Унвону ҷоизаҳо муборак, ҳамқаламони азиз!
Имрӯз, 29 август дар Қасри миллат бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими супоридани мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ ба кормандони касбу кори гуногун доир шуд.
“Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 33-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд”, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Ба таъкиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, дар фазои тантанавӣ баргузор гардидани маросими мукофотсупорӣ худ рамзи эҳтироми роҳбарияти давлати ба хизматҳои шоистаи ҳар як шахс мебошад. Қадрдонӣ кардан бо мукофоти давлатӣ, ҳамчунин, эътирофи фаъолияти пурсамару ибратбахши давлативу ҷамъиятӣ, истеҳсоливу соҳибкорӣ ва эҷодиву фарҳангӣ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа мебошад.
Ҳамин тариқ, Мирзо Шукурзода бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, Давлат Сафарзода, Хайрандеш ва Ҷумъа Қувват бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, Адибаи Хуҷандӣ бо медали «Хизмати шоиста», Умар Сафар ва Сипеҳри Ҳасанзод бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 4 кас бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 18 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 3 кас бо ордени Шараф дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 112 кас бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Тибқи қарори кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 6 нафар, аз умла Абдураҳмон Абдуманнон, Равшан Махсумзод ва Рустам Ваҳҳобзода бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ сарфароз гардиданд.
Дар асоси қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 2 нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино қадр карда шуданд.
Тибқи қарори кумитаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2024 як нафар барандаи ин ҷоизаи давлатӣ гардид.