Сӯгворӣ. Мирзо Шукурзода
19-уми октябри соли 2024 дили Нависандаи халқии Тоҷикистон, адиби маъруф Мирзо Шукурзода дар 75-солагӣ аз тапидан бозмонд.
Шодравон 1 сентябри соли 1949 дар рустои Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ дида ба олам кушод. Мактаби миёнаи зодгоҳ (1966) ва бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷикро (1973) ба поён расонда, дар оғоз чанд сол дар радиои ҷумҳурӣ ва рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло «Ҷумҳурият”) ба фаъолият пардохт. Сипас муддате дар нашриёти “Адиб” кор кард.
Соли 1992 ба Ҷумҳурии исломии Эрон ҳиҷрат кард ва 12 сол дар ин кишвар зиндагӣ ва фаъолият дошт. Дар ин муддат фаъолияти адабиву илмӣ ва публитсистии Мирзо Шукурзода хеле густардатар гардид ва китобҳои зиёд таълиф намуд. Дар ҳамин солҳо бо эҷоди асарҳои арзишманд барои тарғибу тарвиҷи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва муаррифии миллати тоҷик дар паҳнои ҷуғрофиёи форсизабонон ва ҷаҳон хидматҳои чашмрас кард ва ба чеҳраи шинохтаи фарҳангу адаби тоҷикӣ табдил ёфт.
Китобҳои “Тоҷикон дар масири таърих”, “Кӯҳкане аз користони дил”, “Парниёну ҳариру абрешим”, “Ҷонпайванд”, “Тоҷикон дар қаламрави Ориёно”, «Себи Самарқанд”, “Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон”, “Ҳамосаи родмардони Хуросон”, “Размоварони Ҳиндукуш” ва назири инҳо, ки аксаран ба хатти форсӣ ва баъзеяшон ба забонҳри русиву англисӣ чоп шудаанд, аз мақолаҳои гуногуни таърихиву публитсистӣ иборатанд ва аз миллатдӯстиву меҳанпарастии амиқи адиб шаҳодат медиҳанд.
Мирзо Шукурзода дар эҷоди осори бадеӣ ва публитсистӣ дасти расо дошт ва аввалин очеркҳояш солҳои ҳафтодуми қарни гузашта бо унвонҳои “Баҳодури Дилварзин”, “Ситораҳои рахшанда” ва маҷмуаи қиссаву ҳикоёташ бо номи “Теғи ҷонбахш” мунташир шуданд ва ба муаллиф шуҳрат оварданд. Китоби “Тӯшаи умри падар”, романи “Тӯфони тавсан” ва чандин асари дигараш далели пуркории ӯ дар бахши насранд. Китоби “Ашки сари мижгони ман” шеърҳои марҳумро дар бар гирифтааст.
Дар таҳия ва нашри асарҳои адибони тоҷик ба хатти форсӣ низ заҳмати бисёр кашид. Хонандагони форсизабон бо кӯшиши ӯ бо баргузидаи ашъори Лоиқ – “Рӯҳи Рахш” ва маҷмуаҳои Гулрухсор – “Ашки тӯфон” ва “Гулчини ашъор” ошно шуданд. Як силсила асарҳои адибони ҳамзабонро низ ба хати кириллӣ баргардондааст.
Шодравон Мирзо Шукурзода “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, Корманди шоистаи Тоҷикистон буд ва соли 2024 бо унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
Ёду номаш ҳамеша гиромӣ бод!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон