ТОҶИДДИН БУЗУРГМЕҲР
Бузургмеҳри Тоҷиддин 27-уми апрели соли 1990 дар деҳаи Шинги шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Парвардаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и зодгоҳ (2008), факултети «Забонҳои Шарқ”-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (2014) ва шуъбаи рӯзонаи магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016) мебошад. Аз даврони наврасӣ ба навиштани шеър оғоз кардааст. Шеърҳояш то имрӯз дар маҷмуаҳои дастаҷамъӣ ва нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дастраси хонандагон гардидаанд.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2015 ҳамчун омузгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар МТД Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе оғоз бахшида, баъд аз он чанде дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси хабарнигор ва ровии радиои «Ховар» фаъолият кардааст. Ҳоло корманди нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мебошад.
Барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016).
Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.