Сӯгворӣ. Кароматуллоҳи Мирзо аз олам даргузашт

Нависандаи халқии Тоҷикистон, Кароматуллоҳи Мирзо шаби гузашта, 19-уми октябр дар синни 83 дунёи фониро падруд гуфт.
Кароматуллоҳи Мирзо барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва аз шинохтатарин нависандаҳои тоҷик буд.
Ӯ 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, фаъолияташ аз муаллимӣ дар мактаб оғоз шудааст.
Минбаъд Кароматуллоҳи Мирзо дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”, “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони Советӣ”, нашриёти “Маориф”, “Адиб” кор кардааст. Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин шуда, ҳамзамон раиси Раёсат ва Шӯрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 2007 сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” буд.
Асарҳои нависанда бо забони суфтаю фасеҳи тоҷикӣ ба қалам омадаанд. Маҷмӯаи ҳикоя, очерк ва қиссаҳояш «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Суруди муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «Ситораҳои паси абр» (2005), «Ҷилои ситораҳо» (2012), романҳои «Дар орзуи падар» (иборат аз се қисмат, 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Ду ҳикоя» 2013), «Деҳаро хоб мебинам» (2014) пасиҳам рӯи чоп омада, мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардонидаанд.
Ҳанӯз дар даврони шӯравӣ Киностудияи «Тоҷикфилм» аввалин бор ба забони тоҷикӣ аз рӯи қиссаи «Дарди ишқ» филми ҳамноме ба навор гирифтааст, ки то имрӯз ҷолиби диққати тамошобинонанд.
Дар заминаи романи сегонаи “Дар орзуи падар” силсилафилми ҳамноме иборат аз 23 қисмат танзим гардидааст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ маъруфияту маҳбубияти хоссае пайдо кардааст.
Аз баракати қалами эшон ҳикояву қисса, романҳо ва қаҳрамонони зиёди мусбату манфии хотирмон дар хони насри муосири тоҷик ба ёдгор монд.
Хонаи охираташ пурнур ва ёдаш гиромӣ бод.