Сӯгворӣ. Аюб Кенҷа

Хабари даргузашти нависандаи номошно Аюб Кенҷа, ки рӯзи 2-юми декабри соли равон дар 79-солагӣ дунёро падруд гуфт, пайвандону дӯстон ва ҷомеаи адабии Тоҷикистонро андӯҳгин кард.
Марҳум аз нависандагони шинохтаи пуркор буд ва аз худ номи неку осори пуршумор ба ёдгор гузошт.
Соли 1945 дар рустои Қистақӯзи ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омад ва баъди ба поён расондани мактаби миёнаи зодгоҳ, дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) таҳсил кард. Фаъолияташро соли 1969 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз намуд ва панҷ сол дар ин нашрия таҷрибаи рӯзноманигорӣ андӯхт. Сипас чандин сол дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва муддате дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик» кор карда, баъдан ба шаҳри Хуҷанд кӯч баст. Фаъолияташ дар вилоят аз рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») идома ёфт ва ҳамзамон чанд сол мухбири вилоятии «Тоҷикистони советӣ» буд.
Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Аюб Кенҷа нависандаи заҳматкашу ҷӯё буд. Кори нависандагиро бо рӯзноманигорӣ тавъам пеш бурда, дар ҳарду самт соҳиби ному мақом гардид.
Китобҳои «Нони гарм» (1988), «Қӯшчинор» (2005), «Савори сафинаи сафед» (2006), «Номбардор» (2009), «Инсофи хунполо» (2010), «Ҳафт мурғи Ҳумо» (2015), «Сангистони ҳазор дарё ва Одаму Ҳавво», «Таронаҳои турнаҳо» (2022) ва «Ҳазор тарона» (2024) далели гӯёи пуркориву пурмаҳсулии шодравон мебошанд ва номи неки ӯро зинда медоранд.
Марҳум Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи «Нишони сухан»-и Иттифоқи нависандагон ва Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ буд.
Ёду номаш ҳамеша гиромӣ бод!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон