Таҳқиқи пурарзиш

 Таҳқиқи пурарзиш

(Аҳмад Абдуллоев. «Адабиёти форсии тоҷикӣ дар Озарбойҷони асри XII» – Душанбе: «Дониш», 2024. – 102 с.) 

Адабиёт нурест, ки моро фаросўи ҷаҳони маънавӣ ҳидоят намуда, уфуқҳои нави созандагиву ободкориро ба рўйи мо мекушояд. Дар ҳама давру замон ва ҳар сарзамин адабиёт бо ғановати адабию шукўҳи азалиаш дили муштоқони каломи бадеъ ва дўстдорони маънои бикрро тасхир кардааст. Намояндагони адабиётро аз рўйи замони зиндагиашон ба марҳалаҳои адабӣ тасниф мекунанд. Чи тавре ки ба ҳама маълум аст, адабиёти форсу тоҷик дар ҳама давру замон бо намояндагони барҷаставу шуҳраи ҷаҳонаш дар ақсои олам маъруфият касб карда, дар ҳавзаҳои гуногуни адабӣ ривоҷу равнақ ёфтааст. Яке аз чунин ҳавзаҳои машҳури адабӣ сарзамини Озарбойҷон аст, ки дар баробари таърихи бостониву фарҳанги ғанияш, бо адабиёти рангини форсии тоҷикии худ, махсусан бо номҳои Низомии Ганҷавӣ ва Хоқонии Шарвонӣ дар ҷаҳон шуҳрат ёфтааст. Ҳамзамон, дар ҳавзаи адабии мазкур як қатор шоирони дигар ҳаёт ба сар бурдаву ба забони форсии тоҷикӣ эҷод кардаанд. Ин шаҳодати қотеи он аст, ки забони форсии тоҷикӣ дар он давра забони роиҷи адабӣ ва гуфтугўии ин сарзамин будааст. Таҳқиқи илмӣ-академии доктори илмҳои филологӣ, профессор, шодравон Аҳмад Абдуллоев таҳти унвони «Адабиёти форсии тоҷикӣ дар Озарбойҷони асри XII» ин нуктаро бори дигар собит менамояд. Дар китоби мазкур ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давр (асри XII), ҳаёти адабӣ, муҳити зиндагӣ ва рўзгору осори шоирони форсизабони Озарбойҷони асри XII, ба мисли Абулъалои Ганҷавӣ, Иззуддини Шарвонӣ, Муҷири Байлақонӣ, Фалакии Шарвонӣ ва Хоқонии Шарвонӣ мавриди таҳлилу баррасӣ ва омўзиш қарор дода шудааст. Муҳаққиқ дар бахши «Ҳаёти сиёсию иҷтимоии давр» вазъи сиёсии асри XIIро мавриди омўзишу баррасӣ қарор дода, ҳукмронии ҳокимону подшоҳони даврро тасвир намуда, сиёсати пешакардаи ҳар яки онҳоро дар самти идораи давлат, ривоҷи илму маърифат, рўзгору сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъсири ҳамаи инҳо ба пешрафту инкишофи эҷодиёти адибони давр бо овардани шавоҳиду далелҳои муътамаду боварибахш нишон додааст. Дар баробари ин, шуҷоату далерӣ, фазлу дониш ва афзалияти ҳукмронии шоҳони ҳар як марҳалаи таърихии даврро бо такя ба сарчашмаҳои муътамади илмиву адабӣ бо назокати хос таҷассум намудааст. Дар бахши «Ҳаёти адабӣ» муаллиф доир ба замина, ташаккулу таҳаввул ва рушду инкишофи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Озарбойҷон (асри XII) маълумот дода, чеҳраҳои намоёни адабиёти ин давронро, ба монанди Абулъалои Ганҷавӣ, Иззуддини Шарвонӣ, Муҷири Байлақонӣ, Фалакии Шарвонӣ ва Хоқонии Шарвонӣ ёдовар шудааст. Дар баробари ин, дар ин бахши кор муаллиф кўшидааст, ки навъҳои гуногуни адабӣ ва мавқеъу густариши онҳоро дар ҳаёти адабии он даврон бо овардани мисолҳои равшану возеҳ мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ин ҷо бояд як нуктаро бо исрор таъкид намуд, ки мисолҳои ба таври намуна овардаи муаллиф, бешубҳа, аз эҷодиёти шоирони фавқуззикр мебошанд. Сипас, муаллиф доир ба ҳаёт, фаъолият, сабки нигориш, мақому мартабаи шоирони даврон — Абулъалои Ганҷавӣ, Иззуддини Шарвонӣ, Муҷири Байлақонӣ, Фалакии Шарвонӣ ва Хоқонии Шарвонӣ сухан карда, аз намунаи эҷодиёти онҳо мисолҳо овардааст. Ҳангоми таҳлилу баррасии зиндагиномаи шоирон муаллиф ба сарчашмаҳои илмии зиёд такя намуда, маълумоти дар онҳо овардашударо бо якдигар муқоиса намуда, доир ба саҳеҳияти маълумотҳои овардашудаи манбаъҳо андешаҳои фардии худро низ бо боварӣ зикр кардааст. Барои тақвияти фикраш ба муътамадтарин сарчашмаҳои илмӣ истинод ҳам кардааст, ки қимати илмии асарро афзудааст. Як нуктаи ҷолибро ин ҷо зикр кардан бамаврид аст, ки муаллиф ҳар як давраи зиндагӣ ва замони эҷоди шоирони форсизабони асри XII Озарбойҷонро бо такя ба эҷодиёти худи шоирон ба риштаи таҳқиқ кашида, дар роҳи муайян намудани паҳлуҳои баҳсноки ҳаёту эҷодиёти онҳо ба муваффақиятҳои назарраси илмӣ ноил шудааст. Дар баробари ин, дар китоби мазкур муаллиф намунаи ашъори шоирони дар боло зикршудаи форсизабони Озарбойҷонро, ки дар асри XII зиндагӣ ва эҷод кардаанд, аз нигоҳи мазмун, мундариҷа, салиқаи сухангустарӣ, доираи тафаккур, нуқтаи назари шоирона, санъати баланди эҷод, интихоби мавзуъ ва монанди инҳо ба риштаи таҳқиқ кашида, ҳамчун олими камолёфтаву адабиётшиноси варзида андешаҳои муътамади илмӣ баён кардааст. Ҳамин тариқ, китоби мазкур қимати баланди илмӣ дошта, барои ихлосмандони эҷодиёти шоирони форсизабони Озорбойҷон, ки дар асри XII зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маводи муътамади илмӣ дода метавонад. Ба туфайли ин китоб муҳаққиқони соҳаи адабиётшиносӣ метавонанд, ки бисёр уқдаҳои сарбастаи ба адабиёти форсии тоҷикии Озарбойҷони асри XII рабтдоштаро кушода, барои худ маъноҳои бикру тозаеро кашф намоянд.

Шариф МУЛЛОЕВ

Дигар хабарҳо