӯ мегузоштем ва бо хотири осуда мерафтем.
Вақте аз хона берун омадем, борони сим-сим меборид. Шом оҳиста-оҳиста фаро мерасиду ҳаво торик мешуд, вале чароғҳои шаҳр ҷодаҳоро рӯшан мекарданд.

Дигар хабарҳо