Сӯгворӣ. Султонмурод Ҳоҷибой дунёро падруд гуфт
14 декабр адиби маҳбуби бачаҳо, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Султонмурод Ҳоҷибоев аз дунё гузашт.
Султонмурод Ҳоҷибоев аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагон аст. Ӯ 10-уми декабри соли 1943 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Баъди ба итмом расонидани мактаби миёна ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) бист сол аз фанни забон ва адабиёт таълим дода, аз соли 1983 дар нашрияи «Паёми Истаравшан» кор кардааст.
Асосан барои бачаҳо навишта, забони эҷодаш ӯзбекист. Шеърҳояш дар матбуоти Тоҷикистону Ӯзбекистон аз аввали солҳои 1960 чоп мешаванд. Муаллифи маҷмуаҳои манзуми «Мен Ойга чиқиб тушдим» («Ман дар Моҳ будам», 1985), «Қувноқ Алифбо» («Алифбои дилушо», 1990), «Дунё гулларӣ» («Гулҳои дунё», 1991), «Тўптерак» («Сафедорзор», 1991), «Яхши бола қайдай бўлар?» («Бачаи хуб кадом аст?», 2022), «Умрнинг бир марта ўн саккизи бор» («Умрро як бор ҳаждаҳ аст», 2023).
Бисёр асарҳояш ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Ӯ худ дар тарҷумаи асарҳои адибони тоҷик ба забони ўзбекӣ саҳм дорад.
Султонмурод Ҳоҷибоев бо «Нишони сухан», Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ сарфароз гардидааст.
Ёдаш гиромӣ ва хонаи охираташ обод бод!



