То дурдасти хаёлот . Чанд мулоҳиза баъди мутолиаи “Парвини хаёл”-и Саъдӣ Мирзо

Барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода

“Ман шоире, ки як шаби шеъре на­доштам…” Ин мисроъ аз шеърест, ки дар саҳифаи 109-и китоби тозанашри Саъдии Мирзо бо унвони “Парвини хаёл” (Душанбе: Адиб, 2023. – 160 саҳ.) чоп шуда ва худи шеърро шоир “Тасаввур” ном ниҳодааст. Оғози шеър ба ин ранг аст:

Аз инҳисори дарди гулӯсӯзу тобу таб
Бигрехтам зи хешу задам сина бар хаёл…

Ҳамин тавр, шоир аз ранҷу сӯзу дард ва ҳасрати он ки шаби шеъре то кунун надоштааст, меравад ба Каҳкашон, ки он ҷо:

Парвину Каҳкашони садафгунаи чу шир
Озин бубаста Кохи шаби шеъри дилпазир…

Дар ин базмгаҳи шеър шоир исто­рагонеро мебинад “мисоли гулҳо” ва Каҳкашонро “чу боғ”, Парвинро ба даври моҳ чу “парвона бар чароғ”… Малоик нӯшбод мегӯянд ва таваҷҷуҳи ҳама ба Моҳ аст, ки бар танаш подал­лае (пероҳане аз тори нуқраву тилло) ҷилвагар аст…

Як лаҳзаи хаёл, ки шоир дар олами руъёи хеш, чунонки манзаранигоре саҳнае аз табиати ҳазоррангро мека­шад ва гоҳе ба хеш иҷоза медиҳад, ки он саҳнаро ба хости тахайюли худ дигаргуна бикашад, ҳамон тавр та­саввур мекунад. Дар гирудори дунёи дарунии шоир ҳама аҷзои табиат зиндаву фаъоланд, ду чизе, ки ин та­саввури шоиронаро ба сони зиндагии одамӣ намоиш медиҳад, яке ишқ асту дигаре шеър… Ҳамин ҷазаботи ишқу шеър аст, ки дар такшуури шоир аз ҳасрату надомат ибтидо гирифта, орзуи деринаи шаби шеърашро дар мисоли ҷирмҳои осмонӣ амалӣ кар­дан мехоҳад…

Дар аксари шеърҳои ин китоб, ки ҳатто дар номаш («Парвини хаёл») ишорае ба тахайюли баланду аз лиҳози маъно ғании шоирона дорад, табиат бо ҳама табу тобаш зинда тасвир мешавад, гоҳе сангу гулу гиёҳу савсану майсаву чашмаву кӯҳу дарё ва ҳар ҷузъи дигари олами атроф сухан мегӯянд, розу ниёзҳои шоирро ошкор мекунанд ва ин гуфтушунуфтҳо мушаххасу воқеӣ дар ниҳонхонаи қалби ҳар хонандаи шеър тасаввур мешаванд.

Аз ин ҷиҳат метавон аксари шеърҳои ӯро ба гурӯҳи шеъри ман­зара шомил кард, аммо вежагии ин навъи шеър ҳамин аст, ки ҳама зебоиҳои табиат бевосита тасвир мешаванд, аммо дар шеъри Саъдӣ Мирзо ин ҳама шукӯҳу таровати дунёи табиат ҳамчун васила барои ифодаи маънои марбут ба инсон ва дунёи пур аз рамзу рози он истифода мешавад. Мисли он ки дар Юнонзамини бостонӣ эзадонро чун одам тасаввур мекар­данд, арзу ниёз ва хостаҳои табиии одамиро ба онҳо нисбат медоданд…

Дар шеъри “Доғи ҷанги ҷаҳон” аз саргузашти талхи марде сухан ме­равад, ки ҷасади рафиқи ҳамсанга­рашро дар яке аз шабҳои тор ва дар яке аз “даштҳои васеи ноҳамвор” рӯйи китф бурдаву гӯронидааст… Аммо ибтидои шеър аз васфи моҳе оғоз мешавад, ки “чун наварӯсе” аз “пушти хаймаи кӯҳ” сар мекашад:

Моҳи шабрав зи пушти хаймаи кӯҳ
Мебарорад чу наварӯсе сар.
Мекунад рӯйи деҳи хомушро
Бе такаллуф ба оби тилло тар…

Ва анҷоми шеър, ки назари он пир­марди аз дарди ҳаҷри дӯсти шаҳидаш ғуссадорро хитобан ифода карда:

Ҷангҷӯёни арсаи олам,
Фитнаҷӯёну хоинони замин
Мекунад оқибат шуморо кӯр,
Намаки обу нони хони Замин!

Дар шеъри “Моҳтоб” мухотаби шоир моҳтоб аст, ки ҳамагӣ ороставу пероста бо хулқу хӯ ва покиву нуру зиё ва иффат чун модар аст, намоди мо­дарест, ки “ҷодаҳои тирагуни зиндаги­ро” барои фарзандон рӯшан мекунад ва ҳамчунон “тирагиҳои дилҳои моро”:

То дили мо поктар аз чашма бошад,
Софтар аз чашма бошад,
То ки бинад андар он худрову дунёро…

Ин шеър қолаби шеъри озодро дорад ва ба ҷуз оғози шеър, ки “шабзиндадориву масдари нуру зиё ва маҳзари покиву иффат” будани модар таъкид мешавад (ин сифатҳо аз ҷониби шуарои пешину ҳозир зиёд гуфта шудаанд), дар се банди дигар ҳамчунон хисоли рӯшангарӣ ва худфарсоии модар ба хотири фарзандон бо ишора ба моҳтобест, ки чун модар мӯниси шабҳои тори пайвандон аст…

Як хислати тасвирсозиву хаёлпар­дозиҳои Саъдӣ Мирзо ҳамин аст, ки бо истифода аз миқдори ками вожаҳо ташбеҳоту тавсифоти гуногун месо­зад ва низ вобаста ба аслу ҳадаф маъниофаринӣ мекунад. Табиист, ки модарони аксари манотиқ (аз ҷумла қисмати ҷанубу шарқи кишвар) до­каҳои сафед ба сар мекунанд ва онро гирди гарданашон мепечонанд. Ҳа­мин печутоби докаҳои сафеди мода­рон ба хотири шоир “лӯлаҳои печ-печи абрҳо”-ро дар само ва роҳи мушкили печдарпечи зиндагии онҳоро меорад ва дар умум шоир аз ин калима рамзи бадеӣ сохтан мехоҳад:

Лӯлаҳои печ-печи абрҳо дар осмонҳо
Ҳаст ёдовар маро аз докаи пурпечи модар.
Роҳи умраш печ дар печ,
Он қадар печида буд дар ҳеч,
Рамзи ин печидагиҳо буд гӯё
Докаи пурпечи модар…

Гуфтем, ки дар аксари ашъо­ри Саъдӣ Мирзо ҳузури табиат ва ҷузъиёти он фаъол аст ва агар дар як даста аз он шеърҳо манзараҳои гуногуни олами зебои табиат ҳамчун муқаддимаи афкору эҳсосоти шоир аз ҳар масъалаи дигар (хоҳ муҳаббат бошад, хоҳ ин ё он падидаи иҷтимоъ) хидмат кунад, дар дастаи дигари ашъор танҳо воситаи сабқати ҳунар аст, танҳо баёни анвои зебоиҳо, би­дуни кадом як ҳадафи дигар.

Шеърҳои “Даво”, “Субҳи фархун­даи баҳороғӯш”, “Риштаи борони испед”, “Руҷуъ” аз ҳамин қабил, яъне дастаи дувуми ашъори манзараситоии шоиранд. Дар ин навъи ашъор тасвирҳое ҳастанд, ки аз нигоҳи аввал содаву одӣ бошанд ҳам, аммо аз ни­гоҳи ҳунари тасвиркорӣ наву тозаанд. Масалан, ин пора аз шеъри “Риштаи борони испед”:

Риштаи борони испед
Рафта андар сӯзани хуршед.
Мекунад ҳар дам чакандӯзӣ
Рӯйи дашти сабзи наврӯзӣ

Ё дар ин пора, ки як навъ таноқу­зи маънӣ ба назар мерасад ва шоир онро гӯиё қасдан ба кор бурдааст ва тасвири зебо ҳам ҳаст:

Мечакад борони найсон,
Духтари рустоие ояд маро ёд,
Рӯйи худро шуста андар чашмаи кӯҳӣ,
Чашмаро аз чашми худ бинмуда шодоб…

Мо одат кардаем бигӯем ва пин­дорем, ки чашми инсон аз дидани чашмаву рӯду дарё рӯшан мешавад ва аз нигоҳи тиб низ ин амал мантиқ дорад. Аммо ин ки “чашма аз чашми одам шодоб шавад”, бисёр аҷиб аст… Ва ҳаққи шоир аст, ки ин гуна тасвир ва маъниро ба кор бубарад, зеро ин ҷо дар пасманзари хаёли ҳар хонанда духти ниҳоят зебое тасаввур мешавад, ончунон зебо, ки шустани рӯяш барои чашма мояи шодобиву фараҳ аст…

Шеърҳои “Барфнома”, “Ман ҷаҳон­ро бингарам бо чашми як шоир”, “Шаби ялдо”, “Сояи сафед” ва ғайра дар маҷмуаи мазкур, ба пиндори мо, ба дастаи дувуми шеъри манзара шомиланд, ки оғозашон васфи ин ё он ҷузъи табиат асту анҷомашон изҳори дард ва ё мушкиле аз нигоҳи шоир.

Ба фарзи мисол, дар ҳамин шеъри “Барфнома” се банд ҳама ситоиши барф аст. Шоир онро ба сафедии рӯю мӯй шабеҳ дониста, либоси тозаи дашту даман буданашро мегӯяд ва билохира сари он муаммо меояд, ки ҳамин барфи зебои тасвиршуда, агар боиси рифоҳи хотири ағниё бошад, аз сӯйи дигар, сабаби “чашми тар” ва “балои дигар”-и мардуми бенавост:

Ин барф ба ағниё аҷаб комгар аст,
Бар мардуми бенаво ҳама чашми тар аст.
Бе хонаи гарму ҷомаву орд, яқин,
Ин барф барояшон балои дигар аст…

Дар ин китоби шеър мавзуоти зиёде ҳаст ва хонанда набояд аз ин гуфтугузори мо хулоса кунад, ки дар маҷмуаи мавриди назар фақат шеъри манзара бошаду бас. Ҳарчанд назари мо ба вожаи “мавзуъ” дигар аст: ҳар чизе, ки аз таровиши эҳсосу афкори шоир рӯйи коғаз мерезад, шеър аст, яъне мавзуъ дорад, агар он эҳсоси гӯянда қавӣ ва мабнӣ бар забардастӣ бошад.

Дар ашъори дастаи дувум ҳубби ватан тариқи дурӣ аз ватан (бо ҳама дардҳои ҷонкоҳаш) ба мазраи тафак­кур мерасад, ки аз сидқгӯйиҳои ошко­рои навъи аввал хеле муассиртар аст.

Шоир дар шеъри “Муҳоҷир” ҳамин навъи ҳубби ватанро тавассути бозто­би зиндагии тоҷики ғариби мулки рус хеле моҳирона баён кардааст.

Бо истифода аз қиёси фарҳанги муҳаббати беканораи фарзандону волидон дар фарҳанги миллии тоҷикӣ ва вазъи баръакси он дар сарзамини рус, ки аз адами вафову сидқи фарза­ндон падарону модарони солхӯрдаи рус бекасу танҳоянд ва фоҷиаи онҳо аз мушкили фироқи муҳоҷирони мо кам нест. Беҳтараш чанд сатр аз оғози ин шеъри фаҷеи иҷтимоӣ бихонем:

Осмони шаҳри ғурбат
Буғз дорад дар гулӯ чун мӯсафеди рус,
Мӯсафеде, ки расад то осмон дуди сигораш –
Дуди оҳи бекасиву дуди танҳоиву афсӯс.

Офтобаш заъфаронӣ,
Сарду бенур асту бемор
Ҳамчуноне модари танҳои русӣ,
Модари танҳои гумгардида дар паҳнои русӣ.

Эй муҳоҷир,
Гаштаӣ гум дар миёни шаҳри мардум,
Гаштаӣ гум дар миёни фавҷи анҷум,

Кор меҷӯӣ,
Ризқи фарзандони худро
Аз сари ҳар кӯчаю бозор меҷӯйӣ

Шеъҳои “Фирорӣ”, “Хайрамақдам, эй ватандор” ва “Танҳои ғариб” низ дар ҳамин мавзуъ ҳастанд, аммо дар онҳо ҳисси андӯҳи гӯяндаи шеър тавассути ҷузъҳое аз табиат, қиёси макону фазои худиву бегона ва ёду хотироти ширину талх иброз шудаанд ва на дар шакли урёни таҳкия, балки ҳиссиву шавқӣ ва бо орояи бадеӣ.

Ҳар шоире, ки пайи шеър афтону хезон аст, табиист, ки даъвое дорад ва ҳатман дар шеъре онро ба ин ё он тарзу ваҷҳ манзур мекунад. Онро барномаи шоир ва ё маромномаи суханвар ҳам мегӯянд. Аҷиб, ки Саъдӣ Мирзо чунин шеъре саропо ифодаи майлу рағбати шоирӣ надорад, баръакс, бо сидқи том аз он мегӯяд, ки ҳаргиз даъвии шоирӣ надоштааст, аммо дар интиҳои як шеъраш иддао дорад, ки “по ба пойи қалам раҳ месипарад ва “ихтиёри тақдираш дар дасти ҳамин қаламе ҳаст, ки шеър меофаринад”, яъне қалами тақдир…

Даъвои шоирӣ нанамудам ба умри хеш,
Ҳаргиз набуда шеър маро асли ифтихор.
Аммо чу побапойи қалам раҳ сипардаам,
Ӯрост дар қаламрави тақдирам ихтиёр…

Итминон дорем, ки бо ин фурӯта­ниву хоксорӣ ва ба қавли академики зиндаёд устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, “худтаҳлилии амиқи шоир” Саъдӣ Мирзо, ба қавли худаш, минбаъд низ “побапойи қалам” хоҳад рафт ва боғи кунунии нимахазону нимабаҳори шеъри моро сабзу хуррам хоҳад кард. Бо ин андешаҳо мехоҳем бигӯйем, ки китоби “Парвини хаёл”-и шоир сазо­вори Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода аст.

Ҳафиз РАҲМОН

Дигар хабарҳо