Таҷаллии сеҳр дар қаламрави меҳр. (Мулоҳизаҳо дар атрофи китоби ашъори Рустам Ваҳҳобзода «Қаламрави меҳр»)

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ

Мулоҳизаҳо дар атрофи китоби ашъори Рустам Ваҳҳобзода «Қаламрави меҳр», нашриёти «Адиб», 2023, 368 саҳ.

Рустам Ваҳҳобзода аз ҷумлаи шах­сиятҳоест, ки дар ҷомеаи имрӯзи мо на­танҳо ҳамчун шоири маҳбуб, балки ҳам­чун олими тавоно ва зиёиву рӯшанфикри барҷастаи миллӣ шинохта шудааст. Са­баби дар оғози сухан истифода шудани истилоҳҳои пурзарфияту пурмасъулияти «шахсият» ва «зиёӣ» дар он аст, ки Рустам Ваҳҳобзода дар канори шеъри баланд, мавқеи рӯшани шаҳрвандӣ ва ҷойгоҳи баланди иҷтимоӣ дошта, барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, тарбияти руҳияи миллӣ ва ҳимояти манфиатҳои миллӣ талошҳои пайвастаи шахсию амалӣ анҷом медиҳад. Ин паҳлӯҳои фаъолияти миллию ҷамъиятии ӯ мақоми варо фаротар аз сухансаро, балки маҳз дар ҷойгоҳи як зиёии миллӣ ва шахсияти ҷамъиятӣ муаррифӣ менамоянд.

Маҷмуаи шеърии «Қаламрави меҳр», ки мавзуи асосии ин баррасист, низ дар баробари шеъри баланди Рустам Ваҳҳобзода шахсият, дидгоҳҳо, афкори миллию иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии васеу муосири адибро барои хонанда боз ме­кунад. Тавре дар муаррифии худи китоб низ омадааст, «маҷмуаи «Қаламрави меҳр» фарогири нисбатан ҷомеи осори манзуми Рустам Ваҳҳобзода буда, анвои гуногуни ашъори ӯро, ки бар асоси жанру навъ ва аҳёнан мавзуъ гурӯҳбандӣ шуда ва аз оғози фаъолияти эҷодии муаллиф то кунун таълиф гардидаанд, фаро меги­рад.» Аз назари мазмунӣ бошад, «меҳва­ри мавзуии ин маҷмуаро васфу ситоиши арзишҳои волои маънавию башарӣ, та­свиру таҳлили бадеии муҳимтарин пади­даҳо ва масъалаҳои муосир, тараннуми меҳру муҳаббат ва муқаддасоти миллию инсонӣ ташкил медиҳад.» Ба ин маъно, ин маҷмуа навъе мунтахаби ашъор ва ё гулчини осори ӯ низ мебошад. Аз ин рӯ, онро метавон ҳамзамон ҳамчун маҷму­аи шеърҳо ва ҳамчун қомуси андешаҳо баррасӣ намуд, ки ҳам барои арзёбию шинохти забону ҳунари шеърӣ ва ҳам дар ошноӣ бо андеша ва ҷаҳони маъна­вию ботинии муаллиф бисёр муҳим аст.

Аввалин бардоште, ки аз сайр дар «Қаламрави меҳр» ҳосил мешавад, ин аст, ки дар ин қаламрав сухани баланд ва ҳунари воло дар хидмати паёми бузург ва андешаи тавоно қарор гирифтааст. Ин маҷмуа бори дигар тавоноии истисноии забону назми форсии тоҷикиро барои баёни андешаи баланду печидаву му­осир ба намоишу исбот гузоштааст. Ин мушоҳида беихтиёр он байту он эътиро­фи Иқболи Лоҳуриро ба ёд меорад, ки фармуда буд:

Порсӣ аз вусъати андешаам
Дархурад бо рифъати андешаам.

Аз ин назар, дар арзёбии забону баё­ни адиб дар ин маҷмуа метавон гуфт, ки «Қаламрави меҳр», пеш аз ҳама як муҷассамаи забонист. Муҷассамаи забонӣ ба асаре гуфта мешавад, ки дар он забон ва бо он забон офарида шуда, сатҳу тавоноӣ ва равониву зебо­ии он забонро таҷассум намуда, худ ба меъёри забонӣ табдил шуда бошад ва ба ин восита дар мондагории ин забон саҳм гузошта бошад. Дар адабиёти бузурги пешини тоҷикӣ чунин мақому хидматро «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлонои Балхӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Девони Ҳофиз» ва ғайра доштаанд, ки дар ка­нори мазмунҳои баланду паёмҳои азим, худ як муҷассамаи забонӣ буданд. Дар адабиёти муосиртари мо осоре чун на­сри устодон Садриддин Айнию Ҷалол Икромию Сотим Улуғзода ва назми баланди устодон Муъмин Қаноату Лоиқ Шералию Бозор Собир ва ғайраро мета­вон ба осоре мансуб донист, ки қудрати тасвирсозию маъниофарии забони моро ифода карда, худ ба муҷассамаи забонӣ табдил шудаанд. Ковиши забонию адабӣ дар «Қаламрави меҳр» низ бегумон ин сатҳу ҷойгоҳи забониву баёнии онро рӯшан хоҳад кард.

Сабаби таъкид ба ин ҷанбаи масъала дар он аст, ки ҳар забон маҳз дар на­тиҷаи дар он ва бо хамираи он офарида шудани осори комил ва мондагор ба қиём ва мондагорӣ мерасад. Аз ин на­зар, офариниши осоре чун «Қаламрави меҳр» натанҳо намоде аз қудрати забони мо, балки паёме дар боби ояндаи рӯшану мондагории он низ мебошад. Яъне худи ҳамин хидмат ҳам хидмати адабиву фарҳангӣ ва ҳам хидмати милливу таърихист. Хидмате, ки дар шароити нави ҷаҳонишавӣ ва дар муҳите, ки ин забон зери фишору таъсирҳои бузурги беруниву бозорист, аҳаммияти даҳчанд пайдо мекунад.

Хулосаи дигаре, ки дар бораи забони «Қаламрави меҳр» бояд гуфта ша­вад, ин аст, ки он беҳтарин суннатҳои давраҳои гуногуни рушди забони моро фаро гирифта, дар айни асолату зебоиву иқтидор, тозагиву муосир мондани онро таъмин намудааст. Яъне, гарчи забони баёну манзараву тасвирҳои бакоррафта гоҳо равишҳои баёнии Фирдавсию Бедил ва гоҳо маъниофариҳои Иқболу Қаноа­тро ба ёд меоранд, аммо ба таври рӯшан эҳсос мешавад, ки дар заминаи фароги­рии тамоми вусъату азамати қаламрави форсӣ ин диду баёну офариниш тозаву муосир буда, он маҳз забону баёни худи Рустам Ваҳҳобзода аст:

Боварӣ меравад, ки забону баён ва ҳу­нару тасвирҳои бадеии Рустам Ваҳҳоб­зода дар «Қаламрави меҳр» ва осори дигари ӯ мавзуи баррасиву пажуҳишҳои ҷудогонаву арзишманди илмиву адабӣ қарор хоҳанд гирифт. Зеро дар ин самт чизи гуфтаниву шуниданиву омӯхтан хеле зиёд аст.

Аммо дебочаи баланди «Қаламрави меҳр» манзумаи «Достони Лозуркӯҳ» аст. Он шояд аз қавитарин ва муосиртарин достонҳои адабиёти имрӯз мо бошад, ки ҳам дар сабку баён ва ҳам дар паёму маънӣ сатҳи жанри достонро ҳифз ва таъмин намудааст.

Мавзуи достон яке аз муҳимтарин мавзуъҳои замони муосир аст, ки ояндаи сарнавишт ва бақои башар ба он вобаста мебошад. Он мушкилаи гармои ҷаҳонӣ ва авҷи исрофи моддию маънавиро, ки ҳарду метавонанд нобудсозандаи табиат ва инсоният бошанд, мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дар бораи аҳаммияти мавзуи достон метавон гуфт, ки дар ҳақиқат «гармои ҷаҳонӣ» ё гармшавии иқлим имрӯз яке аз доғтарин мавзуъҳои замину замон буда, ҳамаи башари огоҳ аз он нигарон ва дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли он аст. Гармшавӣ ва тағйири иқлим бои­си пеш омадани офатҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла хушксоливу беҳосилӣ, обхезиву тӯфонҳо, тағйири низоми фаслҳои сол, густариши қаҳтиву гуруснагиву беморҳо миёни башар гашта, зиндагии инсонҳо­ро ба ҷаҳаннам табдил менамояд. То ҷое, ки ҳоло дар ҷаҳон то ду миллиард нафар ба оби тозаи нӯшиданӣ дастрасӣ надошта, миллионҳо нафар аз беобӣ ва пайомадҳои он ҳалок мешаванд.

Дар айни замон, талоши давлатҳову қудратҳо барои таъмини ниёзҳои худ дар шароити камбуди манобеъ боиси барҳам хӯрдани назми ҷаҳонӣ ва суботу амнияти кишварҳо мегардад. Ин аст, ки бахши бузурге аз барномаҳои созмонҳои байналмилалӣ ва, пеш аз ҳама Созмони Милали Муттаҳид маҳз ба ҷустуҷӯи роҳи ҳалле барои пешгирии гармшавии иқлим ва наҷоти башар аз ин фоҷеа бахшида шуда, талошу сармояҳои бузурге ба ин самт равона мегарданд. Яъне чунин мавзуи ҳаётии башар дар маркази «До­стони Лозуркӯҳ» қарор гирифтааст.

Аммо чизе, ки мавзуъ ва мазмуни до­стонро боз ҳам муҳимтар намудааст, дар канори гармои ҷаҳонӣ, офати дигари ба­рои башар маргбор, яъне туғёни нафси инсонӣ низ дар меҳвари баррасии асар қарор дода шудааст. Буҳрони маънавие, ки барои сарнавишти инсоният хата­ре камтар аз гармои ҷаҳонӣ надорад. Чуноне, ки худ муаллиф мефармояд, моҳияти ин буҳрон чунин аст, ки «башар дар сабқати пешдастӣ бар якдигар даст ба исрофоте моддию маънавӣ мезанад, ки ин равандро суръат мебахшад ва ҳеҷ ҳозир нест, аз ин сабқатҳои ҷунуномез даст бикашад.» Ва ё чунончӣ дар худи достон омадааст:

Аз банд раҳо шудаст деви Нафс,
Биншаста ба зини аждари Исроф.
Метозаду дар ҷаҳон ҳамебалъад,
Ақлу хираду адолату инсоф.

Дар тамоми хатти достон ба таври мувозӣ баррасӣ намудани моҳияту пайомади ин ду офати азим натанҳо сужаи ҷолиб ва интихоби дуруст аст, балки нишонгари огоҳии илмию фал­сафии муаллиф аз моҳияти равандҳои таърихӣ, сиёсӣ ва иқлимии ҷаҳони му­осир мебошад. Зеро дар ҳақиқат ҳам маҳз буҳрони маънавӣ, туғёни нафс ва афзунхоҳии беинтиҳои башарӣ боиси барҳам хӯрдани набзу низоми табиат ва пеш омадани гармои ҷаҳонӣ мебошад. Ва монеаи асосии пешгириву илоҷи он низ маҳз ҳамон сабқати нафсу сармоя ба ҳисоб меравад. Чуноне, ки Иқболи Лоҳурӣ фармуда буд:

Роздони ҷузву кул аз хеш номаҳрам шудаст,
Одам аз сармоядорӣ қотили одам шудаст.

Бо баррасии мазмунии достон мета­вон гуфт, ки таҳлилу хулосаҳои дақиқу ҳакимонаи муаллиф дар чунин масъ­алаҳои мубрами раванди ҷаҳонишавӣ ӯро на танҳо чун адиб, балки чун мута­факкири барҷастаи муосир муаррифӣ менамод. Аз ин назар худи достон низ як достони ҷиддии зеҳнӣ ва зеҳнофар мебошад.

Яке аз нуктаҳои қавӣ ва пурифтихори «Достони Лозуркӯҳ» дар он аст, ки дар чунин соати мушкили башар маҳз давлат ва миллати тоҷик паёми раҳоиро ба миён меандозад ва Роҳбари тоҷикон ҳамчун ташаббускори тадбирандешии башар зуҳур мекунад. Маҳз дар чунин давраи мушкил аст, ки Пешвои миллат, Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо силсилаи ташаб­бусҳои худ барномаи наҷоти обу иқлим, яъне наҷоти башарро матраҳ менамояд ва башари ташнаву сӯхта бо он нидои раҳоӣ ҳамовоз мешавад:

Аз минбари Созмони Миллатҳо
Овози расои тоҷикӣ бар шуд.
Минбар на, ки қуллаи Бадахшон буд,
Симурғ аз он даме паровар шуд.
Шуд боз мисоли дафтари Саъдӣ
Бар рӯи замона дафтари Тоҷик.
Чун шарфаи рӯди кӯҳ боло шуд
Пайғоми фасеҳи Раҳбари Тоҷик.

Муаллиф бисёр дақиқ зикр мекунад, ки ин «пайғоми фасеҳи Раҳбари Тоҷик» таҷаллии тамаддун ва арзишҳои балан­ди зотию фарҳангии ин миллат аст, ки имрӯз барои ҷаҳониён корбурд ёфта­аст. Яъне имрӯз мо худ ташнаву беооб нестем, кишвари зебову биҳиштиву сероб дорем, аммо фарҳангу арзишҳои мо тақозо менамояд, ки нисбати дарду мушкилаи башар бетафовут набошем. Зеро рисолати тоҷик ҳамеша некуиву инсонгароӣ будааст:

Сад рӯди дуруд мо равон дорем,
Сарҷӯи бузург аз осмон дорем.
Мо ташна наему оташе дар ҷон
Аз сӯзиши ҷони ташнагон дорем.

Аммо ин паёму даъвои тоҷик барои наҷоти башар як ҳарфи холӣ нест. Балки сарзамину давлати тоҷикон худ ватани яхчолу лозурҳои азим ва зодгоҳи обҳои мусаффо буда, тоҷик дарё-дарё обҳои зулоле дорад, ки барои шодобии башар ба ройгон ҷориянд. Танҳо захираи кӯли осмонии Сарез кофист, ки тоҷик тамоми минтақаро то сад сол бо оби пок таъмин намояд. Ба ҳадде, ки тибқи бароварди олимони табиатшинос, то 65% аз обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маҳз дар қаламрави Тоҷикистон шакл мегиранд. Ва Лозуркӯҳ яке аз он кӯҳҳои абадии яхпайкарест, ки аз вуҷудаш рудҳои оби зулолу гуворо ҷориянд…

Чун сухан то Лозуркӯҳ расид, зарур аст, ки барои шинохти дурусти ин танди­си марказии достон ба чор нуктаи муҳим таваҷҷуҳ шавад:

Аввал, худи вожаи «лозуркӯҳ» калима ва номи зебоест, ки корбурди он барои забони мо басе беҳтару муносибтар аз калимаҳои «пирях»-у «кашолях» ба на­зар мерасад. Гарчи «лозур» имрӯз ҳам дар забони мардуми кӯҳистон роиҷ аст, аммо, мутаассифона дар забони илмиву расмии мо калимаи пирях ҷойгоҳи усту­вор ёфта, дар луғати истилоҳоти расмию илмӣ чунин пазируфта шудааст. Бинобар ин, худи оммавӣ кардан ва машруияти умумӣ додани вожаи зебои «лозур» ва номи «лозуркӯҳ» як талоши арзишманди муаллиф дар ин достон аст.

Дувум, «Лозуркӯҳ» пиряхи табиии бу­зургест, ки дар зодгоҳи адиб, дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт, дар канори қуллаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қарор дорад ва аз нодир пиряхҳоест, ки то пойи он роҳи мошинрав вуҷуд дошта, бе таҷҳизоти вижаи кӯҳгардӣ то фарқи он баромадан ва чокҳои азими даруни онро мушоҳида намудан имконпазир аст. Айёми бачагӣ ва ҷавонии муаллиф дар домани ин кӯҳи зебои ях гузашта, дар ин ҳамзистии мавзун ӯ моҳияту хосияту аҳаммияту табиати Лозуркӯҳро хуб ши­нохтааст. Як сабаби кашфи чунин нук­таҳои жарф ва касби чунин бозёфтҳои бикр дар мавзуи обу пирях низ ҳамин ҳамзистии зиндаи адиб бо ин падидаҳову муъҷизахои табиат аст. Зеро маълумо­ти фосилавӣ ҳаргиз имкон намедиҳад, ки касе бо Лозуркӯҳ чунин пайванди маънавӣ барқарор карда, онро бо чунин шинохт бишносад.

Сеюм, аммо Лозуркӯҳи «Достони Лозуркӯҳ» танҳо ҳамон кӯҳи яхи зодгоҳи муаллиф нест, балки он симо ё обра­зи умумиятёфтаи тамоми кӯҳистони сарбаланди тоҷик аст. Кӯҳистоне, ки сарчашмаи об, ватани лозур, такягоҳи замин, омили наҷот ва нигоҳбони иқлим аст. Чунин нигоҳи фарогири муаллиф ба Лозуркӯҳ ва дар симои он сурудани достони тамоми кӯҳистони тоҷик ба ин асар аҳаммияти махсуси умумимиллӣ мебахшад. Аз ин назар, он достони пе­чида, баланд ва пурғурури сарнавишти куҳистони тоҷик, балки достони сарна­вишти ватани тоҷик аст.

Чорум, аммо сухани тоза ва хатти рӯшантари «Достони Лозуркӯҳ» ин аст, ки моҳияту ҷойгоҳи ӯ бисёр бештар аз як кӯҳи ях, сарчашмаи об ё унсури меҳ­варии табиат аст. Балки Лозуркӯҳ дар ин достон чун як вуҷуди зиндаву огоҳ, чун як падидаи қудсию маънавӣ ва чун роздону роздори мардуми тоҷик зуҳур меёбад. Ин ҷо Лозуркӯҳ танҳо сангу яху бурҷу сахра нест, балки он нигаҳдорандаи арзишҳои миллию номусӣ, балки худ як арзиши бузурги ин миллат аст. Чуноне, ки дар муаррифии достон низ омадааст, кӯҳи­стон ҳамзамон бо нигаҳдории захираҳои обӣ, нигаҳбони захираҳои маънавӣ ва арзишҳои суннатии башарӣ ва миллӣ мебошад. Ва маҳз дар тасвири ҳамин ҷавҳари Лозуркӯҳ авҷи ҳунару андеша ва ҷавҳари маънавию инсонии муаллиф низ бо тамоми шукӯҳаш зуҳур менамояд. Ӯ пеши Лозуркӯҳи бузург чун фарзанде назди модар ё чун шогирде пеши устод зонуи адабу эътироф зада, ин ҳарфҳои сипосро ба забон меорад:

Эй Пири муроди банда, Лозуркӯҳ,
Ҳошо, ки даме кунам фаромӯшат.

Ё:

Бар санги қаноати ту бишкастам
Сар нозада гардани ҳавасҳоро.
Омӯхтам аз ҳилоли лоли ту
Афсуни раҳоӣ аз қафасҳоро…

Яъне, агар муаллиф аз бахшҳои фалсафию сиёсию иҷтимоии достон бо тамкини мутантан гузарад, дар ин бахши достон ӯро шӯру эҳсосу ангезаи хоса фаро мегирад. Ин ҷост, ки дар бароба­ри эҳсос тасвиру ҳунар низ бо тамоми шукӯҳи худ зоҳир мешаванд:

Як чашмаи содае, к-аз он хуршед
Бо найлаби нур об менӯшад.
Худ оинаи камоли берангист,
Сад ранг гул аз канори он ҷӯшад.

Аммо фоҷеаи бузурги достон, бал­ки фоҷеаи бузурги башар дар он аст, ки имрӯз ҳардуи ин такягоҳ, яъне ҳам лозурҳову обҳои табиӣ ва ҳам суннату арзишҳои баланди инсонӣ бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ шудаанд. Ҳамон гуна, ки аз гармои ҷаҳонӣ лозурҳо об гаштаву дарёҳо мехушканд, аз туғёни нафсу оз арзишҳои баланду нигаҳдорандаи ба­шарӣ низ аз миён мераванд. Ҳолате, ки моро ҳам аз эҳтимоли марги табиии ба­шар ва ҳам аз эҳтимоли заволи арзишию маънавии инсоният ҳушдор медиҳад:

Ҳар дуд, ки аз манораҳои оз
Мепечад сӯи гунбади гардун,
Чун ҳалқа ба гардани ту меафтад,
Гӯё ки ту вомдорӣ аз ҳар дун…

Ин аст, ки муаллиф дар қисмати поёнии достон дубора ба Инсон рӯй меоварад ва ӯро ба сӯи огоҳӣ ва бедорӣ аз ин ғафлат бозмехонад.

Эй зодаи чор гавҳар, эй Инсон!
Аз гавҳари оташ ин фузунхоҳӣ
Берун бикашад турову гардонад
Дар тобаи тобдода чун моҳӣ.
Аз аҳди нахусти хештан ёд ор,
Ёд ор, амонати ҷаҳон бар туст.
Тақдир агарчи аз азал барҷост,
Тадбири замину осмон бар туст.

Ва дар ниҳоят, он ду хати мувозии достон ба ҳам омезиш меёбанд, мавзуи афзоиши гармои ҷаҳонӣ ва буҳрони нафси инсонӣ ба ҳам даромехта, манза­раи умумии ҷаҳони имрӯз ва сарнавишти башари муосирро рақам мезананд. Гӯиё ин ду хатти сужаи достон ба ҳам печи­да, ресмони рӯшани наҷотро фароҳам месозанд. Ва формулаи наҷоти башар дар назари муаллифи достон ин аст, ки инсон бояд дубора бо табиат мавзун гардад, дубора он пайванди унсурии худро бо замон, об, бод, кӯҳ, иқлим дарё­бад. Ва ба ин восита худро ва табиатро наҷот диҳад. Ва танҳо ҳамин тавозуни саломатии табиату дарки табиии инсон метавонад бақои башарро таъмин намо­яд. Аммо ба қавли Иқбол, одами имрӯз «ҳанӯз андар табиат мехалад».

Ин аст, ки Рустам Ваҳҳобзода дар ҷа­мъбасти «Достони Лозуркӯҳ» тафовути байни табиату инсонро аз миён бардо­шта, ҳардуро пайванди мавзун бахшида, ҳардуро дар як вуҷуд ба риштаи тасвир мекашад:

Ҳар чашма ишорате зи чашми туст,
Сар барзада ҳар гиёҳ мижгонат.
Андешаи неки ту насими субҳ,
Шабнам ҳама аз зулоли виҷдонат…

Ва ҳамин паёми бузург, ки болотар аз ҳама гуна мулоҳизаву манфиати шахсӣ ва фаротар аз ҳама гуна идеологияву дину сиёсат аст, мавзуи достонро ба­шарӣ, балки ҷаҳонӣ месозад. Ва ин бу­зургии мавзуъ, аҳаммияти худи достонро низ фаромиллӣ кардааст.

Бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои боло мета­вон гуфт, ки «Достони Лозуркуҳ» яке аз беҳтарин асарҳои назмии адабиёти муосири тоҷик буда, ҳам аз назари сабку услуби нигориш, ҳам аз диди маз­муну мундариҷа, ҳам аз нигоҳи ҳунару навоварӣ ва ҳам аз ҷиҳати аҳаммияти мавзуъ як падидаи тобнок ва монда­гори адабиёти имрӯзи мо ба шумор меояд. Он асарест, ки ҳам сатҳи нави достонсароӣ, ҳам сатҳи нави андешаи фалсафию сиёсӣ ва ҳам сатҳи нави ада­биёти муосири моро ифода мекунад. Ва чунин арзёбӣ нисбат ба бахшҳои дигари маҷмуаи ашъори Рустам Ваҳҳобзода «Қаламрави меҳр» низ дуруст ва мун­сифона мебуд.

Бале, баррсии моҳият ва бозкушоии тамоми нуктаҳои асари пурборе чун «Достони Лозуркӯҳ» ва маҷмуаи комиле чун «Қаламрави меҳр» дар як навишта номумкин аст. Аз ин рӯ, муҳимтарин тавсияе, ки дар поён ба минён мегу­зорем, маҳз ҳамин аст, ки «Достони Лозуркӯҳро» бояд хонд! Роҳи дигари маърифату фарогирии он пайдо нест… Дар ҳақиқат китои мазкур ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сазовор аст.

Абдуллоҳи Раҳнамо,

директори Маркази тарғиби адабиёти ИНТ

Дигар хабарҳо