ТАЪРИХИ МАҶАЛЛАИ «ПАМИР»

 «Памир». Маҷаллаи адабии русӣ —  нашрияи бадеӣ ва ҷамъиятӣ — сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Шумораи якуми он соли 1949 бо номи  «Литературный Сталинабад» ва шумораи дуюмаш бо унвони «Литературный Таджикистан» нашр шудааст. Аз соли 1959 то 1962 «Гулистон» ном гирифт.

Аз соли 1968 нашри маҷалла аз нав ба роҳ монда шуда, бо пешниҳоди устод Мирзо ба он номи «Памир» қуллаҳои баландтарини адабиёт гузошта шуд. Сарварии он ба зиммаи публитсист Масъуд Муллоҷонов гузошта шуд. Аваал дар ду моҳ як маротиба нашр мегашт, сипас ҳармоҳа шуд. То имрўз бо ҳамин унвон фаъолият мекунад. Солҳои 70-80 маҷалла дар доираи Иттиҳоди шўравӣ мақоми байналмилалӣ гирифта, теъдоди нашри он то 14700 нусха афзуд. Солҳои гуногун ба маҷалла Борис Пшеничный, Саттор Турсун, Кароматулло Мирзоев, Нур Табаров ва дигарон сарварӣ карданд. Ҳоло сардабири он нависанда ва драматург Ҷумъа Қуддус  аст.

Ба шумораи якуми маҷалла «Литературный Сталинабад» се нафар узви ҳайати таҳририя — адибони рус Н.Рожков, В.Кириллов, Н.Кладо роҳбарӣ кардаанд. Дар он осори адибони руси муқими Тоҷикистон – ашъори Василий Кириллов, Павел Зорин, Марианна Фофанова, Иван Зарайский, Борис Расновский, Петр Моторин; ҳикояҳои  Дмитрий Дудкин, Вячеслав Чудновский, песаи Николай Кладо, очеркҳои Александр Усенко, Виктор Байдерин, Алексей Луковец, Александр Новичков ва шеърҳои Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар,  Мухиддин Фарҳад, Абдумалик Баҳорӣ, Усмон Умари. Аминҷон Шукўҳӣ дар тарҷумаи русӣ ба табъ расидааст. Тавре маълум аст, аксари ин шоирони рус солҳои минбаъда узви Иттифоқи нависандагони шуданд ва тарҷумаи он барои рушди адабиёти тоҷик ва ба ҷаҳониён шинос кардани он  хизматҳои шоиста намуданд.

Маҷалла дар ин муддат осори устодон Садриддин Айни, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева, Бозор Собир ва дигаронро ба русӣ мунташир сохтааст. 

Солҳои душвори 90-ум дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ аксари адибони рус ҷумҳуриро тарк намуданд, теъдоди шумораҳои маҷалла дар як сол то ду адад ва тиражи он то 300 нусха кам шуд, вале нашри он бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон идома ёфт. Аз  соли 1995 нашри пайвастаи маҷалла бо 4 шумора дар як сол ба роҳ монда шуд. Дар соли ҷашни 70-солагиаш аз соли 2019 «Помир» дар ду моҳ як маротиба нашр мегардад.

«Помир» чун нашрияи бадеӣ ва ҷамъиятӣ — сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  намунаҳои беҳтарини назму наср, драматургияи муосири тоҷик ва марбут ба ҷашнҳо дурдонаҳои адабиёти классики тоҷикро дар тарҷума ба забони русӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  муаррифӣ мекунад, масъалаҳои рушди минбаъдаи адабиёти муосири тоҷикро тавассути тақризу мақолаҳои олимон баррасӣ менамояд оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа мақолаҳои публитсистӣ нашр месозад. Инчунин, хонандагонро бо дурдонаҳои адабиёти ҷаҳон, беҳтарин асарҳои адабии кишварҳои дигар, ки ба Тоҷикистон, таърихи тоҷикон бахшида шудааст, шинос мекунад.  Маҷалла бо адибон, олимон ва тарҷумонҳои тоҷик ҳамкории пайваста дорад.

Маҷаллаи «Помир» солҳои 70-80 масъалаҳои муҳими иҷтимоии ҷумҳурӣ ва минтақа, аз ҷумла, эстафетаи коргарии бахши энергетика, сохтмони НБО Норак, инчунин хушкшавии баҳри Аралро баррасӣ мекард, заводи алюминии шаҳри Турсунзодаро ба шефӣ гирифта буд. Имрўз ҳам маҷалла оид ба сохтмони иншооти бузургтарини энергетики Роѓун, масъалаҳои доғи рўзи ҷомеа, таърих ва имрўзи давлату давлатдории миллии тоҷикон маводи зарурӣ нашр мекунад.

Ҳамкории судманд бо нашрияҳои адабии кишварҳои ҳамҷавор идома дошта, тайи чанд соли охир «Памир» бо маҷаллаҳои адабии Қазоқистон, Белоруссия, вилояти Тамбови Федератсияи Россия шумораҳои муштарак нашр кардааст.

Ҷумъа Қуддус

Дигар хабарҳо