«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
Аз 9 то 12 август дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид, ки он то 12 августи соли равон идома ёфт. Дар ин даври озмун беш аз 160 нафар ғолибо- ни даври ноҳиявӣ иштирок намуда, дар 3 номина — композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» раиси ҳакамон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, композитор Зокир Нишонов, роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Содиқ Нуруллоев, мутриб Абдураҳмон Мадхолов, оҳангсоз Убайдулло Иброҳимзода, композитор Нигина Обидова ва сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоев иштирок намуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз шуда, соҳиби роҳхати даври ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявии Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» гардиданд.