Фелетоннависи ғаюр

Ба муносибати 90-солагии Ибод Файзулло
…Охирҳои солҳои панҷоҳум ва авоили солҳои шастум мо, донишҷӯёни донишгоҳ, нашри ҳар як шумораи рӯзи якшанбеи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»)-ро бесаброна интизорӣ мекашидем. Саҳифаи рӯзи истироҳати ин нашрия басо шавқовару рангин чоп мегардид. Хусусан, фелетонҳои дастпарвари факултаи филологияи донишгоҳамон Ибод Файзулло, ки хеле нишонрас, тезутунд ва бо забони салису рангин эҷод мешуданд, басо завқбахш буданд, моро як ҷаҳон маърифати қаламкашӣ меомӯхтанд. Мо, толибилмон, ин фелетонҳоро бо шавқу шӯр мутолиа мекардем, рӯзнома аз даст ба даст мегузашт ва судаю фарсуда мешуд. Ибод Файзулло ҳақиқатан ҳам бо навиштаҳои пурмуҳтавою таъсирбахши худ дар байни хонандагон ғулғула меафканд, бо қалами ҳақиқатнигор парда аз рӯи ашхоси бадаъмол, каҷрафтор, ғоратгар, қаллоб, ҳарису мардумфиреб бармеканд. Он солҳо Ибод Файзулло ба ҳамин васила дар байни хонандагон маҳбубияти зиёд пайдо карда буд, мо орзу менамудем, ки мисли ӯ фелетоннависи нотарсу ғаюр бошем.
Агар дар ягон шумораи рӯзи истироҳат фелетони Ибод Файзулло дарҷ нагардад, дар байни хонандагони ҷарида ҳар гуна овозаҳо пайдо мешуд, ки гӯё қаҳрамонони фелетонҳо ба ғирев омада, рӯзноманигорро зада абгор кардаанд ва акнун вай чунин асарҳои танқидӣ наменависад ва ғайра ва ҳоказо. Вале ҳафтае сипарӣ мегашту хушбахтона, боз фелетонро бо имзои Ибод Файзуллоев медидем ва мамнун мегардидем: хайрият, ки он овозаҳо дурӯғ будаанд.
Бале, аз овони ҷавонӣ Ибод Файзулло дар ҷодаи қаламкашӣ чунин машҳур гардида, номи ӯ ба ривоятҳо ва қиссаҳо печида буд.
Лекин боре ин тавр ҳам шудааст, ки шикояти беасосу бебунёди қаҳрамони як фелетони Ибод Файзуллоев ба вай сарсонию саргардониҳо оварда, ҳатто ӯро ба даргоҳи маҳкама кашидааст. Гап дар сари он, ки фелетони «Кӣ гунаҳгор?»-и Ибод Файзулло 5 январи соли 1959 дар рӯзномаи сертеъдоди донишгоҳ «Ба қуллаҳои дониш» дарҷ гардид, ки дар он муаллиф симои ҷавони авбош, бадахлоқ, пулмастеро бо номи «Саид Қосимов» ба риштаи тасвир кашида буд. Ин ҷавон бо пули бедардимиён ҳар сол ба як мактаби олӣ дохил мегардид, аммо таҳсил карда наметавонист, сари чандин духтаронро гаранг намуда буд. Ҷавони беному насаби дигаре ин фелетонро хонда, дар башараи қаҳрамони манфии фелетон кирдору аъмоли худро мешиносаду «Файзуллоев ба ман туҳмат кардааст» гӯён ба суд ариза менависад. Иттифоқан ин ариза ба дасти судяе меафтад, ки ӯ аз рӯзноманигорон озурдадилӣ доштааст (чанде пеш як журналист дар саҳифаи рӯзномае ӯро танқид карда будааст).
Ин судя алами Исоро аз Мӯсо гирифтанӣ шуда, ба Файзуллоев сахт ҳамлавар мегардад ва ӯро гунаҳгор меҳисобаду ба пули ҳамонвақта ба маблағи сесад сӯм супоридани ҷаримаро ҳукм менамояд. Пас аз ин воқеа Файзуллоев бо мақсади гузаронидани тӯйи арӯсии худ ба рухсатӣ меравад. Дар ин вақт он ҷавони аз болои фелетоннавис ба суд аризанавишта аз барор ёфтани кӯшиши интиқомситонӣ бол гирифта, ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» низ бо шикоят меояд ва ба сармуҳаррир Аминҷон Шукӯҳӣ изҳор мекунад:
– Файзуллоев барои туҳматаш ба ман аз тарафи суд ҷазо дид, яъне вай суд шудааст ва бо ин сабаб ӯро аз чунин даргоҳи олӣ бояд пеш кунед!
Устоди донишманд Аминҷон Шукӯҳӣ асли воқеаро дарҳол мадрак намуда, аз аризанавис мепурсад:
– Дар фелетон Саид Қосимов ном шахс танқид шудааст, ному насаби шумо бошад, дар аризаатон дигар аст, пас ин ба шумо чӣ дахл дорад?
– Ном дигар бошад ҳам, Файзуллоев дар фелетон маро танқид кардааст, – ҷавоб медиҳад аризанавис.
– Пас ҳамин ҷавони пулмаст, шӯрапушт, фиребгар, ки ҳамкори мо Файзуллоев бо номи дигар танқид кардааст, шумо ҳастед?
Аризанавис ҳаргиз интизор набуд, ки гуфтугӯ бо сармуҳаррир чунин тарз мешавад ва бо ранги рӯи парида, бо ҳоли чу муши ба об афтода аз қабулгоҳи сармуҳаррир бадар мешавад.
Дар фарҷоми ин воқеа фелетони дигареро ба миён меоварад, ки онро сармуҳаррир менависад. Ва унвони ин фелетон «Ҳукм» ном дошта, 7 майи соли 1959 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» дарҷ гардидаст, ки қисмати хотимавии он чунин аст: «Ин ҷумларо навишта истода, диламро гургон тала карданд: метарсам, ки рафиқ Яъқубов (судя) маро ҳам 300 сӯм ҷарима накунад. Хайр, майлаш, ҳар чӣ бодо бод! Роҳи фелетоннавис ҳама вақт пур аз пастию баландист. Як пешпо хӯрдем, хӯрдем-дия, чӣ гуфтед, рафиқ Яъқубов? А. Шукӯҳӣ»
Пас аз чоп шудани фелетони «Ҳукм» ҷанҷоли калоне бармехезад, зеро он солҳо танқид намудани кормандони дастгоҳи маъмурӣ хеле душвор ва ҳатто хатарнок буд. Бо ин масъала Кумитаи марказии ҳизб машғул мешавад ва бо санҷидани далелҳои қотеъ ва муҳокима дар остони баланд об ба лаби ҷӯй баробар мегардад. Бо қарори Суди олии Тоҷикистон ҳукми суди ноҳиявӣ ботил карда мешавад.
Ба ҳамин минвол устод Ибод Файзулло дар оғози фаъолияти худ дар матбуоти тоҷик ҳамчун фелетоннависи хеле бомаҳорат машҳур гардида буд. Фелетонҳои чопшудаи устод беш аз 100 адад буда, иддае аз онҳо чунин унвонҳои хуб ва марғуб доранд: «Қиссаи Алексей- эшон», «Мараз», «Соқӣ-соқиҷон», «Кочубейи ворухӣ», «Заҳҳоки морон». «Шайтони ҳисобу китоб», «Равғанҳои саргардон», «Хӯрдагиашон аз биниашон баромад», «Феодал аз Смешторг», «Пистаи бемағз», «Пухтем, сӯхтем», «Об аз таги ях меравад», «Ҷиғилдонҳои бетаг» ва ғайра.
Аксари ин фелетонҳо ҳоло ҳам қимати бадеию маънавӣ ва тарбиявии худро гум накардаанд, бинобар ин, дар шакли як маҷмуа ҷамъ оварда, чоп намудани онҳо кори хайре мебуд.
Бахтиёр МУРТАЗО,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
* * *
…Байни ангуштони аз дуд зардтобаш сигарет ё дар кунҷи лаб сигарету дар як даст хома, ангуштони дасти дигар байни мӯйҳои ғӯливу мошубиринҷ, дар ҳуҷраи пурдуд саргарми эҷод. Ҳангоми дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») ва Иттифоқи нависандагон кор карданамон ман ӯро ҳамеша дар ҳамин ҳолу аҳвол меёфтам. Мақола менавишту қисса, ҳикоя менавишту лавҳа, сафарномаву очерк ва тарҷума мекард. Дар ҳама ҳолат самимияту гармии сухан нишонаи дили пурҳарораташ буд. Ба ҳамқаламон меҳр меварзид ва беғараз дасти мадад дароз мекард. Бо ифтихор аз анъана ва расму таомули халқамон менавишт, аз ҳар як гӯшаи Тоҷикистон чун поси нону намак ва арзи эҳтиром раҳоварде хонданӣ ва хотироте аҷибу монданӣ меовард. Симои устодон, хидматҳои арзандаи инсонҳоро дар нигориши Ибодулло Файзулло равшану хотирмон меёбем, бо назокатҳо ва ахлоқу одоби воло.
Ман дар ҷашни 60-солагии эшон дар диёри овозадори Исфара ва Чоркӯҳи хушманзара ширкат доштам. Ва ба муҳити зист ва одобу суннати мардуми ин қаламрав як андоза ошноӣ пайдо кардам. Табиати рангин, мардуми ҳунарманду зебопараст. Ибодулло Файзулло чун фарзанди ин гӯшаи биҳиштосо тавонист сазовори халқу диёр кору эҷод бикунад ва аз худ номи нек ба ёдгор бигузорад. Қаҳрамонҳои бешумор ва номгӯи асарҳои зиёди нависанда, аз қабили «Рӯ ба офтоб», «Садоқат», «Роҳи зиндагӣ», «Дур аз фронт», «Қиссаи бешаи сабз», «Савганд», «Лаҳзаи дидор», «Қарзи фарзандӣ», «Падарон ва фарзандон», «Кӯҳи панҷум» ва ғайра аз ин шаҳодат медиҳанд.
Чанд сол пеш, зимни сафари хидматӣ ба Исфара, ба зиёрати қиблагоҳи Ибодулло-муаллим рафтам. Чун ба ҳавлӣ ворид шудем, манзараи аҷибе пеш омад. Пирамарде нуронӣ ва резаустухон болои кат чорзону нишаста, бе айнак аз сатрҳои Қуръони Маҷид чашм намеканд. Он вақт синни ҳоҷӣ Мирфайзулло аз навад гузашта буд ва бо пурсупос ва суҳбати хеле гарму пурмағз ба мо фотиҳа дод. Албатта, нури чашму ақлу заковати ҳоҷӣ ба ҳайси як пирамарди тоҷик маро хеле шод гардонд. Пас аз бозгашт, вақте дуруди падарро ба писар расондаму он манзараро ёд овардам, чеҳраи Ибодулло аз ифтихор шукуфт. Месазад аз падару модари бохирад болид… Ва имрӯз чун ба номаи Ибодулло Файзулло ба қиблагоҳаш чашм медавонаму овозаш ба гӯш меояд: «Бале, бале, бо дуои Шумо, бо хости Аллоҳ қаламкаш, ки шуда будам…», он ифтихорашро бештар эҳсос мекунам.
Ибодулло Файзулло – рӯзноманигори машҳур ба мансабу вазифаҳои баланд аз роҳи суханварӣ расид, сармуҳаррир, муншии Кумитаи Марказии комсомол, мудири шуъбаи Кумитаи Марказии ҳизб, котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, намояндаи чоркаратаи мардумӣ дар парлумон буд. Вале ӯ эълом медорад: «Касби нависандагиро аз ҳама вазифаҳо мансаби олии худ меҳисобидам»… Ёдаш ба хайр!
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
* * *
Кӯҳи панҷум
(Эҳдо ба Ибод Файзулло)
Исфара гар бо фари худ
Файзу ҳусни тоза дорад,
Дар ҷаҳон бо Чоркӯҳаш
Шуҳрату овоза дорад.
Зодааш шуд кӯҳи панҷум
Дар шумори чор кӯҳаш,
Исфара бо кӯҳи панҷум
Мекунад афзун шукӯҳаш.
Чоркӯҳо, бар канорат
Омадам баҳри зиёрат,
Баъд аз ин бар кӯҳи панҷум
Меравам баҳри ибодат.
Сайидалӣ МАЪМУР,
Шоири халқии Тоҷикистон
* * *
Чашмаи Чоркӯҳ
(барои Ибод Файзулло)
Он ки умре ба хотирам пайдост,
Дар дилам рӯи гарми ӯ барҷост,
Чоркӯҳаш агар деҳи танг аст,
Марзи андешаҳои ӯ паҳност.
Ҳаст сангин агарчи кори қалам,
Ӯ ба тамкин кашид бори қалам.
Ҳамчу кашшоф кони маънӣ ҷуст,
Оқибат ёфт ганҷвори қалам.
Дошт ишқ ӯ ба чашмасору даман,
Чун ба файзу атои боғу чаман.
Ман аминам, ки чашмаи қаламаш
Чашмае буд дар диёри сухан.
Алӣ БОБОҶОН
* * *
Фелетон, очерку мақола ва сафарномаҳои Ибод Файзулло, ки бо забони рангину самимияти ба ӯ хос иншо шудаанд, барои рӯзноманигорони ҷавон мактаби бузурги эҷодианд.
Мансур СУРУШ
* * *
Роҳи ба адабиёт омадани нависанда Ибод Файзулло ва як зумра ҳамзамонони ӯ аз тариқи рӯзнома аст. Аслан ҳамаи он шоиру нависандагоне, ки бо ин ё он тарзу тариқ дар адабиёт роҳ ёфтаанд, бо ифодаи Фазлиддин Муҳаммадиев «писари газета» ҳастанд. Маҳз роҳу пайраҳаҳои тангу тор ва долони дуру дарози Хонаи машҳури матбуот, садои бархӯрди оҳанҳои гарму сард ва ҳарфҳои чаппаву роста ва асрори пуршигифти дастгоҳҳои бузурги чопӣ дили он «фарзандони газета»-ро ба чунин олами руъё ва умедҳо, ки номаш адабиёт аст, гарм карда ва ба онҳо хатти балоғат додааст.
Нахустин саҳнаи адабиёт барои онҳо саҳифаҳои адабии рӯзномаҳо буданд. Онҳоро – Ибод Файзулло ва ҳамзамонони ӯро устодон кофтаву ёфта, ба кори рӯзномаву асрори таълифу кашфи олами адабиёт ва шинохти неку бади зиндагӣ ҳидоят намудаанд. Роҳи бебозгашти Ибод Файзулло ба адабиёт ана ҳамин тавр, бо ҳидоят ва дастгирии Аминҷон Шукуҳӣ сар шудааст…
Ибод Файзулло ба чунин роҳи пешгирифтаи эҷодиаш то охир содиқ монд ва сарфи назар аз он ки қариб тамоми умр дар вазифаҳои масъул буду ба кори таълифу эҷод кам вақт меёфт, қисса ва ҳикояҳои бисёре навиштааст. Ҳар яки онҳо саршори фикр ва ормонҳои ватандӯстӣ, меҳр ба зиндагӣ ва инсон, эҳтиром ва поси сидқ, бузургдошти арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти олии инсонӣ мебошанд.
Абдувалӣ ДАВРОНОВ,
номзади илми филология
* * *
…Дар қиссаи «Оиди ҳайкалу мақбараҳо» низ Ибод Файзулло аз маданият, санъат ва қадршиносии адибону адабиёт сухан ба миён меорад. Ӯ дар бораи шаҳри азизаш «Душанбеи нозанини ман» гӯён бо меҳр сухан мекунад, аз ҳайкалу муҷассамаҳои он ёдовар мешавад ва тадриҷан ба мақсади асосӣ – бозгӯи таърихи бунёди ҳайкал ва маҷмааи устод Садриддин Айнӣ ва мақбараи Мирзо Турсунзода мегузарад. Аз ин қисса нависанда, ки бо услуби сода ва истифодаи бамавқеи лаҳзаҳои таърихӣ навишта шудааст, маълум мегардад, ки дар бунёди ин маҷмааҳо алорағми халалгорон Ҷаббор Расулов саҳми арзанда гузоштааст.
Нависанда лаҳзаи бо амри Ҷаббор Расулов дар назди мақбараи Мирзо Турсунзода ҳозир шудани аъзои Бюро, мутасаддиёни кор ва ходимони фарҳангу адабиётро тасвир намуда, қиссаро бо овардани суханони пурҳаяҷони Расул Ғамзатов ҳангоми зиёрати мақбараи Мирзо Турсунзода ҳусни хотима мебахшад. Расул Ғамзатов мақбараро зиёрат карда, ба ваҷд омада, ашк аз дидагон рехта гуфт: «Нигде я ещё не видел подобного мемориала поэту, спасибо таджикскому народу за память моего друга, за уважение и любовь к поэту. Спи, мой Мирзо, спокойно. Ты своим талантом, творчеством, личностью заслужил эту прекрасную Высоту!»
Офарандаи чунин хотираҳои офтобӣ, адиби заҳматкаш ва ходими ҷамъиятӣ Ибод Файзулло дар Чоркӯҳи нозанину пурасрор ба дунё омада, чун шохобаки кӯҳӣ ба дарёҳо пайваст, омезиш ёфт ва бо шӯриши дарёҳои пурмавҷу пуртуғён унс гирифт. Ба нияти қаламкашӣ аз Чоркӯҳ берун баромад, асарҳо таълиф кард, «Кӯҳи панҷум»-ро бунёд гузошт, забон омӯхт, тарҷума кард. Чеҳраи устодону дӯстонашро ҷовидонӣ сохт, худ кӯҳи панҷум шуд ва миёни чор кӯҳ маскани абадӣ ёфт.
Муртазо ЗАЙНИДДИНЗОДА,
номзади илми филология