Таъсиси ду ҷоизаи нав барои Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Тоҷи Сомон”

 Таъсиси ду ҷоизаи нав барои Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Тоҷи Сомон”

Дар чаҳорчӯби дувумин давраи ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Душанбе – “Тоҷи Сомон”, ки рӯзҳои 15-20-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ду ҷоизаи нав – “Синамо бидуни марз” ва ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд.

Ин нукта рӯзи 1-уми август дар ҷаласаи Кумитаи тадорукоти II Ҷашвораи байналмилалии филмҳои “Тоҷи Сомон” садо дод.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии “Тоҷик­филм”, ин ибтикор вежагии муҳимми дувумин давраи ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Тоҷи Сомон” буда, ин ҷоизаҳо «барои саҳми муносиб гузоштан дар рушду тавсеаи дӯстӣ, ҳамкориҳои синамосозон, паёми сулҳ ва фарҳанги таҳаммул­пазирӣ” тақдим хоҳад шуд.

Мутобиқи низомномаи ҷашнвораи “Тоҷи Со­мон”, дар ин давра филмҳои ҳунарии пурра ва кӯтоҳи ҳунарие, ки дар давоми солҳои 2023-2025 сохта шудаанд, ширкат карда метавонанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Ҷашнвораи байналми­лалии филмҳои Душанбе – “Тоҷи Сомон” дар ду сол як бор баргузор мегардад. Нахустин давраи он рӯзҳои 15-19 октябри соли 2023 дар Душанбе барпо шуда буд.

Ба навиштаи вебгоҳи “Тоҷикфилм”, “Тоҷи Со­мон” номгузорӣ шудани ҷашнвораи филмҳо омилу ҷанбаҳои худро дорад. Масалан, агар “Тоҷ” – тоҷ­дор, тоҷвар, соҳибтоҷу соҳибдавлат будани мил­лати куҳанбунёди тоҷикро ифода кунад, “Сомон” – номи сулолаи аввалин давлати миллии тоҷикон дар асрҳои IX-X маънидод мегардад.

www.adab.tj

Дигар хабарҳо