Марғзори сухан сарсабз аст

 Марғзори сухан сарсабз аст

Номаи кушода ба Камол Насрулло пас аз мутолиаи «Девони ғазал»-и ӯ

 Назари нек ба зиндагӣ. Оптимизм, умед­ворӣ ба рӯзи нек.

Бо назари баланд нигоҳ кардан ба пастиҳои зиндагӣ, ба пастиҳои баъзе афроди ҷомеа — ин ҳам муҳим аст. Дар “Ин ҳама” намунаи хубест.

Сиришти шумо, аҷиб аст, ки фақат дар ин ғазал не, дар “Бад мабод”, дар бисёр ғазалҳое, ки оҳангу эҳсоси андарзӣ доранд, низ ҳамин чиз ҳузур дорад. Ва дар ин ҷо симои некӣ ва хайр­хоҳӣ барҷаста тасвир ёфтааст:

Эй ба ман бадкарда, бар ту бад мабод,

Офатат дидам, туро офат мабод.

Гарчи сар бар ҳадди ман овардаӣ,

Шодиву бахти туро сарҳад мабод.

Аз гиребонам гирифтӣ оқибат,

Дар гиребони ту дасти дад мабод.

Бисёр олӣ, ин сифат дар сиришти инсон бисёр арзишманд аст.

Дар ғазали “Ашки ман…”:

Ашки ман хандида мерезад,

Ин дил аст, аз дида мерезад,

Яъне ашк нест, рехтани дил, нолаи ишқ аст:

Меваи ишқи ниҳони ман

Боз ҳам ночида мерезад.

Қатра-қатра ҷони бетобам

Сӯятон тобида мерезад.

Бар замини тирамоҳи ман

Абри ноборида мерезад.

Ҳолат урён баён нашудааст, маъниҳоест дар паси ин ашкрезон.

Дар ғазали “Эй Худо, дар Ватан паноҳам дор!” байтҳое ҳастанд, ки дар онҳо натанҳо дарди шумо, балки дарди аксари кулли афроди ҷомеа баён ёфтааст…

Тарсам аз нафси як- ду- се носер,

Накунад халқро зи ҷон безор,

Эй ватан, то нагардӣ худ пора,

Порахорони наҳсро бардор.

Эй Худованд, вораҳон моро

Аз қазоватгарони козибкор!

Баъзан, медонед, сухан агар гарм бошад, урён ҳам бошад, ҳадаф муҳим бошад, ба дили хонанда мерасад.

Ғазали “Ёдҳоро гарм дор” ҳам яке аз баёнаҳои ишқ аст.

Ғазали “Ба куҷо меравӣ” низ ҳамин хел. Ин ҳам яке аз шеърҳоест, ки инсонро ба инсон меши­носонад. Ва нақши ишқро дар зиндагӣ тараннум мекунад.

Маҳорати баён.

Ғазали “Подош” тазодҳои бисёр зебои муносиб дорад. Тарзи баёнаш нав аст. Мундариҷаву мазмунаш барои ҳар фарди ҷомеаи мо даркор аст:

Дидаро баставу дидан омӯз,

Гӯшро баста шунидан омӯз.

Чун метавон дидаро баста дид ва гӯшро баста шунид? Таъбиру баёнҳои ғайримаъмулӣ, аммо маънои ногуфтаи рамзии худро бо ишораҳо баён кардаанд. Ин ҷо ба маҳорати баён бояд таваҷҷуҳ кард:

Бо лаби баста суханвар мебош,

Дида бикшода надидан омӯз.

Маъниҳои фалсафии насиҳатӣ дорад:

Дур норафта ба дуриҳо рас,

   Бо пари сидқ паридан омӯз.

Фалсафа аст ҳамааш, фалсафаи зиндагӣ. Яъне чӣ гуна дур нарафта расидан даркор, инро бояд фаҳм кард.

Рафтаҳоро ба назар боз овар,

Даст нобурда қапидан омӯз.

Мисли ин ки дар байти зер худи шоир роҳи бо чашми баста дидану норасида расиданро то ҷойе шарҳ медиҳад:

Ту ба сар рав, ки ба по ҳоҷат нест,

Бе расан баста расидан омӯз.

Ҳар байташ як ҳикмат дорад. Ғ азал саропо ҳикмат аст. Шеъри машҳури Иқболро ба ёд меорад.

Тасвири баҳор шоирона, умуман фаслҳои сол, ҳам баҳор, ҳам тирамоҳ, ҳам зимистон, барф… ҳамааш бо зебоиҳои хосаи худ инъикос шуда ва муносибати шумо ба ин фа­слҳо бисёр равшан тасвир ёфтааст. Ғазали “Шодиёна”-и бахшида ба омади баҳор шеъри ошиқонаи зебо ва бадеъ аст. Ғазали “Чун нигаҳ бе овоз” низ:

Ман ба сӯи ту равонам чу нигаҳ, бе овоз.

Тоби сад бӯса бувад бо ману шӯри сад роз.

Ишқ, эй ишқ, зи пеши дари бозам нагузар,

Ба раҳат пардаи чашму

                                  дили ман пойандоз.

Ғазали “Омӯз” ҳам мисли ҳамон шеъри “Ди­даро баставу дидан омӯз” аст:

Эй ғунча, кушо дидаву

                               дидан ба ман омӯз,

Бикшой пар, эй мурғу

                              паридан ба ман омӯз.

Дарё бувад он қатра,

                               ки омехт ба дарё,

Бо васли худ ин гуна расидан ба ман омӯз.

Омӯхтан аз табиат.

Аслан тасвиру таҳнияти аҷиби табиат аст, ки хонанда низ мехоҳад ҳамин хел бошад. Аммо ин маънӣ, ки мисли ғунча ди­дан, мисли мурғ паридан яъне поктару зеботар ва ҳам бегуноҳ буданро талқин мекунад. Ва чун қатра ба дарё расидан — ба асли худ, роҳнамоие ба ягонагӣ ва ноҷудоӣ аз ҷамъият ва ғайраҳо.

Эй мурғаки заҳматкаши бе миннату бе ҷурм,

Дар хоки ватан дона кашидан ба ман омӯз.

Ҳикмат дорад, ҳикмати гражданӣ-шаҳрвандӣ дорад.

Эй абри баҳор, аз сари мижгони дарахтон

Пеши қадами ёр чакидан ба ман омӯз..

Бисёр шоирона, бисёр бадеӣ: сари мижгони дарахт…

Барф барои шумо, Камолҷон, рамзи натанҳо сафедӣ, балки рамзу нишонаи тозагӣ, некӣ, бе­олоишӣ аст. Ғазали “Дар зимистон чӣ баҳорест”. Ҳамаи шеъру ғазалҳоятон дар ин мавзуъ ба ҳамин руҳия навишта шудаанд:

Ин сапедӣ ҳама обистани ишқ асту навид,

Ҳар куҷо буд сиёҳӣ, ҳама ғӯтида ба жарф.

Қофияи сахт интихоб кардаед, сахт, яъне, камчин: шигарф, барф, ҳарф, тарф, зарф, жарф. аммо шумо аз ин мушкил бо он баромадаед, ки вожаи “тарф”-ро бори дуюм ба маънои “ҷурғот” ва “зарф”-ро бори дуюм ба маънои “тоқат” исти­фода бурдаед ва дар шеър ин равост.

Идеали шумо будани ишқ дар шеъри “Як нафас меҳмони ишқ” бисёр зебо омада, ҳамчун ашк аз чашмони ишқ рехтаед шумо. Пурра бадеъ аст ин шеър, аз аввал то охир. Идеали шоир ишқ аст, ишқи шумо ба маънии васеъ.

Халқ, ҷомеа ва шахс, пайванди инҳо дар ға­зали “Остони халқ”:

Чун қатрае ба дарё будам ягонаи халқ

Ғазали “Бе ишқ”. Ишқ мабда, оғоз, бунёде барои ҳар гуна ҳастист, дунё бе ишқ чизе нест.

Пайванди мафҳумҳои ахлоқӣ ва мафҳумҳои эҳсосии тоза дар ғазали “Ҷони ҳалол”:

Ҳар баҳоре як баҳор ишқ аз дилам

                                                  афшондаам,

Мисли гул бо ханда хоҳам мурду бо

                                                          ҷони ҳалол…

Дар чанд шеър шумо тарзи навишти дигаргу­наи шеърро таҷриба карда истодаед;

Хазонам, хазонам, хазонам, хазонам,

Забунам, забуни замину забонам.

Ғазалҳои “Тирамоҳи зиндагӣ”, “Танҳоӣ”… Инҳо тамоман ба услуби нав, таҷрибаи шумост, ки мехоҳед тарзи дигар шеър гӯед. Шояд маъмул шавад. Дар шеъри русӣ ҳаст ин навъ., мисли ин ки дар шеъри Эрон низ. Инчунин дар эҷодиёти Ҷаъфар Муҳаммад – шоири тоҷикзабони Ӯзбе­кистон низ вохӯрдаам. Лекин дар шумо кайҳо кӯшиши ин таҷриба ҳаст ва дар ин девон чанд намунааш омадааст:

ТирамаҳҲасрат… Ҳавас… Барги хазон…

Зиндагонӣ… Ёдҳо… Оби равон….

Тифл… Хурсандӣ… Табассум… Сад умед…

Мӯсафед… Амри Худо…. Қадди камон…

Ё дар шеъри “Танҳоӣ”:

Тирамаҳ.., барг.., хазон.., танҳоӣ..,

Интизорӣ сари ҷон.., танҳоӣ

Озарахше ба дилам ҷавлон зад,

Боз гардид ниҳон…, танҳоӣ….

Ба ҳар ҳол хеле хонданист ва ҳолатҳои руҳониву тасвирҳо чун наворе муҷалло аз хаёл мегузаранд.

Аслан мақсад аз шеъргӯӣ дар либоси зебову бадеъ, дар пероҳани рангини тасвир баён карда­ни андеша ва мақсадҳоест, ки шоир бо ҳадафҳои муайян пешаш гузоштааст.

Масалан, вақте шумо менависед:

Зи даре то дари дигар хабари некам ман,

Зи нигоҳе ба нигоҳе чу зиё мегузарам.

Ҳамчу нур гузаштан аз нигоҳ ба нигоҳ тасвири бадеӣ ёфтааст, гапи нав аст.

Чу дуо аз лаби модар, ба пару боли кабӯтар,

Чу навиде зи муҳаббат, чу наво мегузарам.

Зи сари зиндагиву бандагиву танҳоӣ

Ба дил уммеду ба каф пайки дуо мегузарам.

Байтҳое дорад ин шеър бо тасвирҳои нобу тоза.

Як хусусияти шумо ин аст, ки дар байни ғазалҳоятон гоҳе масъалаҳои доғи рӯзро ҳам бардоштаед, ки яке аз онҳо хурофоту таассуб мебошад:

Ҳосилам чист зи полези таассуб фардо,

Ман аз ин тухми палағгашта

                                         чӣ мебардорам!?

Ва руҳияи ҳамҷаворӣ бо инсонҳо:

Гар як инсон ба ҷаҳон шод бувад, ман шодам,

Гар яке зери фалак зор бувад, ман зорам.

Ман чу абре ҳама ашкам, ки бидорам худро,

Лек тарсам, ки дар охир ҳамаро меборам.

Ман ҳама умр барои дигарон зистаам,

Зинда ҳастам ба ҷаҳон то ба касе даркорам.

Шеърҳои худшиносиву худифшоиву худши­носонии шумо бисёранд. Классикони мо девон –девон навиштаанд, ҳамин мавзуъро пайгирӣ кардаанд. Дар ғазали “Подоши худ” кӣ будани худатонро гуфтаед:

Дар зери сипеҳр чун гули вартоҷ,

Ман шоири рӯзҳои худ будам.

“Чароғи гиря” шеъри нағз аст.

Булӯри ашкҳои ман гувоҳ аст,

Чароғи гиряе дар ханда дорам.

Ашк булӯрин аст, вагарна чароғашро аз куҷо мебинед, чароғ нест.

Хуб, принсипҳои мардона зистан дар ҳамаи шеърҳо ҳаст, ҳузур дорад. Ғазали “Пеш ор бода” низ ҳамин хел, шеъри “Сароб” ҳамин хел. Ин ҷо таҷнисҳои комил хеле зебо омадаанд:

Ман туро дар сар об мебинам,

Обҳоро сароб мебинам.

Шеъри ҳолат аст аслан… Ламҳае ба рӯзгори гузашта аст.

“Чӣ сон зистам” ин як назаре ба умр ,ба гу­зашта.

Дар ғазали “Бунёд”:

Ҳеҷ гаҳ дар зиндагонӣ душмани инсон наям,

Душманон дорам, ки ҳаргиз душмани эшон наям.

Мешавад, ман мешавам аз худ бурун чун рӯдҳо,

Лек ҳаргиз ҳамрадифи ройи номардон наям.

Ман чу рӯдам, ҳар чи дар дил дорам,

                                                 орам бар забон,

Чун хатар дар мурдаоби хештан

                                               пинҳон наям.

Дард ва мушкили табиат дар шеъру силсилаи шеърҳои шумо баён шудаанд. Ғазали “Арчаи кӯҳ” як намунаи силсилаи шеърҳои шумост, ки ба хароб шудани табиат, ба муносибати бераҳ­монаи мардум ба сарватҳои табиат бахшида шудааст. Ин мавзуъ бисёр муҳим, мавзуи ҳамин рӯз аст.

“Таронаи Саразм”, силсилаи шеърҳои ба Саразм бахшида – инҳо аҳаммияти маърифатӣ доранд. Маърифатӣ ва як навъ ҷалб кардани таваҷҷуҳи мардум ба ёдгориҳои таърихӣ.

Ана ин ғазал ҳам пури тазод, аз аввал то охир” Гӯям, нагӯям”. Байтҳои бисёр аҷиб:

Ман аз дарди гарони меҳани худ

Ба гӯши ин карон гӯям, нагӯям.

Басо аз гӯшаҳо гӯшӣ шунидам,

Ба гӯши гӯшатон гӯям нагӯям.

Бале, суханбозӣ аст ин, аммо ҳам ҳадафноку ҳам баҷо. Аз гӯшаҳо бо гӯшӣ шунидам, ба гӯши гӯшатон гӯям, нагӯям…

Ғазали “Нони муаллим” кори муаллим, мақо­ми муаллим аз ёдҳо рафтааст. Ин шеър бисёр муҳим аст аз назари мавзуъ ва баёнаш. Шеъри публитсистӣ, агар публитсистика адабӣ, бадеӣ бошад, мавқеъ ва арзиш дорад, Маяковский шеърҳои баланди публитсистӣ гуфт, Пайрав гуфт, устод Миршакар шеъри публитсистӣ гуфт.

Дар бисёри ғазалҳо, аз ҷумла дар “Навбаҳоро, гузарат…” гардиши фаслҳо ва табдили руҳия вобаста ба гардиши фаслҳо, ишқи навбаҳор, гардиши рӯзгор… ин чизҳо бисёр шоирона тасвир ёфтаанд. Тавсифи холӣ, урён нест, пайваста бо зиндагист:

Пирро завқ ҷавон буду ҷавон завқе дошт,

Пирҳо рафта ҳама, пир ҷавон аст кунун.

Табдили ҳам фаслҳо, ҳам наслҳои ҷомеа, гузари умр:

Навбаҳоро, сафарат нек, ки хоҳӣ баргашт,

Ин умеде, ки маро дар дилу ҷон аст кунун.

Дунё баумед ва зиндагӣ гардон аст.

Ғазали”Дили ман” дилномаест, ки бо байтҳои зебо, умуман бо ифодаву баёни бисёр зебо бадеъ аст:

Замин ларзид ё буд ин дили ман,

Ғамамро боз афзуд ин дили ман.

Ба сад парма шикофидам, ниҳонаш

Вале накшуд, накшуд ин дили ман.

“Чист номат?”, “Дар баҳои ҷон” — инҳо дар шакли саволу ҷавоб, ғазалҳое, ки аз саволу ҷа­воб иборатанд ва гуфтан мумкин аст, шеърҳои публитсистианд, лекин пулитсистикаи бадеӣ. Саволу ҷавоб яке аз усулҳои шумо дар шеър аст.

Ғазалҳои бахшида ба падару модар шеърҳои ҷониянд.

Гунҷонидани маъниҳои бузург дар як калима, калимаи “хестан” дар шеъри “Хестан”:

Хестан он нест, то боло шавӣ,

Хам задан бар резаи нон — хестан.

Хестан бар хештан боло шудан,

Аз канори рашку буҳтон хестан.

Пеши пои ёри худ зону задан

Ҳаст дар одоби мардон хестан.

Баҳри номуси худу ҳифзи Ватан

Аз сари ҷон, аз сари ҷон хестан.

Маром. Маромҳои шумо.

Дар ғазали “Рӯгардон” гӯё насиҳат ҳасту мароми зиндагии худи шумо ҳаст.

Аз ғазалҳои ҳикматомез, ки дар девон зиёданд,“Зиндагонӣ чист?” шеъри ҳикмат аст, шарҳи маънии зиндагӣ.

Ин ҳам аз барфномаҳо — “Барфи зебо меза­над”:

Пардаҳое аз паранди рози дунё метанад,

Пар зану ин пардаро бардор, дарки роз кун.

Шуд замин обистани фасли

                                                   гулафшони дигар,

Дар фурӯғи рози нав сози тарабро соз кун.

Дар шеъри “Садо кун” байтҳои олиҷанобест:

Ҳар рӯзи ҳастии мо як зина нардбонест,

Оё куҷо расидӣ, андешаи бақо кун.

Амвоҷи зиндагиро тӯфони растахезест,

Дар заврақи накӯӣ ин баҳрро шино кун.

Ғазали “Ману борон” низ аз ҳамон шеърҳои таҷрибавӣ. Беҳтарин баёни ҳолат дар ин замон.

Ғазали “Чун бӯи гул” шакли бисёр зебо до­рад.:

Гул бину чун гул во бишав,

Дарё раву дарё бишав.

Дар ин шеър тамомият ва камолияти шахс бо ҷомеа, фалсафаи фарду ҷомеа инъикос гардидааст.

Дар ғазали “Ишқи ҳазорсола” таркиби бисёр олиҷанобе ҳаст:

Моро “кидат“ намуданд бе шарму истиҳола.

Бисёр нағз, ба забони мардуми авом.

Ин ҷо ҷаҳолати баъзе мардуми моро тасвир мекунед.

Ҷоҳил ҳалоли худро гар дод аз ситезе,

Дардо, ки рӯзаш афтад як рӯз бар “ҳалола”.

Дар шеърҳое, ки гила аз зиндагиву аз рӯзгор ҷой дорад, бисёр образҳои аҷиб аст.

Зиндагии мурдан аст ин зиндагӣ,

Чун биҳӣ афсурдан аст ин зиндагӣ.

Тасаввур кунед, биҳӣ пӯсад, чӣ хел мешавад?

Хештанро чун чаноре сӯхта,

Аз дарунҳо хурдан аст ин зиндагӣ.

Истифода аз тасвири биологии чинор, ки худ аз худ оташ мегирад.

Халтаҳои чормағзи пучро

Аблаҳона бурдан аст ин зиндагӣ.

Ягон байти бе образ ва бе киноя надорад.

Танзҳои бисёр аҷиб ҳаст. Истифодаи усули танз дар шеърҳоятон бисёр аст:

Ту ба ман пайваста ошиқ мешавӣ,

Бар дилам дил баста ошиқ мешавӣ.

Нозҳое мекунӣ аввал, сипас,

Чашмҳоро баста ошиқ мешавӣ.

Ончуноне, ки бадан ларзад яке,

Зарфро бишкаста, ошиқ мешавӣ..

Ғазали “ Чашм пӯшида”:

Чашм пӯшида маро чанднамо мебинӣ,

Ман ба рӯ менигарам, ту ба варо мебинӣ.

Сӯи оина ту ҳар гаҳ ба худат менигарӣ,

Асли худро, ки намебинӣ, киро мебинӣ?

То охир ҳамин гуна танзомезу таънаомез аст ин шеър.

Ғазали “Бехабари худ”:

Дар кушодӣ ба ҳама, ҷома бидодӣ ба ҳама,

Тани урён, сари луч пушти дари худ мондӣ.

Аз сафарҳо бигузаштӣ, сафари охир монд,

Ҳамсафар бо ҳама кас, ҳамсафари худ мон­дӣ.

Бисёр пурдард аст ин шеър, дарди пирӣ.

Як ғазали дигар

Садои пои боронро шунидӣ,

Садои ёди ёронро шунидӣ.

Садои ёд”, “садои пои борон” аҷиб аст.

Вузӯ кун, бо вуҷуди тоза бархез,

Азони набзи виҷдонро шунидӣ.

Дар ин ҷо суварҳои мавҳумро мафҳум кардан мушоҳида мешавад, ки ҳунар аст.

Дар шеъри “Аз қафои зиндагӣ”:

Гиряҳои тифлии ман ханда буд,

Чун шунидам гиряҳои зиндагӣ.

Бебақо андешаҳое доштам,

То ки дарёбам бақои зиндагӣ.

Оқибат даври фаровонӣ расид,

Нест аммо иштиҳои зиндагӣ.

Хулоса:

Камолҷон, аслан барои шумо ва ҳам барои мардум мегӯям, ки шумо бо шикоят аз худатон қонеъ нестед ва ҳеҷ вақт қонеъ шудан ҳам дар­кор нест, албатта , аммо шумо бояд ба ҳар ҳол қонеъ бошед. Зеро шумо ҳар чи навиштед, аз рӯи ҳам дониш, истеъдод, малака, фаҳму фаро­сат ва ҳам аз рӯи таҷриба, аз рӯи эҳсосу андешаи як инсони пок, як инсони нек, инсони озода, инсо­ни ватандӯст, инсони миллатдӯст, пеш аз ҳама, инсони инсондӯст навиштед, инаш муҳим аст. Дар тамоми шеърҳои шумо ин чиз ҳис мешавад, хоҳ ошиқона бошад шеър, хоҳ шеъри иҷтимоӣ бошад, хоҳ шеъри ватанпарастона бошад, ин як, дуюм, ҳунари шумо , ҳунари сухангустарии шумо аз китоб то китоб, ман тамоми китобҳои шуморо хондаам, пеш мерафт. Вақте ин девонро хондам, ба шумо занг задам. Гуфтам, Камолҷон, девони олӣ, девони хуб, мешавад, албатта, дар китоб ғазалҳое ҳастанд, ки дар сатҳҳои гуногунанд. Вале дар маҷмуъ барои ғазали имрӯзаи мо ин девон як намуна аст. Ҳозир ғазалҳо чӣ хеланд? Ғазалҳои тавсифӣ асосан, ҳам ғазали ошиқона тавсифист, ҳам ғазали ватандӯстона тавсифӣ, новобаста ба мавзуъ ҳамааш тавсифист. Ҳа­мааш гуфтан шояд андак муболиға бошад, вале аксари ғазалҳо. Ҳастанд, ғазалнависҳои хуб дорем, ғазалҳои Фарзона, ғазалҳои Озар, гоҳ-гоҳ, Гулрухсор ғазал менависад., Муҳам­мад Ғоиб ғазалҳои хуб дорад, Раҳмат Назрӣ.., лекин аксари шоирҳои мо, хусусан ҷавонон, ҷустуҷӯ мекунанд, ҳастанд, лекин як кашфиёт, як бозёфти ҳунарӣ бисёр кам аст. Дар ғазалҳои шумо, дар ҳар ғазал як чиз мебинед. Ҳадди аксари ғазалҳо ҷавобгӯ ба талаботи ҳунар ва вақту замон ҳастанд. Аз ҳама муҳим ин аст, ки дар шеъри шумо, хусусан дар ғазалҳотон, сохтакорӣ нест. Дар баёни андеша, дар баёни ҳолат, дар тасвиру тавсиф шумо сохтакорона сухан намегӯед. Табиӣ, самимӣ аст сухан. Худи ғазал аз жанри қадимтарини адабиёти мост, шакли зебову дастраси баёну қабули андешаву армонҳо.

Алорағми он андешаҳое, ки ғазал куҳна шудаасту шеъри имрӯз нест, ё ғазал дар баё­ни андешаву афкори имрӯзӣ монеаҳо эҷод мекунад, шумо бори дигар дар ғазалҳои худ собит намудед, ки ғазал имрӯз ҳам метавонад шеъри муассири рӯз бошад бо фарогирии васеи тасвиру баёни розу ниёз ва дарду эҳсосот ва армонҳои замона, ба шарте, ки бо бозёфтҳои тозаи шоирона, бо ҳунари ибрози бадеи ар­монҳои инсонӣ гуфта шуда бошад. Ин корро дар замони худ устод Лоиқ дар шеъри муосири мо ва Симин Беҳбаҳониву чанд тани дигар дар шеъри муосири Эрон карда буданд.

Абдураҳмон Абдуманнон

Дигар хабарҳо