ТАНИНИ ДӮСТӢ ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ»

10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ўзбекистон таҳти унвони «Шоми дўстӣ», ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.

 Чорабинии мазкур бо суханронии сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қаноатмандию нишоти худ ва мардуми Тоҷикистонро аз ташрифи расмии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон изҳор намуда, натиҷаҳои онро қадами муҳиму устувор дар роҳи таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои дўстии мардумони мо аз қаъри таърих реша мегиранд ва бояд бо талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонанд.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз пазироии гарму самимӣ, дўстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.

Дар баромади худ сарони давлатҳо инчунин оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дўстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанбаъ ба манфиати мардумони ҳарду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ўзбекистонро таҳти унвони “Шоми дўстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд. Макони баргузориичорабинии фарҳангӣ — толори Кохи Борбад бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардумони ба ҳам дўсти ду кишвари ҳамсоя фазои тозаиидона дошт.

Баъди суханронии сарони давлатҳочорабинии фарҳангии “Шоми дўстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дўстии мардумони Тоҷикистону Ўзбекистон мебошад, идома ёфт.

Дигар хабарҳо