Тасвиргари зиндагии воқеии мардум
Ба муносибати 90-солагии Шодон Ҳаниф
Доманаи фаъолияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Шодон Ҳаниф дар эҷоди очерк густарда буда, самт ва равияҳои гуногунро фаро мегирад. Ў аз зумраи адибонест, ки аз мактаби бузурги публитсистика гузашта, ба дараҷаи адибӣ расидааст. Адиб ва очеркнависи шинохтаи тоҷик Шодон Ҳаниф аз ибтидои фаъолияташ жанри очеркро самти эҷодии худ интихоб карда, то охири умр ба он содиқ монд. Сатҳи таъсири эҳсосотии очеркро маърифат, маҳорат ва таҷрибаи очеркнавис муайян мекунад. Ҳама гуна очерк, хоҳ портретӣ бошад, хоҳ проблемавӣ ва хоҳ манзаравӣ, заҳмату талоши инсонро нишон медиҳад, одамонро ба фаъолияти созанда роҳнамоӣ мекунад. Дар хусуси ҷиҳати маърифатбахшии очерк ҷойи баҳс нест, ки ба мушаххас будани объект ва қаҳрамонон вобаста аст. Аксари муҳаққиқон ба ҷиҳати тарбиявии очерк таваҷҷуҳ доранд ва ин ҷиҳатро муҳим меҳисобанд. Шодон Ҳаниф фаъолияти эҷодиашро чун ҳикоянавис оғоз карда бошад ҳам, аммо баъдтар ба публитсистика рў оварда, дар жанри очерк муваффақ мешавад. Дар бораи эҷодиёташ муҳаққиқони зиёде андешаҳои ҷолиби таваҷҷуҳ баён намудаанд. Аксарият Шодон Ҳанифро дар эҷоди очерк пайрави мактаби устодаш Фазлиддин Муҳаммадиев медонанд. Пайравии Шодон Ҳаниф аз устодаш Фазлиддин Муҳаммадиев пайравии эҷодкорона аст. Вай воқеоти зиндагӣ, дигаргуниҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаро пайгирӣ карда, онҳоро бо диди нави эҷодӣ ва бо маҳорати баланд ба муҳокимаи хонанда вомегузорад. Мазмуну мундариҷаи очеркҳои Шодон Ҳанифро зиндагиву фаъолияти мардуми меҳнаткашу меҳнатқарин, олами ботиниву маънавии онҳо, анъанаву суннатҳои мардумӣ, мушкилоти рўзмарраи зиндагӣ ва монанди ин ташкил медиҳад. Дар ин бора профессор Мурод Муродӣ қайд мекунад:
«Муаллиф дар тасвири зиндагии воқеии мардум аз аносири лафзиву маънавӣ, таъбиру ибораҳои халқӣ, ганҷинаҳои фарҳангиву адабӣ фаровон ва моҳирона истифода намуда, ба нигоштаҳояш ҳусну малоҳат мебахшад».
Муҳимтарин хусусияти очеркҳои Шодон Ҳаниф он аст, ки муаллиф ба фактҳои ҳаётӣ такя карда, ҳамзамон аз ном бурдани факту рақамҳои зиёду нозарур худдорӣ мекунад. Асарҳои Шодон Ҳаниф баргирифта аз ҳаётанд, хонанда бо мутолиаи онҳо аз муҳити худ чунин одамонро меҷўяд ва аксаран дар онҳо хусусиятҳоеро мебинад, ки аввалин бор ба воситаи очеркҳои Шодон Ҳаниф дучор омада буд. Ба андешаи мо, яке аз сабабҳои асосии ҷолиб будани очеркҳои Шодон Ҳаниф ҳамин хусусияташон аст. Ҳарчанд очеркҳои Шодон Ҳаниф аз натиҷаву мушоҳидаҳои сафар, мушкилоти зиндагӣ мегўянд, аммо аксаран мушкилоти рўз ба воситаи симову фаъолияти қаҳрамонон нишон дода мешавад. Маҳз фаъолмандии чунин қаҳрамонон боиси дарк ва ҳалли мушкилоти мавҷуда мегардад. Дар очеркҳои «Кўҳдоман», «Мураббӣ ва мураббо», «Он шаби маҳтобӣ», «Ситораи саҳарӣ», «Ҷилои мармар», «Пули қишлоқ», «Навои думбра», «Эҳёи дил» ва ғайра ин махсусиятро ба мушоҳида гирифтан мумкин аст.
Шодон Ҳаниф чун дигар эҷодкорони ҳамнаслаш дар публитсистикаи худ натанҳо фаъолмандиҳои касбии қаҳрамонони арсаи рўзгору меҳнатро нишон додааст, балки зимни таҳлилу баррасии кору рўзгори онҳо ба мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ, афзун гардонидани истеҳсол, боло бурдани сифати маҳсулот, муносибатҳои инсонии ҳамкорон, ғамхории устод ба шогирду роҳбар ба зердастон ва ғайра эътибори зиёд медиҳад. Бо тасвиру баррасии чунин масъалаҳо ҳам мушкилотро ҳамаҷониба мекушояд ва ҳам образи қаҳрамононашро комилтар ба қалам медиҳад.
Масалан, қаҳрамонони очерки «Кўҳдоман» муҳандиси заминсоз Ҳабиб Дарвешов, олими ҷавон Нозирҷон Давлатов, директори совхоз Лочин Шоаҳмадов ва дигар мутахассисони соҳаҳои гуногунанд, ки «… яке аз қаъри замин асрори зиндагиву боигарӣ ҷўяд, дигаре роҳҳои ба киштзор табдил додани домана ва ба боғоти сарсабз мубаддал гардондани ёнаҳои кўҳро мекобад. Директори совхоз Шоаҳмадов фаровонии неъматҳои кўҳ ва ҷангалро натанҳо дар бозуи бақувват, балки дар ҳамкории коргарони заводҳо, ҳавсалаи худи кўҳистониён, мадади маблағгузорон мебинад».
Гарчанде қаҳрамонони очерки мазкур одамони касбу кори гуногун мебошанд, аммо андешаву мақсади онҳо як аст. Ҳама дар андешаи ободиву пешрафт ва аз байн бурдани мушкилотанд. Онҳо ҳамеша бо ҳам дар муоширати созанда ва бунёдкорона қарор доранд. Аз ҷумлаи чунин суҳбатҳои дилнавозу руҳбахш метавон суҳбатҳои собиқадори ҷангу меҳнат Саидаҳмад Каримовро бо роҳбарони гуногун дар самти азхудкунии порчаҳои нави замини кўҳистон ба ёд овард. Мавсуф дар суҳбатҳои худ ҳамеша ҷолибу хотирмон сухан мегўяд. Ва инро муаллиф Шодон Ҳаниф хеле хуб тасвир намудааст.
Дигар хусусияти очеркҳои Шодон Ҳаниф он аст, ки ў ба хислату рафтор ва раванди фаъолияти қаҳрамононаш басо амиқ ва ҷиддӣ ворид мешавад, масъалаҳоро ҳамаҷониба дар муҳокима бо мутахассисон ба миён мегузорад ва дақиқ мекунад. Тасаввуроте ҳосил мешавад, ки на эҷодкор, балки намояндаи соҳа, мутахассис муҳокимаю масъалагузорӣ менамояд. Барои ў ҷузъиёти ҳар мушкилу масъала муҳим аст. Ин равандро метавон дар «Пули қишлоқ», «Соҳибони ганҷ» ва «Эҳёи дил» ба хубӣ мушоҳида кард. Ин очеркҳо ба фаъолияти коргарони корхонаи сементи Душанбе, кони тиллои Моғиён ва олими шинохтаи тиб, профессор Неъматулло Усмонов бахшида шудаанд. Масалан, қаҳрамонони очерки «Пули қишлоқ» шайдои касби худ ҳастанд. Дар баробари дўст доштани касби худ масъулиятшинос мебошанд, тарафдори пешрафту хайрхоҳи ҳамкасбонанд, дар ҳар лаҳза омода ҳастанд ба мадади ҳамдигар шитобанд. Сафар маҳз бо дастгириву роҳнамоиҳои муҳандисони ботаҷрибаи ордендор Ҳофиз Ҳомидов ва Ярослав Слезак тадриҷан кор ёд гирифта, то дараҷаи устои баст мерасад. Дар ҳар лаҳзаи мушкил дасти ёриву пуштибонии мураббиёнашро дар амал мебинад.
Муаллиф муносибати устодону шогирдон, раванди кор, роҳҳалли мушкилоти пайдошударо бо чашми сар мебинаду ба тасвир мегирад ва хонандаи худро шоҳиди ҳар лаҳзаи тасвирнамудааш месозад. «Печ гулдурросзанон чарх мезад. Ҳаври тафсони он сехро фаро гирифта буд. Агар ҷараёни шамоли аз бодкашак вазандаистода намебуд, дар ин ҷо нафас кашидан муҳол буд. Сафар айнаки сиёҳро ба чашм гузошта, ба печ нигоҳ кард. Дар дили печ забонаҳои оташ печутоб хўрда, деворҳои фўлодини онро мелесиданд. Ҳалқаҳои занҷирҳои ғафс аз давр задани печ ғалдар-ғалдар овоз бароварда, лои ба печ дохилшудаистодаро меомехтанд….
…Сафар аз завод бо димоғи сўхта баромад. Вай бо хотири мушавваш қадам зада, роҳи қишлоқро пеш гирифт ва омада, беихтиёр ба болои пули қишлоқ рост истод. Оринҷи худро ба панҷараи кўпрук такя дода, ба дарё чашм дўхт. Вай ҳоло худро дар амвоҷи дарёи ҳаёт ба монанди заврақи бекасмонда ҳис мекард…»
Ҳамин гуна манзараву лаҳзаҳо дар очеркҳои дигари муаллиф низ тасвир шудаанд. Ба гунаи мисол, метавон аз очеркҳои «Мураббӣ ва мураббо», «Чароғи ёқут», «Кўҳдоман», «Ситораҳои саҳарӣ», «Шабе дар кўҳсор» ёд кард. Ба назар чунин мерасад, ки гўиё ин очеркҳо манзаравӣ буда, муаллиф тавассути тасвири ҷузъиёт мехоҳад симои қаҳрамонашро нишон диҳад, аммо дар асл тавассути ин тасвирҳо проблемаҳои муҳимми иҷтимоиву маънавиро мекушояд. Маҳорату таҷрибаи эҷодии муаллиф имкон додааст, ки ҳодисаҳо таъсирбахшу нишонрас баён гарданд. Масалан, мо дар очерки «Мураббӣ ва мураббо» дар аввал ба проблемаи ҳунари қаннодиву ширинипазиҳо ошно мешавам, дар пасманзари он муаллиф риоя ва пос доштани анъанаву суннатҳои ниёгонро таблиғ менамояд.
Хусусияти дигари публитсистикаи Шодон Ҳаниф диди таҳқиқии муаллиф ба проблемаву рўйдодҳо мебошад. Аз ҷумла, дар меҳвари очерки «Эҳёи дил» фаъолият ва рўзгори ибратомўзи устоди ҷарроҳони ҷумҳурӣ, академик Неъматулло Усмонов меистад. Дар ин очерк муаллиф дар баробари тасвири симои қаҳрамон, ба таҳқиқи масъалаҳои дигар, аз ҷумла қадри инсон, ҳифзи саломатӣ, маънавиёти ҷомеа ва ғайра дахл намуда, шаҳомати симои қаҳрамонро пеши назар ҷилвагар месозад. Ё худ тадқиқи рўзгор ва фаъолияти шоири ҷанговар, шаҳиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳабиб Юсуфӣ дар маркази романи «Уқоби захмин» меистад. Дар воқеъ, очерк дар эҷодиёти Шодон Ҳаниф аз жанрҳои хеле муҳим ва серистифода аст. Ў дар очеркҳояш ҳалли проблемаҳо ва ниёзҳои муҳимми ҳаёти халқро рўи кор гирифта, онро бо образҳои дилчаспи бадеӣ ва тасвири хуби табиату чеҳраи мардум ба хонанда манзур намудааст. Маҳорат ва қалами вай аз як очерк то очерки дигар такмилу сайқал ёфтааст. Агар аз ин лиҳоз очеркҳои нахустини ў «Кўҳдоман», «Он шаби моҳтобӣ», «Ситораи саҳарӣ», «Ҳавличае дар сари роҳ» ва ғайра бо очеркҳои баъдан навиштаи вай — «Ҷилои мармар», «Пули қишлоқ», «Мураббӣ ва мураббо» ва «Эҳёи дил» муқоиса намоем, тафовути мусбат ва бозёфтҳои ҳунариро дар дарёфти мавзуъ, масъалагузорӣ, офариниши образ, услуби баён ва монанди ин мебинем.
«Ҳар як очерки бадеӣ, — мегўяд Шодон Ҳаниф, — мисли як достонест, ки онро худи мардум дар бораи кору пайкор, талошҳо, садоқату шуҷоат ва зебоиҳои офаридаи худ сурудааст. Ба қалам овардани ин гуна очерк аз аҳли сухан заҳмату масъулияти зиёдеро талаб мекунад».
Агар аз ҳамин ҷиҳат ба офаридаҳои Шодон Ҳаниф нигарем, мебинем, ки дар ҳар як очеркаш симои қаҳрамони рўзгор намоён мешавад. Очеркҳои «Кўҳдоман», «Диловари Вахш», «Садои чашмасорон», «Бародари калонӣ», «Ҷилои мармар», «Мураббӣ ва мураббо», «Сурхоб гувоҳ аст», «Эҳёи дил» ва ғайраро бо ҳамин ҳадаф иншо кардааст. «Нависанда виҷдони халқи худ аст, — мегўяд Шодон Ҳаниф. — Ин виҷдон бо аллаҳои модар, бо афсонаҳои халқ, бо бурду бохт ва ҳуқуқи дахолати ҳар як фарди халқи худ дар вуҷуди ў парвариш меёбад. Асари ў ҳамон вақт маҳбуби халқ мешавад, ки нависандаи он зиндагиро аз баландӣ дида нанависад, балки ба назди мардуми худ рафта, ҳар чизи нав тавлидёфта, аз нав ба арсаи вуҷуд омадаро бо чашмони хеш бинад, аз мардум гирифта, обу ранги бадеӣ бидиҳад ва аз нав ба вай баргардонад. Адиб бе диди амиқ дур парвоз карда наметавонад, ба мисли парвона ба сўи оташи шуҳрат парида, зуд маҳв мешавад».
Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳар давру замон дили қаламкаши асил ба халқу кишвари худ месўхт. Аз мутолиа ва баррасии очеркҳои Шодон Ҳаниф ҳамин ҷиҳати масъала, ки барои публитсист ва очеркнавис хеле муҳим аст, дарк карда мешавад. Публитсистика навъи эҷодест, ки дар он самтҳои тадқиқи бадеиву илмӣ ва сиёсӣ ба ҳам иртиботи қавӣ дошта, чун як пайванди қонунии ин самт қабул карда мешавад. Нав будани хулосаҳо, таҳқиқи ҳаматарафаи воқеият, мавқеи шахсии муаллиф ба зиндагӣ, маҳорати фикри субъективиро ба объективӣ гардондан, яъне «ман»-и қаҳрамонро ба «мо»-и ҷамъиятӣ табдил додан — ин аст он меъёрҳое, ки дар назди публитсистика ва публитсистон гузошта мешавад. Очеркҳое, ки дар маҷмуаҳои «Дидор», «Кўҳ ҳам ба кўҳ мерасад», «Такяи қуллаҳо», «Ҷони падар» ҷой дода шудаанд, ҳамин хусусиятҳоро доранд.
Алишери АБДУЛМАҶИД,
устоди ДДК ба номи Рўдакӣ,
ш. Кўлоб