Сӯгворӣ. Даргузашти Муҳаммад Субҳон

Нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳаммад Субҳон 16 июни соли равон бар асари бемории тӯлонӣ дар шаҳри Хуҷанд аз олам чашм пӯшид.
Муҳаммад Субҳон соли 1945 дар деҳаи Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан ба дунё омада, мактаби миёнаи зодгоҳ ва факултаи табиатшиносиву ҷуғрофияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд (ҳоло ДДХ)-ро ба поён расонд ва муддате ҳамчун лаборант ва ходими калони илмӣ дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский кор кард. Сипас фаъолияташро чун котиби аввали Кумитаи комсомоли Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон, сардори Раёсати илму техникаи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти Кумитаи агросаноатӣ, сардори сарраёсати назорати давлатии Вазорати ҳифзи табиати ҷумҳурӣ, муовини раиси Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳо, муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ноиби ректори ДДҲБСТ, мушовири шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон, корманди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд пурсамар идома дод.
Марҳум дилбастаи табиат буд ва умри худро ҳам бо фаъолияти меҳнатӣ ва ҳам бо кори эҷодӣ вақфи соҳаи ҳифзи муҳити зист кард. Китобҳои бадеӣ ва илмию публитсистии «Асрори табиат», «Ҳифзи табиати кишвар», «Ҳифзи табиат – кори зиндагӣ», «Нури Самарқанд», «Тақдир», «Ҷонфидои Машриқзамин», «Қиссаи Фозилпаҳлавон», «Гули сурхи Истаравшан», «Сарнавишт», «Мирзоёни ҷонфидо», «Ҳомиён», «Марди соҳибхирад», «Субҳи ситоракуш» ва ғайра гувоҳи пуркории адиб ва пайванди ӯ бо зиндагии инсонҳо ва табиатанд. Барои кӯдакону наврасон низ асар менавишт ва дар ин роҳ гомҳои устувор дошт. Афсонаҳои «Лаклаки сафед», «Ишқи мор», «Шоҳпаланг», «Қози якпо», «Лаби уштур овезон», «Марди латтапайванд», «Наҳанги мӯйлабдор», «Нолаи харгӯшоча» аз ҷумлаи асарҳои дар ин соҳа таълифкардаи адибанд ваба хонандагони хурдсол аз рамзу роз ва аҷоиботи олами набототу ҳайвонот қисса мекунанд.
Хидматҳои равоншод бо Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, медали академик Е. Н. Павловский, ордени «Дӯстӣ», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва ғайра қадрдонӣ шудаанд.
Муҳаммад Субҳон дар охири моҳи июн бояд 80-солагии худро ҷашн мегирифт. Афсӯс, ки ҷашни ӯ акнун бе ҳузури ҷисмонии худи адиб ба ёдбуд табдил меёбад.
Номи нек ва осораш ҳамеша гиромӣ бод!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон