Таърихчаи бунёди боргоҳи адибон

 Таърихчаи бунёди боргоҳи адибон

?????????????????????????????????????????????????????????

Ба истиқболи Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон

…Рафти сохтмони бино устод Мирзо Турсунзодаро қонеъ наме­гардонд, азбаски кашол меёфт. Би­нокорон иҷрои вазифаи имрӯзаро ба ихтиёри фардо вомегузоштанд, ваъда медоданду пайи иҷрояш кӯши­ше ба кор намебурданд. Аз ҳам фарқ дошт гуфтору кирдорашон. Малоли хотир мешуданду ба сад идора занг мезаданд устод, каме ҷоннок карда­ни рафти сохтмонро мепурсиданд. «Пураш рафтаву камаш мондаст, ҷои таъхир андохтан надорад» илтиҷо мекарданд.

Суст буд рафти сохтмон, муҳлати анҷом ёфтану ба истифода доданаш кайҳо гузашта, лекин мутасаддиён ғаме надоштанд, барои онҳо анҷом гирифтани кори сохтмони бинои маъмурии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мақоли «биёяд обию ра­вад лалмӣ»-ро мемонд, фарқ надошт, ки кай ба итмом мерасад.

Устод зиқ мешуданду ба фикр мерафтанд. «Чаро ин қадар кашол­коранд ин мардум? Сохтмон як сол пеш бояд ба итмом мерасид. Аз чор сӯ, ба баҳонаи сарфи маблағ, буру дӯз кардани лоиҳа кам набуд, ки боз қафо мепартоянд рафти сохтмонро? Кора­шон ҳамин хел бесамар аст, ки обу донашон ба ҳам намеомезад, наход девори як бинои сеқабатаро даҳ сол рост кунанд? Бо чунин суръати кор оё метавон шаҳрро обод ва мардуми онро соҳиби манзил кард? Ҳаргиз!».

Ҳар дафъа, ки рафти сохтмонро бинанду ваъдаи навбатии роҳбарони корро шунаванд, ба ҷои таскин ёфтан дармегирифтанд устод, ба хаёлам, боз чанд тори мӯи сиёҳашон сафед мешуд…

Ба кор омада, устодро димоғсӯхта дарёфтам, мисли он ки бо масъулини идораҳои сохтмон сахт гуфтугӯ кар­даанд.

– Шодиёна диҳед, – гуфтам, – охири моҳ сохтмон аз даст мебаро­мадааст.

Гӯё маънии ҳарфи маро нафаҳ­мида бошанд, аз паси айнак ба рӯям маънидорона нигаристанд.

– Дар тоқи даромадгоҳ шиор овех­таанд, ки бисту панҷуми моҳи май би­норо ба истифода медиҳанд, – илова кардам.

– Чандуми моҳи май?

– Бисту панҷум, баъди ду ҳафта.

– Навиштаро кай хондед?

– Ҳамин саҳар, ним соат пеш.

– Боваратон меояд? Фиреби навбатист.

– Агар дилпур намебуданд, ин тавр ошкоро наменавиштанд.

– Ду рӯз пеш он ҷо будам, коре, ки бояд сомон диҳанд, ба шаш моҳ мерасад.

Ба дурустии ҳарфи ман боварии устод наёмада бошад ҳам, ба дила­шон рӯшание аз умед андохт.

– Фуроварди кор хабар мегирем, шояд зораҳои мо ба дили холабеғамҳо асар кардааст.

Поён шудани сохтмони бинои Ит­тифоқи нависандагонро беш аз ҳама устод нигарон буданд. Зеро анҷом ёфтани онро амалӣ шудани яке аз ниятҳои деринаашон меҳисобиданд. Сари сӣ сол аст, ки ҷаҳд доранд, то Иттифоқи нависандагон соҳиби ҷое бишавад, барои ба ҳам омадани шои­ру нависандагон шароит фароҳам гар­дад, адибон тавонанд, ки аз остонаш бе ҳеҷ истиҳола, чун ба остони хонаи худ, по гузоранд, адабиёт ва фарҳан­ги ҷумҳурӣ марказе дошта бошад бо нишонии муайяне. Бо ин ният солиён дари ҳукуматро кӯбиданд, зарурати чунин як иморатро исбот карданд, ҳукумат бовар карду ҷой ва маблағу масолеҳ дод, бунёдгаронашро муқар­рар сохт.

Шодон шуданд устод, ки дарба­дарӣ ва ҳамчун тӯби бозӣ ба ҳар ҷо партофтани Иттифоқи нависандагон оқибат хотима меёбад.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикис­тон чилу се сол боз вуҷуд дорад, аммо ку қароргоҳи доимии он? Моҳи майи соли 1934 вақте таъсис шуд, сарва­раш, ки вазири омӯзиш ва тарбия буд, дар бинои вазорат ҷо гирифт. Пасон ба маҳалли Хонаи матбуот кӯчони­данд, ба эътирофе, ки миёни адабиёту матбуот қаробате ҳаст. Як хона аз ошёнаи якуми бинои дуқабата насиба шуд, то даме Ҳукумат ва Шӯрои олӣ ба бинои муҳташами нав накӯчид. Он гоҳ Иттифоқи нависандагонро ба қабати якуми собиқ Шӯрои Олӣ оварданд. Аммо иҷораи он дер напоид. Бинои Вазорати фарҳангро сохтанду ба қабати саввуми он бароварданд Ит­тифоқи нависандагонро. Нагуфтанд, ки баланд аст, барою фуро дорад ва ниҳоят танг. Се моҳ сипарӣ гашту қароргоҳи Иттифоқи нависандагон боз тағйир ёфт: дар паҳлуи Вазо­рати фарҳанг, дар як гӯшае, ки ҷуз дару девори фартут ва фаршу боми фурӯрафта чизе надошт, ҳатто барои даст шустан аз он сӯи кӯча об овардан лозим аст.

Ноилоҷ устод ба кӯчидан розӣ шу­данд, чунки ором буд. Валекин шарм медоштанд ба наздашон агар меҳмо­не ояд: на обе, на алобе, на ташнобе, на ҷое, ки бист нафар пайи суҳбат давра орояд. Ва дигар ба ҳеҷ куҷо на­рафтанд. Ҷойҳои нисбатан беҳтарро маслиҳат доданд. Чун кӯчокӯч ба дил зада буд, рад карданд ва сохтани имо­рати алоҳидаро талабиданд.

Ба истифода супоридани бинои нав ҳам мушкилотро ба як бор аз миён намебардошт. Афсӯс, ки сохтмон тӯл мекашид ва хотири устодро мушавваш мегардонд, чун сиҳҳатиашон он қадр хуб нест, дам ба дам дард хурӯҷ ме­кунад ва ба кӯчаи сарбастаи гумонҳои нобаҷо мебарад: бинои навро ҳамчун Хонаи адибони Тоҷикистон дидан оё муяссар мешавад?

Аз нигоҳи устод ҳамин маъниро хондаму гуфтам:

Маҳпарастон, ки ситора ҳама шаб мешумаранд,
Охир он кӯшиши уммед ба ҷое бирасад.

Устод посухам доданд:

Умеди баста баромад, вале чӣ фоида з-он-к
Умед нест, ки умри гузашта боз ояд.

Занги телефон риштаи гуфтугӯро гусаст. Устод гӯшаки телефонро бар­доштанд ва баробари шунидани овози раиси Девони вазирон ранги рӯяшон тағйир ёфт. Раҳмон Набиев устодро таскин медод, ки беҳуда малӯл наша­ванд, рафти сохтмонро зери назорат гирифтааст, корҳои майда-чуйда мон­даанд. Ҳамин моҳ, албатта, ба итмом мерасад. Устод «ташаккур, шумо ҳастеду ба некии кор дил мебандем» гуфтанд, ки аз оҳанги гуфтор хотири ранҷидаашонро пай бурдан гароние надошт…

Соате пеш аз фуроварди кор, муво­фиқи қарори пагоҳирӯзӣ, ба маҳалли сохтмон омадем. Шиори равоқи бино аз шамоли бегоҳирӯзӣ такон мехӯрд. Сохтмончиён асосан хона ба хона рафта буданд. Ду кас дар нақби барои хатти барқ кобидани ошёнаи якум ҷунбуҷӯл дошт.

Устод бо машаққате аз рӯи оҳану пораҳои хишту бетони гирди нақб гузаштанд. Оҳиста-оҳиста ба қабати саввум баромадем. Деворҳо мунтази­ри рангу бор ва тахтаҳои барои фарш ҷо-ҷо ғарамшуда нигарони дастони боҳунар буданд. Қабати дуввумро давр зада, ғарами сафолакҳои самти шимолро дидем, ки барои духтурхо­наро тарҳ бастан овардаанд. Он вақт ҳашт хонаи самти ғарби қабати дуюми бино барои духтурхона таъйин шуда буд. Устод ҳамин хел ният доштанд. Дар гӯшаи иморат касе ба чашм нанамуд. Тоб хӯрда, ба самти ҷануб омадем, он ҷо, ки қисми маъмурӣ ва қароргоҳи роҳбарияти Иттифоқи нависандагон пешбинӣ шудааст. Сар аз даре даровардем, ки ҳуҷраи беруну дарун бо ташноб ва гӯшаи шустушӯ.

– Чаро хонаҳои беруну дарун?

– Ин ҷо ҳуҷраи кори раис аст. Хонаи берун барои кор, хонаи дарун барои истироҳат ва пазироии меҳмо­нони хоса.

– Инаш зиёд шудааст, бе он ҳам дар ҳар қабат ду-се ҷои шустушӯ.

– Нисбати ҳуҷраи кори қисме аз вазирон як ҷои муқаррарист.

– Ҳамту-куя, боз «Турсунзода барои худаш нишемангоҳ сохтааст» нагӯянд. Бедаҳон кам нест.

– Набояд ин тур гӯянд, ин ҷо чизи зиёдатӣ ба назар намерасад.

Устод аз ҳуҷраи берун, ки ду та­рафаш оинабандист, аввал ба ҷониби бозори «Баракат» ва баъд ба сӯи боми ҳанӯз нотамоми толори калон нигаристанд.

– Сесаду панҷоҳ ҷои нишаст дорад, агар маърака гузаронем, аз одам пур мешуда бошад? – нигоҳ аз боми толор наканда суол доданд.

– Бояд, ҳаводори адабиёт дар шаҳр бисёр аст.

– Мардуми мо ба чунин ҷамъомад одат накардааст.

– Рафта-рафта одат мекунад, як-ду вохӯрӣ бо иштироки шумову муаллим Боқӣ Раҳимзода гузарад, ҷои нишаст ёфт намешавад.

– Кошкӣ, ба ҳамин ният сохтаем.

– Аз ин пас базми шеър, ҷашнгирии зодрӯзи адибон, ёдбуди гузаштагон, ҳатто маҷлисҳои байналмилалиро ин ҷо хоҳем гузаронид.

– Бо лавозимоти тарҷумаи синхронӣ ҷиҳозонида мешавад, аз Маҷористон овардаем.

– Соле мегузараду овозаи хонаи мо ба чор сӯ меравад.

– Ба саъй ва ташаббуси шумову рафиқонатон вобаста аст, мо, ки дигар пир шудем.

– Фотиҳа диҳед, кифоя, устод, аз шумо ишораю аз мо ба сар давидан.

– Бояд толорҳои ин бино як рӯз ҳам холӣ намонанд, деги суҳбату маҳфилу маҷлис пайваста ҷӯшад, мунозираву баҳс ва мубодилаи афкор ривоҷ гирад, вагарна чунин бинои боҳашамат ба кӣ даркор?!

– Иншоаллоҳ, ҳамааш мешавад, фақат тезтар сохтмон поён ёбад.

Устод нигоҳашонро аз чӯбу тахтаи боми толор гирифтанд ва майли берун рафтан карданд.

– Гуфтаам рост аст, навиштаи бо­лои дар барои назарфиребӣ ва таски­ни дили мост. Ҳаҷми кори боқимонда ба ним сол мерасад.

– Зери назари раиси ҳукумат аст.

– Боварам намеояд.

Сухане гуфта, устодро қонеъ куно­нида натавонистам.

Мо хонаҳои қабати дуюмро як-як дидему бо ҳамон зинае, ки боло раф­та будем, поён омадем. Дар қабати якум нисбати қабати дуввуму саввум корҳои ба субот нарасида ду-се ба­робар буд.

Устод дигар дам назаданд ва хо­мӯш дари мошини Сайфуллоро боз карданд.

– Аз афташ, поён ёфтани ин сохтмонро надида, аз олам мегузарем, – ба такрор гуфтанд ноумедона вориди мошин шуда. Ба рӯяшон чашм андохтам, яъс ва ноумедӣ хона дошт.

Ваъда дар шиор монд, боз ду моҳ гузашту вафо нашуд. Устод муқими бемористон шуданд ва ҷарроҳӣ кар­данд ва аз олам гузаштанд, ба итмом расидани сохтмони бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро надида. Баъди дуним моҳ ба манзили хомӯшон гузаронидани он кас мо ба бинои нав кӯчидем.

Ба эҳтироми заҳмате, ки дар бунёд ёфтани ин бино кашидаанд, баробари кӯчидан онро ба номи устод гузоштем ва Хонаи адибони Мирзо Турсунзода номидем.

Ёдгори бебаҳост ин бинои муҳта­шам аз устод барои аҳли қалами Тоҷикистон.

Убайд РАҶАБ
 (Аз китоби «Зинда ба ишқ»)

Дигар хабарҳо