“Устодони маънавӣ”-и Айниву Улуғзода

Дар ин мақола кӯшиши ошкор намудани сарчашмаҳои ташаккули Садриддин Айнӣ ва Сотим Улуғзода – ду падидаи бузурги фарҳанги моро на аз нигоҳи муаллифони ҷилдҳои ғафси илмӣ дар бораи адабиёт, фалсафа, равоншиносӣ ё зебоишиносӣ, балки дар асоси як ҳикояи ба назар сода, вале пур аз ҳикмати “Падар” карданиям. Ин ҳикоя бо ҳамин ном ҳам дар “Ёддоштҳо”-и Айнӣ ва ҳам дар повести Сотим Улуғзода “Субҳи ҷавонии мо” ба мисли кундаи сокит, аммо қавӣ оварда шудааст, ки аз он нубуғи онҳо манбаъ гирифтааст. Маҳз дар ҳамин ҳикояи сода калиди дарки бузургӣ, чӣ тавр обутоб ёфтани рӯҳ, ташаккули шахсият ва хирадмандии асл мавҷуд аст. Дар асарҳои Айнӣ ва Улуғзода хотираҳо дар бораи падар ҷойгоҳи хоса доранд. Тавассути симои падар онҳо натанҳо таассуроти шахсии худро баён мекунанд, балки муҳити замони худро низ барқарор месозанд. Чеҳраи падар дар насри шарҳиҳолии Айнӣ ва Улуғзода танҳо симои фардӣ нест, балки рамзи бадеист, ки дар он хотира, таърих ва маънавият бо ҳам мепайванданд. Ҳар яки онҳо шахсияти падарро ба таври худ маънидод мекунанд, лекин дар ҳарду маврид ин далели робитаи амиқи наслҳо, ирсияти маънавӣ ва майли нигоҳ доштани чизҳои асосӣ – покии ботин, такягоҳи фарҳангӣ, эҳтиром нисбат ба инсон мебошад. Нависандагон ба воситаи симои падаронашон гӯё натанҳо бо гузашта, балки бо оянда низ бо хонанда суҳбат мекунанд, ки ба ӯ тариқи инсони комил буданро меомӯзонанд.
Дар “Ёддоштҳо” падари нависанда чеҳраи нотакрор ва бартаридошта боқӣ мемонад, як марди сахтгир, хирадманд ва содиқ аст. Ӯ барои қаҳрамон натанҳо намунаи ахлоқӣ, балки як навъ нумоди виҷдони даврони хеш гаштааст. Худи Садриддин Айнӣ маънои онро ба таври зайл ифода намудааст:
“Ман дар бораи аҳвол ва характери падарам, ки бо вуҷуди дар хурдсолӣ аз ӯ ҷудо шуданам, дар ҳаёти ман таъсири бузург гузоштааст, боз қадре истодан мехоҳам…”.
Ин ибора калиди дарки тамоми китоб аст: хотираҳо танҳо дар бораи овони кӯдакӣ нестанд, балки дар бораи онанд, ки чӣ тавр шахсият дар бархӯрд бо воқеият ташаккул меёбад, чӣ гуна дар паси гуфтор ва кирдори одии падар як ҷаҳони комили маънавӣ ба вуҷуд меояд.
Рӯзе падараш Айнии ҷавонро барои намак ба бозор фиристодаст. Дар роҳи бозгашт ӯ бо шиноси падараш вохӯрд, ки барои ӯ пайғоме додааст. Аммо дар роҳ Айнӣ натанҳо суханҳояш, балки худи он шахсро низ аз хотир баровардаааст. Вақте падараш аз ӯ пурсон мешавад, ки бо кӣ вохӯрдааст ва чӣ пайғоме барояш дорад, Айнӣ ба фаромӯшхотирии худ қоил нашуда, дар ҷавоб чанд даҳан гапи аз худ сохтаву бофтаро гуфтааст. Пас аз чанд рӯз ҳамон мард ба хона меояду дурӯғаш фош мегардад. Вокуниши падар қатъӣ, аммо бераҳмона набуд: ӯ писарашро ҷазо ва танбеҳ дода, шарманда сохт ва ба ӯ дарси равшани ахлоқӣ дод:
“Баъд аз ин ҳар чизеро, ки бинӣ, бо диққат зеҳн монда нигоҳ кун, ҳар гапро, ки шунавӣ, бо диққат гӯш андоз ва агар касе ба ту чизе гӯяд, ё коре фармояд, фаҳмида бошӣ ҳам, дубора пурсида ба ёд гир. Ва эҳтиёт кун, ки гап аз ёдат набарояд. Аммо ҳеч гоҳ дурӯғ нагӯй, ки ҳам шарманда мешавӣ, ҳам бадном. Ҳоло ту ду гуноҳ дорӣ – якум он, ки ба ҷои он гапҳо аз худ дурӯғ бофта гуфтӣ. Агар ҳамон вақт ту “гапҳои таъинкардаашонро фаромӯш кардаам” мегуфтӣ, ман туро дар пеши ин кас шарманда намекардам.”
Ҳолати мазкур дар зиндагии Айнии ҷавон таъсири бузурге гузошт. Ӯ дарк кард, ки бепарвоӣ нисбат ба сухан ва фаромӯшхотирӣ ба пастӣ ва беэҳтиромӣ меоварад. Ин буд, ки ӯ ба машқи диққат ва хотира пардохт:
“Ман шеърҳоро ҳарчанд махсусан ёд кунам ҳам, зуд аз ёд мебарорам, ҳатто шеърҳои худамро ҳам дар рӯзи дуюми гуфта шудани онҳо фаромӯш мекунам. Аммо гапҳо, ҳодисаҳо ва хотираҳое, ки ба ман каму беш таъсир карда бошанд, аз ёд набаровардаам… Ин натиҷаи ҳамон танбеҳи падар аст, ки ман дар паси вай ба идмони хотира ва ҳофиза машғулӣ намудам.”
Ҳамин тавр, дастури падар барои ташаккули хотираи фавқулодаи Айнӣ асос гузошт. Ӯ ба писараш мушоҳидакорӣ, дақиқкор ва поквиҷдон буданро омӯзонд, ки ин ҳама барои пешаи дар оянда интихобкардааш таҳкурсӣ шуд. Айнӣ ба шарофати ин гуна сабақҳои дар айёми хурдсолӣ гирифтааш натанҳо воқеаҳоро дар ёд мегирифт, балки барои нигоҳ доштани маънӣ, умқ ва мазмуни он низ қудрат дошт. Пас аз сипарӣ шудани солҳои зиёд, дар як номаи худ ба яке аз адибони тоҷик навиштааст: “Ҳар як нависанда бештар аз ҳама ниёз ба хотираи қавӣ дорад. Агар хотира заиф бошад, онро бояд бо машқ ва машғулиятҳо мустаҳкам намуд, то даме хотира қавӣ гардад; ҳамаро бояд танҳо дар асоси қайдҳои дақиқ ва мушаххас (на тахминӣ) навишт. Агар нависанда фаромӯшхотир бошаду илова бар ин такя ба хотираи хеш кунад, он гаҳ ӯ ба хатоҳои калон роҳ медиҳад, ки якеаш зиддият дар навиштаҷоташ мебошад… Нависанда бояд дар навишти асараш чунон бодиққат бошад, ки дар хотир (албатта айнан не, балки мазмунан), дошта бошад, ки дар кадом саҳифа чӣ навиштааст… Сарчашмаи хатоҳои зиёди адибони ҷавон дар шитобкорӣ, фаромӯшхотирӣ, бедиққатӣ аст”.
Падар ба Айнии ҷавон қобилияти фарқ кардани дурӯғро аз ҳақиқат ва дарки масъулият барои гуфтаи хешро, ки ҷузъи фарҳанги ботинии инсон мебошад, омӯзонидааст. Ин маҳорат, алалхусус дар заминаи фаъолияти адабӣ ва иҷтимоии Айнӣ тақвият ёфт ақли қобили таҳлил ва мушоҳида, хотираи қавӣ ба ӯ имкон дод, ки муҳимтарин ҳодисаҳои фарҳангӣ ва таърихии ҳаёти тоҷиконро ҷамъоварӣ, ҳифз ва нашр намояд. Ҳамин тариқ, тарбияи падар натанҳо барои ташаккули шахсият, балки барои равиши эҷодии нависанда заминаи мустаҳкам гаштааст. Ба шарофати таъсири падар Садриддин Айнӣ натанҳо нависандаи барҷаста, балки дар самти эҳёи фарҳанги халқи тоҷик иштироккунандаи фаъол гардид. Ҳар як ҳикояи Садриддин Айнӣ танҳо ёддошт нест, балки ривояти серҷабҳаест, ки дар он ҳақиқати таърихӣ зинда мегардад, масъалаҳои маънавӣ ва мубориза барои ҳувияти фардӣ ва миллӣ баррасӣ мешавад. Тавассути тасвирҳои одии рӯзмарра нависанда мавзуъҳои ҷиддии фалсафӣ ва иҷтимоиро ба миён гузошта, дар ҷустуҷӯҳои маънавӣ хонандаро шарики худ мегардонад. Дар Бухоро одате будааст: толибони камбизоати мадрасаҳо дар моҳи Рамазон метавонистанд ба қозиҳо муроҷиат кунанд, то онҳоро ба деҳот ба ҳайси муаллим фиристанд. Бародари калонии С. Айниро, ки бо писари қозӣ шарикдарс буд, ба деҳае таъйин намуданд. Аммо падар ин хабарро шунида ба хашм омад. Ӯ талаб кард, ки писараш фавран ба хона баргардад. Ин аксуламали ӯ натанҳо сабаби оилавӣ, балки заминаи амиқи идеологӣ низ дошт.
“– Қозиҳо хук мебошанд, – гуфт ӯ, – онҳо аз ҳар куҷо мурдориҳо ёфта мехӯранд ва мехӯронанд ва ҳар муллобачае, ки ба хонаи онҳо равад, хукбача мешавад. Агар одам шудан хоҳӣ, ба як порча нони қоқе, ки ман ёфта мефиристонам ва ба як коса об, ки аз ҳар ҷо ёфтани вай мумкин аст, қаноат кун, агар хук шудан хоҳӣ, дар миёнаи ману ту алоқаи падариву фарзандӣ намемонад.”
Шояд ин истиора дағал намояд, аммо дар он мавқеи равшан ифода ёфтааст. Барои падар аз ҳама муҳим покии маънавӣ, соҳибихтиёрӣ ва поквиҷдонӣ аст. Таълими падар ин аст, ки агар барои манфиатҳои шахсӣ мебоист виҷдонро фурӯхт, инсон аз ин амал бояд даст кашад. Инсон дар фақирӣ низ метавонад шаъну шарафашро аз даст надиҳад, аммо дар муносибат бо ҳокимони мунофиқ, шаъну шарафро нигоҳ доштан амри муҳол аст.
Ба гуфтаи Айнӣ, падараш дониши комил ва маҳорати истифодаи онро дар баҳсҳои шифоҳӣ ва дар таълиму тарбия дошт. Ӯ чистонҳо, муаммоҳо, ва ҳисоби абҷадро медонист ва маънии таърихии шеърро дарк мекард, яъне бартарии зеҳнӣ дошт, ки вайро аз бисёр муллоҳои деҳот, ки аксаран бесавод ва бидуни тафаккури танқидӣ буданд, боло мегузошт. Падар дониши худро нафақат барои баҳсу мунозираҳои лафзӣ истифода мекард, балки мардумро аз зулми маънавӣ эмин медошт, нодонону мунофиқонро моҳирона фош менамуд. Ин бартарии ақлонӣ низ асоси равиши таълиму тарбияи ӯ гардид. Ӯ ба писараш, бо такя ба мисолҳои муайяни зиндагӣ, бодиққат будан, хотираи қавӣ доштан ва поквиҷдониро меомӯхт. Яке аз ин лавҳаҳои ҷолиб қисса дар бораи харест, ки ҷойи исташро дар ёд дошт:
“Падарам як сол пеш аз вафоташ хост, ки маро Бухоро бурда шаҳрро тамошо диҳад ва ман чанд рӯз дар пеши акаам монда ба истиқомати мадраса омӯхта шавам, то ки соли оянда барои хондан аз аввали таҳсил ба шаҳр равам. Бо ин ният ӯ дар яке аз рӯзҳои зимистон ба хар савор шуда, маро ба қафои худ савор карда ба роҳ даромад. Чун мо аз Ялангӣ ном манзил, ки дар байни Вобканд ва шаҳри Бухорост, гузаштем, хар ба канори роҳ баромада, дар зери як дарахти бед истод. Падар харро бо чӯбзании бисёр аз он ҷо ҳаракат дода ба роҳ даровард ва ба ман гуфт:
– Соли гузашта баҳораш вақте ки ба шаҳр мерафтам, ба сари бозори Ялангӣ нафуромада, ба зери ҳамин дарахти бед фуромада, худ нон хӯрда ва харро ҳам дам дода будам. Аз миёна қариб як сол гузашта бошад ҳам, хар ҳанӯз он воқеаро аз ёд набаровардааст ва мехоҳад, ки боз дар ҳамон ҷо вайро дам диҳам. Бинобар ин аз он ҷо гузаштан нахост.
Падар баъд аз дақиқае хомӯш мондан боз ба гап даромад:
– Хар аз одаме, ки чизҳои дида ва шунидаашро аз ёд мебарорад, беҳтар аст. Диққат кун, ки ҳеч чизро аз ёд фаромӯш накунӣ!”
Айнӣ тавассути як саҳнаи одии сафари харакӣ ва дар зери дарахт истодан як паёми муҳимро баён мекунад: аҳаммияти хотира, мушоҳидакорӣ ва қобилияти омӯхтан аз зиндагӣ.
Симои падари ба ҳамин монанд ва аз ҷиҳати рӯҳия наздикро дар повести Сотим Улуғзода “Субҳи ҷавонии мо” мушоҳида мекунем. Дар ин ҷо низ падар натанҳо ҳамчун сарвари хонавода, балки ҳамчун рамзи мардонагӣ, неруи ботинӣ ва манзалати боифтихор, ки аз анъанаҳои мардумӣ сарчашма гирифтааст, зоҳир мегардад. Нақли ӯ дар бораи гӯштингирӣ бо паҳлавони машҳур Амон натанҳо қиссаи муҳорибаи ҷисмонӣ, балки достони матонати рӯҳ ва бартарии ахлоқӣ мебошад. Вақте ки қаҳрамон худро дар майдон танҳову бе пуштибон ҳис мекунад, маҳз садои падараш, яъне падарбузурги ровӣ, ба ӯ қувват мебахшад:
“Писарам, ман дар ҳамин ҷо! Натарс, ту аз Амон зӯртарӣ. “Ё пирам!” гуфта, бардошта зан!”…
Ҳам дар “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ ва ҳам дар “Субҳи ҷавонии мо”-и Сотим Улуғзода падар намоди шуҷоат, шаъну шараф ва истодагарии маънавист. Дар ҳарду асар симои падар аз сарнавишти халқ ҷудонашаванда аст. Ин падарон аз халқ баромадаанд, бо халқ ҳастанд ва барои халқ хидмат мекунанд. Соҳибмансаб нестанд, аз минбарҳо суханронӣ намекунанд, вале саргузаштҳои фардиашон ба як ҷузъи хотираи омма табдил меёбанд.
Маҳз дар зери тарбияи чунин падарон адибони ояндае ташаккул ёфтанд, ки баъдтар каломашон садои халқ гардид.
Ҷамила МУРУВВАТИЁН