Толиби ЛУҚМОН. Зиндабоди зиндагӣ (Пора аз манзума)

Зиндабоди зиндагӣ

Зинда бод он ки ба ёди зиндагист,
Зиндадори эътиқоди зиндагист,
Он ки бо ангуштҳои хунчакон
Бастакори сози шоди зиндагист,
Чашми ӯ дар тирашоми марг ҳам
Равзане бар бомдоди зиндагист.
Зинда бодо он ки дар айни суқут
Боз ҳам рӯ бар чакоди зиндагист.
Шуълавар бод он ки дар сармои марг
Пой то сар шуълазоди зиндагист.
Шоири шеъри шиорам кард вақт,
Зиндабодам зиндабоди зиндагист.

***

Дармедиҳам нидои батакрор: Зиндагӣ,
Бар рағми қатлу таркишу террор: Зиндагӣ.
Сар медиҳам чу кафтаре андар фазои даҳр
Ин вожаро муқобили кафтор: Зиндагӣ.
Бо кӯдакони Ғазза ҳамовоз мешавам:
Оғӯш. Хона. Бӯсаву дидор. Зиндагӣ.
Ангор, аз гулӯи Замин мерасад ғамин
Овози канда-кандаи хунбор: Зиндагӣ.
Дилхастаем аз хабари маргумир, оҳ,
Гӯяд магар барандаи ахбор: Зиндагӣ.
Айёми лафзбозию санъатгарӣ гузашт,
Ҳоло шиори сода диҳад кор: Зиндагӣ.
Эй кош, аз муҳорибаи маргбори аср
Берун шавад саломату саршор Зиндагӣ.

***

Пас аз марги боғ
Рӯиши дубораи гул
Қатъитарин посух
Ба даъвои гулӯлаҳост.

***

Мункирони хуршеданд тӯдаи хурофотӣ,
Бо сиришти хаффошӣ, бо тариқи шабзотӣ.
Бо мизоҷашон доим эътидол бегона-ст,
Ё шаванд тафритӣ ё шаванд ифротӣ.
Чӯҷае агар пар зад бо паёми сулҳомез,
Сӯи ӯ назар карданд бо нигоҳи калхотӣ.
Мекашад Замин-Модар ҷаври нохалафҳоро,
Баски рӯи домонаш будаанд исқотӣ.
Дини хеш бифрӯшанд дар баҳои диноре,
Номи Ҳақ барошон шуд дастгоҳи ҳаннотӣ.
Баски ғорпарварданд, аз сафо ҳазар карданд,
Мункирони хуршеданд тӯдаи хурофотӣ.

***

Дареғо, ки зери фишори таассуб
Фитодем дар чоҳи тори таассуб.
Зи гул ҳам биҷӯем осори зиштӣ,
Халидаст бар чашм хори таассуб.
Ҷамолу ҷалолу фари одамиро
Бибозем мо дар қимори таассуб.
Дареғо, ки ҳар лаҳза чун туъма моро
Хурад аждари ҷаҳлу мори таассуб.
Биё, сӯи хуршед нақбе кушоем,
Бароем берун зи ғори таассуб.
Бишӯем бо нури ишқу садоқат
Зи оинаи дил ғубори таассуб.
Фурӯзем дар сина гулхан зи имон,
Барорем дуд аз димори таассуб.
Бисӯзем анчарсифат бехи онро,
Ки ҷуз бебарӣ нест бори таассуб.
Шавад рӯзгори ману ту мунаввар,
Сар ояд агар рӯзгори таассуб.

***

Ношири равшанӣ бувад тоҷик,
Гарми нурафканӣ бувад тоҷик.
Дӯстиро ба даҳр пайғамбар,
Душмани душманӣ бувад тоҷик.
Оташи поксӯз бошад, лек
Рағми оташзанӣ бувад тоҷик.
Байни ҷангу ҷидоли дунёӣ
Қосиди эманӣ бувад тоҷик.
Бо фару фитрати аҳуроӣ
Хасми оҳарманӣ бувад тоҷик.
Дар забонаш ҳамеша «мо» дорад,
Дур аз манманӣ бувад тоҷик.
Боми номаш расида то гардун,
Фатҳнокарданӣ бувад тоҷик.

МИЛЛАТИ ОБУ КИТОБ

Лаҳзае ки косаи обе ба бобоям ҳамекардам дароз,
Даст бар рӯ бурда мегуфт:
«Умри обаш деҳ, Худоё».
Ҳар гаҳе аз тоқча
Айнакашро бо китобе мениҳодам пеши ӯ,
Даст мебардошт боз:
«Умри монанди китобаш деҳ, Худоё».
…Оре, оре, доимо тоҷики дарёдил
Бо китобу об восил будааст.
Бо ҳар он чи ғайри покӣ, бо ҳар он чи ғайри некист,
Аз азал зотан муқобил будааст.
Баски ӯ ҳамзоди рӯду чашмаҳост,
Ҳам салому ҳам паёмаш,
Ҳам сукуту ҳам садо, ҳатто дуояш низ обист.
Рӯзгораш лаҳза-лаҳза ҳикмат асту маърифат,
Яъне китобист.
Аз саропои вуҷудаш ҳамчуноне аз «Авасто»
Оят-оят дӯстиву ошноӣ метаровад.
Аз дилу чашмаш ҳамеша ҳамчунон аз сафҳаи Мусҳаф
Чашма-чашма рӯшноӣ метаровад.
Барҳадар кӯшиш макун, эй тамғазан!
Доғи нанг охир ба рӯи номи поки ӯ намечаспад,
Муҳри бадномиву зиштиву сияҳкорӣ
Бар ҷабини тобноки ӯ намечаспад.
Ҳамрадифи рӯдҳои нурбори Меҳани хеш
Раҳ ба раҳ полуда худро, ҳамчунон ҷорист ӯ.
Ҳамчу дарё, ҳамчу авроқи «Авасто»
Дар сиришти ӯ муҷалло хайру некиву савоб аст.
Туҳмати олудагиву тирагӣ бар ӯ мазан,
Миллати ман
Миллати обу китобу офтоб аст.

Дигар хабарҳо