Таваҷҷуҳ: озмун!

 Таваҷҷуҳ: озмун!

Адибони ботаҷриба ва ҷавони Тоҷикистон, ки ба забони модарӣ ё русӣ асарҳои манзум эҷод менамоянд, барои иштирок дар мактаби озоди умумирусиягии тарҷумаи назми «Соҳилҳои дўстӣ»-и ба номи А. В. Третяков, ки бо ёрии Фонди грантҳои Президенти ФР дар солҳои 2019-2021 созмон ёфтааст, даъват карда мешаванд. Чорабинии мазкур дар ҳудуди ноҳияи Неклиновски вилояти Ростов амалӣ мегардад. Иттифоқҳои нависандагони Русия, Беларус, Украина ва Иттифоқи нависандагони байналмилалӣ ва устодони санъат муассисони чорабинӣ мебошанд.

Ҳадафи асосии таъсиси мактаб ташаккули насли нави ходимони адабиёт ва санъати ҳам Федератсияи Русия, ҳам хориҷаи наздик бо роҳи эҳёи фазои умумии адабӣ ба воситаи эҷодкорони боистеъдоди нисбатан ҷавони миллатҳои гуногун ва тарҷумаи мутақобила ва дастгирии устодони ботаҷриба маҳсуб мешавад.

Охири моҳи июл – аввали августи соли 2022 беҳтарин муаллифони тарҷумаҳои ашъори мутақобила ба ноҳияи Неклиновски вилояти Ростов барои ширкат дар ҷамъбасти озмун даъват карда хоҳанд шуд. Мувофиқи қарори доварон 25 намояндаи минтақаҳои гуногун аз ҷумлаи ғолибон, лауреатҳо ва дипломантҳо дар музокираҳо, семинарҳо, мастер-классҳо ширкат менамоянд.

Дархостҳо барои ширкат дар ин фестивал-озмун то 01.03.2022 қабул карда мешаванд.

Сайти лоиҳаи фарҳангию маърифатии мо:

https:// берега-дружбы.рф/

Тел. +79531812463

Дигар хабарҳо