Таҷлили 125-солагии Сайидалӣ Вализода

Дар Тоҷикистон 125-солагии шоири мумтоз ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Сайидалӣ Вализода ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир мешавад.
Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ховалинг, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 125-солагии Сайидалӣ Вализода тадбирҳо андешанд.