Тақлид ба фарҳанги бегона хатарбор аст

 Тақлид ба фарҳанги бегона хатарбор аст

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли бо саводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Эмомалӣ РАҲМОН

Дар сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурии ҷомеаамон аз ифроту таассуб, хурофотпарастӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳангҳои ғайр аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон ҷойгоҳи махсус дорад. Он кас ҳам дар суханрониҳо ва ҳам дар осори илмияшон ба масъалаҳои мазкур таваҷҷуҳи ҷиддӣ намуда, ягона роҳи устувории давлати ҷавон ва соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз бедории фарҳангӣ, маърифатӣ, ахлоқӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва шинохти моҳияти зиндагӣ вобаста дониста, насли муосирро ба худшиносию худогоҳӣ даъват менамоянд. Ҳанӯз соли 2006 дар китоби “Сарнавишти миллати соҳибтамаддун” Ҷаноби Олӣ қайд карда буданд, ки “Зиндагӣ мисли андешаи инсон ҳеҷ гуна маҳдудиятро намепарастад. Танҳо ба инсон зарур аст, ки вазифаи азалӣ, шаъну эътибор ва фазилатҳои моддию маънавиашро бошуурона дар сохтани ҳастиаш ба кор барад”. Таъкиди мазкур на як назари сода аст, балки он асоси фалсафӣ ва инсоншиносӣ дошта, масъалагузорӣ сари худшиносии инсон, дарки маънии зиндагӣ, масъулияти бадӯшдошта ва расидан ба саодати воқеӣ мебошад. Зиндагӣ, ки печидагӣ ва ноҳамвориҳо дорад, аз инсон талаб менамояд, ки мақсаднок, андешамандона ва бошуурона ба он муносибат намуда, равиши бонизоми онро дарёбад. Ба истилоҳи Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ:

Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Дар дили шуъла фурӯ рафтану нагдохтан аст.
Мазҳаби зиндадилон хоби парешоне нест,
Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст…

Дар ҳамин равиш Пешвои миллат қайд менамоянд: “Инсон мавҷудест, ки қудрат ва тавоноии ба саодат расиданро дорад. Танҳо ҷаҳду кӯшиши ҳалолу покиза ва ҳақгароёна зарур аст”. Воқеан, инсон қудрати офарандагиро доро буда, метавонад тавассути тафаккур ва ирода ҳам саодати хеш ва ҳам дигаронро таъмин намояд. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ танҳо мақсадгузорӣ ва сидқ зарур мебошад. Чизи аз ҳама зарур дар ин масир донишу хирад ва ҷаҳонбинии илмӣ аст, ки бидуни он ҳадафи олии инсонӣ ба даст намеояд. Дар Паёми худ Раҳбари кишвар оварданд: “Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд”.

Саводу дониш ва касбу ҳунар василаҳои муҳимтарини камолоти инсон буда, таниши андешаҳои таассубию хурофотиро дар шуури насли муосир номумкин гардонида, низоми солими зиндагии инсон ва муносибатҳои иҷтимоиро таъмин месозад. Таассубу хурофот ва гаравиш ба фарњанги бегона нишони камсаводию нодонӣ ва бетаваҷҷуҳии волидайн ба ояндаи фарзандон мебошад. Пешвои миллат дар Паёми навбатияшон бо ҷиддият таъкид намуданд:

“Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”.

Масъалаи илму маърифат, фарҳангу маънавиёт ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳаммияти рӯзафзун дорад. Бавижа, дар замоне ки дар ҷомеаи муосири мо бо таъсирпазирӣ аз ҷараёни глобализм тобишҳои бегонашавии фарҳангӣ, таассубу ифротгароӣ ва ташаккули босуръати ҷаҳонбинии хурофотӣ эҳсос мегардад, арзиши донишу маърифат ва ҷаҳонбинии илмӣ боз ҳам баланд меравад. Боиси таассуф аст, ки қисмати муайяни аҳолии ҷомеаи мо ба эзотерика ва сеҳру ҷоду рӯй овардааст, қисмати дигар аз арзишҳои суннатӣ ва анъанавӣ даст кашида, ба мақсади инкишофи зӯроваронаи индивидуализми либералӣ ва позитивизму неопозитивизми ғарбӣ худро пойбанди арзишҳо ва анъанаҳои бегонагон гардонидааст. Раванди мазкур, муаммои инсон ва дарёфти роҳҳои ба саодат расидани ӯро, ки яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад, ба гӯшаи фаромӯшӣ мегузорад. Қисмати зиёди падидаҳое, ки ҳар лаҳза дар миёни башарият рӯйи кор меоянд, боиси заволи фазилатҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва сохтори оилаи анъанавӣ шуда, сабабгори сар за дани мушкилиҳои дигари иҷтимоӣ мегарданд. Ин раванд ба косташавии мақоми инсон ҳамчун мавҷуди офарандаи арзишҳои маънавӣ омил гашта, ҷомеаро ба сӯйи бефарҳангӣ равона месозад ва инсони комилро аз инкишоф боз медорад.

Сатҳи нокифояи донишҳои дунявӣ, динӣ ва бетаҷрибагӣ дар зиндагӣ, коҳиши нақш ва мақоми оила ва ниҳоят, надоштани мавқеи муайян дар интихоби арзишҳои ахлоқӣ боиси калавишу гароишҳои намояндагони алоҳидаи баъзе қишрҳои ҷомеа ба гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ мешавад. Ин падидаи номатлуб сабаби тезутунд гаштани муборизаи ғоявӣ барои ғасби ақлу мафкураи инсонҳо, фаъол гаштани амали гурӯҳҳои хусусияти ифротгароидошта шуда, ба рушди босубот ва амнияти маънавии ҷомеа таҳдиду хатарҳои навро эҷод менамояд. Аз ин ҷиҳат, рӯй овардан ба мероси маънавии ниёгон, фарҳанги миллӣ, суннатҳои ахлоқии шаклгирифта, таҳлилу баррасии онҳо ва дар ҳаёти имрӯза татбиқ намудани офаридаҳои арзишноки тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик василаи муҳимме дар самти тарбияи ахлоқӣ, ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги оиладорӣ, маданияти сиёсӣ ва сиёсати давлатдорӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон хоҳад буд.

Масъалаи таассубу хурофот ва нагаравидан ба фарҳанге, ки барои миллати мо хусусияти харобиоварӣ дорад, имрӯз мубрамияти тоза касб намуда, заруратеро ба миён гузошт, ки аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём мавриди таъкид ба мардуми Тоҷикистон қарор гирад. Муроҷиати Пешвои миллат ба ҳамватанон аз он далолат медиҳад, ки бо вуҷуди пештозиҳои илму техника, дастрасии инсоният ба ҳама навгониҳои илму фан мо ҳанӯз бастаи хурофоту таассуб ва пайрави андешаҳои бебунёде ҳастем, ки дар ҳар давру замон садди пешрафт будаанд.

Сарвари давлат батакрор дар Паёмашон таъкид карданд: “Ман, пеш аз он, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Фирдавсиро чоп ва дастраси мардуми Тоҷикистон гардонам, Қуръони каримро ба забони тоҷикӣ тарҷума, чоп ва пешкаши мардум гардонидам, то хонанд, маънии онро дарк намоянд ва ҳоҷат ба шунидани баъзан шореҳони мутаассиб надошта бошанд”.

Пас, саволе ба миён меояд, дар сурате, ки тамоми имконият барои такомули маърифати динӣ, камолоти маънавию ахлоқӣ ва илму маърифат вуҷуд дорад, чаро мардум ба таассубу хурофот ва парастиши фарҳанги бегона майл менамоянд?! Ба андешаи мо, усули тарбияи хонаводагӣ бознигарӣ ва тақвият мехоҳад. Дар шууру мафкураи насли наврас парвариши муҳаббату сидқи воқеӣ нисбат ба Ватан, миллат, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забон, таърих ва фарҳанги пурғановатамон яке аз омилҳои асосии дурӣ аз таассуб, ифроту хурофот ва расидан ба худогоҳию худшиносии воқеӣ аст.

 Хулоса, ҳушдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши “таассубу хурофот ва пайравӣ аз фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст”, бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро муваззаф менамояд, ки нисбати падидаҳои мазкур бетарафӣ зоҳир накарда, муборизаи ҷиддӣ баранд. Зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, новобаста аз касбу кор ва мақоми иҷтимоии худ, ба тарбияи фарзандон, атрофиён ва ҳамнишинону ҳамкасбон оқибатҳои харобиовари таассубу хурофот ва бегонапарастиро фаҳмонида, роҳи бунёдкориву созандагӣ ва меҳру муҳаббати пайвастаро ҳамчун оину оинаи ватандорию ватанпарварӣ таърифу ташвиқ кунад.

Амирхон Шоҳҳусайн,
профессор,

Мирзоҳусайн Бадалӣ,
номзади илмҳои фалсафа

Дигар хабарҳо