Устоди хоксору ҳалим

 Устоди хоксору ҳалим

Адабиётшиноси шинохта Аламхон Кӯчарзода 80-сола шуд

Ман бо осори илмии устод Аламхон Кӯчарзода беш аз 40 сол, шинос ҳастам, вале аз соли 1997, хушбахтона, дар як кафедра кор мекунем. Аз ҳама муҳим  он аст, ки аз соли 2010 то имрӯз мизҳои мо дар канори ҳам буда, гоҳе аз хусуси миллат, забон, адабиёт, таърих, дар маҷмуъ фарҳанги тоҷикон суҳбат мекунем.

Ба наздикӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, тасодуфан вохӯрдем. Гӯё солҳо якдигарро надида бошем, ҳамдигарр ба оғӯш кашидем.  Ӯ ҳамеша ба ман «бародарҷон» гӯён муроҷиат мекунанд. Ман ҳам ба таъбири эшон гуфтам:

– Бародарҷон, ин шаҳри гулзорро бинед, атрофи биноҳоро бинед, рангорангии заминро бинед. Одами оқил аз дидани ин гулҳо лаззат мебарад.

Устод Кӯчарзода мисли гул шукуфту бо як фазилати хоси худаш:

– Гӯш кунед, бародарҷон, – гӯён замзама кард:

Эй шаҳри азиз, гул ба домони ту бод,
Ҳам шарбату шаҳди ноб дар хони ту бод.
Сарриштаи зиндагии гулкори диёр,
Пайванди вафо ба риштаи ҷони ту бод.

– Э офарин, сад офарин. Кош ҳар сокини Душанбе дар кору вазифаи худ мисли гулкор бошад.

Баъд ҳардуямон дар сари як пиёла чой суҳбати ширин доштем.

Устод Кӯчарзода гуфтанд:

– Агар дар ёдатон бошад, моҳияти адабиётро профессор Худоӣ Шарифов дар мақолаи худ бо номи «Адабиёт» дар «Энсиклопедияи миллии тоҷик» хеле муҷаз ва хуб шарҳ додааст.

Ҷавоб додам:

– Бале. Ҳатто ман гуфтаи эшонро дар китоби дарсӣ иқтибос оварда будам.

– Дар он ҷо хуб шарҳ додед…

– Мана китоб. Гӯш кунед. Мухтасар мехонам, дар ҳамаи фарҳангҳо омадааст, ки вожаи «адаб» арабӣ буда, зери ин мафҳум пажуҳиши илмҳои филологӣ дониста шудааст. Пажуҳандагон истилоҳи «улуми адабӣ», «улуми адабия», «улуми инсонӣ»-ро низ ба кор бурдаанд. «Адабиёт» шакли ҷамъи арабии «адаб» мебошад, ки Худоӣ Шарифов ба таври муфассал дар бораи масъалаҳои омӯзиши «адабиёт» гуфтааст… Ба гуфти эшон адабиёт: «маҷмуи донишҳост, ки инсониятро ҳангоми таълифи назму

наср аз гумроҳӣ ва ғалату хатоҳо нигоҳ медоранд».

– Бародар, вазифаи мо ба шогирдон фаҳмондани ҳамин нуктаҳои муҳимми адабиёт аст.

– Устод, боз вобаста ба ин суханони Худоӣ Шарифов метавон ёдовар шуд, ки тамоми «маҷмуи донишҳо», ки ба таври даҳонӣ ё шифоҳӣ мардумро «аз гумроҳӣ ва ғалату хатоҳо нигоҳ медоранд», марбути адабиёти гуфторӣ низ ҳаст.

Ҳамеша суҳбатҳои мо бо Кӯчарзода сари ин гуна баҳсҳои гуворои фарҳангӣ аст. Ман кӯшиш мекунам, ки ба хислатҳои ҳамидаи ӯ, ки саросар одамдӯстӣ ва меҳрпарварист, пайравӣ кунам. Одами оқил, ҳар касе дар ҳар вазифае бошад, бояд пайваста то охири умр пайрави дониш, хирад ва накукорӣ бошад, то инсоният аз балоҳои ногаҳонӣ бештар раҳо ёбад.

Соли 2021 устод Кӯчарзода 75-сола шуд. Дӯстону наздикон ба ӯ таманно карданд, ки то 80-солагӣ бо корҳои шоиста, бо парвариши шогирдон ва ба вижа таълифи асарҳои нав ба равнақи бештари фарҳанги миллии кишвар ҳисса гузорад. Ҳамин хел шуд. Дар ин муддат устоди азиз дар канори таълим, тарбия ва меҳри самимӣ ба наздикону дӯстон асарҳои шоиста эҷод кард. Ман чун намуна ба чанде аз онҳо ишорат мекунам, ки дар панҷ соли охир таълиф шудаанд.

Маҷмуаи мақолаҳои «Тирози адаб» (2021), ки дар он устод Кӯчарзода бо нигоҳи илмӣ ҳам ба адабиёти классикӣ, ҳам ба адабиёти муосир, ҳам ба шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва ҳам ба сулҳу ваҳдат бо муҳаббат ба миллат ва кишвар нигаристааст.

Китоби «Мирзо Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2021) аз ду боб иборат аст. Муаллиф дар боби аввал оид ба «маҳорат ва заҳмати суханвар» сухан гуфта, ашъори ба халқу ватан бахшидаи шоир, вижагиҳои миллӣ ва байналмилалии назми Турсунзода, пайвастагии модарномаҳои Турсунзода ва Лоиқро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҳамчунин, роҷеъ ба достонҳои «Ҷони ширин», «Ҳасани арбокаш», оид ба нашри куллиёти шоир, бархе нуктаҳои бадеии ашъори шоир сухан гуфтааст. Боби дуюми китоб «Аз садоқат комҳо ширин шавад» ном дошта, Кӯчарзода дар он муҳаббат ва нигоҳи устод Турсунзодаро ба шинохти Рӯдакӣ, воқеаҳои Ҳиндустон, суханварони шерозӣ таҳқиқ намудааст. Зимнан  ба масъалаҳои дигар ба мисли нигоҳи Носирҷон Маъсумӣ ба осори Турсунзода, самимияти адибони ҳавзаи Кӯлоб ба мероси ин Қаҳрамони Тоҷикистон ва баъзе мушоҳидаҳои дигари эшон ба мероси бозмондаи Турсунзода изҳори назар шудааст.

Соли 2024 китоби дигари устод Кӯчарзода зери унвони «Абармарди омӯзишу пажуҳиш» чоп шуд, ки дар он рӯзгор ва осори профессор Соҳиб Табаров аз ҷониби шогирди вафодор баррасӣ гардидааст. Дар охири китоб намунаҳое аз рӯзномаи устод Табаров оварда шуда, ки барои хонанда ҷолиб ва ибратомӯз мебошанд. Хуб аст, ки дар китоб «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» низ муаррифӣ шудааст.

Ҳар қадар дақиқтар ба мероси бозмондаи устод Айнии нобиға рӯ оварем, ҳамон андоза дарк мекунем, ки омӯзиш ва пажуҳиши рӯзгор ва осори эшон барои худшиносии фарҳанги миллии мо арзиши баланд дорад. Соли 2024 рисолаи дигари устод Кӯчарзода «Андешаҳои дунявӣ дар осори Садриддин Айнӣ» ҳамчун воситаи таълимӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ пешкаши аҳли маориф гардид. Кӯчарзода дар ин китоб ба таври муъҷаз нуктаҳои мубрами андешаҳои дунявии устод Айниро дар «Ёддоштҳо», «Мактаби куҳна», «Аҳмади девбанд», «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр», осори манзум ва навиштаҳои публитсистӣ ва илмии ӯ аз назари пажуҳиш гузаронидааст.

Устод Кӯчарзода на танҳо олими пуркору хоксор аст, балки дидаҳо, мушоҳидаҳо ва шунидаҳои худро оид ба фарҳанги миллӣ дар қолаби назм низ баён менамояд. Нашри силсилаи рубоиёти «Аз дастҳои наҷобати гулрез» килки зарифу латифи эшон аст.

Вақте ки ман дар кӯчаҳои Душанбе бо Кӯчарзода қадам мезанам, ӯ бо диққат ба гулу гиёҳҳо, ниҳолу дарахтҳо таваҷҷуҳ намуда, гоҳе дар роҳ меистад ва мегӯяд:

– Бародар, ба ин мӯрчаи заҳматкаш бингаред, рафтори ин гунҷишку мусичаро бин, ҳо ана, вай гурбаву сагро дидед, мана аз ҳама зеботар ба гулкорию ҳусни кӯчаву боғҳои шаҳр бингаред.

Ба ин гулкорҳо на фақат Кӯчарзода, балки одамони дигар ҳам нигоҳ мекунанду ташаккур мегӯянду мераванд, вале фақат ӯ мушоҳидаҳои худро ба қалам оварда, ба хонанда завқи бадеӣ ато намудааст.

Ба гуфти Кӯчарзода:

Аз дасти яке чаман валангор шавад,
Бо дасти дигар Ватан чу гулзор шавад.
Гуфтам: сухане чу барги гул ҳадя кунам,
Бошад, шакаре ба коми гулкор шавад.

Образи гулкор дар ин рубоиҳо хеле дилинишин, самимӣ ва дӯстдоштанӣ тасвир ёфтааст. Ин рубоиҳоро мехонему ба зебоиҳои шаҳрамон меҳр мебандем.

Ҳамин заҳмати зебоиофарини гулкор ба шаҳриён, меҳмонон, сайёҳон, кӯдакон, наврасон, пиру барно, ба гуфти шоир, як навъ панд аст:

Гулкор ба тозагиву руфтан банд аст,
Ин нукта ба покии Ватан пайванд аст.
Эй он ки сари баландро хоҳонӣ,
Сарпастии ин фариштаҳо ҳам панд аст.

Инак ин донишманди шарифи озода, хоксору ҳалим ба синни 80 расидааст.

Ба ин муносибат устод Аламхон Кӯчарзодаи арҷмандро  аз дилу ҷон табрик намуда, ёдовар мешавам, дар панҷ соли охир асарҳои шоистаю хотирмонро пешкаши хонандагон ва пажуҳандагон кард. Акнун тибқи фармудаи ниёгон боз ниёиш мекунем, ки то 90-солагию 100-солагӣ низ бо пиндор, гуфтор, рафтори хеш баҳри ободии фарҳанги миллиамон хидматҳои неку шоистаи ситоиш дошта бошад.

Устод Кӯчарзода дар китоби «Абармарди омӯзишу пажуҳиш» дар бахши «таассуроти ақлу дил» ин гуфтаи устоди азиз Соҳиб Табаровро овардааст: «Одамон! Анъанаву суннатҳои беҳтарини маданияти муоширати азизмиллатамонро на танҳо аз хотир набарореду барқарор намоед, балки мувофиқи талаботи даврони муосир онҳоро ривоҷу равнақ диҳед».

Бале, ҳар равшанфикри миллатдӯст бояд мисли устодон Соҳиб Табаров ва Аламхон Кӯчарзода дар ҷодаи рушди фарҳанги миллиамон талош намояд.

Равшан Раҳмонӣ,
профессори ДМТ

Дигар хабарҳо