Сӯгворӣ. Фархунда
Шоираи соҳибсухан, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Фархунда дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт.
Навиштаҳои шодравон аз солҳои 70-уми асри гузашта дар нашрияҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Машъал» ва ғайра чоп шудаанд ва баъдан тавассути маҷмуаҳои «Пероя», «Оинаи ҳамроз», «Ашки моҳ», «Ду хоҳарак», «Марҷона», «Ману абр», «Садафпора», «Гулғунча», «Гаҳворабандон», «Гулбонги розҳо» ва ғайра пешкаши хонандагон гардидаанд. Намунаҳои ашъораш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Чанде аз шеърҳояшро овозхонон ба оҳанг дароварда сурудаанд.
Фаъолияташро дар шуъбаи фарҳанги зодгоҳаш ноҳияи Ашт оғоз намуда, сипас ҳамчун муҳаррири нашрияи «Китоб ва омма», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила», хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва корманди нашриёти «Истеъдод» адои хидмат намудааст.
Равоншод номи неку осори хуб ба ёдгор гузошт, ки шамъи хотираашро ҳамеша фурӯзон нигоҳ медоранд.
Ёду номаш гиромӣ бод!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон