Сӯгворӣ. Шоир Усмон Олим аз дунё гузашт.

 Сӯгворӣ. Шоир Усмон Олим аз дунё гузашт.

Шоир ва рӯзноманигори пуртаҷриба, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Усмон Олим дар 89-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Шодравон 30 июли соли 1936 дар рустои Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар мактаби зодгоҳаш гирифт.
Баъди ба поён расондани риштаи суханшиносии Институти давлатии педагогии Ленинобод (ҳоло ДДХ) муддате омўзгорӣ кард, сипас ҳамчун мухбири минтақавии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», сармуҳаррири рӯзномаи «Машъал»-и ноҳияи Масчоҳ ва ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») ба рӯзноманигорӣ машғул шуд.
Аз Усмон Олим китобҳои зиёди шеър, аз ҷумла «Баландӣ» (1983), «Дасти дӯст» (1987), «Марзи сулҳу оштӣ» (2003), «Њубби Ватан» (2006), «Достони ватанхоҳӣ» (2011), «Ваҳдатнома» (2021) ба ёдгор монданд.
Адиб ҳам дар мақолаҳо ва ҳам дар ашъораш пайваста арзишҳои миллӣ, бавежа Истиқлолу Ваҳдатро бо сидқу самимияти хос васфу тараннум мекард.
Ному ёди Ходими хидматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, соҳиби медали «Барои меҳнати шоён» ва барандаи  Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ Усмон Олим ҳамеша гиромӣ бод!

Дигар хабарҳо