ФОРУМИ АЙТМАТОВ

 ФОРУМИ АЙТМАТОВ

Аз 17 то 22 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон – шаҳри бишкек ва соҳили зебоманзари Иссиқкӯл чилсолагии баргузории нахустин ҷаласаи Форуми байналмилалии Иссиқкӯл, ки бо ташаббуси Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов бо мақсади тарғибу ташвиқи сулҳу салоҳ ва ҳамзистию таҳаммулпазирӣ таъсис ёфта буд, таҷлил гардид. Дар он намояндагони бисёр кишварҳо иштирок ва дар бораи масъалаҳои мубрами сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ суҳбатҳои ҷолиб карданд.

Дар зер суханронии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар Форуми Айтматов манзури хонанда мешавад.

Кишварҳои кӯчакро фарзандони бузургашон шуҳратманд мекунанд.

Дар ин маврид имрӯз нигоҳу андешаи кишварҳои бузургтарин ҳам ба Қирғизистони кӯчак мутаваҷҷеҳ аст, чунки фарзанди бузурги бунёдкоре дорад бо номи Айтматов.

Чингиз Тӯрақулович натанҳо носири забардаст, муаллифи шоҳасарҳои театру кино, публитсистикаи амиқи заминӣ, балки ходими намоёни ҷамъиятии замон буд, ки бисёр ташаббусҳои ҷаҳониро пешниҳоду амалӣ кард ва Форуми чилсолаи Иссиқкӯл яке аз онҳост.

Форуми Айтматов дар оғози анҷоми «ҷанги сард» анҷумани бисёр муҳим буд. Изтироби ботинӣ адиби оламшумулро беқарор медошт, ӯ яқинан воқеаҳои фоҷиавии зиндагии ояндаи халқҳоро эҳсос менамуд ва ба ҷои арзишҳои бебақои синфӣ, миллӣ ва динӣ, ки ҷомеаро фаро гирифта буданд, арзишҳои ҷовидонаи умумибашариро пешниҳод мекард.

Нависандаи мутафаккир ҳама зиддияту муқобилатро хатарбор медонист, лекин хавфи мухолифатҳои дар заминаи миллатгароӣ ва таассуби динӣ сарзадаро бештару ҳалокатбортар мешумурд. Мо худ инро дар таҷрибаи талхамон эҳсос намудем ва бо ҳодисаҳое дар ёд дорем, ки насламон шоҳидашон гардид. Буҳрони амиқтарини сиёсиву иҷтимоӣ, ки воқеан ба фанои истиқлолияти мо таҳдид мекард, аз шарофати хислатҳои волои инсонӣ ва иродаи шикастнопазири сиёсии роҳбари нави давлатамон Эмомалӣ Раҳмон тавассути муколама бо неруҳои мухталифи сиёсӣ бартараф шуд.

Форуми Айтматов ҳам ба чунин муколамаҳои ҳалкунандаи мухолифатҳо даъват менамуд. Ва имрӯз, ки услуби зӯроварӣ ва таҳдидҳои рӯирост натанҳо ба кишварҳои алоҳида, балки ба тамаддунҳои комил ва фишору ҷангҳо боз дар сиёсат афзалият пайдо кардааст, ҳифзу рушд ва истифодаи идеяҳои Айтматов чун зарурати ногузире ба назар мерасад. Ба фикри мо, адиби бузурги башардӯст ин форумро барои он таъсис дода буд, ки натанҳо байни намояндагони кишварҳои гуногун, балки миёни тафаккурҳову тамаддунҳо низ гуфтугӯҳои созанда ба вуҷуд биёяд ва онҳоро ба ҳам наздик бисозад.

Имрӯз, аз шарофати Форуми Айтматов, Ҷумҳурии Қирғизистон боз маркази муносибати интеллектуалӣ ба мушкилаҳои ҷаҳонист. Ва, табиист, ки ин муносибат аз муносибатҳои қаблӣ хеле фарқ дорад: агар қаблан силоҳ рӯи Заминро пур карда бошад, имрӯз осмонро ҳам фаро гирифтааст. Хатарҳои аёне – аз хатарҳои мушаххас ба ҳаёти одамони мушаххасе, ки тавассути ҳавопаймоҳо сафар мекунанд ё дар зери хати парвози онҳо умр ба сар мебаранд, то хавфи бевоситаи ҳалокатбор ба башарият ва тамаддуни он –  эҳсос мешаванд. Имрӯз воситаю имкониятҳои алоқа беҳад зиёд шудаанд, лекин ҳамзамон оё нақши муоширату қаробати халқҳову кишварҳо ҳам афзудаанд? Форуми Иссиқкӯл минбари баланди муҳокимаи ин ва ба ин монанд масъалаҳои мубрами ҳаёти инсоният ва ҳастии сайёра низ буда метавонад.

Муқобилатҳо эҷод кардан осон, лекин гуфтушуниде, ки онҳоро ҳаллу бартараф бисозад, раванди тулониву мушкилест. Боз ҳам руҷуъ ба таҷрибаи мо, тоҷикон, лозим мешавад, ки қариб се соли заҳмати ҷонкоҳ ва беш аз чил даври гуфтушунидҳо  ба имзои созишномаи сулҳ овард.

Дигар халқҳои Осиёи Марказӣ ҳам инро дар хуну пӯсти худ эҳсос кардаанд. Ҳамагӣ чанд сол пеш дар ин минтақа деги баҳсу даъвоҳо дар ҷӯш буд ва, чунин менамуд, ки ин вазъ охир надорад. Лекин дар натиҷаи гуфтушунидҳои душвору бардавом, заҳмати ҷонкоҳи халқҳоямон ва иродаи бузурги сиёсии роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон масъалаҳои марз ҳал шуданд ва сулҳу ҳамдигарфаҳмие ба миён омаданд, ки дар Эъломияи хуҷандии дӯстии абадӣ ва Созишномаи нуқтаи пайванди марзҳои давлатии се кишвари ҳамҷавор ифода ёфтанд. Сатрҳои гарму зиндаи ин санадҳои тақдирсозро хонда, ҷаҳду талоши беназири сиёсатмадорон, дипломатҳо, ҳарбиён, пирони кори ду ҷониб ва иродаи бузурги роҳбарони давлатҳоро равшан тасаввур кардан мумкин аст, ки тавассути муколамаҳои ҳавасмандона ва маслиҳатҳои созанда боиси ҳалли барои ҳамаи ҷонибҳо қобили қабули масъалаҳо гардид.

Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардиданд. Лекин дастоварди бузургтарин шояд ҳамин сулҳу ҳамин ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақа бошад, озодона ба мамлакатҳои якдигар равуо кардани мо бошад, аз ҳамдигар омӯхтани мо бошад, аз ҳусни ҳамҷаворӣ ва комёбиҳои якдигар мамнун гаштани мо бошад.

Мо ҳама Наврӯзи соли 2018, рӯзҳоеро, ки баъди даҳсолаҳо марзи Тоҷикистону Узбекистон боз шуд, ёд дорем. Инсонҳои зиёд, хешу таборҳое, ки маҷбур буданд солҳо заҳри ҷудоӣ ба ком бошанд, сарҳадро убур карда, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд, аз алами замони ҳиҷрони иҷборӣ ва шодии дидори талху ширин ашк рехтанд.

Моҳи марти соли гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ ҳамин ҳолат рӯй дод. Ба шуниди банда, танҳо дар рӯзи аввал аз ду тараф беш аз 5000 нафар хати сарҳадро гузаштанд. 5000 оғӯши меҳр, 5000 хандаи сафобор, 5000 чеҳраи гулгун, 5000 зуҳуроти гарми қаробату дӯстӣ.

Танҳо ду мисоли тазоҳури ин эҳсоси волоро меорам. Аввалӣ дар мактаб-интернати ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба вуқуъ пайваст. Вақте ки нооромиҳои навбатии марзӣ оғоз ёфтанд, масъулон маҷбур шуданд, ки 308 нафар хонандаро ба хешу таборонашон бидиҳанд. Дар байни тарбиятгирандагони мактаб-интернат ду қирғизбача – Озодбек Назарматови исфанагӣ ва Беҳзод Қобилови лайлакӣ низ буданд, ки бинобар баста шудани сарҳад ба назди ақрабояшон рафта натавонистанд. Дар ҳамин вазъият ду тоҷикбача – Адҳам ва Чеҳронбек ба роҳбарияти муассисаи таълимӣ иброз доштанд, ки Озодбеку Беҳзодро ҳамроҳ ба хонаи хешу табори худ, ба ноҳияҳои Зафаробод ва Деваштич мебаранд. Оё дӯстии бузург аз ҳамин рафторҳои кӯчаки олиҳимматона тавлид намешавад?!

Рухдоди дигар, ки низ аз пайванди ногусастании қисмати халқҳоямон далолат мекунад: падари Шаҳзода узбек, модараш қирғиз аст, дар Қирғизистон камол ёфта, барои таҳсил ба Хуҷанд омадааст ва бо тоҷикписар хона бунёд карда, соҳиби ду фарзанд шудааст; меболад, ки се халқро ба ҳам пайвастааст ва, сароянда, ки ҳаст, сурудҳояшро бо се забон манзури шунавандагон месозад.

Магар ҳаминро орзу намекард Айтматови бузург? Оё Форуми худро ба хотири чунин музокираву суҳбатҳои мушаххас, созанда ва самарабахш таъсис надода буд? Магар маҳз ҳамин гуна фарҳанги ҳамсоягӣ набуд ормонаш тамоми умр? Магар тавассути асарҳои абадзиндаю фаъолияти пурсамари ҷамъиятиаш ҳамеша чунин таҳаммулпазирӣ, маърифати якдигар ва ҳамдигарфаҳмиро тарғибу ташвиқ наменамуд?

Яке аз мулоқотҳои адиб бо хонандагонаш ба ёд меояд. Пурсидандаш, ки чаро аксаран ба русӣ эҷод мекунад? Посух муъҷазу қаноатбахш буд: «Барои он ки ба англисӣ навишта наметавонам!» Дар ҳақиқат, агар ба англисӣ менавишт, бамаротиб хонандаҳои бештар медошт. Дар ин маврид Чингиз Тӯрақулович комилан бо шоиру орифи бузурги тоҷики қарни 12 Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки аксари умрашро дар Рум ба сар бурдаву аз ин рӯ бештар чун Румӣ машҳур буд, мувофиқ аст: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст!» Ва бо ин суханаш низ, ки «Мо барои васл кардан омадем, на барои фасл кардан омадем!» Инсону адиби созандае буд Чингиз Айтматов, ки халқҳову кишварҳоро ба ҳам мепайваст ва бо Тоҷикистон ҳам тавассути ҳалқаҳои заррине пайвандҳо дошт.

Нахустнуқтаи пайвандаш, албатта, китобҳояш буданд, ки ҳамоно баъди нашрашон ба забонҳои қирғизиву русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мешуданд.

Нуқтаи дуюм он буд, ки Чингиз Айтматов ба сифати мухбири рӯзномаи «Правда» дар Осиёи Марказӣ дар бораи Тоҷикистон, пойтахти он – шаҳри Душанбе, классикҳои адабиёти муосири мо – Айнӣ ва Турсунзода низ мақолаҳои ҷолиби зиёд чоп кард.

Нуқтаи сеюм: адиби бузург муовини раиси Кумитаи шуравии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо буд ва раиси он – Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода. Дар Шурои Олии СССР ва Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ низ ҳамроҳ кор мекарданд онҳо ва ба дохилу хориҷи мамлакат сафарҳои зиёди якҷоя доштанд.

Чунин нуқтаҳои пайванд зиёданд, лекин зикри танҳо яки дигарашро зарур медонам. Панҷоҳ сол қабл Рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор шуданд ва чунон ки Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев дар очерки машҳураш «Нориниёнем мо» овардааст, тамоми муддати сафари ҳайати эҷодӣ Чингиз Айтматов, ҳарчанд ки раиси синамогарони қирғиз буд, ба хотири адабиёти тоҷик ва дӯсти бузургаш Турсунзода соате ҳам аз ҳамқаламони тоҷикаш ҷудо нашуд.

Баъдан адибону санъаткорони Қирғизистон ба Тоҷикистон омаданд. Аз ҷумла, Чингиз Айтматов. Ва мулоқоташ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон баргузор гардид. Он вақт ҳанӯз романҳои «Рӯзе дарозтар аз қарн» ва «Қиёмат» таълиф нашуда буданд, лекин адиби забардаст бисёр фикрҳои изтироболудашро, ки баъдан дар асарҳои мазкур баён ёфтанд, дар он вохӯрӣ иброз дошт.

Шоири оламшумули мо устод Мирзо Турсунзода дар ҳамон суҳбат гуфт: «Таърих ду Чингизро медонад: яке бо шамшер ними дунёро гирифту хароб кард, дигаре тамоми оламро гирифту бо дурри ноби сухан орост!» Оре, чунин буд. Ва чунин хоҳад монд.

Вале замонаҳо дигар мешаванд ва наслҳои нав ба навро бо шавқу завқу ахлоқу одоби хосашон ба саҳнаи ҳаёт меоранд. Барои рабту ошноии онҳо бо эҷодиёти адиб пешниҳод мешавад, ки аз китобҳои бешумори дар борааш таълифшуда беҳтаринаш интихоб, дар кишварҳои гуногун нашр ва барои ҷавонон ба таври густурда муаррифӣ бишавад, пайваста «хонишҳои айтматовӣ», ҷашнвораҳои кинову театр аз рӯи осораш баргузор бигарданд.

…Ба он гуфтаи муъҷаз, шоирона ва хирадмандонаи Мирзо Турсунзодаи бузург фақат як чиз илова кардан мумкин: зинда аст Айтматови беназир, ки суханро ба амал табдил дод, зиндаанд асарҳои ҷолибу ҷозиби ӯ, зиндаанд ташаббусҳои амалан муҳиммаш, аз ҷумла Форуми Иссиқкӯл ва боз солҳои зиёд дар хидмати идеяҳои волою нуронию абадиаш хоҳанд буд.

Низом ҚОСИМ

Дигар хабарҳо