Талқингари дӯстӣ
Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба адабиётшиноси тоҷик ва профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев ордени «Дӯстӣ» тақдим карда шуд.
Ин мукофотро ба Садрӣ Саъдиев барои саҳм гузоштанаш дар таҳкими дӯстии сокинони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон додаанд.