ФРАНК ЛИЯ
ЛИЯ ФРАНК 18 ноябри соли 1921 дар шаҳри Каунаси Ҷумҳурии Латвия ба ҷаҳон омадааст. Соли 1940 Гимназияи шаҳри Рига ва соли 1944 Институти ҳуқуқшиносии Свердловск (ҳозира Екатиренбург)-ро хатм кардааст. Аз соли 1960 муаллимаи забонҳои лотинӣ ва олмонии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) будааст. Ҳамзамон, машғули таълифи дастурҳои таълимии забони олмонӣ ва фаъолиятии эҷодӣ гардидааст.
Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Афсунҳо» (1976), «Бадеҳаҳо» (1983), «Ҳавои хуб» (1985) – ба забони олмонӣ ва «Акнун ман огоҳам» (1986) – ба забони русӣ буда, силсилаи шеърҳояш дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.
Ашъори шоирони литвонӣ Зиёдонис ва Ватметис, адиби японӣ Исикава Токубоку ва чанд рубоии Умари Хайёму шеъри Мӯъмин Қаноатро ба олмонӣ гардондааст.
Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.