Ташнаро як қатра об аз дурри дарё беҳтар аст

 Ташнаро як қатра об аз дурри дарё беҳтар аст

Дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018 – 2028 иброз доштанд, ки тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд.

Ба гуфти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанўз тадбирҳои зарурии коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба онро наандешида, дучори таҳдиди нав — ҳамагирии КОВИД-19 гардид.

«Табиист, ки дар ин давра ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тамоми воситаву имкониятҳоро барои мубориза бо ин буҳрон равона кардаанд, — зикр намуданд Сарвари давлат. — Вале мо бояд фаромўш насозем, ки масъалаи об, бинобар аҳаммияти хосса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад».

Тибқи арзёбии коршиносон, дар соли 2050 шумораи аҳолии кураи Замин эҳтимоли расидан то ба 9 миллиард нафарро дорад, ки албатта, боиси зиёдшавии чандинкаратаи талабот ба об хоҳад гардид.

 Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки талошҳои умумӣ ҳанўз самараи дилхоҳ надодаанд ва рақамҳои зерин, ки ба шумо маълуманд, гувоҳи он мебошанд:

– зиёда аз 3,5 миллиард нафар аз хизматрасониҳои зарурии беҳдошт ва қариб 2,3 миллиард нафар аз шароити одии гигиенӣ бархўрдор нестанд;

– ҳамасола қариб ним миллион нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд.

«Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки раванди иҷрои воқеии ҳадафу вазифаҳои гузошташуда дар самти таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт дар сатҳи зарурӣ қарор надорад», – гуфтанд Сарвари давлат.

Бо дарназардошти ин, Конфронси Душанбе низ масъалаи таъмин намудан бо оби нўшокии бехатар ва бо ҳамдигар вобаста будани масъалаҳои об ва саломатиро дар меҳвари барномаи худ қарор дод.

Дигар хабарҳо