УМРИ ПУРМАЪНО
Ба муносибати 90-солагии Атахон Сайфуллоев
Мунаққид ва адабиётшинос, шоир, намоишноманавис, мутарҷим, ходими намоёни ҷамъиятӣ, хидматгузори номдори роҳи ваҳдат ва дӯстии халқҳо Атахон Сайфуллоев (1933-2017) бо истеъдоди фитрӣ, дониши амиқ, назари фарох, заҳматкашиву пуркорӣ, маҳфилороиву зарофатгӯӣ ва фазилатҳои дигар миёни аҳли сухан ва ҷомеа маҳбубият дошт.
Дар меҳвари тадқиқоти илмии Атахон Сайфуллоев эҷодиёти устод Айнӣ ҷойгоҳи мушаххасе дарёфта ва осори ӯ дар ин замина дар сатҳи айнишиносии тоҷику рус нуфуз ва эътибори хоса ба даст овардаанд. «Романи устод Садриддин Айнӣ «Дохунда» (1966) бо пешгуфтори Носирҷон Маъсумӣ рисолаи пурарзиш дар шинохти мақоми сардафтари адабиёти нави тоҷик, яке аз кӯшишҳо ва намунаҳои судманди таҳлили яклухти вижагиҳои ғоявию бадеии асари ҷудогона мебошад. Муҳаққиқи ҷавон дар ин самт ба шеваи таҳқиқи донишманди номвар Муҳаммадҷон Шукуров дар боби хусусиятҳои ғоявӣ-бадеии «Ёддоштҳо»-и Айнӣ такя кардааст. Метавон изҳор кард, ки чунин бозҷуст ва нигоҳ ба асари яклухт аз пажуҳиши ин олими мубтакир дар илми адабиётшиносии тоҷик шакл пайдо кард. Дар рисола масоиле аз қабили заминаҳои пайдоиши насли реалистӣ, пайдоиши роман ва сарчашмаҳои он дар адабиёти муосири тоҷик, сужет ва банду басти бадеӣ, характерҳои типӣ, тарзҳои мухталифи тасвир, забон ва воситаҳои тасвири бадеии асари устод Айнӣ баррасӣ шудаанд. Н. Маъсумӣ нақши асарро дар равшан кардани масъалаҳои номуайян, такмили бархе аз хулосаҳои илмии мавҷуд дар ин замина, тасҳеҳи баъзе мулоҳизоти ғалат бозгӯй кардааст. Муаллиф «дар натиҷаи таҳлилу тадқиқи фактҳои эҷодӣ дар ҳақиқат асари наве ба вуҷуд овардааст, ки барои омӯхтани таърихи адабиёти шуравии тоҷик, хусусан таърихи инкишофи насри нав материали муҳимме хоҳад дод».
Рисолаи «Мактаби Айнӣ» (1978) самараи ранҷу заҳмат ва ҷустуҷӯи тулонии муаллиф ба ифтихори 100-солагии С. Айнӣ аст, ки сарчашмаҳои ташаккули эҷодиёти бунёдгузори адабиёти нави тоҷик, мақоми ӯ дар рушди адабиёти сермиллати шуравӣ ва ҷараёни адабии ҷаҳонро арзёбӣ ва баррасии ҳамаҷониба менамояд. Дар китоби «Садриддин Айнӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон» (1998) кӯшиш ба харҷ рафтааст, ки паҳлуҳои мухталифи рӯзгор ва эҷодиёти ин суханвари бузург аз чашмандози замони истиқлоли миллӣ муқаррар гардад. Ин се асар ба ҷилди аввали «Асарҳои мунтахаб»-и донандаи номвари рӯзгору осори устод Айнӣ ворид шуда, ки нашри он соли 2010 дар нашриёти «Шуҷоиён» шуруъ гардид. Аммо, мутаассифона, ба ҷуз се ҷилд нашри мунтахаб идома наёфт. Дар маҷмуъ, ҳаҷми таълифот ва танқеҳот дар заминаи айнишиносӣ ҳарчи бештар буда, дар ин маврид қариб ҳар сол чанд мақола дар маҷмуа ва маҷаллаву рӯзномаҳои кишвар ва хориҷи он ба чоп расида, ҳосили пажуҳишҳояш дар чандин конфронсу ҷаласаҳои илмиву адабии дохилӣ ва хориҷӣ ироа шудаанд. Суханрониву гузориши чандкаратаи мавсуф дар конфронсҳои пайвастаи «Солонаи Айнӣ» низ қобили таваҷҷуҳанд.
Паҳлуи дигари тадқиқоти А. Сайфуллоев шинохти рӯзгор ва осори шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода мебошад. Эътибори ӯ ба сифати яке аз муҳаққиқони асосии ҳаёт ва мероси адабии М. Турсунзода аз назари доираҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар пӯшида нест. Таълиф ва нашри мақолаҳо, аз ҷумла рисолаи «Мирзо Турсунзода» (1961), китоби «Арзу тӯли назм» (1971, ба забони русӣ) ва рисолаи ҷамъбастии «Мирзо Турсунзода» (1983, 2004) дар тадқиқи мундариҷа ва муҳтаво, хусусиятҳои адабӣ, моҳияти башардӯстиву умумиинсонӣ, байналмилалӣ ва шуҳрати ҷаҳонии эҷодиёти шоир ин маъниро комилан равшан собит менамояд. Як хусусияти ин пажуҳишгар назарияпардозист ва ӯ дар такя бо огоҳии комили худ аз равандҳои шаклгирии адабиёт ва нақди адабии муосир дар китоби «Ақидаҳои адабии Ленин ва адабиёти тоҷик» (1973) масоили назарии адабиёт, анъанаю навоварӣ, унсурҳои реалистӣ дар адабиёти гузаштаи тоҷик, ташаккули реализм, тасвири типӣ, халқият ва амсоли онро асоси ҷустуҷӯ қарор додааст.
Дар маҷмуаи мақолаҳои «Тафаккур ва образ» (1968) тадқиқи ҷудогонаи эҷодиёти адибони номвари садаи бист Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Аминҷон Шукуҳӣ, Абдулҳамиди Самад ва ашъори лирикии шоирони ҷавон бо камоли заршиносӣ сурат ёфтааст. Маҷмуаи портретҳои «Аркони сухан» (1985) симоҳои эҷодии Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералиро сараву мунаққидона бознамоӣ мекунад. Дар чашмандози мунаққиди фарохназар омӯзишу баррасии равобит ва таъсири дуҷонибаи адабиёти халқҳои собиқ шуравӣ мақоми назаррас дошт. Масоили тадқиқи равобити адабӣ ва таъсири дуҷонибаи адабиёти миллатҳо асосан аз фаъолияти мунаққид маншаъ мегирад, ки дар илми адабиётшиносии тоҷик шохаи комилан тоза ба шумор меомад. Ҳосили шуғл дар ин самт таълифи даҳҳо асари пурарзиш, аз ҷумла «Ҷашни дӯстӣ ва иди маданият» (1968), «Дӯстии халқҳо – дӯстии адабиётҳо» (1975), «Масъалаҳои таъсири мутақобили адабиётҳо» (1976, ба забони русӣ), «Ваҳдат ва хешовандӣ» (1989, ба забони русӣ) гардиданд.
Як самти баргузида дар пайкорҳои фарҳангии Атахон Сайфуллоев қомуснигорӣ ба шумор меравад. Натиҷаи ин заҳмати сангин ба вуҷуд омадани ҳашт ҷилди «Энсиклопедияи советии тоҷик» мебошад, ки аҳаммияти бузурги миллӣ ва байналмилалӣ пайдо кард. Дар асоси ду ҷилди аввал дар шаҳри Кобул «Доират-ул-маориф»-и Афғонистон» нашр гардид. Ба истиқболи 60-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилди махсуси ЭСТ бо номи «Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон» («Таджикская ССР») дар Маскав интишор ёфт. Ҳамзамон таҳия ва нашри қомусҳои соҳавӣ, аз ҷумла «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» низ дар доираи кору тадбирҳои ин муассиса амалӣ гардиданд. Атахон Сайфуллоев дар солҳои истиқлолият ба тадқиқи монографии рӯзгор ва мероси парчамбардорони адабиёти навини тоҷик шуғл дошт. Дар рисолаи «Ахтари тобони адабиёт» (1999, ҳамроҳи М. Файзуллоева) тадқиқи ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил бо нигоҳи тоза сурат гирифтааст. Рисолаи «Зуфархон Ҷавҳарӣ» (2002) таҳқиқи ҳаёту эҷодиёти ин шоири шаҳир буда, дар он роҷеъ ба аҷдоду авлод, зиндагинома ва осор, ҳамчунин ақоиди мухталифи мунаққидон перомуни эҷодиёт, мероси адабӣ ва забону услуби ӯ аснод ва иттилооти боэътимоде ҷой дода шудааст. Дар асар кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ рафта, ки муҳтавои баҳсу мунозираҳои олимону суханварони солҳои 20-уми садаи бист дар мавриди ҷойгоҳи Зуфархон Ҷавҳарӣ, баҳои ноқидони сухан ба мероси ӯ, муносибати аҳли адаби замона ба мероси адабӣ дар робита ба арзишҳои замон ва муқоисаи он аз дидгоҳҳои навин ба хонандаи имрӯз фароҳам оварда шавад. «Ҳалқаҳои пайванди адабӣ (2003) ба мутолиаи саҳифаҳои равобити адабии Тоҷикистону Эрон дар садаи бист ихтисос ёфтааст. Муаллиф дар заминаи аснод ва маводи фаровон манзараи пайванди адабии тоҷикону эрониён ва шаклҳои асосии онро таҳқиқ кардааст. Ин китоб ба коркарди ҳамбастагии адабии ин ду халқи воҳид ва ягона, ки аз умқи садаҳо бармеояд, заминаи созгор ба миён хоҳад овард. «Фурӯғи маънавият» (2003) маҷмуаест фароҳамомада аз нигоштаҳои солҳои гуногун – маводи зиёде аз боби масоили таҳаввули адабиёти нав, роҳҳои рушди насру назми тоҷик, фардияти эҷодӣ, мушаххасоти завқӣ ва сабкиву суварии адибони тоҷик, ташаккул ва таҳаввули афкори адабӣ, махсусияти танқиди танқид, вижагиҳои адабиёти даврони истиқлолият, фардияти эҷодии адибон ва даҳҳо дигар масоили адабӣ. Китоб аз ҳар ҷиҳат ба равшан кардани таҳаввули адабиёти тоҷикии садаи бист ва ҷойгоҳи он дар шинохти кунунии осори нафиса хидмат менамояд.
Нашри дувуми рисолаи «Мирзо Турсунзода» (2004) бо назардошти нигоҳи тоза ба рӯзгор ва осори ҷовидонии ин адиби шаҳири Шарқ ҷолиб буда, аснод ва иттилои нав дар шинохти ӯ бар матни китоб барафзуда шудааст. Ин рисола мундариҷаи ҷилди севуми «Асарҳои мунтахаб»-и муҳаққиқро дар бар мегирад, ки соли 2012 дар нашриёти «Бухоро» ба табъ расидааст. Китоби «Ҳаким Карим» (2005) таҳқиқи муфассали ҷойгоҳи нависандаи ҷавонмарги тоҷик аст, ки эҷодиёташ аз ҳар ҷиҳат раванди бебозгашти адабиёти тоҷикро дар солҳои 30-ум ва ибтидои солҳои 40-уми садаи бист равшан менамояд. Бо китоби арзишманди «Уфуқҳои тозаи наср» (2006) аввалин бор кӯшиши гирдоварии маводи насри тоҷикии замони истиқлолият, арзёбии намунаи зиёди насри ин давра ва таъйини вижагиву чигунагии жанриву сабкии ин осор ба зуҳур омад, ки дар арзишгузории адабиёти рӯзҳои мо аҳаммияти хос доранд. Ин шеваи таҳқиқ дар рисолаи «Ҷону ҷаҳони наср» (2007) ва сеҷилдаи такмилаи «Уфуқҳои тозаи наср» (2012) идома ёфта, дар мисоли нақши ҷудогона ва ҷойгоҳи мушаххаси теъдоде аз адибони маъруф Абдулҳамиди Самад, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Сорбон, Саттор Турсун, Кароматуллоҳи Мирзо, Сайф Раҳимзод, Ҷонибеки Акобир ва дигарон мухтассоти умдаи таҳаввули насри тоҷик дар замони имрӯз бознамо шудаанд. Дар ин се ҷилди такмила мушаххасан ва ба тартиби ҷилдҳо масоили муҳимми насри тоҷик – «Воқеият ва рушди анвои адабӣ», «Қиссаҳои рангини нависандагони тоҷик» ва «Анвои романҳои тоҷикӣ» мавриди нақду таҳлил қарор гирифтааст. Дар чанд соли охир Атахон Сайфуллоев дар боби нақши эҷодии намояндагони адабиёт, нақди адабӣ ва ҳунармандони маъруфи замони мо кутуби ҷудогона таълиф ва аз нашр берун овард, ки аз онҳо бо номҳои «Ҳусни нигорандагӣ» (зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Меҳмон Бахтӣ, 2003), «Эъҷози ҳунар» (оид ба зиндагӣ ва фаъолияти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Розия Арслонова, 2004), «Падари маънавии ман» (дар бораи арбоби намоёни илму фарҳанг Носирҷон Маъсумӣ, 2005), «Насри шоиронаи Гулназар» (2005), «Шоири дарёву саҳро» (дар бораи Шоири халқии Тоҷикиситон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, 2016) ва ғайра ёд кардан метавон. Олим ва мунаққиди пуркор дар фосилаи фаъолияти илмию эҷодиаш ба ҷойгоҳи намояндагони адабиёти гузаштаи форсӣ-тоҷикӣ ҳам таваҷҷуҳ зоҳир намуда, роҷеъ ба ҳаёт ва паҳлуҳои ҷудогонаи осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Тошхӯҷаи Асирӣ, Сиддиқии Аҷзӣ ва дигарон чанд рисола ва даҳҳо мақола ба миён овардааст. Дар рисолаи «Малики адаб» (бо ҳамқаламии профессор С. Абдуллоев) оид ба замон, рӯзгор, осор, манобеи эҷодӣ, ақоиди иҷтимоиву ахлоқӣ, ашъори лирикӣ, забон ва саноеи бадеӣ, назари Камоли Хуҷандӣ ба масоили марбут ба ҳаёти ҷамъият ва давлат, инчунин моҳияти мактаби эҷодии ӯ мулоҳизаву андешаҳои ҷолибе фароҳам омадаанд. Рисолаҳои «Паямбари ишқ» (2008) ва «Мурғи чамани вафо» (2015) ҳосили назари хоси муҳаққиқ ба рӯзгор ва мероси сардафтари адабиёти классикии форсии тоҷикӣ устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва мутафаккиру адиби бузурги тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд, ки ба 1150 ва 600-умин солгарди ин ду чеҳраи намоёни адабиёти гузашта бахшида шудаанд.
Атахон Сайфуллоев дар таҳия ва нашри осори адибони садаи бисти тоҷик Зуфархони Ҷавҳарӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ҳаким Карим, Пӯлод Толис, тарҷумаи асарҳои илмӣ-бадеӣ, аз ҷумла, романи Сергей Баруздин «Такрори дарсҳои гузашта» (1984, бо А.Абдуманнонов), очерки Михаил Котов «Номи нек» (1986) ва рисолаи арзишманди адабиётшиноси номвари шуравӣ Георгий Ломидзе «Руҳи интернатсионалии адабиёти шуравӣ» (1991) саҳми арзанда гирифтааст. Атахон Сайфуллоев аз нимаи дувуми солҳои 80-уми садаи бист ба офаридани осори драматургӣ низ майлу рағбати хос зоҳир намуд. Аз ваҷҳи он ки ӯ аз ҷараёни рӯзгор, хислатҳои шахсӣ ва арзиши осори аҳли адаб хуб огаҳ буд, доираи мавзуоташ низ ба рӯзгори мураккабу пурсадамаи адибон иртибот пайдо кард. Драмаи «Умри ҷовид» ба муносибати 100-солагии А. Лоҳутӣ як давраи кӯтоҳи вуруди ин шахсияти номварро ба муҳити адабиву фарҳангии пойтахти тоҷикон дар нимаи дувуми солҳои 20-уми садаи бист фаро мегирад. Дар драмаҳои «Бомдоди ошиқон» (1991), «Хуршедсавор» (2001), «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо» (2011) симои мунир, фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ ва адабии Мирзо Турсунзода, дар «Бомдоди ошиқон» ҳаёти ин сипаҳсолори назми муосири тоҷик дар ибтидои солҳои 30-юми садаи бист дар Хуҷанд ва ҷавониву ишқи ӯ, дар «Хуршедсавор» ва «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо» давраи рушду камоли шоир ва ёрони ӯ таҷассум ёфтаанд. Образи М. Турсунзода хеле серҷабҳа – ҳамчун шоири муқтадир ва сарвари ғамхори адибон, сиёсатмадори доно ва тавоно, муборизи фаъоли сулҳу амният ва дӯстии халқҳо, мураббии суханварони ҷавон таҷассум ёфтааст.
Баъд аз истиқлолияти миллии Тоҷикистон, хоса бозгашт ба Хуҷанд паҳлуи дигари истеъдоди А. Сайфуллоев зоҳир шуда, баробари идомаи фаъолият ба сифати мунаққид ва адабиётшинос ба эҷоди асарҳои бадеӣ – насру назм низ камари ҳиммат баст. Қиссаи мустанади «Шаби бехобӣ», маҷмуаҳои шеъру достонҳои «Ҳафт сипеҳр» (1999), «Армуғони дил» (2000), «Чаманоро» (2002), «Таронаҳои ваҳдат ва муҳаббат» (2011), намоишномаи «Достони муҳаббат» (2015), қиссаи «Ҷасорати Борбад» (2016) ва ғайра аз ин ҷумлаанд. Доираи фаъолият ва пажуҳишҳои илмию эҷодии Атахон Сайфуллоев хеле густарда буда, натанҳо тадқиқи эҷодиёти адибони алоҳида, таърихи ташаккули адабиёти гузашта ва муосири тоҷик, нақду баррасии падидаҳои тозаи ҷараёни адабӣ, балки омӯзиши таъсир ва ҳамдигарфазоии адабиёти халқҳои собиқ шуравӣ ва масоили марбут ба онро фаро мегирад.
Хидмати ӯ дар силсилаи таълифоти чанде аз олимони маъруф барои дар арсаи умумишуравӣ ҷойгоҳ ёфтани нақди адабӣ ва ҳимояи манфиати адабиёту фарҳанги миллии тоҷик қобили мулоҳиза аст. Аз ин ҷиҳат, ширкат ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои ҳафтаномаву маҷаллаҳои адабии «Литературная газета», «Литературное обозрение», «Дружба народов», чораҷӯиҳои илмиву адабии умумишуравӣ оид ба муаммоҳои умдаи адабиёти муосири тоҷик ва мушаххасоти эҷодии адибони ҷудогона ҷолиби диққатанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хизматҳои шоиста олим, адиб ва ходими намоёни ҷамъият Атахон Сайфуллоевро бо нишонҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Собиқадори меҳнат», орденҳои «Шараф» ва «Дӯстӣ», медалҳои хотиравии «Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон» ва «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» сарфароз гардонидааст. Соли 2001 барои устувории сулҳи байни халқҳо медали тиллоии Бунёди Сулҳи ИДМ-ро дарёфт. Ӯ ҳамчунин Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабии вилояти Суғд ба номи Камоли Хуҷандӣ, узви ҳақиқии Ассотсиатсияи умумииттифоқии ховаршиносон, Шаҳрванди ифтихории Балтимор (ИМА) ва шаҳри Кӯлоб мебошад. Соли 2014 барои китоби сеҷилдаи «Уфуқҳои тозаи наср» ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор гардид.
Зикри сифатҳои нек ва ғайрату ҳиммате, ки аз ин олими варзида, мунаққид ва адабиётшиноси пуркор, қомуснигор ва публитсисти фаъол, насрнавис ва шоир, драманавис ва тарҷумони шинохта, қосиди сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон дар зиндагӣ ва фаъолияти Атахон Сайфуллоев ба зуҳур омадааст, аз маҷоли ин номаи мухтасар берун аст. Аммо ин нукта мусаллам аст, ки аз ҷӯшу хурӯши табиати эҷодии ӯ танқид ва адабиёти тоҷик хеле баҳраҳо бардоштааст. Хислати аз ҳама муҳим ва сириштии адиб ва муҳаққиқи зиндаёд сарфи назар аз ҳар лаҳзаҳои зиндагӣ дар майлу ҳавсалаи аз ҳад беши пуркорӣ зоҳир шудааст. Дар марҳалаҳои охири умр дар ҳама ҷо руҳан ва ҷисман бардам ба назар мерасид, ҳамеша гули сари сабади маъракаҳои илмиву фарҳангӣ, шарики шодиву хушии ҳамагон буд. Бо вуҷуди ин, вақтро хуб истифода мебурд, вақтшинос буд, набзи вақтро эҳсос мекард, неруе ғайриодӣ дошт барои бисёр фикр кардан ва бисёр навиштан… Ҳар аҳли мутолиа ба ширкати фаъолонааш дар матбуот ҳавас мекард, ҳамеша ва пайваста мақолаи илмӣ, тақриз ё асари мансуру манзумаш саҳифаҳои матбуотро зеб медоданд. Ӯ то дами марг лаҳзае аз фикри навиштан дур нашуд, аз навиштан бознамонд ва дар лаҳзаҳои охири умр ҳам дар сари мизи кор қарор дошта ва ба матлабе, ба ҷумлае нуқта гузоштанӣ будааст. Аз ин рӯ, «девкорӣ»-аш бояд сабақе ба насли имрӯзи адибу муҳаққиқ бошад…
Носирҷони САЛИМӢ,
Субҳони АЪЗАМЗОД.