ФАЙЗАЛӢ МИРЗО
МИРЗО ФАЙЗАЛӢ 9 майи соли 1942 дар деҳаи Чиртаки ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) таваллуд ёфтааст. Соли 1959 мактаби миёнаи ба номи М. Горкийро хатм кардааст. Соли 1966, баъди адои хизмати ҳарбӣ, дар рӯзномаи «Коммуна» (ҳозира «Шаҳриёр») ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохта, солҳои дароз дар вазифаҳои мухталиф адои вазифа намудааст. Соли 1973 шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Чанд муддат котиби масъули рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ» (ҳозира «Набзи Файзобод») ва беш аз даҳ сол мудири шуъбаи маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст. Солҳои 1993-2010 сармуҳаррири рӯзномаи «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат буд. Алҳол раиси бахши Ваҳдатии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст
Беш аз 40 сол аст, ки ба кори эҷодӣ машғул буда, дар ин давра маҷмӯаҳои назмию насрияш «Шери тағош» (1984), «Кӯршапарак» (1989), «Бозёфти ҳайратовари доктор Сомонӣ» (1991), «Кайф аз Самак то бар Само» (1996), «Қотили қотилон» (1998), «Сангари номус» (2001), «Бо додҳо, фарёдҳо» (2002), «Чамани ёдҳо» (2004), «Ману Ватан» (2006), «Ба шумо дурӯғу ба Худо рост» (2005), «Шов-шови мардум» (2007), «Гӯри гумшуда» (2008), «Гулхори чида-чида» (2011), «Адлу дод асли ҷавонмардии ӯст (2014) аз чоп баромадаанд.
Иддае аз шеърҳояш дар зиёда аз 20 маҷмӯаи дастҷамъӣ ва матбуоти даврии Эрону Афғонистон, Ӯзбекистону Туркманистон, Озарбойҷону ғайри он интишор ёфтаанд.
Дар байни ҳаводорони каломи бадеъ ҳамчун шоири ҳаҷвнигор шуҳрат дошта, ба шеърҳои зиёда аз 100 шоири замон нақиза навиштааст, ки дар адабиёти муосири тоҷик рухдоде нодир аст.
Чанде аз шеърҳояшро сарояндагон ба оҳанг дароварда, ба воситаи радиову телевизион ва дар базму маъракаҳо тараннум мекунанд.
Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.
Бо медалҳои «100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Хизмати шоиста», нишони фахрии Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Аз соли 1970 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Мирзо Файзалӣ 6 декабри соли 2016 аз олам даргузашт.